Тоҷикистон: мустақилияти омбудсмен зери суол аст?

Ваколатдор оид ба ҳуқуқҳои инсон бояд шахси мустақил бошад, вале дар Тоҷикистон ӯро президент таъйин намуд.

Тоҷикистон: мустақилияти омбудсмен зери суол аст?

Ваколатдор оид ба ҳуқуқҳои инсон бояд шахси мустақил бошад, вале дар Тоҷикистон ӯро президент таъйин намуд.

Sunday, 5 July, 2009
Таъйиноти омбудсмен барои назорати риояи ҳуқуқҳои инсон дар Тоҷикистон ҳамчун нишонаи пешравӣ маънидод карда мешавад, вале таҳлилгарон аз он изҳори нигаронӣ доранд, ки ин амал бо тайъиноти президент ба вуқӯъ меояд.

27 май вакилони парлумони Тоҷикистон номзадии омбудсмени Тоҷикистонро тасдиқ намуданд. Ба ин вазифа собиқ машваратчии давлатии Сарвари кишвар оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Зариф Ализода таъйин шуд.

Оид ба зарурияти таъсисёбии институти омбудсмен дар Тоҷикистон президенти кишвар ҳанӯз феврали соли 2008 масъалагузорӣ намуда буд. Таъсиси институти нав ин худ як навъ аксуламал ба фишороварӣ аз ҷониби СММ ва САҳА мебошад. (Нигаред ба Сомнения в независимости омбудсмена в Таджикистане, RCA № 532, 15 февраля 2008 года.)

«Барои Ғарб… таъсисёбии институти омбудсмен нишондиҳандаи он аст, ки кишвар ба арзишҳои демократӣ такя менамояд, - иброз дошт сиёсатшинос Рашид Абдулло. – Ба чунин кишвар кӯмаки ҳаматарафа расонида мешавад».

Мувофиқи қонун, омбудсмени Тоҷикистон аз ягон мақомоти ҳукуматии давлатӣ, худидоракунӣ ё дигар шахсони мансабдор вобаста набуда, ҳамчунин ба онҳо ҳисобот намедиҳад. Ваколатдор оид ба ҳуқуқҳои инсон мақоми дахлнопазирӣ дошта, ба ҳабс гирифта намешавад.

Мӯҳлати фаъолияти кории омбудсмен 5 сол буда, як одам ба ин вазифа ду бор паи ҳам таъйин карда намешавад. ҳамасола ваколатдор аз натиҷаи фаъолияти худ маърӯза оид ба риояи ҳуқуқҳо ва озодии инсон ва шаҳрванд тайёр мекунад.

Омбудсмен аризаҳои шахсони алоҳидаро нисбати поймолкунии ҳуқуқҳои инсон танҳо пас аз он ки ҳамаи механизмҳои ҳуқуқӣ истифода бурда шудаанд, тафтиш менамояд. Мувофиқи қонун мансабдорони давлатӣ ба дархостҳои омбудсмен ҳатман бояд ҷавоб диҳанд.

Тавре муайян шудааст, аксар вақт чунин ҳодисаҳо қонуншиканиҳои мансабдорони давлатиро дарбар мегирад, масалан кормандони милисаро. Ин ногузир ба пайдоиши зиддият байни омбудсмен ва ҳукумат оварда мерасонад.

Ин нукта, ки омбудсменро президент таъйин намудааст, чунин саволҳоеро ба миён меоварад, ки номзадон чи тавр интихоб мешаванд, бо манфиатҳои давлат ё бо манфиатҳои мардуме, ки бояд намояндагӣ кунанд, ҳамовоз ҳастанд.

Таҷрибаи мавҷудияти институтҳои омбудсмен дар Осиёи Марказӣ ду намунаро барои Тоҷикистон пешкаш менамояд. Намунаи Ӯзбекистон, ки институти омбудсмен ҳамчун дастгоҳи давлатӣ баромад намуда, нақши он дар ҷамъият аз чониби коршиносон ҳамчун як пардае барои рӯйпӯш намудани асли ҳол бо ҳуқуқҳои инсонӣ дар кишвар, баҳо дода мешавад; ва намунаи Қирғизистон, ки омбудсмен дар ҳисоботи худ фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар муассисаҳоро маҳкум менамояд.

Ба ақидаи ҳуқуқшинос Шамс Гулмамадов худи он амал, ки омбудсменро президент таъйин намудааст, ин худ як мушкилӣ аст.

Ӯ хавотир аст, ки омбудсмен аз ҷониби «мақомоти давлатӣ назорат карда мешавад ва дар фаъолияти худ мустақил - он чиро ки мо аз ӯ интизор ҳастем, бошад».

Дар натиҷа, мегӯяд ӯ, «ба он нигоҳ накарда, ки омбудсмен ваколатҳои зиёд ва ҳуқуқи ба муассисаҳои дилхоҳ ташриф оварданро дорад, саволе кушода мемонад, ки тафтишҳои ӯ ба таври интихобӣ мегузаранд ё на?».

Ба андешаи Абдулло, тартиби мавҷудбуда, вақте президент ҳаёти сиёсии кишварро идора мекунад, маънии онро дорад, ки омбудсмен ногузир на як шахси қудратманди мустақил, балки як миёнарав мешавад.

«Барои ваколатдор оид ба ҳуқуқҳои инсон қобилияти сари вақт дарк кардани бонгҳои хатарноки дар ҷамъият пайдо шуда хеле муҳим аст ва ӯ бояд тавонад онҳоро сари вақт то президент расонад», - иброз дошт ӯ.

Эҳтимол Ализода махсус барои чунин нақш интихоб шудааст.

«Ӯ дорои таҷрибаи хуби бурдани муколамаи ҳукумат ва институтҳои гуногуни онро дорад, аз ҷумла президент бо мухолифин», - иброз дошт Абдулло.

Ализодаи 47-сола маълумоти ҳуқуқшиносӣ дорад, аз соли 2003 то 2006 раиси Суди конститутсионӣ буда. ҳамчунин дар дастгоҳи президент Раҳмон соҳиби вазифаҳо буд ва охирон вазифаи ӯ мушовири давлатии Сарвари кишвар оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ ва намояндаи махсуси президент дар парлумони кишвар буд.

Инчунин, ӯ вакили парлумон ҳам буда, дар Кумита оид ба қонунияти конститутсионӣ, қонунгузорӣ ва ҳуқуқҳои инсон раиси намуда буд.

Муҳимаш он аст, ки ӯ сарварии гурӯҳи кории таҳияи қонун оид ба омбудсменро ба ӯҳда дошт.

Дар қатори номзадон ба вазифаи омбудсмен додситони генералӣ Бобоҷон Бобохонов, ҷонишини вазири адлия Гулчеҳра Шарипова зикр мешуданд. Ба ғайр аз ин, номзадии собиқ директори Шӯъбаи ҷумҳуриявӣ оид ба ҳуқуқҳои инсон ва риояи қонун Нигина Баҳриева низ ёдрас мешуд.

Абдуғанӣ Мамадазимов, раиси Ассотсиатсияи миллии сиёсатшиносон авлотар медонад, агар ин вазифаи муҳимро шахси мустақил ва новобаста аз ҳукумат ишғол намояд, вале қайд мекунад, ки «тавре таҷриба нишон медиҳад, ҳукумат ҳоло ба ин омода нест».

Баробари ин, Мамадазимов иқрор мешавад, ки Ализода ҳамчун қонуншинос соҳибэҳтиром аст ва «номзади бадтарин» ба ин вазифа набуд.

«Ӯ шахси одил буда, байни давлат ва ҷомеаи шаҳрвандӣ мусолиҳа карда метавонад, ки дар ин вазифа хеле муҳим аст», - гуфт ӯ.

Frontline Updates
Support local journalists