Омӯзиши кӯдакони маъюб дар Тоҷикистон
Ихтисоршавии маблағгузорӣ, новобаста ба мавҷуд будани қонунгузории ба ҳамаи талабот ҷавобгӯй, маънии онро дорад, ки кӯдакони имконияташон маҳдуд аз гирифтани маълумоти зарурӣ маҳруманд.
Омӯзиши кӯдакони маъюб дар Тоҷикистон
Ихтисоршавии маблағгузорӣ, новобаста ба мавҷуд будани қонунгузории ба ҳамаи талабот ҷавобгӯй, маънии онро дорад, ки кӯдакони имконияташон маҳдуд аз гирифтани маълумоти зарурӣ маҳруманд.
Дар мактабҳои оддӣ кӯдакони имконияташон маҳдудро ба ҳисоб намегиранд, ғайр аз ин, маблағгузории таълимоти махсусгардонидашуда вуҷуд надорад ва бо сабаби норасоии моддӣ аксари волидон ба фарзандони худ кӯмаки зарурӣ расонида наметавонанд.
Зимни суханони корманди Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Соҳима Муҳаббатова, айни ҳол, дар Тоҷикистон зиёда аз 19 ҳазор кӯдакони имконияташон маҳдуд дар синни 16 ва аз он хурд ба қайд гирифта шудаанд. Дигар сарчашма бошад, нишондодҳои зеринро меорад: 31 ҳазор кӯдакони маъюб, шумораи умумии маъюбон дар кишвар бошад, 135 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.
Раиси Иттиҳоди миллии маъюбон Эсонбой Воҳидов, аз ҳақ будани ин маълумот шубҳа дорад, зеро мувофиқи конвенсияи қабулшудаи байналхалқӣ, дар кишварҳои дилхоҳ ҳар як даҳум одам ин ё он маъюбиро дорад.
«Агар ба назар гирем, ки дар ҷумҳурии мо зиёда аз 7 миллион одам зиндагӣ мекунад, тақрибан 700 ҳазори онҳо маъюб ҳастанд», - мегӯяд ӯ.
Ҷамол Худододов, раиси Фонди кӯдаконаи «Эҳё» мегӯяд, ки сабаби маълумоти аниқ надоштани омори расмӣ оид ба шумораи маъюбон дар он аст, ки ӯ ба нишондодҳои расмии шахсоне, ки аз рӯи маъюбӣ кӯмакпулӣ мегиранд, такя менамояд.
Масалан, дар Вилояти Мухтори Бадахшони Кӯҳӣ (ВМБК) ҳамчун маъюб 850 нафар кӯдак ба ҳисоб меравад, вале дар асл, маънидод мекунад Худододов, «шумораи онҳо чандин бор зиёд мебошад, зеро аксари маъюбон аз минтақаҳои дурдаст шаҳодатномаи таваллуд надоранд ва бинобар ин, дар мақомоти омор ба ҳисоб гирифта нашудаанд».
Нишондодҳои оморӣ оид ба маъюбоне, ки маълумот гирифта наметавонанд, вуҷуд надоранд, гарчанде мансабдоре аз сектори таълимии вилояти Суғд ба IWPR моҳи май изҳор намуда буд, ки новобаста аз шумораи умумии кӯдакони маъюб дар минтақа – 5 ҳазор нафар, дар мактаб ва боғчаҳои махсусгардонидашуда зиёда аз 400 нафар кӯдак таҳсил доранд.
Мувофиқи қонунгузории махсуси Тоҷикистон, Вазоратҳои маориф, тандурустӣ ва меҳнат, ҳамчунин ҳифзи иҷтимоӣ ӯҳдадор ҳастанд, ки барои кӯдакони маъюб имконияти таҳсил карданро дар мактабҳои оддӣ, махсус ё дар хона имконпазир гардонанд. Комиссияи миллӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдакон назорати иловагиро барои иҷроиши ин қонун таъмин менамояд.
Системаи махсусгардонидашудаи таълим дар худ ҳам мактабҳои оддӣ ва ҳам мактаб-интернатҳоро дарбар мегирад. Аксарияти онҳо бо сабаби набудани маблағгузорӣ маҳкам шудаанд. Масалан, дар ҷануби кишвар дар шаҳри Қурғонтеппа, мактаб барои кӯдакони ношунаво ҳашт сол фаъолият бурда, соли 2007 маҳкам шудааст. Айни ҳол, дар кишвар 12 мактаби махсусгардонидашуда фаъолият доранд, ки 4-тои онро Вазорати маориф идора намуда, боқимонда аз ҷониби мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ маблағгузорӣ карда мешаванд.
Аз рӯи қонун, волидони кӯдаконе, ки дар хона таълим меёбанд, барои гирифтани имтиёзҳо ва таъминоти моддӣ, ҳамчунин ба дастгирии муассисаҳои маҳаллии таълимию тарбиявӣ ҳуқуқ доранд, мегӯяд Муҳаббатова.
Ба худи қонунгузорӣ ягон эрод нест, мегӯяд роҳбари маркази «Нур» Камол Шанбезода, ки бо ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои кӯдакон дар ВМБК машғул аст. Мушкилӣ асосан, дар то чӣ андоза иҷрошавии он мебошад.
Волидон ва фаъолон оид ба ҳуқуқҳои шахсони имконияташон маҳдуд мегӯянд, ки дар амал дастурҳои қонун ё ба дараҷаи кофӣ иҷро намешаванд, ё ин ки тамоман иҷро намешаванд.
Аз рӯи тадқиқоти гузаронидаи Ҷамол Худододов ва фонди ӯ «Эҳё», ҳамчунин маркази «Нур», дар ин қисми кишвар кӯдакони имконияташон маҳдуд танҳо дар мактабҳои оддӣ таҳсил карда метавонанд.
Сардори Идораи маорифи ВМБК Ғарибшо Ғарибшоев, иқрор мешавад, ки аксари кӯдакони маъюб ба мактаб рафта наметавонанд. «Дар мактабҳои умумитаълимии Бадахшон танҳо кӯдаконе таълим меёбанд, ки шаклҳои сабуки маъюбӣ доранд», - гуфт ӯ.
Роҳбари маркази «Нур» Камол Шанбезода мегӯяд, ки дар ВМБК то ҳол барои кӯдакони имконияташон маҳдуд мактаб вуҷуд надорад ва ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ ба монанди ташкилоти ӯ, барои бартараф намудани ин камбудӣ чунин маблағро дар даст надоранд.
«Дар натиҷа аксари кӯдакони маъюб дар хона монда, маълумот гирифта наметавонанд», - гуфт ӯ.
Вазъияти монанд натанҳо дар Бадахшон, ки қисмати нисбатан дурдаст ва қашшоқи кишвар мебошад, ҷой дорад. Тадқиқоте, ки дар вилояти шимоли кишвар – Суғд соли 2007 гузаронида шуда буд, айнан чунин натиҷа дод.
Дар шимоли Тоҷикистон, ба монанди дигар қисматҳои кишвар, илоҷи нахустин барои кӯдакони маъюб ин таҳсил дар мактаби оддӣ аст. Вале Ассотсиатсияи ҳуқуқшиносони ҷавон, ки ин тадқиқотро гузаронидааст, қайд менамояд, ки «муаллимон дар омӯзиши кӯдакони имконияташон маҳдуд дар макотиби умумитаълимӣ ҳавасманд нестанд, зеро ҳар як кӯдаки маъюб ба худ диққати алоҳидаро талаб мекунад».
Дар ҷануби Тоҷикистон, дар идораи маорифи вилояти Хатлон гуфтанд, ки ноҳияи Восеъ интернат барои кӯдакони ноқисулақлро дорад, вале мактабҳо барои нобиноён ва кӯдакони ношунаво хеле кам мондаанд.
Мамурҷони 11-сола, аз шаҳри асосии вилояти Хатлон, Қурғонтеппа бо сабаби набудани мактаби дигар дар мактаби оддӣ мехонад. Вале бо сабаби мушкилиҳои нутқ ӯ аз дигар талабагон қафо монда, қисми зиёди соли хонишро дар хона мегузаронад. Бинобар ин, ӯ то ҳол навиштаву хонда наметавонад.
Гарчанде таҳсил дар хона дар қонун пешбинӣ шуда бошад ҳам, барои аксари оилаҳо ин ҳалли мушкилӣ нест. Корманди идораи ҳифзи иҷтимоии ВМБК, ки худро муаррифӣ кардан нахост, нақл кард, ки нафақаи маъюбон қариб 18 долларро дар як моҳ ташкил медиҳад, меҳнати муаллими ба хона меомадаро бошад, бояд худи волидон пардохт намоянд.
Аслони 14-сола дар шаҳри Хоруғ, маркази маъмурии ВМБК зиндагӣ мекунад. Ӯ бемории фалаҷи серебралии кӯдакона дорад ва азбаски роҳ гашта наметавонад, бинобар ин дар мактаб намехонад. Ду сол ба хонааш муаллим меомад, вале баъд волидонаш музди меҳнати муаллимро дода натавонистанд.
Ба ин нигоҳ накарда, Аслон мегӯяд: «Ман орзу дорам соҳибмаълумот гашта, ба волидонам кӯмак расонам».
Музди меҳнати муаллимон дар Тоҷикистон хеле паст аст, бахусус баъди соли 2007 аз ҷониби Вазорати маориф манъ кардани иловапулӣ ба маоши муаллимони дар хона ва макотиби махсусгардонидашуда дарс медода, онҳо барои кофтани кори репетиторӣ бо маоши паст ҳавасманд нестанд.
«Сарчашмаи асосии даромади зиёда аз 80% муаллимон ин хоҷагии наздиҳавлигӣ аст, ки аз ҳисоби он рӯзғорашонро пеш мебаранд. Бинобар ин, аксари онҳо вақти худро барои таълимдиҳӣ сарф кардан намехоҳанд», - мегӯяд Камол Шанбезода.
Ба ҳар ҳол, ҳуқуқшиносоне, ки дастурҳои қонунро оид ба таълим дар вилояти Суғд омӯхтаанд, ба хулосае омаданд, ки таълими хусусӣ барои кӯдакони имконияташон маҳдуд ба меъёрҳои мавҷудбуда ҷавобгӯй нестанд. Барои омӯзиши чунин кӯдакон китоб ва маводҳои лозима барои омӯзгорон нестанд; бисёр вақт муаллимон ба хонаҳои чунин талабагонашон намераванд, раванд ҳам, аз муддати лозима камтар дарс мегузаронанд.
Волидон аксар вақт фарзандонашонро ба мактабҳои махсус бо сабаби дур буданашон намедиҳанд.
«На ҳама чунин имконият доранд ва барои кӯдаки маъюб беҳтар аст дар хона зиндагӣ карда, назди манзилаш дарс хонад», - мегӯяд Савригул, модари 4 фарзанди маъюб аз Душанбе.
«Ба толеи фарзандони ман сетояш дар хона таълим гирифтанд, зеро ман дар пойтахт зиндагӣ мекунам. Ҳатто тасаввур карда наметавонам, ки агар дар қишлоқ зиндагӣ мекардем, ҳолам чӣ мешуд», - мегӯяд ӯ.
Фарзанди чорумаш бошад ба синфи якуми мактаби оддӣ дар наздикии хона меравад. «Умед дорам, ки ҳамсолон ва омӯзгорон ба ӯ бо тафоҳум муносибат менамоянд», - мегӯяд зан.
Ташкилотҳои ҳуқуқшинос ва фондҳои накӯкории кӯдаконаи Тоҷикистон ҳукуматро даъват менамоянд, то барои ҳалли ин мушкилӣ чораҳо дида шаванд. Дар вилояти Суғд ассотсиатсияи ҳуқуқшиносони ҷавон дар якҷоягӣ бо идораи минтақавии маориф барномаи стандартикунонидашударо барои омӯзиши хонагӣ коркарда баромадааст, гарчанде ӯро ҳоло амалӣ гардонидан лозим аст.
Дар вилояти Хатлони ҷануби кишвар, роҳбари филиали ташкилоти ғайриҳукуматии «Орзу» Шодӣ Давлатов аз ҳокимияти маҳаллӣ иҷозатнома барои кушодани мактаб барои кӯдакони ношунаво, ба ивази мактаби ба наздикӣ маҳкамшуда, талош дошт. Вале мансабдорони сектори таълимӣ, дар мактабҳои оддӣ пешниҳод намудани синфҳоро барои гузаронидани машғулиятҳои махсус, намехоҳанд. Бинобар ин, ташкилот маҷбур аст, ки омӯзишро дар хонаҳои хусусӣ гузаронад.
Дар Қурғонтеппа Маҳмадраҷаб Раҳимов маркази омӯзиш ва табобати кӯдакони имконияташон маҳдудро сарварӣ менамояд. Вале ӯ иқрор мешавад, ки омӯзише, ки дар маркази ӯ гузаронида мешавад, ҷои омӯзиши мактабиро гирифта наметавонад.
Кӯдакон ба марказ ду бор дар як ҳафта меоянд ва онҳое, ки дуртар зиндагӣ мекунанд, танҳо як-ду бор дар як моҳ ба машғулиятҳо омада метавонанд.
Раҳимов ба волидон маслиҳат медиҳад, ки онҳо барои кӯдаконашон ҳарчӣ аз дасташон ояд, бояд кунанд, то кӯдаконашон соҳибмаълумот гарданд.
«Мо ба волидон маслиҳат дорем, ки ба фарзандонашон ҳар рӯз 2 соати вақташонро ҷудо намоянд, ба кӯдакони синни мактабӣ тавсия дорем, ки дар мактабҳои оддӣ хонда, баробари ҳамсолонашон калон шуда, ба ҷамъият ворид шаванд», - гуфт ӯ.
Агар ба инобат гирем, ки Тоҷикистон кишвари камбизоаттарини минтақа мебошад, норасоии доимии маблағгузорӣ дар сатҳи миллӣ ва маҳаллиро фаҳмидан мумкин аст. Аз рӯи баҳодиҳии Бонки ҷаҳонӣ, қариб ними аҳолии кишвар ба ҳисоби камтар аз ду доллар дар як рӯз зиндагӣ дорад.
Ба ғайр аз мавҷудияти мушкилиҳои пулӣ, андешае ба миён меояд, ки мушкилиҳои кӯдакони маъюб дар қатори вазифаҳое, ки ҳалталаб ҳастанд, дар навбати охирон истодаанд.
Маркази «Нур» мехоҳад мактаберо барои кӯдакони маъюб дар Бадахшон таъсис диҳад, ки аз ҷониби ҳокимияти маҳаллӣ, соҳибкорон ва дигар донорон дастгирӣ ёбад.
Вале Анҷирбегим Мақбулшоева аз комиссия оид ба корҳо бо ноболиғон иброз дошт, ки то ҳол ба онҳо касе бо пешниҳоди таълимоти кӯдакона, тандурустӣ ва ҳуқуқҳои иҷтимоӣ муроҷиат накардааст.
Ҷамъият аз ҳокимияти маҳаллӣ ҳаракатҳои фаъолона ва ҳамкориро бо сектори ғайриҳукуматӣ интизор аст.
Сармутахассис оид ба мушкилиҳои кӯдакони Идораи тандурустии ВМБК Насрин Некушоева, андеша дорад, ки барои ҳалли ин мушкилӣ ҳокимияти маҳаллӣ бояд даст ба даст бо ТҒҲ ва ташкилотҳои донорӣ қадам ниҳад.
«Имрӯз қариб ки ҳеҷ кас намебинад ва саволе намедиҳад, ки кӯдакони маъюб чӣ гуна танозӯъ доранд ва онҳо ба ҳоли худ партофта шудаанд. Барои баррқароркунии саломатии онҳо маблағ нест, онҳо бе диққат монда, ташаккул намеёбанд. Гарчанде онҳоро омӯзонида, аъзоёни фоидаовари ҷамъият сохтан мумкин аст», - гуфт Некушоева.
(Номҳои кӯдакони пурсишшуда тағйир дода шудаанд).