Духтарон дар Тоҷикистон ба мактаб намераванд

Душвории молиявӣ бо ақидаи васеъ паҳншуда тақвият меёбад, ки барои писарон гирифтани маълумот аз духтарон дида, муҳимтар аст.

Духтарон дар Тоҷикистон ба мактаб намераванд

Душвории молиявӣ бо ақидаи васеъ паҳншуда тақвият меёбад, ки барои писарон гирифтани маълумот аз духтарон дида, муҳимтар аст.

Ду духтари хурдии Хосият Наҷмиддинова метавонанд як умр бе шаҳодатномаи маълумоти миёна монанд, зеро модарашон мепиндорад, ки доштани маълумот танҳо барои писаронаш афзалият дорад.

«Рости гап, кӯдакон либоси мактабпӯшӣ надоранд, - мегӯяд модари шаш фарзанд аз Душанбе, пойтахти кишвар. – Ғайр аз либос, ба онҳо боз лавозимоти мактабӣ лозим аст, ки ман онро таъмин карда наметавонам».

Шавҳари Наҷмиддинова барои мардикорӣ ба Россия, ба монанди садҳо ҳазор ҳамватанонаш сафар кардааст. Вале вақте се моҳ пеш ӯ ба хона фиристодани пулро қатъ кард, оилааш аз сарчашмаи асосии даромад маҳрум гашт.

Ду духтари калонии зан, Сайёра ва Мафтуна пас аз синфи нӯҳ – мӯҳлати камтарини ҳатмии гирифтани маълумоти ибтидоӣ дар кишвар, ба мактаб рафтанро бас карданд.

Ҳарчанд дар ин марҳила, кӯдак метавонад дар асоси қонунӣ хонданро партояд, духтарон соҳиби диплом оид ба «маълумоти нотамоми миёна» мегарданд ва барои гирифтани маълумоти олӣ ин дониши гирифтаашон кифоя нест.

Барои ду духтари хурдӣ ба мактаб рафтан ҳоло барвақт аст, вале Наҷмиддинова мегӯяд, ки барои ба мактаб фиристодани ду писараш кӯшиш ба харҷ медиҳад, зеро маҳз онҳо, на духтаронаш, дар оянда барои оилаҳояшон пул кор мекунанд. Сайёра ба модар дар хона кӯмак мерасонад, духтари дуюмаш бошад, Мафтуна, дар қаҳвахона кор мекунад.

Вазъият дар оилаи Наҷмидиновҳо мисоли маъмулии тамоюли афзоишёбандаест, ки духтаронро бо сабаби танқисии молиявӣ ё барои он ки арзиши  хониши онҳо ҳамчун сармоягузории ояндадор баҳогузорӣ намешавад, хонишро тамом накарда аз мактаб мегиранд. Духтарон назар ба писарон, хусусан дар деҳот, бисёртар ба чунин ҳолат дучор мешаванд.

Фонди кӯдакони Созмони милали муттаҳид (ЮНИСЕФ) маълумот медиҳад, ки соли 2008 25% духтарон ҳатто синфи нӯҳро тамом накарда, мактабро тарк намуданд. Бештар онҳо баъди синфи чоруми мактаби ибтидоӣ, ба синни даҳсолагӣ нарасида, хонишро мепартоянд. Нишондодҳои Вазорати маориф барои ҳамон сол нишон медиҳанд, ки аз даҳ чор духтари то синфи нӯҳ хонда, аз имконияти боз ду соли хониш истифода набурда, мактабро партофтаанд.

Ҳарчанд меҳнати кӯдакона дар мамлакат расман манъ карда шудааст, дар асл, духтарони мактабро партофта, вобаста аз он ки агар оилаашон дар хоҷагии қишлоқ машғул бошад, дар хонаву саҳроҳо кор мекунанд ва агар дар шаҳр зиндагонӣ дошта бошанд, бо дигар кор машғул мешаванд.

Соли сипаришуда Маркази миллии маълумотнокии калонсолони Тоҷикистон мониторинги вазъияти меҳнати кӯдаконро дар Душанбе гузаронид, ки дар натиҷа аз 230 кӯдакони коргар 80 духтари мактабро аз мӯҳлат пеш партофта, маълум карданд.

Тавре ҳамоҳангсози таҳқиқот Ирина Щаснович хабар дод, баъзеи онҳо то синфи чор хонда, дигарон бошанд, тамоман ба мактаб нарафтаанд. Ба қатори онҳо асосан кӯдаконе дохил мешаванд, ки волидонашон мисли ҳазорон ҳамватанони худ, дар хориҷи кишвар кор мекунанд, ё ин ки «муҳоҷирони дохилӣ» - нафароне, ки аз деҳотҷойҳои дурдаст ба шаҳр ба ҷустуҷӯи кор меоянд, мебошанд. 

Мувофиқи қонунгузории Тоҷикистон монеъшавӣ дар гирифтани маълумоти ҳатмии нӯҳсола, аз ҷиҳати ҷиноӣ ҷазо дода мешавад ва дар ду соли охир волидони он кӯдаконе, ки таълими мактабӣ намегиранд, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуда, суд онҳоро ба пардохти ҷарима ба маблағи якчанд ҳазор доллар маҳкум кардааст.

Пул - яке аз сабабҳоест, ки волидон фарзандонашонро аз мактаб мегиранд, ё мисли Наҷмиддинова ба писарон назар ба духтарон дида, бартарӣ медиҳанд. Тавре Щаснович ишора медиҳад, баъзеҳо кӯдаконро ҳатто дар мактаб ба қайд намегузоранд.

Зимни гуфтаҳои Щаснович барои ба мактаб баргардонидани баъзеи аз ин кӯдакон, хулосаи таҳқиқоти гузаронидаашро ба Вазорати фарҳанг равона намуда, дар пойтахт бо муовинони директорони  мактаб аз рӯи корҳои тарбиявӣ семинар гузаронида шуд.

Ба ин талошҳо нигоҳ накарда, мегӯяд ӯ, «то ҳол кӯдаконе, ки дар рӯйхати мо буданд, сарфи назар аз он, ки муаллимон хоҳиши таълим додани онҳоро изҳор намуданд, бо таълимгирӣ фарогир нашудаанд».

Дилором Ҷабборова, ҳамоҳангсози лоиҳаҳои ташкилоти ҷамъиятии «Бонувони фардо» мегӯяд, ки ҳолати молиявии аксарияти оилаҳо, аз ҷумла оилаҳои муҳоҷирон ва сокинони деҳот, дар натиҷаи бӯҳрони иқтисодии тӯлкашида, ба қадре бадтар шудааст ва дар минтақа таъсири худро мерасонад. 

Таълимоти давлатӣ дар Тоҷикистон ройгон аст, аммо тавре, ки Ҷабборова қайд менамояд, аксари оилаҳо имконияти харидани либоси мактабӣ ва дигар лавозимоти ба кӯдак барои хониш лозимиро, надоранд. Арзиши шумораи камтарини сарулибос барои хонандаи синфи як 50 долларро ташкил медиҳад; ҳол он ки маоши миёнаи моҳонаи Тоҷикистон ба 60 доллар баробар мебошад. Аз нисф зиёди аҳолии мамлакат берун аз ҳадди ақали камбизоатӣ, ки онро Бонки умумиҷаҳонӣ муқаррар намудааст, зиндагӣ менамояд.

Бо назардошти интихоби душвори иқтисодӣ, ки бо он оилаҳо дучор мешаванд, ҳайратовар нест, ки духтарон, ба монанди оилаи Наҷмиддиновҳо, ки дар он модар худ духтаронро аз мактаб гирифтааст, ба мактаб намераванд. Вақте писарон хонадор мешаванд, махсусан дар деҳотҷой, онҳо дар оилаи волидон мемонанд, дар ҳоле ки духтарон ба хонаи шавҳаронашон мекӯчанд. Ин маънии онро дорад, ки дар ҳаёти оилаи волидонашон онҳо дигар иштирок наменамоянд.

Гулҷаҳон Бобосодиқова, раиси Ассотсиатсияи занони маълумоти олӣ дошта, мегӯяд, ки чунин муносибати анъанавӣ дар шикасти тамоми кӯшишҳои ҳукумат ва дигар ҷонибҳо барои ба духтарон дастрас намудани таълимгирӣ, нақши худро мебозад.

«Духтаронро одатан чунин тарбия мекунанд, ки аз ҳама муҳимаш барояшон бомуваффақият ба шавҳар баромадан, кадбонуи хуб шудан, ба шавҳар итоат кардан ва соҳиби фарзанд шудан мебошад», - мегӯяд Бобосодиқова.

Шумораи зиёди духтарони мактабро партофта, аз он шабоҳат медиҳад, ки танҳо қисми ками онҳо соҳиби маълумоти олӣ мешаванд. Баъди пош хӯрдани Иттифоқи Шӯравӣ ва соҳибистиқлол гаштани Тоҷикистон, фоизи духтарони маълумоти олӣ мегирифта аз 34% дар соли 1991 то 29% дар соли ҷории хониш кам шудааст.

Аз соли 1997 инҷониб дар кишвар ба духтарон аз ноҳияву деҳаҳои дурдаст барои гирифтани маълумоти олӣ квотаҳо амал мекунанд. Тибқи нишондодҳои Вазорати маориф, дар соли ҷории хониш, ки сентябри соли гузашта оғоз ёфт, ба макотиби олии кишвар 635 духтар қабул гашт, ки нисбати соли гузашта 15% зиёдтар аст. Шумораи умумии духтароне, ки аз рӯи квота таълим меёбанд, айни ҳол 4500 нафарро ташкил дод.

Тавре Ҷабборова мегӯяд, дар Тоҷикистон якчанд ҳуҷҷатҳо ва барномаҳое ба имзо расидаанд, ки барои баландбардории нақши зан дар ҷомеа ва баробарҳуқуқии гендерӣ равона карда шудаанд ва аслан ҷиҳати мусбӣ доранд. Вале мушкилӣ дар он аст, ки «онҳо амалӣ намегарданд, зеро сохтори аниқ ё мақомоте нест, ки маҳз барои амалигардонӣ ва назорати онҳо масъулнокӣ дошта бошанд».

Мисли аксари коршиносоне, ки барои ин хабаргузорӣ пурсиш шудаанд, Ҷабборова мепиндорад, ки ҳалли мушкилӣ дар барномаҳои ҷамъиятии маърифатӣ гузошта шудааст – духтарон, волидони онҳо ва пешвоёни динро дар ин ҷомеаи аслан мусулмонӣ дар бораи ҳуқуқҳои занҳо ва муҳимияти гирифтани маълумот огоҳонидан лозим аст. Бобосодиқова меафзояд, ки барои бардоштани мавзӯи «аҳамият ва бартарияти» таълимгирӣ ВАО-ро истифода бурдан лозим аст.

Абдулҳамид Нозимов, раиси Раёсати маълумоти касбии олӣ ва таълимоти баъдидипломии Вазорати маориф, нақл намуд, ки мутахассисони раёсати ӯ дар тамоми кишвар бо мақсади ошкор намудани духтарони ба мактаб намерафта, сафар карда, кӯшиш менамоянд онҳоро  барои ба мактаб баргаштан ва аз квотаҳои донишгоҳҳо истифода бурдан, ташвиқот баранд.

«Барои ҳалли ин мушкилӣ, ҳамкории ҳамаи ҷонибҳо лозим аст, - мегӯяд ӯ. – Мутаассифона, чунин ҳамоҳангии ҳаракату амалҳо нест, ҳарчанд ба назар мерасад, ки ҳама як мақсад доранд».

Нозимов чунин мешуморад, ки мансабдорони сохтори маориф бояд бо ҳукуматдорони маҳаллӣ, додситонӣ, ТҒҲ-ҳои маҳаллӣ ва ташкилотҳои байналмиллалӣ барои баландбардории маълумотнокӣ дар байни духтарон ва волидонашон кор баранд.

Щаснович бо он нукта розӣ аст, ки фаъолияти ҳамоҳангшуда нест. «Аксари ташкилотҳо дар ин самт кор мекунанд, вале ҳама худ ба худ амал мекунанд, - мегӯяд ӯ. – Дар ин масъала бошад, муносибати ягона ва корбарии пайгирона лозим аст… Агар як ташкилот метавонад чунин кӯдаконро пайдо намояд, дигараш метавонад ба он мусоидат намояд, ки онҳоро ба мактаб ё дигар курсҳои таълимӣ муқаррар намояд».

Тибқи гуфтаҳои Бобосодиқова, соҳибмаълумот будан ба зан имконияти сатҳи баланди зиндагӣ кардан, инчунин ҳифзи ҳуқуқиро фароҳам меоварад.

«Аз рӯи мушоҳидаи бисёрсола, занҳои  бомаърифат ба зулми хонаводагӣ камтар гирифтор мешаванд, аз ҷиҳати молиявӣ бештар мустақиланд, - гуфт ӯ. - Бар замми ин, онҳо модарони хеле хубанд».

Нафиса Писареҷева, рӯзноманигоре, ки аз тренингҳои IWPR гузаштааст.

Мақолаи мазкур дар доираи ду лоиҳаҳои  IWPR таҳия карда шудааст: «Ҳифзи ҳуқуқҳои инсон ва маълумоти ҳифзиҳуқуқӣ тавассути ВАО дар Осиёи Марказӣ», ки аз ҷониби Комиссияи Аврупо ва «Барномаи иттилоотӣ оид ба равшаннамоии масоили ҳифзиҳуқуқӣ, муноқишаҳо ва мустаҳкамгардонии боварӣ», ки аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии Норвегия маблағгузорӣ карда мешаванд.

IWPR барои мундариҷаи мақолаи мазкур масъулияти пурра бурда, дар ягон ҳолат нуқтаи назари кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ё Вазорати корҳои хориҷии Норвегияро инъикос наменамояд.

Tajikistan
Frontline Updates
Support local journalists