Қирғизистон ба ҳайати «G8» кишварҳои авторитарӣ дохил шуд

Таҳлилгарон чунин мешуморанд, ки Қирғизистон баробари Қазоқистон ва Тоҷикистон, тавре дар ҳисоботи ташкилоти байналхалқӣ гуфта шудааст, кишвари ғайридемократӣ нест.

Қирғизистон ба ҳайати «G8» кишварҳои авторитарӣ дохил шуд

Таҳлилгарон чунин мешуморанд, ки Қирғизистон баробари Қазоқистон ва Тоҷикистон, тавре дар ҳисоботи ташкилоти байналхалқӣ гуфта шудааст, кишвари ғайридемократӣ нест.

Wednesday, 21 October, 2009
Пас аз он, ки ташкилоти амрикоии Фридом Хауз (Freedom House) Қирғизистонро ба қатори кишварҳои худкома ба монанди чор кишвари дигари осиёмарказӣ дохил кард, таҳлилгарони маҳаллӣ андеша доранд, ки мешавад вазъияти минтақаро демократия ҳисобид?

Дар маърӯзаи ҳарсолаи худ бо номи «Кишварҳое, ки давраи гузаришро аз сар мегузаронанд» (Nations in Transit), ки дар охири июн нашр шуда буд, Фридом Хауз 29 кишари Аврупои Шарқӣ ва собиқ Иттиҳоди Шӯравиро мувофиқи як қатор меъёрҳои рушди демократӣ чунин ҷойгузорӣ намуд: идоракунӣ, ҷараёни интихоботӣ, системаи судӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, воситаҳои мустақили ахбори оммавӣ ва дараҷаи бартаридории ришвахӯрӣ.

Қирғизистон ва Россия нахустин бор дар қатори бадтарин «кишварҳои худкомаи сахт» дохил шуданд, ки Фридом Хауз онҳоро ҳамчун «ҷомеаҳои пӯшидае, ки дар онҳо диктаторон барои пайдошавии рақобати сиёсӣ ва гуногунфикрӣ монеъа шуда, барои васеъ паҳнгардонии вайронкуниҳои ҳуқуқҳои асосии сиёсӣ ва шаҳрвандӣ, инчунин ҳуқуқҳои инсон ҷавобгарӣ мебаранд» мавсуф менамоянд.

Ба қатори кишварҳои Осиёи Марказӣ ба монанди َҚазоқистон, Туркманистон ва Ӯзбакистон, ҳамчунин Озарбойҷон ва Белоруссия ҳамроҳ мешаванд. Дар натиҷаи ба қатори ин кишварҳо дохил шудани Қирғизистон ва Россия шумораи кишварҳо дар ин зина ба шумораи рекордии худ – 8 расид.

Дар қатори ҳодисаҳои бештар аҳамиятдоштаи соли 2008, ки ҳисобот дарбар мегирад, Фридом Хауз қонунҳои навро, ки озодии сухан ва гирдиҳамоиро дар Қирғизистон маҳдуд менамояд; афзудани фишороварӣ ба ТҒҲ ва судҳо дар Тоҷикистон; набудани оппозитсия ба мӯҳлати сеюми «ғайриконститутсионӣ», ки президенти ӯзбакистон Ислом Каримов барои худ муқаррар намудааст; ва ҳамчунин дуршавии ночизи Туркманистон аз сиёсати собиқ президенти он Сафармурод Ниёзов, қайд намудааст. Дар ҳисобот гуфта мешавад, ки бо наздикшавии навбати Қазоқистон барои раисӣ намудан дар САҲА, ҳукумати кишвар дар самти расидан ба демократия ва эътироф намудани мақоми мустақили ВАО ва ҷомеаи шаҳрвандӣ «ягон қадами дилпуркунанда намондааст».

«Дар тамоми кишварҳои Осиёи Марказӣ мушкилот аз ҷиҳати стратегӣ ба ҳам монанд буда, фарқият танҳо дар тактикаи идоракунии ҷамъият аз ҷониби ҳокимият мебошад, - мегӯяд сиёсатшинос аз Тоҷикистон Парвиз Муллоҷонов. – Дар зоҳиршавии режими худкома баъзе фарқиятҳо ҷой доранд, вале асосан дар ҳамаи ин кишварҳо институтҳои сусти демократӣ вуҷуд дошта, усулҳои идоракунии оилавӣ-қавмӣ мушоҳида мешаванд ва ҳамчун қоида, оқибат, қисми зиёди ҷомеа худро аз ҳалли мушкилиҳои аслии сиёсӣ дуркардашуда ҳисоб мекунад».

Муллоҷонов изҳор намуд, ки гарчанде институтҳои ҳукуматӣ дар тамоми Осиёи Марказӣ чунин унсурҳои демократиро ба монанди гузаронидани интихобот пайгирӣ менамояд, вале дар асл роҳбарияти миллӣ танҳо бесадоқат онҳоро дар вафодорӣ ба ин унсурҳо боварӣ мекунонанд.

Яке аз оқибатҳои системаи сиёсии ночандир, тибқи гуфтаҳои таҳлилгар аз Ӯзбакистон Комрон Алиев, ин «набудани ягон гуна ғоя (идеолгия)» мебошад.

«Дар чунин вакууми беғоягӣ ришвахӯриву ҷинояткорӣ нашъунамо ёфта, тамоми маънии ҳастӣ бо инкори ҳама ва ҳар чиз ба сарватандӯзӣ оварда мерасонад. Набудани озодии худшиносӣ, мақсадҳои ягонаи ҷомеаи шаҳрвандӣ ба деградатсияи ҷомеа ва ҳар як шахси алоҳида меорад», - мегӯяд ӯ.

Агар дар бораи ҳар як кишвар дар алоҳидагӣ сухан ронем, ақидаи таҳлилгароне, ки барои мақолаи мазкур пурсиш шуда буданд, нисбати он, ки оё Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон ба зинае, ки Фридом Хауз барои кишварҳои диктатурӣ ва худкома ҷудо намудааст, дохил мешаванд ё на, гуногунанд.

Ба ақидаи таҳлилгари маҳаллӣ Олег Сидоров, Қазоқистон дар «давраи гузариш» қарор дорад.

«Гуфтани он ки мо демократия дорем мумкин нест, вале ин реҷаро худкома низ номида намешавад, - мегӯяд ӯ. – Бинобар ин, айни ҳол мо дар байни ин ду муайянкунанда қарор дорем».

Директори «Гурӯҳи баҳодиҳии хатарҳо» аз Алмато Досим Сатпаев ҳисоб мекунад, ки нисбати Қазоқистон бештар на истилоҳи «авторитарӣ», балки «кишвари тоталитарӣ» мутобиқ аст.

«Расман мо ҳизбҳо, ТҒҲ ва ВАО дорем… системаи сиёсии Қазоқистон бештар ба авторитарӣ наздик аст», - мегӯяд Сатпаев.

Нисбати баъзе таҳлилгаргони қирғизӣ, ки бо натиҷаҳои дар ҳисобот оварда шуда, дар бораи маҳдудшавии озодии сухан ва гирдиҳамоиҳо, нестшавии ВАО-и мустақил ва набудани системаи мустақили судӣ, розӣ ҳастанд, аъзои парлумони Қирғизистон Галина Куликова бо ин калима розӣ нест.

Ба ақидаи ӯ, ба Фридом Хауз таъсири худро нуқтаи назари оппозитсия расонидааст. «Шумо наметавонед оиди Қазоқистон ҳамчун кишвари ноозод сухан ронед… Агар мо ҳамин тавр мебудем, касе барои даъво намудан ба ин ҷуръат намекард», - иброз дошт ӯ.

Бобати баҳодиҳии Тоҷикистон, ки дар ҳисобот омадааст, сиёсатшинос Рашид Абдулло онро ҳамчун кӯшиши истифода бурдани арзишҳои Ғарбӣ яксон нисбати ҳамаи кишварҳо, ки бо самтҳои гуногун инкишоф меёбанд, рад кард.

«Хулосае ба миён меояд, ки ҳар қадар ин ё он кишвари собиқ шӯравӣ мӯътадил бошад, ҳамон қадар он аз нуқтаи назари Фридом Хауз ноозод аст, ва баръакс, - гуфт ӯ. – Баробари ин, он нукта, ки номӯътадилии гуногун дар ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ҳамеша бо низоъҳое, ки ҳаёти садҳо ва ҳатто даҳҳо ҳазор одамонро аз байн мебарад, анҷом меёбад, ба эътибор гирифта намешавад».

Таҳлилгарони Туркманистон ва ӯзбакистон ҳангоми изҳор намудани ақидаи худ бештар ҳамфикр буданд ва мисолҳои тамоюли беҳбудшавиро оварда натавонистанд.

Коршинос аз Туркманистон, ки аз муаррифӣ намудани худ худдорӣ намуд, арз намуд, ки баҳодиҳии Фридом Хауз нисбати ин кишвар одилона аст, ки «тамоми ВАО дар зери назорати пурраи ҳокимият буда, ягон ташкилоти ҷамъиятии мустақил (ТҒҲ) вуҷуд надорад ва воридшавии ташкилотҳои байналхалқии ҳифзи ҳуқуқ манъ карда шудааст».

Ҳангоми ҷамъбаст намудани тарзи идоракунӣ дар ӯзбакистон, Алиев изҳор намуд: «Тамоми система аз ҷониби ҳукумат сахт назорат бурда мешавад ва охирон дар навбати худ ба иродаи як шахс тобеъ мебошад».
Frontline Updates
Support local journalists