Тоҷикистон: маъракаи сабуксозии қонун «дар бораи дин»

Қонуни баҳси татбиқ шуд, аммо мубориза барои мулоим намудани маҳдудияти вориднамудаи қонун идома дорад.

Тоҷикистон: маъракаи сабуксозии қонун «дар бораи дин»

Қонуни баҳси татбиқ шуд, аммо мубориза барои мулоим намудани маҳдудияти вориднамудаи қонун идома дорад.

Wednesday, 10 March, 2010
(ҲНИТ) маъракаи ҷадид баҳри ворид намудани иловаҳо ба қонуни тоза қабулгардида «дар бораи дин», бо мақсади таѓйир додани ҷиҳатҳи манфии он оѓоз намуд.



Таърихи 26 март парлумони Тоҷикистон қонун «дар бораи дин»-ро қабул кард. Ба андешаи мунаққидон, қонуни мазкур бо мақсади пурзўр намудани назорат аз болои фаъолияти пайравони ислом (дини асосии кишвар) ва дигар адён роҳандозӣ шудааст.



Муқобилони қонуни нав мегўянд қонунгузорие, ки мутаносибан қонуни либералии соли 1994 қабул шударо иваз мекунад ҳуқуқи конститутсионии ҳар фардро барои эътиқоди динӣ нақз мекунад.



Тарафдорони були қонун аз ҷониби Ҳукумат мегўянд, ки ин гуфтаҳо маъние надоранд. Онҳо муътақиданд, ки ҳуҷҷати мазкур бо сарқонун мутобиқат намуда маҷмўи меъёрҳои асосии пешгирикунандаи афзоиши шумори гуруҳҳои ифротгарои динниро дар бар дорад.



Тоҷикистон ягона давлат дар Осиёи Марказӣ мебошад, ки дар он дар асоси қонун ҲНИТ – ташкилоти сиёсии динӣ, фаъолият дорад. Ҳизби мазкур гурўҳи корӣ баҳри коркарди таѓироту иловаҳо ба қонуни ҷадид таъсис дод.



«Гурўҳи корӣ аз коршиносони мустақил, рўҳониён ва намояндагони дигар ташкилотҳои динии дар Тоҷикистон расман ба қайд гирифта шуда ташкил шудааст», - мегўяд раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ.



Дар назар аст, ки гурўҳи корӣ хулосаи кори хешро ҳамин моҳ пешниҳод мекунад.



«Тарс аз он дорам, ки пешниҳоди мо қабул нахоҳад шуд, аммо новобаста аз ин мо онро пеш мебарем», - мегўяд Кабирӣ.



Қаблан Ҳизб ду маротиба кўшиши иваз намудани қонунро карда буд. Яке соли 2007-ум, ҳангоми омода шудани лоиҳаи аввали қонун ва дуввум маротиба, ҳамон сол, вақте қонун ба баррасӣ пешниҳод гашт. Ҳар ду кўшиш самарае надоданд.



Қонуни ҷадид «дар бораи дин» нигаронии Созмони амният ва ҳамкории Аврупо ва Созмони Миллали МуттаҲидро ба бор овард. Таърихи 3 июн сармутахассиси сиёсии комиссияи ИМА оид ба суолҳои озодии динии байналхалқӣ Катрин Косман арз кард, ки бо қабули чунин қонуни маҳдудкунанда Тоҷикистон метавонад ба феҳрасти сиёҳи комиссияи мазкур шомил шавад.



Ба ин нигоҳ накарда, раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон, баъди қабули қонун аз ҷониби парлумон онро ба тасвиб расонд. 15 апрел, дар паёми ҳамасолаи худ президенти кишвар иброз дошт, ки қонун иваз намешавад ва он «равшан ва саҳеҳ» аст.



Дар муаррифии қонун вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзошоҳрух Асрорӣ қайд кард, ки омили асосии коркарди қонуни мазкур ин «рўзҳои ахир дар ҷомиа пайдо шудани ҳаракатҳои ҷудоихоҳии динӣ, нигилизм ва як қатор равияҳои барои мардуми мо дури ислом» мебошад.



Қисмати зиёди тоҷикон ва намояндагони ақалияти узбеки кишвар пайравони мазҳаби суннӣ мебошанд. Дар қисмати ҷануби кишвар – Бадахшони кўҳӣ, ҷомиаи исмоилия ба сар мебарад ва намояндагони миллати словяни пайрави дини масеҳиянд. Ҳукумати кишвар қабл аз ҳама аз зиёд шудани шумораи гурўҳҳои ҷудоихоҳ изҳори нигаронӣ мекунад. Ҳизб ут-Таҳрир дар Тоҷикистон мамнўъ эълон шудааст, Ҳамчунин ки равияи салафия (ҷараёни фундаменталии ислом), ки пайравонаш дар қиёс ба ҳаракати Ҳизб ут-Таҳрир камтар аст.



Мунаққидон ҳамчунин аз чанд талаботи бандҳои қонун норизоӣ баён мекунанд. Яъне созмонҳои динӣ мувазафанд ба ҳукумат маълумот оид ба манбаъҳои маблаѓгузориашон ва ҳамкориҳои худ бо давлатҳои ѓайр пешниҳод намоянд. Инчунин сохтмони масоҷид маҳдуд карда мешавад. Иловатан мунаққидон аз он, ки кўдакони аз сини 7 то 18 сола барои гирифтани маълумоти динӣ бояд ризояти хаттии волидайнро дошта бошанд, норизоӣ баен мекунанд.



Яке аз далелҳо барои ташвиш ин манъи гузарондани расму оинҳои динӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, барои мисол муассисаҳои давлатӣ мебошад, ки аз нигоҳи ҳукумати кишвар асос надорад.



Ба гуфтаи Кабирӣ, ин амалан гузарондани расму анъанаҳои динӣ дар масҷидҳо, мазор ва манзилҳои шахсии шаҲрвандонро маҳдуд мекунад. «Ин банд метавонад аз ҷониби мансабдорон чун манъи намозгузорӣ дар дигар ҷойҳои дар қонун зикр нагардида, шарҳ дода шавад» - илова намуд ў.



Ҳоҷи Акбар Тураҷонзода, вакили парлумон ва собиқ роҳбари идораи рўҳониёни мусалмони Тоҷикистон мегўяд, ки доштани ҷой барои ибодати мардум зарур аст. Дар акси ҳол қонун мухолифи Сарқонуни кишвар ва конвенсияҳои байналхалқӣ баромад мекунад.



«95 фисади аҳолии Тоҷикистон мусалмонанд ва барои ҳамин таъмин намудани тамоми шароитҳо барои ибодат кори муқаррарист, ҳамчунон, ки дар кишварҳои дигар, ҳатто ѓайримусалмонӣ, мекунанд», - мегўяд ў.



Намояндаи идораи дини Вазорати фарҳанг дар сўҳбат бо IWPR гуфт, ки ҳақиқатан қонун фаъолияти созмонҳои диниро дар муассисаҳои ѓайридинии кишвар манъ мекунад.



«Даъвоҳо ба қонун тамоман беасосанд», - мегўяд намояндаи идораи мазкур, ки аз ифшои номаш худдорӣ кард. «Қонун ташкили созмонҳои динӣ дар мақомот, ташкилотҳои давлатӣ , мақомотҳои худидории маҳаллӣ, муассисаҳои таълимӣ ва қисмҳои ҳарбӣ манъ мекунад. Аммо на намозгузорӣ дар он».



Вазорати фарҳанг гурўҳи кории хосаро ташкил кард. Ин нуқтаро дар асоси махфият, яке аз узви гурўҳи мазкур ба IWPR иброз дошт. Мақсади гурўҳ фаҳмондани қонуни номбурда ва боваркунонии аҳолӣ мебошад, ки қонун ҳуқукҳои диндоронро маҳдуд намекунад, ончунон,ки дар саҳифаҳои матбуот инро таъкид мекунанд», - қайд кард манбаъ.



Ҳамзамон манъи фаъолияти тарѓиботии ҷамъиятҳои динӣ дар хонаҳои шаҳрвандон ихтилофотро ба бор овард.



Мансабдорон аз Вазорати фарҳанг шарҳ медиханд, ки ин иқдом баҳри ҳимояи шаҳрвандон аз дахолат ба ҳаёти шахсӣ ва ақоиди динии онҳо пеш гирифта шуд.



Тураҷонзода ин банди қонунро изофӣ мешуморад.



«Барои чӣ озодие, ки бандҳои қонунҳои дигар онро танзим мекунанд маҳдуд бояд кард»? – мегўяд ў.



Ба феҳрасти гурўҳҳои диние, ки одатан дар манзилҳои шахсӣ ҷамъ мешаванд созмонҳои хурди масеҳӣ, ки мақсади ба дини худ ҷалб намуданро доранд, шомиланд. Аксари чунин гурўҳҳо дар Тоҷикистон пас аз пош хўрдани Иттиҳоди Шўравӣ, соли 1991 пайдо шудаанд.



Ходими диннии калисои равияи насрониён Андрей Давидов ба IWPR гуфтааст, ки ба андешаи ў ин дастурамал алайхи шоҳидони Яҳуво равона шудааст.



Мохи сентябр соли сипаригашта додгоҳ бо ишора ба қонунвайронкунии қаблӣ ва ба он зам шудани воридоти ѓайриқонунии адабиёти динӣ ба кишвар, фаъолияти созмони Шоҳидони Яҳуворо дар Тоҷикистон мамнўъ эълон намуд.



Аммо ба андешаи Давидов, маҳдудияти фаъолияти динӣ дар манзилҳои зисти шаҳрвандон маънии жарфтаре дорад. «Ҳуқуқҳое, ки Конститутсияи кишвар таъмин мекунад, банди мазкур маҳдуд мекунад» - мегўяд ў.



Дар ҳоле, ки Ҳукумат мақсади «ақибнишинӣ» намуданро надорад, баъзе мунаққидони қонуни мазкур мегўянд, ки он метавонад таъсири манфӣ дошта бошад ва мусалмонони норизоро ба пайвастан ба қатори гурўҳҳои ифродгарои динӣ тела диҳад.



Ҳоҷӣ Умар, имомхатиби масҷид дар маркази шаҳри Душанбе ҳушдор медиҳад: « Тамоми қувваи Ҳукумат дар роҳи мубориза бо экстримизм суде надорад, зеро маҳдудияти Ҳуқуқҳои мусалмонон метавонад боиси зиёд шудани теъдоди пайравони гурўҳҳои тундгарои динӣ гардад».













Frontline Updates
Support local journalists