Зарардидагони зилзила дар Тоҷикистон ба манзил ва хӯрока мӯҳтоҷанд
Қурбониёни заминларза дар минтақаи кӯҳистон аз норасоии хонаву дар, либоси гарм ва озуқаворӣ азият мекашанд.
Зарардидагони зилзила дар Тоҷикистон ба манзил ва хӯрока мӯҳтоҷанд
Қурбониёни заминларза дар минтақаи кӯҳистон аз норасоии хонаву дар, либоси гарм ва озуқаворӣ азият мекашанд.
5 январ аз ҷониби Гурӯҳи баҳодиҳӣ ва ҳамоҳангсозии фаврӣ (иттиҳоди агентиҳои маҳаллӣ ва байналхалқӣ оид ба расонидани кӯмак) маълумоти нав доир ба оқибатҳои нохушӣ ба табъ расид. Тибқи он зиёда аз 920 манзил, ки дар он 6215 нафар истиқомат мекарданд, хароб шудаанд.
Кумитаи ҳукуматӣ оид ба ҳолатҳои фавқулодда дар Бадахшон, минтақаи дурдасти баландкӯҳ, дар бораи як фавтида хабар дод. Маркази ин зилзила дар ноҳияи Ванҷ воқеъ буда, қувваи он 5,3 бал аз рӯи ҷадвали Рихтер ташкил дод.
Айни ҳол, зимни маълумоти ҳукуматдорон, 30 бинои маъмурӣ, аз ҷумла мактабу беморхонаҳо ва зиёда аз се километр роҳ вайрон гаштаанд. Ғайр аз ин, хатҳои интиқоли нерӯи барқ зарар дидаанд.
Бештар аз ҳама худи шаҳраки Ванҷ ва қишлоқҳои наздики он - Ускроғ, Гишхунд, Даштироғ, Рохарв, Пайшанбеобод зарар дидаанд. Дар ноҳияи Ванҷ наздики 30 ҳазор аҳоли зиндагӣ мекунанд.
Бо сабаби дурдаст будани ноҳия ва фасли зимистон ба намояндагони ҳукуматӣ ва ташкилотҳои байналхалқӣ, ки кӯшиши расонидани кӯмакро ба ноҳияи зарардида доштанд, чанд рӯз лозим омад, то ба Ванҷ расанд.
Дар мусоҳиба бо агентии иттилоотии Азия-Плюс, 6 январ намояндаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар Бадахшон чунин иброз дошт: «Кӯмаки озуқаворӣ, ки аз ҷониби ҳукумат ва СММ фиристода шудааст, айни ҳол ба ноҳияи Ванҷ наздик расидааст».
Намояндаи Ҳилоли ахмар гуфт, ки одамонро дар хонаҳои ҳамсояҳо ва хешовандон, инчунин дар шаҳраки хаймаҳо, мактабҳо ва масҷидҳо ҷойгир кардаанд.
Ронандаи мошинаи ёрии таъҷилӣ, дар қишлоқи Гишхунд, Авазбек Атоев нақл кард, ки то 5 январ деҳаи онҳо бо сабаби баста шудани роҳҳо, аз тамоми олам канда шуда буд.
Дар ноҳия то ҳол зарбаҳои зеризаминӣ ҳис карда мешаванд, ки шумораи онҳо дар як шабонарӯз то ба 12 мерасанд.
Атоев ҳангоми рӯй додани нохушӣ дар маркази заминларза буд ва он даҳшатеро, ки ҳис кардааст, ба хотир оварда, нақл кард: «Саҳари барвақт ман хеста, чойникро болои печка гузоштам, ин дам соат 7.15 буд — ва ногаҳон заминларза шуд, ман тарсидам. Зуд ба кӯча давида баромада, ба даҳшат афтодам. Дар кӯча кӯдакони лублуч ва аз пасашон занҳову мӯйсафедон дар тан бо як курта медавиданд. Ҳама додзанон гиря мекарданд».
«Аз чанги хеста гирду атроф торик шуд. Аз кӯҳҳо болои хонаву роҳҳо санг меборид. Замин дар бисёр ҷойҳо кафида ба ду қисм ҷудо шуд», - илова намуд ӯ.
Тибқи гуфтаҳои Атоев, намояндагони Ҳилоли ахмар ва кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ба деҳа расида омада, сокинони онро дар мактабу палаткаҳо ва биноҳои маъмурӣ ҷойгир намуданд.
Ҳамоҳангсози эътинокунӣ оид ба ҲФ Ҳилоли ахмар дар ВМБК Тоҷӣ Маҳмадаминова гуфт, ки ташкилоти ӯ кӯмаки заруриро ба зарардидагон расонидааст, вале бо сабаби набудани хонаву дар, одамон ба либоси гарм эҳтиёҷот доранд.
Тибқи гуфтҳои Маҳмадаминова, дар шаҳраки муваққатии хаймагӣ 280 нафарро ҷойгир намудаанд, ба боқимондаҳо низ кӯмак расонида шуда истодааст.
«Мо онҳоро низ бо хаймаҳо, кӯрпаву болин, таъмин намудем, вале ба баъзеҳо либоси гарм намерасад, зеро амволи аксарият дар зери харобаҳо мондааст», - гуфт ӯ.
Маҳмадаминова хабар дод, ки қишлоқи Гишхун пурра хароб гашта аст.
«Аксари хонаҳо пурра хароб гаштаанд. Бомҳои бисёриҳо афтода, шифтошон овезон шудаанд», - илова намуд ӯ.
Давлат Камаров, коргари стансияи барқии маҳаллӣ, ҳангоми ба амал омадани заминларза дар хона буд. Ӯ яке аз онҳоест, ки тамоми молумулкашро аз даст додааст.
«Ман хеста, нав печкаро гирондам, ки ларзиши сахт ба амал омад, - мегӯяд ӯ. - Писарамро, ки ҳоло хоб буд, зуд ба даст гирифта, духтарамро фарёд кардам».
Ҳарчанде ба оилаи ӯ муяссар гашт то аз хона бурун шаванд, Камаров мегӯяд: «Хонаи мо тамоман хароб гашт. Акнун мо ҷои зист надорем. Тамоми чизу чораамон дар зери замин монд. Кӯдакон либоси гарм надоранд. Баъзе чизҳоро ҳамсояву хешовандон ҷамъ карданд. Озуқавориамон низ дар зери харобаҳо монд.
Ҳамсари Камаров шабро дар сари болини модари бемораш, ки дар наздикӣ зиндагӣ мекард, гузаронид.
«Хушдоманам бе ин ҳам бемор буд, ҳоло бошад, аз тарса тамоман гап намезанад, - гуфт Камаров. - Шукри Худо, ки ҳама зинда мондем».
Ҳоҷар Булбулова ҳангоми резиши санг аз кӯҳҳо дар кӯча буд.
«Дар хона шавҳар, писар, келин бо кӯдаки 6-моҳа ва боз панҷ фарзанди ман буданд, - ба хотир меорад ӯ. - Онҳо тавонистанд ба зудӣ кӯдакро аз гаҳвора бароварда, пойлуч ба кӯча давида бароянд».
«Дили дардманд дорам, замин бошад то ҳол меларзад, метарсам, ки дилам ҳамаи инро намебардорад», - мегӯяд ин зан.
Ҳайати ҳукуматӣ бо сарварии сарвазири кишвар Оқил Оқилов ба ноҳияи Ванҷ 5 январ ҳозир шуд. Дар маҷлиси фаврӣ ҳокимияти маҳаллӣ ва агентиҳои ҳукуматӣ дастур гирифтанд, ки миқёси харобиҳоро пеш аз расонидани кӯмак ба зарардидагон ва оғози корҳои барқароркунанда, муайян созанд.
Аз ҷумҳуриҳои собиқ шӯравӣ Тоҷикистон камбизоаттарин буда, аз ҳама зиёдтар ба ҳар гуна офатҳои табиӣ гирифтор аст.
Ноҳияи Ванҷ дар қаторкӯҳҳои баланди Помир ҷойгир шудааст ва то ҳол ҷунбиши замин давом дорад.
Тибқи гуфтаҳои Анатолий Ишук аз Донишгоҳи зилзиласанҷии АИ Тоҷикистон, аз соли 2007 инҷониб дар ин ноҳия 96 заминларза ба қайд гирифта шудааст.
Аслибегим Манзаршоева, контрибютор дар Тоҷикистон, ки дар IWPR омӯзиш гузаштааст.