Мухоҷирони тоҷик - «асирони» муносибат бо Маскав

Танҳо мустаҳакамшавии мавқеи муҳоҷирони тоҷик дар сатҳи байнидавлатӣ метавонад имкониятҳои бо мақсадҳои сиёсӣ истифода бурдани ин масъаларо кам кунад.

Мухоҷирони тоҷик - «асирони» муносибат бо Маскав

Танҳо мустаҳакамшавии мавқеи муҳоҷирони тоҷик дар сатҳи байнидавлатӣ метавонад имкониятҳои бо мақсадҳои сиёсӣ истифода бурдани ин масъаларо кам кунад.

Many Tajiks and other Central Asians work in the building industry in Russia. (Photo: Zarina Khushvaqt)
Many Tajiks and other Central Asians work in the building industry in Russia. (Photo: Zarina Khushvaqt)
Others work as traders and porters at markets. (Photo: Zarina Khushvaqt)
Others work as traders and porters at markets. (Photo: Zarina Khushvaqt)
The catering industry is another area where migrant labour from Tajikistan is used. (Photo: Zarina Khushvaqt)
The catering industry is another area where migrant labour from Tajikistan is used. (Photo: Zarina Khushvaqt)
Tajiks waiting for a flight home from Moscow. (Photo: Zarina Khushvaqt)
Tajiks waiting for a flight home from Moscow. (Photo: Zarina Khushvaqt)
Thursday, 25 August, 2011

Дар ҳоле, ки Тоҷикистон шартномаи навро дар соҳаи бехатарӣ бо Маскав мебандад, таҳдиди роҳандозии низоми раводид ба садҳо ҳазор муҳоҷири тоҷик дар Русия гувоҳи он аст, ки то чӣ андоза ин табақаи шаҳрвандон дар сатҳи баланди сиёсӣ чун «ивазкунии танга» истифода бурда мешаванд.

Таҳлилгарони аз ҷониби IWPR пурсидашуда мегӯянд, ки гоҳе мақомоти Тоҷикистон худашон гунаҳкоранд. Зеро наметавонанд ба шаҳрвандонашон манзил ва корро дар Русия дар асоси қонун кафолат диҳанд ва тақдири онҳоро ҳаволаи тағйирёбии бозиҳои сиёсӣ кардаанд.

Ин мушкилот дигарбора ба нақшаи аввалиндараҷаи муоҳадаҳои Тоҷикистону Русия оид ба мустаҳкамкунии марз бо Афғонистон ворид шуд.
Сарҳадчиёни рус то соли 2005, замоне, ки қувваҳои Тоҷикистон онҳоро иваз карданд, сарҳадро бо Афғонистон нигаҳбонӣ менамуданд.

Дар рафти гуфтушунидҳо оид ба имзои созишномаи нав дар моҳи сентябри соли ҷорӣ андешае роиҷ буд, ки Маскав то андозае ба бехатарии марзи собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ бо Афғонистон таваҷҷӯҳ дошт ва мехост қувваҳои мусаллаҳи худро бозпас гардонад. Аммо шахсиятҳои расмии Тоҷикистон инро инкор карда, гӯшрас менамоянд, ки созишҳои ҷории таъмини мушовирони ҳарбӣ ва воситаҳои техникӣ аз ҷониби Русия ҳамоно бетағйир боқӣ мондаанд.

Номуайянии шартнома баҳонаи кофӣ буд, ки дар Русия сарусадои нав ба миён ояд. Бахусус ба воситаи мақолаҳои нашрияи русии «Независимая газета» аз 2-юми август, ки дар он Борис Гризлов - сухангӯи Думаи давлатӣ ва раҳбари ҳизби «Русияи ягона» («Единая Россия») аз афзоиши истифодаи маводи мухаддир дар ин кишвар изҳори нигаронӣ кард.

Гризлов пешниҳод намуд, ки агар Тоҷикистон хостори бо сарҳад машғул шудани Русия набошад, бигзор имконияти бе раводид ба ин кишвар ворид гардидани тоҷикон маҳдуд карда шавад. Ин пешниҳоди Гризлов дар Тоҷикистон вокуниш ба бор овард. Дар ин маврид дар воситаҳои ахбори оммаи миллӣ баҳс мерафт, ки Русия барои даст ёфтан ба хостаҳои худ дар самти бехатарӣ масъалаи муҳоҷиратро ҳамчун воситаи таҳдид истифода мебарад.

Таҳлилгарони рус мегӯянд, ки ҳатто агар назари Гризловро бисёриҳо дар вазоратҳои қудратии ин кишвар ба инобат мегирифтанд ҳам, андешаи манъ кардани бе раводид вориди Русия шудани шаҳрвандони Тоҷикистонро Кремл дастгирӣ намекард ва ба он чун як суханпардозии арафаи интихоботи декабрии парлумонӣ дар Русия менигарист.

Мушкилоти муҳоҷират солҳои мадид баҳснок боқӣ мемонад. Куштор бар пояи миллатчигӣ дар Русия дар Тоҷикистон андешаи муҳими ҷамъиятиеро ба вуҷуд овард, ки муҳоҷирони корӣ, бахусус онҳое, ки ғайриқонунӣ кор мекунанд, мавқеъ ва ягон ҳаққу ҳуқуқ надоранд. Дар ҳамин ҳол, нафароне, ки дар хориҷи кишвар кор мекунанд, барои таъмини оилаҳои худ ба Тоҷикистон маблағҳои ҳангуфт мефиристанд ва набудани муҳоҷирон дар мамлакат мушкилоти бозори меҳнатро осон мекунад.

Ба гуфтаи Каромат Шарипов - раҳбари сомонаи интернетии Tajmigrant.com, теъдоди шаҳрвандони тоҷик дар Русия 1,5 - 2 миллион нафарро ташкил медиҳад.

Ба андешаи Муҳаммад Эгамзод - раҳбари «Тоҷ-инфо» дар Федератсияи Русия, Тоҷикистон бештар вобастаи маблағҳоест, ки муҳоҷирони корӣ ба хонаҳояшон мефиристанд:

«Ман фикр мекунам, ки як фоҷеаи иҷтимоӣ ба амал меояд, агар мухоҷират қатъ гардад. Баъзе сиёсатмадорони мо мегӯянд, ки ин масъаларо баланд набардоранд, аммо дар асл мо мебинем, ки қариб аз ҳама оилаҳои Тоҷикистон як ё ду нафарашон чун муҳоҷири меҳнатӣ асосан дар Русия кор мекунанд»,- мегӯяд Муҳаммад Эгамзод.

Ба мисли бисёриҳо дар Тоҷикистон, К. Шарипов фикр мекунад, ки ҷиддан бад шудани муносибатҳо бо Маскав ба вазъи муҳоҷирони муваққатӣ таъсир мерасонад. ӯ ба ёд меорад «ҷанҷоли дипломатӣ»-еро, ки соли 2006 ба миён омада буд ва бо пеш кардани муҳоҷирони грузинӣ аз Русия анҷом ёфт.

Алиакбар Абдуллоев - раҳбари намояндагии Маркази зиддикоррупсионии Русия дар Тоҷикистон ба ин назар аст, ки фишори сиёсӣ ҳама вақт яке аз муносибатҳои байналхалқӣ буд: «Дилхоҳ давлат барои ҳимояи манфиатҳои худ аз ҳама имкониятҳои дар даст доштааш истифода мебарад, ки ин ҳуқуқи ӯст!»,- мегӯяд номбурда.

Чун дигар таҳлилгароне, ки ба IWPR назарашонро иброз намуданд, Абдуллоев мегӯяд, ки манфиатҳои давлатӣ, аз ҷумла ҳимояи ҳуқуқи шаҳрвандони худ дар хориҷа аз Ҳукумати Тоҷикистон вобаста аст. Аммо дар гузашта ҳукуматҳо бетаваҷҷӯҳӣ зоҳир намуда, иҷроиши созишномаҳои дуҷонибаро дар масъалаи будубоши муҳоҷирон таъмин накардаанд:

«Мо муҳоҷирони меҳнатии худро ба онҷо мефиристему мефиристем, гӯё Русия чун даврони Шӯравӣ хонаи шахсии мо бошад. Гузашта аз ин, ягон ҳуҷҷати ҳуқуқии байнидавлатӣ имзо накардаем»,- мегӯяд ӯ.

Ба андешаи тоҷири тоҷик дар Русия, ки нахост номаш ифшо шавад, сиёсатмадорони Русия аз мушкилоти муҳоҷират ба он хотир истифода мебаранд, ки Ҳукумати Тоҷикистон наметавонад ҳуқуқи худро ҳимоя кунад. ӯ ба он ишора мекунад, ки дар сиёсати Тоҷикистон кадрҳои баландихтисоси дипломатӣ намерасанд:

«Аз ҳама дипломатҳои камҷриба дар ҳудуди ИДМ дар мост. Онҳо наметавонанд манфиатҳои мамлакати худро ҳимоя кунанд. Аз ҳамин сабаб Русия метавонад муҳоҷирони меҳнатии моро дар ҳама ҳолат аз Русия биронад ва ягон кор карда наметавонем»,- мегӯяд ӯ.

Раҳмон Улмасов - доктори илмҳои фалсафа, проректори Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон қайд мекунад, ки Тоҷикистон набояд аз ҷорӣ шудани низоми раводид бо Русия ҳаросад. Баръакс, агар Маскав қоидаҳои муҳоҷиратро пурзӯр намояд, ғайриқонунӣ ба Русия ворид шудани муҳоҷирон барҳам мехӯрад ва як низоми муайян дар будубоши онҳо ба вуҷуд меояд.

Улмасов ба он ишора мекунад, ки бештари шаҳрвандони Тоҷикистон шаҳрвандии Русияро қабул намудаанд ва фармони хориҷшавӣ аз ин кишвар ба онҳо алоқамандие надорад. Дигар муҳоҷирон бошанд, маҷбуранд ба хона баргарданд ва ба дилхоҳ кор машғул шаванд, гарчанде музди меҳнат аз маоши дар Русия мегирифтаашон кам ҳам бошад.

Лола ОЛИМОВА, муҳаррири IWPR дар Тоҷикистон

Frontline Updates
Support local journalists