Нигина Баҳриева: ҳомиёни ҳуқуқи тоҷик аз тазоҳурот гуфтушунидро афзалтар медонанд

Хуқуқҳимоятгари машҳури тоҷик дар бораи мушкилиҳо ва махсусиятҳои ҳаракати ҳифзи ҳуқуқ дар Тоҷикистон нақл мекунад.

Нигина Баҳриева: ҳомиёни ҳуқуқи тоҷик аз тазоҳурот гуфтушунидро афзалтар медонанд

Хуқуқҳимоятгари машҳури тоҷик дар бораи мушкилиҳо ва махсусиятҳои ҳаракати ҳифзи ҳуқуқ дар Тоҷикистон нақл мекунад.

Wednesday, 10 March, 2010
IWPR: Қариб ки дар тамоми кишварҳои ИДМ ҳомиёни ҳуқуқ бо муаррифии ВАО-и расмӣ ва ҳукуматҳо бештар ба сифати мавҳум тасвир шудаанд, на чун муоризон ё мунаққидони ҷиддӣ. Ба фикри шумо, чаро дар кишварҳои ИДМ ҳомиёни ҳуқуқро он қадар дӯст намедоранд?



Нигина Баҳриева: Вобаста аз он ки сухан дар боби кадом кишвари собиқ Шӯравӣ меравад, мавзӯъ тобишҳои гуногун мегирад. Ман гуфта наметавонам, ки нисбати ҳомиёни ҳуқуқ ва умуман ҳаракати ҳифзи ҳуқуқ дар кишварҳои ИДМ муносибат якранг бошад.



Ҳамчунин ин вобаста аз он аст, ки дар ин кишварҳо ҳифзи ҳуқуқ чӣ гуна пайдо шудааст. Масалан, дар Россия ҳомиёни ҳуқуқи нахустин собиқ сиёсатмадорон буданд. Онҷо ба фаъолияти ҳимояи ҳуқуқ муносибат дигар аст. Онҳо аслан кӯшиш доштанд, то дар сатҳи сиёсӣ масоили асосии хусусияти демократӣ ва ҳуқуқҳои инсон доштаро баррасӣ намоянд.



Бинобар ин, амалҳои бештар сиёсиро, масалан, дар Россия солҳои аввали таъсисёбии ҳаракати ҳимояи ҳуқуқ мушоҳида кардан мумкин аст. Айни ҳол фаъолияти ҳомиёни ҳуқуқ дар Россия бештар маҳдуд гаштааст, вале онҳо ба қадри кофӣ соҳибихтисос ҳастанд. Ман гуфта наметавонам, ки онҳо муоризони ҷиддӣ нестанд. Онҳо изҳоротҳои хеле ҷиддӣ, тадқиқотҳо ва баҳодиҳиҳо дар соҳаи ҳуқуқҳои инсон ба амал меоваранд, вале масъала дар он аст, ки ҳукумат ва давлат чӣ гуна ҳамаи инро қабул мекунад.



Дар бораи ҳаракати ҳифзи ҳуқуқ дар Украина ва Гурҷистон сухан рондан хеле душвор аст: онҳо ниҳоят фаъоланд, вале ба назари ман дар ин кишварҳо низ мушкилиҳои ҷиддӣ вуҷуд доранд.



Дар Қирғизистон ҳомиёни ҳуқуқ ба ошкорбаёнӣ рағбат доранд. Бинобар, дар ин ҷо маъракагузаронӣ маъмултар аст: митингҳо, пикетҳо, гуфтушунидҳои ҷамъиятӣ. Гурӯҳҳои хеле зиёд дар назди мақомоти ҳукумати давлатӣ вуҷуд доранд, ки дар онҳо ҳомиёни ҳуқуқ нуқтаи назари худро истодагарӣ менамоянд.



Як муддате, ҳамаи ин боиси кам истифода гаштани бархӯрди ҳуқуқӣ ҳангоми ҳифзи ҳуқуқҳои инсон дар Қирғизистон гашт, ба монанди: ҳимоя дар суд, истифодабарии механизмҳои хусусияти байналмиллалӣ дошта.

Вале солҳои охир ин вазъият бештар ба тавозун омадааст. Мисол, ман бисёр ҳамкасбоне дорам, ки даъвоҳои судии доғро истифода мебаранд ва кӯшиш мекунанд, ки қонунҳо дар кишвари онҳо ба кор дароянд. Воқеан маҳз қонунҳои бекористода – мушкилии умумӣ барои ҳамаи кишварҳои мо мебошад.



Дар Тоҷикистони мо ҳифзи ҳуқуқ бештар хусусияти мусрифона ва ҳатто оромона дорад. Дар ин марҳила ин раванди эъзоршаванда аст. Дар Тоҷикистон дар бораи якчанд марҳилаи ташаккулёбии сектори ғайриҳукуматӣ сухан рондан мумкин аст.



Мавҷи нахустин мисли дигар кишварҳои собиқ Шӯравӣ оғоз ёфта буд. Пас аз соҳибистиқлолшавӣ, бо афзоиши фаъолнокии сиёсӣ дар кишвар, ташкилотҳои ҷамъиятӣ пайдо шудан гирифтанд, ки шакли ҳуқуқӣ-ташкилиашон дар намуди ҳаракатҳои сиёсӣ-ҷамъиятӣ буданд.



Барои иттиҳодияҳои ҷамъиятии он замонҳо сиёсикунонии фаъолияти онҳо хос буд. Иттиҳодҳои ҷамъиятӣ ҷонибдори ин ё он ҳаракати сиёсӣ дар кишвар шуда, ба муборизаи сиёсӣ барои ҳокимият фаъолона ҷалб мешуданд ва ниҳоят хусусияти антагонистиро (мутазоди) соҳиб мешуданд.



Дар натиҷа бештари онҳо охири соли 1992 фаъолияти худро қатъ карданд ва ё фаъолияти баъзеи онҳо мавқуф ё манъ (барои мувофиқат накардан ба фаъолияти оинномавии иттиҳоди ҷамъиятӣ) карда шуда буд.



Давраи дуввуми инкишофи ТҒҲ-ҳо ба ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992-1997 рост омад. Ташкилотҳои ғайриҳукуматии ин давра бо кӯмаки ташкилотҳои байналмиллалии башардӯстона таъсис дода мешуданд. Шаклҳои асосии фаъолияти ин ташкилотҳо – паҳнгардонии кӯмаки башардӯстона ба аҳолӣ, мубориза бурдан бо бемориҳои сирояткунанда (домана, табларза), баргардонидани гурезагони тоҷик ва муҳоҷирони маҷбурӣ ба кишвар, ҷустуҷӯи бе ному нишон гумшудагон дар давраи ҷанги шаҳрвандӣ шуда буд.



Дар он замон ин чиз фаҳмо буд, зеро дар кишваре, ки ба қашшоқӣ гирифтор шуда буд ва мушкилии ягона зинда мондан буд, сухан рондан дар бораи ягон гуна ҳуқуқҳои инсон хеле душвор буд.



Афзоиши фаъолнокии ҳаракати ҳимояи ҳуқуқӣ дар кишвар аз соли 2000 мушоҳида мешавад. Ташкилотҳои нахустини ҳимояи ҳуқуқ асосан ба расонидани кӯмакҳо, машғулиятҳои ҳуқуқӣ машғул буданд. Дар кишвар асосан Қабулгоҳҳо ва машваратгоҳҳои ҳуқуқӣ барои шаҳрвандони камбизоат ба фаъолият сар карданд.



Дар баробари ин ташкилотҳо оид ба ҳуқуқҳои занон ва кӯдакон паҳн шудан гирифтанд. Хусусияти ҳимояи ҳуқуқии мо ва умуман ҳаракати ғайриҳукуматӣ дар Тоҷикистон он буд, ки аксари ин ташкилотҳо дар зери қаноти ташкилотҳои байналмиллалӣ таъсис меёфтанд. Онҳо ба қадри кофӣ мустақил набуданд. Вақте маблағгузории доимӣ ҳаст, вақте ба ҷои ту фикр мекунанд, лоиҳа менависанд ва ту танҳо вазифаи иҷрокунандаро дорӣ, он гоҳ дар бораи сохтани стратегияи оянда, баландбардории иқтидори худ фикр намекунӣ.



Ин яке аз сабабҳои асосии суст будани ҳимояи ҳуқуқ ва умуман сектори ғайриҳукуматӣ дар кишвар мебошад. Вале минбаъд, ташкилотҳои нав пайдо шудан гирифтанд ва сатҳи ихтисоснокии онҳо баланд шудан гирифт. Лоиҳа ва барномаҳои зиёде баррасӣ шуда буданд, ки барои мустаҳкамгардонии иқтидори ТҒҲ-ҳо равона шуда буданд: тарзи навиштани лоиҳаҳо, тарзи пайдо кардани маблағҳо барои амалигардонии онҳо, вале касе намеомӯзонид, ки ин таҷрибаро чӣ гуна истифода бурдан лозим, то ки вазъият ба таври системавӣ тағйир ёбад.



Айни ҳол, ҳимояи ҳуқуқ дар Тоҷикистон ба сатҳи таҳлилгарӣ баромадааст. Ин ҷо мушкилиҳои ҷиддӣ ҷой доранд, зеро потенсиали лозима мавҷуд нест. Шахсоне, ки онҳоро ба сифати коршиносон дар соҳаи гендерӣ, ВАО ва ҳуқуқҳои инсон ҷалб менамоянд, ангуштшуморанд.



Агар чорабиниҳои дар кишвари мо гузаштаистодаро мушоҳида намуда бошед, пас яқинан дарёфтаед, ки дар онҳо доиман як гурӯҳи муайяни одамон иштирок менамоянд. Вале ин вазъият қариб ки дар тамоми кишварҳои мо ҷой дорад. Гурӯҳи коршиносон хеле камшуморанд. Аз як тараф хуб аст, ки як доираи муайяни таҳлилгарон вуҷуд дорад, вале муҳимаш он ки ин доира васеъ шавад, зеро мушкилиҳое, ки мо дорем, аз мутахассисон дида зиёдтаранд.



Ташкилотҳои донорӣ ва байналмиллалӣ боз ҳам бештар талаб доранд, ки барои мустаҳкамгардонии иқтидори таҳлилии ҷомеаи шаҳрвандӣ ташаббусҳо баррасӣ карда шаванд. Мо наметавонем то абад мушовирони хориҷиро даъват намоем, ки барои мо ҳуҷҷатҳои таҳлилӣ омода созанд. Мо бояд худ инро ёд гирем: ин ҳам арзон ва ҳам самараноктар аст, зеро ба коршиноси мо вазъ аз наздик ва шинос аст.



Барои ҳимояи ҳукумати мо гуфтан мумкин аст, ки онҳо барои ҳамкорӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ омода ҳастанд, ҳамеша ба чорабиниҳо, вохӯриҳои корӣ, мизҳои мудаввар ҳозир мешаванд ва мушкилиҳоро муҳокима менамоянд. Вале на ҳамеша ин ба ягон натиҷа меоваравд. Бисёр вақт чунин мешавад, ки вохӯрии корӣ хотима меёбад ва дигар корҳо низ бо ҳамон тамом мешаванд. Аз инҷо бармеояд, ки мо худ то охир корро нотамом мондем, ва аз тарафи дигар – на ҳама вақт иродаи сиёсии қабул кардани қарорҳо вуҷуд дорад. Мо дар кишвари худ аз рӯи масали «Об сангро сӯрох мекунад» кор мекунем. Вале ба ҳар ҳол бо мурури замон мо ба тағйиротҳо мерасем.



IWPR: Умуман, оё имрӯз ҳомиёни ҳуқуқи Тоҷикистон вазифаҳои худро иҷро мекунанд? Махсусиятҳои ин ҳаракат дар кишвари мо чист?



Баҳриева: Дар соҳаи ҳимояи ҳуқуқ мо мутахассисони зиёд дорем. Масалан, агар дар бораи ҳуқуқҳои инсон сухан ронем, пас ин – ҳуқуқшиносон ҳастанд. Ҳарчанд ҳуқуқшинос будани ҳимоягари ҳуқуқ ҳатмӣ нест, ӯ бояд танҳо масоили ҳуқуқҳои инсонро хуб бидонад.



Ҳаракати ҳимояи ҳуқуқи мо хотираи хеле тоза ва тавре мегӯянд таърихӣ дорад – ин ҷанги шаҳрвандӣ. Бинобар ин, нисбати ҳар гуна тазоҳуротҳои оммавӣ, муроҷиатҳои оммавӣ мо муносибати эҳтиёткорона дорем. Ҳар чизе, ки боиси ошӯбҳо мешавад, ҳимояи ҳуқуқии мо қабул надорад. Ва агар он набошад, бояд илоҷи дигар кофт. Дар ҳолати мазкур – ин гуфтушунид аст. Кӯшиши гуфтушунид кардан – ҷараёни нисбатан дарозмуддат мебошад, ҳарчанд баъзан боз ҳам самараноктар.



Инҷо ба мо истодагарии нуқтаи назари худ намерасад. Баъзан чунин мешавад, ки мо ягон равандро хуб оғоз мекунем. Агар дар хотир дошта бошед, кӯшишҳои муҳокимаи қонуни дастрасӣ ба ахбор, лоиҳаи қонун дар бораи ташкилотҳои ҷамъиятӣ, ташкилотҳои динӣ шуда буданд.



Оғози кор ҳамеша хеле хуб аст. Таҳлилу муҳокима мекунанд. Ва вақте ки савол ба миён меояд «Давомаш чӣ? Дар натиҷа қонун чӣ гуна мешавад?», дар ин сурат амалкуниҳои минбаъда нестанд. Назорати ин ҷараён бояд дар парлумон сар шавад, бо вакилон вохӯриҳо гузаронида шаванд, онҳоро боварӣ кунонидан лозим аст, ки мушкилиҳои муайян дар лоиҳаи қонун вуҷуд доранд ва онҳоро бояд ҳал кард. Вале ин кор рӯй намедиҳад, мо то охир намеравем.



IWPR: Ин бо чӣ вобастагӣ дорад?



Баҳриева: Гумон дорам, аксаран бо ҳукумат сарбасар шудан намехоҳанд. Онҳо лоиҳаҳои якҷоя амалӣ мегардонанд, бо ҳукумат кор мебаранд ва намехоҳанд, ки «тахтабанд кунанд». Аз дигар тараф, ба назари ман далелҳо, донишҳои лозима намерасанд, ки ҳақ будани худро исбот кунанд.



Мо кам ташкилотҳое дорем, ки ба пешбарии қонунгузорӣ аз нуқтаи назари ҳимоя, яъне худи ҷараён машғул шаванд. Барои ин нафақат як мизи мудаввар гузаронидан лозим. Зеро мизи мудаввар – ҳоло пешравӣ нест. Аз баҳодиҳӣ, таҳлил, коркарди тавсияҳо, гузаронидани вохӯриҳои гуногун сар карда, то ташаббускории нишастҳои парлумонӣ кор бурдан лозим. Вале дар мо чунин нишастҳо гузаронида нашудаанд.



Дар хотир як мизи мудавварро дорам, вақте яке аз вакилон чунин гуфт: «Шумо ҳамеша шикоят доред, ки қонунҳо хуб нестанд, ҳамоҳангии қонунгузорӣ нест. Беҳтараш шумо гӯед, ки чӣ бояд кард? Зеро мо чандин бор кӯшиш кардем ва лоиҳаҳои қонунро нашр намудем ва аз шумо ягон тафсире нагирифтем». Мо барои ҳалли мушкилиҳо муносибати системавӣ надорем. Асосан хизматрасониҳои хадамотӣ расонида мешаванд.



Дар баъзе кишварҳо баръакс, ташкилотҳо аз расонидани хизматрасониҳо тамоман дур мешаванд ва дар сатҳи тағйиротҳои системавӣ кор мебаранд. Чунин муносибат онҳоро таъсирпазир мегардонад. Лаҳзае мерасад, ки онҳо худи мушкилиро дигар намефаҳманд, зеро бо одамон алоқа надоранд.



Лоиҳаҳое лозим ҳастанд, ки дар онҳо хизматрасонӣ ва амалҳои системавӣ дар вобастагӣ аз ҳамдигар мебошанд. Қабулгоҳҳои ҳуқуқӣ бояд фароҳам оварда шаванд. Ҳамзамон ин қабулгоҳҳо бояд қобили таҳлил кардани ахборот дошта, ба сатҳи гуфтушунидҳо ва дигар намудҳои амалкуниҳо барои ҳифзи манфиатҳои ҷамъиятӣ, вақте дар қонунгузорӣ ё дар таҷрибаи истифодабарии ҳуқуқ мушкилиҳо ҳастанд, гузаранд.



IWPR: Аз рӯи баҳодиҳии Freedom House (Хонаи Озоди), Тоҷикистон ба категорияи кишварҳои ноозод тааллуқ медиҳад, гарчанде қаблан ин мақом «қисман озод» ба ҳисоб мерафт. Ба фикри шумо вазъият то чӣ дараҷа метавонад боз иштидод ёбад?



Баҳриева: Дар ин масъала баҳодиҳии баробар хеле душвор аст. Вале ба ман вазъият аз нуқтаи назари риояи ҳуқуқҳои инсон дар кишвар писанд нест. Тамоюли гуфтушуниди боз ҳам кушода бо созмонҳои байналмиллалӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ пайдо шудааст. Ва инро бояд қоил шуд.



Бештар лоиҳаҳои қонунҳо муҳокима мешаванд ва ташаббусҳои ҳамҷоя вуҷуд доранд. Ислоҳотҳои хеле зиёд дар ин ё он соҳа ҷой доранд. Барои беҳшавии вазъият тамоюлҳои хуб ҳастанд. Дар дохили мақомоти ҳокимияти давлатӣ ташаббусҳои зиёди барои беҳгардонии масоили кадрӣ равона кардашуда, ҳамчунин кӯшишҳои ислоҳотдарорӣ дар худи система ҳастанд. Ҳамаи ин боиси он мешавад, ки бо қадамҳои хурд бошад ҳам, мо ҳатман ба ягон навъи муваффақият дар соҳаи ҳуқуқҳои инсон ноил мегардем.



Аз дигар ҷониб ҳаракатҳое ҳастанд, ки онҳоро ҳамчун усули «як қадам ба пеш, ду қадам ба қафо» баҳогузорӣ кардан мумкин аст. Масалан, он чизе ки дар доираи васоити ахбори омма рӯй медиҳад. Дар ин ҳол ҳокимияти судӣ ба «ҳокимияти чаҳорум» ҷанг эълон намудааст. Ин тамоюли хеле бад аст.



Дар низоми қонунгузорӣ вобаста ба ВАО ислоҳот рӯй намедиҳад. Ҳамаи он санадҳое, ки қабул мешаванд, ин ё он тарз вазъиятро дар доираи озодии баёни андеша ваҳимтар мегардонанд. Ин ба он оварда мерасонад, ки имрӯз бар зидди ВАО даъвогарӣ менамоянд, фардо бошад, чунин шуда метавонад, ки бо дигарҳо, масалан, ташкилотҳои ҷамъиятӣ барои маърӯзаҳояшон ё дигар ҳисоботҳои монанде, ки дар онҳо танқид ҷой дорад, ин амал рух диҳад.



Ва ин оқибат ба даъвогариҳо барои таҳқири шаъну шараф оварда мерасонад, дар навбати худ касе чизе гуфтан дигар намехоҳад. Тавре мегӯянд, танқиди конструктивӣ дигар аз байн меравад.



Агар вазъиятро дар дигар кишварҳо таҳлил намоем, он гоҳ натиҷагирии ниҳодҳо доир ба озодии баёни андеша аз ҷониби намояндагони САҲА нишон доданд, ки Тоҷикистон ва Қазоқистон дар як сатҳ ҷойгир шудаанд. Шукри худо, ки мо аз ин ҷиҳат аз Ӯзбекистон ҳоло дур ҳастем. Дар асл, ин тамоюл боиси пайдошавии ду мушкилии ҷиддӣ мегардад: маҳдудияти озодии баёни андеша ва бӯҳрони муайяни ҳокимияти судӣ.



Ин сабабгори он мегардад, ки боварии ноустуворе, ки ҳоло нисбати ҳокимияти судӣ мавҷуд ҳаст, тамоман аз байн меравад. Додгоҳ бошад, куллан симои муҳофизи ҳуқуқҳои инсонро гум мекунад. Ва ин бӯҳрони мутлақи низоми судӣ дар маҷмӯъ мебошад.



IWPR: Ба фикри шумо вазъиятро чӣ гуна беҳтар сохтан мумкин аст?



Баҳриева: То ба наздикӣ мо мегуфтем, ки қонунҳое лозиманд, ки ба меъёрҳои байналмиллалӣ ҷавобгӯ бошанд. Айни ҳол чунин қонунҳо зиёд ҳасанд. Вале дар ду самт кор бурдан лозим аст. Дар додгоҳҳо ҳам даъвогарӣ кардан ва ҳам ҳимояи манфиатҳои худро дар мақомоти додгоҳӣ талаб кардан лозим аст.



Мо механизми бисёр хуби додгоҳи конститутсиониро дорем, ки ба он қариб касе муроҷиат намекунад. Тавассути он ба қонунгузорӣ тағйирот ворид кардан, манфиатҳои худро дар ҳолатҳое, ки парлумон қонунҳои ғайриконститутсионӣ қабул мекунад ва додгоҳҳо онҳоро истифода мебаранд, ҳимоя кардан мумкин аст. Низоми ҳуқуқӣ хеле фарох аст ва роҳ надодан ба иштибоҳ инҷо имконнопазир аст.



Беҳаракатӣ боиси он мегардад, ки чизе тағйир намеёбад. Он бо ҷоҳилӣ ва ё баъзан бо тарс маънидод карда мешавад. Вале зарур аст, ки худи ҷомеаи шаҳрвандӣ ва аҳолӣ фаъол гарданд.



IWPR: Чунин эҳсос карда мешавад, ки дар кӯшиши даст ёфтан ба ҳамдигарфаҳмӣ бо ҳукумат ҳомиёни ҳуқуқ нодида гирифтани мушкилиҳои аслӣ ва нақзи муқарраротро дар кишвари мо афзалтар медонанд. Ба назар мерасад, ки ҳатто дар Ӯзбекистони ҳамсоя – кишваре, ки нисбати мо пӯшидатар аст, ҳомиёни ҳуқуқ мавқеи бештар фаъолонаро ишғол мекунанд. Дар ин бора чӣ фикр доред?



Баҳриева: қисман бо ин нуқта розӣ ҳастам. Вале гуфта наметавонам, ки дар Ӯзбекистон ҳомиёни ҳуқуқ бештар фаъол ҳастанд. Онҳо камтар ҳастанд, вале овози онҳо, аниқтараш овози маъюс гаштаашон баландтар аст.



Нисбати онҳое, ки дар Ӯзбекистон кӯшиши ягон кор кардан ҳоло доранд, аҳсант мегӯям. Дар чунин шароит – ин дар нӯги арра қадам монданро мемонад. Аксари ҳомиёни ҳуқуқ берун аз кишварашон маскан доранд ва ин чиз хеле бад аст.



Дар кишвари мо кӯшиш доранд мушкилиҳоро бардошта муҳокима намоянд, вале нисбати баъзе масъалаҳо бештар назари танқидомез бояд дошт. Гумон намекунам, ки ин ба «ранҷидани» ҳукумат меоварад. Онҳо низ дарк мекунанд, ки баъзе чизҳоро тағйир додан лозим аст.



Фикр мекунам, ҳукумат омода аст, дар ҳоле, ки агар танқид асоснок карда шуда бошад, ба гуфтушунид бароянд. Масалан, дар бораи системаи додгоҳӣ бояд аниқ сухан ронем, чияш бад аст ва албатта, чӣ бояд кард. Ва ҳамин гуна дар дигар соҳаҳо низ амал кардан лозим.



Бисёр вақт дар ягон чорабиниҳо мақомоти давлатӣ мегӯяд: «Албатта, ба шумо осон аст. Шумо ҳамеша танқид доред. Гумон доред, ки мо дар бораи мавҷудияти мушкилиҳо огоҳ нестем? Беҳтараш бигӯед, ки вобаста аз он буҷае, ки мо дар ихтиёри худ дорем ва бо он кадрҳое, ки дар мо кор мекунанд, чӣ бояд кард? Ва мо дар якҷоягӣ фикр мекунем, ки дар ин самт чӣ кор карда мешавад».



IWPR: Дар қатори сабабҳои асосии мушкилиҳои ҳимояи ҳуқуқ дар Тоҷикистон, ки дар маърӯзаи HRW қайд шудаанд – ин дастнорасии адолати додгоҳӣ, вайронкориҳои мурофиавӣ ва муносибати номақбул бо боздоштшудагон, назорати шадиди ҳукумат аз болои созмонҳои ғайриҳукуматӣ ва динӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, ВАО, мушкилиҳо бо дастрасӣ ба озуқаворӣ ва ғ. мебошанд. Ба ақидаи шумо, кадом мушкилӣ имрӯз бештар тезутунд аст ва чаро?



Баҳриева: Дар асл ба куҷое ангушт назанӣ дар ҳама ҷо мушкилиҳои тезутунд вуҷуд доранд. Вале соли ҷорӣ ман ба ҷои аввал мушкилии озодии баёни андеша, дастрасӣ ба иттилоъ, адолати мурофиаҳои додгоҳиро мебаровардам. Ин се мушкилиест, ки дар ду моҳи аввали соли 2010 дар ҷойи аввал меистанд. Мушкилиҳои аз хона хориҷкунӣ низ ҳоло ҳам хеле саривақтӣ мебошанд.



IWPR: Паҳн кардани саҳмияҳои НОБ-и Роғун хусусияти оммавиро касб мекунад. Ба кафолатҳои президент ва талаби он, ки харидорӣ намудани саҳмияҳо бояд ихтиёран бошанд нигоҳ накарда, дар аксари ташкилотҳо фишанги маъмурии таъсиррасонӣ истифода бурда мешавад. Президент – ин сатҳи баланди ҳукумат мебошад. Вақте ӯ ба таври оммавӣ изҳор менамояд, ки ӯ кафолат медиҳад, ки ин пардохтҳо бояд ихтиёрӣ бошанд, мо ба ҳарфҳои ӯ бояд бовар кунем.



Агар дигар мақомоти ҳукумат дар сатҳи муассисаҳои таълимӣ ва дигар мақомоти давлатӣ харидани саҳмияҳои НОБ-и Роғунро маҷбур месозанд ва одамон бо ягон сабаб аз ин даст мекашанд ва бинобар ин, онҳо бо мушкилиҳои муайян дучор мегарданд, он гоҳ онҳо метавонанд ба худи ҳамон додгоҳ муроҷиат намоянд. Дар ин бора гуфтанро оғоз кардан лозим ва баъд нигоҳ кардан, ки бо чӣ анҷом меёбад.



Маҷбур кардан мумкин нест. Саҳмияро нахаридӣ: ба ту дар донишгоҳ санҷиш нагузоштанд, саҳмияро нахаридӣ: аризаи аз кор равиатро навис ва ғ. Ин қонуншиканӣ аст. Даъвати харидорӣ намудани саҳмияҳои Роғун ҳаст, даъвати кӯмак кардан ва иродаву масъулияти шаҳрвандии ҳар як инсон ҳаст, ки вобаста ба имконияти худ, сатҳи ватанпарастии худ онҳоро мехарад ё на.



Фаҳмост, ки ин саҳмияҳо барои тағйир додани вазъият дар кишвар вобаста ба бӯҳрони энергетикӣ равона карда шудаанд. Вале инҷо дараҷаи муайяни нобоварӣ ҷой дорад. Чӣ қадар саҳмия харидорӣ шудааст? Маблағҳои он куҷо шуданд, чӣ гуна тақсим мешаванд? Агар ин низом дуруст роҳандозӣ гардад ва ҷараёни ин раванд шаффоф бошад, шояд аксари онҳое, ки то ин дам аз харидории саҳмия худдорӣ мекарданд, фикри худро дигар мекунанд.



IWPR: Нигина, шумо метавонед сабабҳои депортатсияи (ихроҷ шудани) худро аз Бишкек моҳи декабри соли гузашта равшанӣ андозед?



Баҳриева: Сабабҳо маълум нашуданд, вале метавонам гуфт, ки дар ин бора чи фикру чӣ тахминҳо дорам.



Гап дар сари он аст, ки ман коршинос дар бахши ҳимояи ҳуқуқҳои инсон дар СММ ҳастам. Аз соли 2004 инҷониб дар барномае, ки онро Гурӯҳи ҷавонони ҳуқуқҳимоякунанда дар Қирғизистон амалӣ мегардонад – «Курсҳо барои ҳимоятгарони амалкунанда оид ба имплементатсияи Пакти байналмиллалии ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ, сиёсӣ ва санади факултативӣ дар он» фаъолият дорам.



Дар доираи барнома, коршиносон, ки дар қатори онҳо аъзоёни кумитаи СММ оид ба ҳуқуқҳои инсон, судяҳои бонуфуз ва ҳимоятгарон аз кишварҳои гуногуни Аврупо ва ИДМ – ба ҳимоятгарон тарзи дуруст тартиб додани шикоятҳои шахсиро ба кумитаи СММ оид ба ҳуқуқҳои инсон меомӯзонанд.



Масалан, агар Тоҷикистон аъзои Санади факултативӣ аст ва нахустин чунин шикоятҳо соли 2000 дода шуда буданд, дар Қирғизистон то соли 2004 ягон шикоят набуд, гарчанде онҳо ба Пакт ва Санади факултативӣ чанде пештар ҳамроҳ шуда буданд.



Августи соли 2009 маро ба ин семинар даъват намуданд. Онҷо ҳимоятгароне буданд, ки дар мурофиа доир ба ҳодисаҳои Ноокат иштирок доштанд. Хотиррасон мекунам, ки ноябри соли 2008 дар Ноокат ҷашнгирии иди Рамазонро манъ карда буданд ва ин ҳама боиси рӯй додани тазоҳуроти муқобилатовар ва таъқиботҳои судӣ гашта буд.



Ҳимоятгароне, ки одамони маҳкумшударо ҳимоя мекарданд, нисбати ҳуқуқвайронкуниҳои гуногуни инсон ба монанди шиканҷадиҳӣ, мурофиаи ноадолати судӣ ва дигар қонуншиканиҳо сухан меронданд. Сипас, ба ман шикоятҳои аввалинро фиристода хоҳиш менамуданд, ки ман онҳоро баҳогузорӣ намоям, ки онҳо то чӣ андоза ба протседураҳои муроҷиатнамоӣ ба кумитаи СММ мувофиқат доранд.



Декабри соли 2009 бо даъвати офиси омбудсмени Қирғизистон ман ба Бишкек ба семинар доир ба мониторинги муассисаҳои маҳкам сафар кардам, вале дар онҷо департатсия карда шудам, бо шарти дар давоми 10 сол ба ин кишвар ҳуқуқи ворид нашудан. Вақте аз сабабҳо пурсон шудам, ба ман шарҳ доданд, ки ман моҳи сентябр дар Қирғизистон бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мушкилӣ доштам.



Вале ин ба ҳақиқат рост намеояд. Ман ҳеҷ гоҳ на бо хадамоти гумрук ва на бо ниҳодҳои марзбонӣ ва на бо санадҳо ягон мушкилӣ надоштам. Айни ҳол ман барои ҳимоя намудани манфиатҳои худ дар Бишкек бовархат тайёр карда, ба ҳамсабақони худ аз Гурӯҳи мустақили ҳифзи ҳуқуқ равона кардаам. Ман ният дорам қарори депортатсияро (ихроҷро) бекор намоям.



Frontline Updates
Support local journalists