Тоҷикистон ниёз ба системаи ювеналии адлия дорад

Ҳомии ҳуқуқ барои гузаронидани ислоҳот баҳри камшумор гардонидани теъдоди ҷинояткорони хурдсол, ки зидонӣ мешаванд, даъват мекунад.

Тоҷикистон ниёз ба системаи ювеналии адлия дорад

Ҳомии ҳуқуқ барои гузаронидани ислоҳот баҳри камшумор гардонидани теъдоди ҷинояткорони хурдсол, ки зидонӣ мешаванд, даъват мекунад.

Gulchehra Rahmanova, legal programmes manager at the Centre for Child Rights in Tajikistan.
Gulchehra Rahmanova, legal programmes manager at the Centre for Child Rights in Tajikistan.

Ислоҳоти чанде пеш дар қонунгузории Тоҷикистон гузаронидашаванда, аз ҷумла ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҷиноӣ-мурофиавии нав бояд ба охир расонида шавад. Коршиносон мегӯянд, ки барои ноболиғон системаи судии алоҳида бояд таъсис карда шавад.
Айни ҳол нисбати ҷинояткорони ба синни 18 нарасида, равандҳои судӣ мисли калонсолон татбиқ мешавад, ҳарчанд онҳо дар муассисаҳои ҷудогонаи маҳбас нигоҳ дошта мешаванд. Тибқи таҷрибаи ҷаҳонӣ, барои тафтишоти парвандаҳо бо иштироки ноболиғон амалиётҳои судии дигар истифода бурда мешаванд.


IWPR ба роҳбари Маркази ҳуқуқҳои кӯдакон дар Тоҷикистон Гулчеҳра Раҳмонова бо хоҳиши шарҳ додани он нукта, ки чаро чунин системаи алоҳида лозим аст, муроҷиат намуд.

Гулчеҳра Раҳмонова: Якчанд мушкилиҳои ҷиддие арзи вуҷуд доранд ва дар қатори онҳо – ҷой надоштани системаи алоҳида барои иҷрои судӣ ба шахсони то синни 18-сола мебошад. Мақсади асосии чунин системаи адлия – на ҷазо додани кӯдак, балки аз нав тарбия кардани ӯ мебошад. Он дар худ судяҳо, додситонҳо, муфаттишон ва вакилони ҳимояи алоҳидаи «кӯдакона»-ро дар бар мегирад.
 

Дар кишвар чораҳои самараноки пешгирии ҷинояти кӯдакона вуҷуд надоранд. Дар сурати содир намудани ҷиноят аз ҷониби кӯдак, кормандони милиса ӯро ба қайд мегиранд, вале касе бо ӯ дар роҳи пешгирии қонуншиканиҳои нав кор намебарад. Мо барои чунин кӯдакони бероҳа шуда, марказҳои махсуси эҳёкунанда надорем.
 

Системае, ки кӯдакони синнашон аз синни ҷавобгарии ҷиноӣ поёнбударо дар бар мегирад (дар Тоҷикистон барои ҷиноятҳои махсусан вазнин он дар синни 14-солагӣ ва барои ҷиноятҳои вазниниашон хурд ва миёна дар синни 16-солагӣ фаро мерасад), аз ҷониби Комиссия оид ба ҳуқуқҳои кӯдак идора карда мешавад. Чунин кӯдакон ба мӯҳлатҳои дурудароз аз озодӣ маҳрум карда мешаванд. Дар синни аз 11 то 14-солагӣ чунин кӯдаконро ба мактабҳои махсус ва 14-16-солагонро ба омӯзишгоҳҳои касбӣ-техникӣ ҷойгир мекунанд. Кӯдакони синнашон калонтар дар колонияҳои махсусгардонидашуда барои ноболиғон нигоҳ дошта мешаванд. Муносибат нисбати ин кӯдакон ва шароитҳои нигоҳдории онҳо дар кулли муассисоти махсусгардонидашудаи маҳкам, аз ҷумла изоляторҳои нигоҳдории муваққатӣ номусоид ҳастанд.
 

IWPR: Ҷорӣ намудани ин система чӣ медиҳад?
 

Раҳмонова: Ин қонун, сиёсат ва таҷрибаи соҳаи адлияи ювеналиро бо меъёрҳои ҷаҳонӣ ба мувофиқат меоварад ва системаеро таъсис медиҳад, ки кӯдакони бо қонун мушкилӣ доштаро дарбар гирифта, муносибати мувофиқро нисбати онҳо, бо эҳтироми ҳуқуқҳо ва фазилати онҳо таъмин намуда, ҳамчунин сатҳи ҷиноят ва содир намудани ҳуқуқшиканиҳои такрориро кам мегардонад ва ба талаботи ҳар як ҷавон вокуниши самаранок мекунад.
 

IWPR: Нисбати миқёси мушкилот ягон маълумот дода метавонед?
 

Раҳмонова: Дар миқёси тамоми кишвар гуфта наметавонам, вале дар ҳудуди лоиҳае, ки дар Душанбе амалӣ мегардад, вакилони ҳимоятгар дар 87 парвандаҳои ҷиноӣ иштирок намуда, ҳуқуқ ва манфиатҳои 96 наврасро муаррифӣ ва ҳифз намуданд. Аз теъдоди умумии кӯдакон, 33 наврас аз озодӣ маҳрум карда шуданд, 44 наврас ҷазои бидуни маҳрумшавӣ аз озодӣ гирифтанд ва нисбати 19 нафар парвандаҳои ҷиноӣ қатъ карда шуданд. Ин нишондодҳо ба кӯдакони, парвандаҳояшон дар Душанбе дида баромадашуда ва кӯдаконе, ки ҳаққи хизмати вакилони ҳимояро пардохт карда наметавониста, дахл доранд.
 

IWPR: Чӣ пешравие дар раванди ҷорӣ намудани ин система дида мешавад?
 

Раҳмонова: Соли 2004 дар Кодекси ҷиноии Тоҷикистон ислоҳоте дароварда шуданд, ки якеи онҳо нисбати қонуншиканҳои ноболиғи нахустин бор ҷинояти хурд ё миёна содирнамуда, таъйин намудани ҷазоро дар шакли маҳрум сохтан аз озодӣ, манъ месозад. Кодекси ҷиноӣ-мурофиавии Тоҷикистон, ки ба наздикӣ тағйир дода шуда буд, қисмати алоҳидаро нисбати шахсони ба синни 18 нарасида дарбар мегирад.
 

Ба ин нигоҳ накарда, Кодекс ба таври куллӣ ба меъёрҳо ва стандартҳои ҷаҳонӣ ҷавоб намедиҳад. Масалан, ба кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва додситонӣ нисбати истифодаи чораҳое, ки ҷавобгарии ҷиноиро бо чораҳои алтернативии тарбия дар тамоми ҳолатҳои ба ноболиғон тааллуқ дошта иваз мекунанд, озодии бештареро фароҳам овардан лозим аст.
 

Соли 2009 ҳамаи вазоратҳои асосӣ ва намояндагони муассисаҳои давлатӣ стратегияеро ба имзо расониданд, ки ҳамкории байнимуаассисавиро дар соҳаи пешгирии ҷинояткорӣ байни ноболиғон рушд медиҳад. Соли 2008 Нозироти кор бо ноболиғони ВКД ҶТ мавриди ислоҳоти аҳамиятнок гашт: тамоми вақти кории кормандон, қариб пурра ба корҳои пешгирикунанда равона карда шудааст.
 

Нақшаи вобаста ба таъсис додани Судҳои оилавӣ айни ҳол аз ҷониби Шӯрои адлия баррасӣ карда шудааст. Пешниҳоде ҳаст, ки парвандаҳо бо иштироки кӯдакони синнашон аз синни ҷавобгарии ҷиноӣ хурдтар, бояд дар Судҳои оилавӣ дида баромада шаванд, вақте кӯдакон аз оила ҷудо карда шуда ё ба муассисаҳои махсус фиристонида шуда метавонанд. Айни ҳол қарорро оид ба равона кардани кӯдак ба муассисаи махсус Комиссия оид ба ҳуқуқҳои кӯдак дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ қабул мекунад.
 

Ҳарчанд барои гузаронидани ислоҳот як қатор иқдомҳои аҳамиятнок гузаронида шуданд, пешравӣ хеле суст ба амал меояд.
 

Масъулият барои адлияи ювеналӣ дар Тоҷикистон байни Вазорати корҳои дохила, Вазорати адлия, Шӯрои адлия, Вазорати маориф, Додситонии генералӣ, Комиссияи ҳуқуқҳои кӯдак ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳукуматӣ тақсим шудааст.
 

Ҳамаи вазорату муассисаҳои дар боло зикршуда ба қадре ӯҳдадориҳоро доир ба иҷроиши меъёрҳои ҷаҳонӣ ва адлияи ювеналӣ намоиш доданд. Вале то имрӯз назари мувофиқа шуда нисбати он, ки системаи адлияи ювеналӣ чӣ гуна бошад, баррасӣ нашудааст ва бинобар ин, муносибат барои ислоҳоти ин соҳа низ ҷудогона буд.
 

IWPR: Ҳангоми корбарӣ бо мақомоти давлатӣ доир ба ҷорӣ намудани системаи адлияи ювеналӣ ташкилоти шумо бо кадом мушкилиҳо дучор гашт?
 

Раҳмонова: Ташкилоти мо аз лаҳзаи оғози фаъолияти худ бо мақомоти давлатӣ аз ҷумлаи Шӯрои адлия, Раёсати корҳои ислоҳотии Вазорати адлияи Тоҷикистон, Додситонии генералӣ, ҳамкории зич дошта, ҳамчунин аъзои Комиссияи ҳуқуқҳои кӯдак дар назди ҳукумати давлатӣ мебошад.
 

Бояд қайд кард, ки ҳамаи ин ҳамкорӣ бо дастгирии Хазинаи кӯдакони ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон ба амал омадааст. Ҳамкории мазкур ба мо дар амалӣ гардонидани лоиҳаҳои намунавӣ дар ду ноҳияи шаҳр дар доираи истифодаи додгоҳҳои алтернативӣ нисбати ноболиғон кӯмак расонид. Агентиҳои давлатӣ кӯдаконро ба марказҳо ҳамчун чораи пешгирикунанда равона мекунанд, ки ин ҷавобгарии ҷиноиро бо чораҳои алтернативии ҷазодиҳӣ ва тарбия иваз менамояд. Барои кӯдакон барномаҳои инфиродӣ доир ба расонидани кӯмаки иҷтимоии рӯҳӣ ва амалӣ баррасӣ карда мешаванд.

Марказҳо ҳамчунин бо оилаҳои кӯдакон корбарии зич мебаранд, то сарчашмаи сабаби чунин рафтори кӯдакро, ки ӯро барои содир намудани ҷиноят водор намудааст, пайдо карда, дарк намоянд.
 

Барои ташкил намудани ҷараёни боз ҳам самараноки иҷроиши ислоҳот, ба ивази он ки тамоми кӯшишҳоро ба азнавсозии сегментҳои муайяни система бе мавҷуд будани нақшаи маҷмӯи амалиётӣ, равона кардан, муҳимтар мешуд, ки ислоҳоти тамоми система ба таври умумӣ омӯхта шавад.

Вобаста ба ин, дар кишвар Лоиҳаи миллии амалиёт доир ба ислоҳот дар системаи адлияи ювеналӣ, бо истифодабарии ғояҳои Шӯрои адлия, ки нақшаи маҷмӯии ташкили ҷараёни ислоҳотро барои панҷ соли минбаъда дарбар мегирад ва бо Комиссияи ҳуқуқҳои кӯдак пазироӣ шудааст, қабул карда шуд.
 

IWPR: Тобистони соли ҷорӣ парлумони Тоҷикистон тағйиротҳоро ба Кодекси судӣ, дар қисмате, ки сухан дар бораи ивазкунии маҳбусӣ дар зиндонҳо бо ҷарима дар сурати содир намудани ҷиноятҳои начандон вазнин меравад, пазироӣ намуд. Мунаққидон чунин мешуморанд, ки ҷинояткорони хурдсол ҷаримаҳоро пардохт карда наметавонанд ва кор дар ҳар сурат бо ҳабс анҷом меёбад. Дар ин бора чӣ фикр доред?
 

Раҳмонова: Шахсан ман муқобили чунин навоварӣ нисбати ноболиғон ҳастам. Нисбати калонсолон чунин навоварӣ гуманизми адли судиро дар пас дорад. Нисбати ноболиғон бошад, чораи ҷазодиҳӣ дар шакли ҷаримабандӣ хеле кам истифода бурда мешавад. Ва инҷо сухан на дар бораи маблағҳо меравад, зеро таҷриба шаҳодат медиҳад, ки дар аксар ҳолатҳо ҷиноятҳоро кӯдакон аз оилаҳои ба ном номусоид содир мекунанд ва волидон қобилияти пардохти ҷаримаро надоранд. Ҳатто то замони афзудани миқдори ҷаримаҳо. Бинобар ин, чунин чорабинӣ барои инсондӯст шудани адлия нисбати ноболиғон ягон навъ таъсир намерасонад.
 

Агар таҷрибаи ташкилоти моро дар назар гирем, таи якуним сол танҳо як ҳодисаи ягона ҷой дорад, вақте судя ҷазоро дар намуди ҷарима нисбати ноболиғ баровард ва асос барои он доштани ҷои корӣ аз ҷониби ноболиғ гашта буд.

Парвина Хамидова, муҳаррир ва ҳамоҳангсози Лоиҳаи IWPR доир ба ҳуқуқҳои инсон дар Осиёи Марказӣ дар Тоҷикистон.

Tajikistan
Law reform
Frontline Updates
Support local journalists