Тоҷикистон заминашро ба дӯстии Хитой иваз мекунад

Ба гуфтаи мунаққидон, ба Хитой додани ваъдаи замин амали «ғайриконститутсионӣ» аст, вале ақидаи умумие ҳаст, ки дипломатҳо дар ин вазъият ягона созишномаи имконпазирро бастаанд.

Тоҷикистон заминашро ба дӯстии Хитой иваз мекунад

Ба гуфтаи мунаққидон, ба Хитой додани ваъдаи замин амали «ғайриконститутсионӣ» аст, вале ақидаи умумие ҳаст, ки дипломатҳо дар ин вазъият ягона созишномаи имконпазирро бастаанд.

The land Tajikistan is handing over to China lies along the border in the remote Pamir plateau. (Photo: Dylan Winder/DFID)
The land Tajikistan is handing over to China lies along the border in the remote Pamir plateau. (Photo: Dylan Winder/DFID)

Ҳукумати Тоҷикистон барои ризоияти худ ба додани як қитъаи марзаш ба ҳамсоякишвараш Хитой мавриди интиқод қарор гирифт. Дар айни замон, баъзе шореҳони мустақил бо мансабдороне, ки мегӯянд дар шароити феълӣ ин қарори ягонаи имконпазир буд, розианд. Ба хусус, агар нигоҳ доштани муносибати хуб бо Пекинро дар назар дошта бошем. 

12 январ парламенти Тоҷикистон созишномаи демаркатсияи сарҳад бо Хитойро ба тасвиб расонид, ки дар натиҷаи он 1100 километри мураббаъ марзи Тоҷикистон дар ҷанубу шарқии мамлакат, дар ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ба Чин мегузарад. Танҳо ду нафар вакилони мухолиф, ки аз Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон буданд, ба ин қарор зид овоз доданд.

Тоҷикистон, мисли Қирғизистону Қазоқистони ҳамсоя, пас аз соҳибистиқлолият ба баҳси марзӣ бо Хитой гирифтор шуд, ки онро дар вақташ на Россияи подшоҳӣ ва баъдан на Иттиҳоди Шӯравӣ ҳал карда натавониста буданд. Баҳс сари марзи сарҳадии ду мамлакат меравад, ки асосан аз қитъаҳои касногузари кӯҳӣ иборат аст.

Дар аввал Хитой ба 28500 километри мураббаъ, ки аз панҷ як ҳиссаи ҳудуди Тоҷикистонро ташкил мекунад, муддаӣ буд. Аммо тибқи созишномаи ниҳоии соли 2002, Хитой ҳамагӣ ба 1100 километри мураббаъ ё худ 4%-и ҳудуди даъвогиашро соҳиб мешавад.

Ба гуфти таҳлилгарон, барои ба тасвиб расонидани созишномаи мазкур ба ҷониби Тоҷикистон 8 сол лозим омад. Зеро аломатгузории сарҳад ба дарозии 800 километр дар маҳали душворгузари кӯҳӣ, ки дар солҳои 1880-ум Русия ва Хитойро дар ноилоҷӣ монда буд, хеле мушкил буд.

Мансабдорон мегӯянд, ки ба тасвиб расонидани созишнома ба норушанӣ дар баҳси марзӣ хотима гузошта, муносибатро бо Хитой, ки яке аз сармоягузорони бузург ба иқтисоди Тоҷикистон аст, мустаҳкам мекунад. Ва барои ин танҳо як арзиши ночизеро аз қабили додани замини беҳосил дар сарҳади дурдаст пардохтан лозим асту бас.

Вазири умури хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ дар суханронии худ дар порлумон, ки як рӯз қабл аз овоздиҳӣ сурат гирифт, созишномаро «ҳодисаи муҳими сиёсиву ҳуқуқӣ дар таърихи муносибатҳои хориҷии Тоҷикистон» арзёбӣ кард. Ба қавли намояндаи Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон Давлат Назрӣ, имрӯз Хитой аз рӯи аҳамият шарики дуюми Тоҷикистон баъд аз Русия маҳсуб мешавад. Сармоягузорӣ ва грантҳои ҳукуматии Пекин бошанд дар таъсиси инфрасохторҳои кишвар аз қабили роҳу нақбҳо ва хатҳои интиқоли барқ нақши муҳим доранд.

Роҳбари Ҳизби коммунисти Тоҷикистон Шодӣ Шабдолов аз зумраи вакилонест, ки ба ҷонибдории созишномаи мазкур овоз додааст. Ӯ инро «ғалабаи бузурги геополитикӣ» номида, бар он ақида аст, ки ин амал ба афзоиши савдо бо Хитой мусоидат мекунад. Тоҷикистон дар бунбасти коммуникатсионӣ қарор дошта, роҳи баромад ба баҳр надорад ва роҳҳои савдояш аз марзи Ӯзбекистону Афғонистон мегузаранд.

Сӯҳроб Шарипов, сардори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Тоҷикистон низ бар он аст, ки созишномаи басташуда барои мамлакат манфиатдор аст. Ба тафовут аз собиқ Иттиҳоди Шӯравии абарқудрат Тоҷикистони кӯчак наметавонад ба фишори Хитой тоб оварад. Аз ин рӯ, имзо кардани созишномаи мазкур як дастоварди воқеӣ мебошад, бахусус, ки Чин аз талаботи аввалааш худдорӣ кардааст.

«Ман чунин меҳисобам, ки ин қарори идеалӣ аст,- мегӯяд Шарипов. – Мамлакати мо устуворӣ ва дахолатнопазирии сарҳадҳои худро барои даҳсолаҳои зиёд таъмин кард».

Рашид Ғанӣ Абдулло ба мисли бисёре аз таҳлилгарон қайд мекунад, ки додани ин заминҳои наздисарҳадии беҳосил, ки дар бадандкӯҳҳо ҷойгир буда, мавриди истифода қарор намегиранд, боақлона аст.

Мунаққидони ин тасмим бар онанд, ки тибқи Сарқонуни Тоҷикистон марзи кишвар тақсимнашаванда аст ва шартномаи мазкур ин принсипро поймол мекунад.

Роҳбари Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ мегӯяд, ки вайрон кардани Сарқонун метавонад оқибатҳои нохуш ба бор оварад. Тоҷикистон то ҳол бо Ӯзбекистон ва Қирғизистон низ баъзе масоили демаркатсионии хешро ҳал накардаасту сари баъзе минтақаҳои сарҳадӣ чунин баҳсҳо дорад. «Аз ҳама муҳим он аст, ки мо набояд ба ҳамсояҳои дигари худ, ки бо онҳо чунин проблемаҳои ҳалношуда дорем, ягон асосе диҳем, -мегӯяд Кабирӣ.- Бояд ба он такя кард, ки сарҳадҳои мо аз замони Иттиҳоди Шӯравӣ мондаанд ва онҳо тағйирнопазиранд». Ҳамзамон Кабирӣ эътироф кард, ки ба чунин созиш расидани дипломатҳои мо кори осон набуд ва он баҳси масоили сарҳадиро рӯшан кард.

Дар худи Бадахшон бошад, агарчанде норозигӣ эҳсос мешуд, вале бар хилофи гирдиҳамоиҳои соли 2008 дар маркази вилоят, шаҳри Хоруғ бар зидди додани ин заминҳо ба Хитой ва баъзе деҳаҳо ба ноҳияи дигар, ин дафъа ҳеҷ гуна эътирозҳои мардумӣ ба назар нарасидаанд.

«Албатта, ба шоҳиди беруна рушан аст, ки ин ҷо пеш аз ҳама масъалаи молиявӣ меистад. Зеро Тоҷикистон аз Чин қарз гирифтааст ва акнун бояд онро пардозад, -мегӯяд сокини Хоруғ Ошур Имомбеков. – Вале суоли матраҳ ин аст, ки пас аз сад сол насли ояндаи мо дар ин бора чӣ мегуфта бошанд?»

Дар пойтахти Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, Акбар ном марде аз ин иқдом норозигии худро изҳор карда, гуфт, ки чаро ҳукумат дар қабули чунин қарори муҳим назари мардумро ба эътибор намегирад.

«Чаро, вақте ки ба ҳукуматдорон лозим аст, онҳо сокинонро маҷбур мекунанд, ки ақидаи худро гӯянд…, вале, вақте ки заминҳои моро ба бегонагон медиҳанд, аз мо намепурсанд, ки мо ба ин розӣ ҳастем ё не?», мегӯяд ӯ.

Аслибегим Манзаршоева, рӯзноманигор аз Тоҷикистон, иштирокчии тренингҳои IWPR.

Мақолаи мазкур дар доираи ду лоиҳаи IWPR омода шудааст: «Дифоъ аз ҳуқуқи инсон ва таълими ҳуқуқӣ тавассути ВАО дар Осиёи Марказӣ», ки аз ҷониби Комиссияи Аврупо маблағгузорӣ мешавад ва «Барномаи иттилоотӣ оид ба инъикоси масъалаҳои ҳифзи ҳуқуқ, ихтилофҳо ва истиқрори боварӣ», ки аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии Норвегия маблағгузорӣ мешавад.

IWPR барои мазмуни мақолаи мазкур пурра масъул буда, ба ҳеҷ ваҷҳ назари кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ё Вазорати корҳои хориҷии Норвегияро инъикос намекунад.

China, Tajikistan
Diplomacy
Frontline Updates
Support local journalists