Мусоҳиба: Барои таъмини ҳуқуқҳои муҳоҷирони меҳнатӣ Тоҷикистон бояд таҷрибаи Филлипинро омӯзад ва бозорҳои нави меҳнатро ҷустуҷӯй намояд

Мусоҳиба: Барои таъмини ҳуқуқҳои муҳоҷирони меҳнатӣ Тоҷикистон бояд таҷрибаи Филлипинро омӯзад ва бозорҳои нави меҳнатро ҷустуҷӯй намояд

Monday, 14 December, 2009
Моҳи октябр президенти Россия Дмитрий Медведев ҳангоми боздид бо шарики тоҷики худ Эмомалӣ Раҳмон дар Москва, ваъда дод, ки кишвари ӯ қоидаҳои нави муҳоҷиратиро қабул менамояд, ки будубоши муҳоҷирони тоҷикистониро дар ҳудуди ФР сабук ва содда мегардонанд.

«Қоидаҳои нав ҳамкориро дар ин соҳа беҳтар гардонида, шаффофият ва соддагардонии роҳҳои самараноки ҷалбсозии шаҳрвандоне, ки хоҳиши меҳнат карданро дар Федератсияи Россия доранд, амалӣ мекунанд», - изҳор намуд Медведев дар нишасти матбуотӣ.

То ҳол ягон гуна амали воқеиеро ҷониби русӣ пайгирӣ нанамудааст.

Оиди он ки худи Тоҷикистон барои беҳбудсозии идораи ҷараёнҳои муҳоҷират чӣ бояд кунад, дар мусоҳиба бо IWPR директори Маркази хабарӣ-захиравии муҳоҷирати меҳнатии Ташкилоти байналхалқӣ оид ба муҳоҷират (ТБМ) дар Тоҷикистон, раиси ташкилоти ҷамъиятии «Маркази муҳоҷирати меҳнатӣ» Музаффар Зарипов нақл кард.

IWPR: Мушкилоте, ки бо он муҳоҷирони меҳнатӣ дар Россия дучор мешаванд, аксар вақт якхелаанд: мардикор эълони пешниҳоди корро дида, шартномаро бо агентии бо кор таъминкунанда имзо мекунад ва ба ҷои кор сафар менамояд. Дар он ҷо шиносономаашро аз ӯ мегиранд, ӯ бо тамоми қувва меҳнат намуда, дар шароити номусоид зиндагӣ мекунад ва аз ҳамаш муҳим, ки музди меҳнаташро намедиҳанд. Чӣ гуна ва бо чӣ дар чунин ҳолат ташкилотҳои ҳуқуқии байналхалқӣ кӯмак расонида метавонанд, масалан Ташкилоти байналхалқии муҳоҷират дар Қазоқистон?

Зарипов: Мушкилоти ҳуқуқҳои инсон, махсусан ҳуқуқҳои муҳоҷирони меҳнатӣ бениҳоят тезутунданд, ҳатто дар ҳоле, ки кишвари қабулкунанда қонунгузории муҳоҷиратиро инсондӯстона ва ҳамоҳанг сохта, бозори меҳнатии худро кушод мекунад.

Хоҳ нохоҳ кордиҳандагон ва миёнаравоне пайдо мешаванд, ки барои фоидаи худ будубоши қонунӣ ва бо кор таъмин намудани муҳоҷирони меҳнатиро барои фоидаи худ истифода мебаранд.

Дар чунин маврид ҳама аз худи муҳоҷири меҳнатӣ, истодагарии ӯ барои муқобилат овардан ба чунин рафти кор, вобаста аст. Беҳтар аз ҳама, вақте одам кӯшиш менамояд, ки ба чунин вазъи ногувор худро гирифтор накунад.

Мутаассифона, ҳодисаҳои монанд натанҳо бо шаҳрвандони мо рӯй медиҳанд ва нафақат ба Россия ва Қазоқистон хос мебошанд. Онҳо ба кишварҳое хос ҳастанд, ки солҳои охир босуръат инкишоф меёбанд ва қонунҳои муҳоҷирии онҳо ҳоло мукаммал нагаштаанд.

Ташкилотҳои байналхалқӣ, алалхусус ТБМ, 7 соли охир бо ин мушкилӣ дар Тоҷикистон муфассал машғул мебошанд.

Як инфраструктурае таъсис дода шудааст, ки муҳоҷиронро маҳз дар масъалаҳои ҳуқуқӣ кӯмак мерасонад, муҳоҷирони потенсиалиро огоҳ кунонида, машварат медиҳад.

Ҳамаи ин корҳо барои он бурда мешаванд, ки бехатарии сафари онҳо, аз нуқтаи назари ҳуқуқӣ таъмин карда шавад ва инчунин дар дигар ҳолатҳо.

Яке беэътиноӣ, дигаре – беаҳамиятӣ мекунад ва сеюмӣ бехабар ҳаст. Натиҷаи чунин беэътиноӣ – ба ғуломӣ афтодан, қочоқи инсон ва ғ. мегардад. Дар кишварҳои қабулкунандаи муҳоҷирони меҳнатии тоҷик инчунин як қатор ташкилотҳои ҳифзи ҳуқуқии диаспораи тоҷикон, сафоратхонаҳо, намояндагиҳои ВКД-и Тоҷикистон фаъолият мебаранд, ки ба ҳифзи ҳуқуқии онҳо машғул ҳастанд.

Муҳоҷирони меҳнатӣ бояд онҳо ва тарзи иртибот бо онҳоро донанд. Хеле муҳим аст, ки ҳамватанони мо маданияти сафаркуниро ба хориҷа омӯзанд, аз ҷумла маданияти муҳоҷиратро бо мақсади коркунӣ дар хориҷа.

IWPR: Дар Москва аллакай таҷрибаи нахустини таъсис намудани Маркази хизматрасонӣ дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ вуҷуд дорад. Марказ натанҳо хизматрасонии бароҳати муроҷиаткунандагонро пешниҳод менамояд, балки инчунин ба монанди «супермаркети хизматрасониҳо» баромад мекунад, ки ба он хизматрасониҳои давлатӣ низ (қабул ва додани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳанда) ва хизматрасониҳои иловагӣ, ба монанди машваратдиҳӣ, нотариат, шӯъбаи тарҷумонӣ дохил мешаванд.

Дар Тоҷикистон низ чунин «тиреза»-е таъсис додан мумкин аст, то ин ки муҳоҷири меҳнатии потенсиалӣ ба Россия ё дигар кишвар бо ҳамаи ҳуҷҷатҳои лозима сафар карда тавонад. Дар ин бора чӣ фикр доред?

Зарипов: Чунин марказҳо натанҳо дар Москва, балки умуман дар тамоми Россия пайдо шудаанд ва ин хурсандиовар аст, зеро мушкилиҳои қонунигардонӣ дар ҷои бақайдгирӣ ва ҷустуҷӯи кор ва ба кордароӣ ҳалли худро ёфта метавонанд.

Албатта, норасоиҳо дар кори онҳо низ ҷой доранд, масалан, ҷойҳои корие, ки пешниҳод карда мешаванд, умеди коргари хориҷиро дар андозаи музди меҳнат қонеъ намегардонад, вале ин танҳо оғози роҳ мебошад. Ба фикри ман, пас аз чанде байни миёнарав дар шахси чунин марказҳо ва коргарони хориҷӣ як навъ тавозуни талабот ва пешниҳодот ба миён меояд.

Ҳоло бошад, ин марказҳо аз мавқеъ ва даромадҳои худ на он қадар қонеъ ҳастанд. Масалан, Маркази байниминтақавии Самара, ки дар ихтиёри худ бинои бузурге дорад ва хизматрасониҳои дар боло овардашударо иҷро менамояд, бо сабабҳои зикршуда пурра фаъолият намекунад.

Имконияти таъсис додани чунин марказҳо дар Тоҷикистон низ мавриди баррасӣ қарор дорад. Барои кушодани онҳо маблағ, ҳуҷатҳои меъёриву ҳуқуқӣ лозим ҳастанд, ки ин фаъолиятро ба танзим дароранд.

Ин масъала зарурияти таъсис додани вазорати кор бо муҳоҷиратро талаб менамояд, вале бояд дар назар дошт, ки хосият ва шакли чунин ташкилотҳо беш аз пеш зери ташкилоти ягона рост меояд, ки хизматрасониҳои муайянро пеш аз сафаркунӣ иҷро менамояд. Дар назди чунин марказҳо бояд курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзиши забонҳо ва ҳуқуқҳо ва дигар намудҳои хизматрасонӣ амал кунанд.

IWPR: Дар яке аз маърӯзаҳои ТБМ гуфта мешавад, ки Тоҷикистон «дар реҷаи ҳашар» қонунгузории муҳоҷиратиро коркард ва қабул намудааст ва дар асоси он ба танзимдарории ин мушкилот ба кор шурӯъ намудааст. Оё имрӯз зарурияти тағйирдиҳӣ ва даровардани ислоҳот ба қонун «Дар бораи муҳоҷират» ҷой дорад ё на?

Зарипов: Бо он нукта розӣ ҳастам, ки зарурияти тағйирдиҳии қонун «Дар бораи муҳоҷират», алалхусус, дар қисми танзими муҳоҷирати меҳнатии беруна имрӯз ҷой дорад.

Айнан 19 ноябри соли ҷорӣ, дар маҷлиси Комиссияи байнимуассисавӣ оид ба танзимдарории ҷараёнҳои муҳоҷиратӣ дар назди ҳукумати ҶТ, ТБМ натиҷаҳои таҳлили қонунгузории муҳоҷиратии Ҷумҳурии Тоҷикистонро пешниҳод намуд.

Дар муддати наздик, гурӯҳи корӣ оид ба қонунгузорӣ ба омӯзиши масъалаи мақсаднокии даровардани тағйирот ва иловаҳо ба ин қонун шурӯъ мекунад.

Ба ақидаи ман, даровардани тағйирот ва иловаҳо ба қонуни амалкунанда ё коркарди қонуни тамоман нав ва ҳуҷҷатҳои зерқонунии он – талаботи замон мебошад.

Қонун бояд муфассал масъулиятнокӣ ва ҳуқуқҳои ҷонибҳои ин ҷараёнро, ба монанди қонуни Филиппин «Дар бораи муҳоҷирон» баррасӣ намояд. Ҳамин тариқ, фишор ба мақомоти давлатӣ худ ба худ кам шуда, ҳар як иштирокчии ин ҷараён огоҳонида мешавад, ки дар бораи ин ё он қисми кор аз кӣ пурсад.

Дар ҳоле, ки муҳоҷирати меҳнатӣ қисми сиёсати иқтисодии давлат мебошад, бинобар ин, ба ин масъала бояд диққати махсус дода шавад.

IWPR: Оё Тоҷикистон имрӯз омода аст, ки муҳоҷирати меҳнатии берунаро идора карда тавонад?

Зарипов: Ин суол хеле бамаврид аст. Оғоз намудани идоракунии ҷараёнҳои муҳоҷиратӣ дар хориҷи кишвар ҳеҷ гоҳ дер нест.

Асосаш ин ки кишвар инро мехоҳад. Дигар гап дар он аст, ки оё ба мо лозим аст «велосипедро ихтироъ намоем» дар ҳоле ки он аллакай ҳаст?

Таҷрибаи ҷаҳонӣ, ба истиснои хусусиятҳои алоҳидаи баъзе кишварҳо аз рӯи масъалаҳои асосӣ аз ҳамдигар фарқ намекунад. Ин таъминоти иҷтимоӣ ва ҳуқуқӣ, базаи меъёриву ҳуқуқӣ барои муҳоҷирати меҳнатии беруна, таъминоти маълумоти тахассусӣ, сертификатсияи ихтисоси гирифташуда, суғурта ва хизматрасонии тиббӣ дар кишвари худ ва дар кишвари ҷойгиршавӣ мебошад.

Ман баъзе роҳбарон ва мутахассисони системаро ё шахсони из ин мушкилӣ дурбударо намефаҳмам, вақте онҳо мегӯянд, ки Тоҷикистон роҳи худро дорад.

Барои ватандӯстии онҳо миннатдорӣ изҳор намудан лозим, вале Тоҷикистон вақт ва маблағҳои зиёдатӣ надорад, ки масъалаи таъсис намудани системаи самараноки идоракунии муҳоҷирати меҳнатии берунаро ба даҳсолаҳо кашола диҳад. Тоҷикистон мавқеъи худро дар бозорҳои муқаррарии меҳнатӣ аз даст доданро сар мекунад ва ин натанҳо ба бӯҳрон ва поён рафтани нархҳо барои меҳнати сарфкардашуда, балки инчунин бо сабаби пур шудани бозорҳо бо қувваи кории нисбатан арзонтар вобаста мебошад.

Ҳамчун далели исботкунандаи он метавонанд ҳамсояҳои мо дар минтақа бошанд, ки бо ин мушкилоти идоракунӣ ҷиддан машғул буда, аллакай ба муваффақиятҳои муайян ноил шудаанд.

IWPR: Охири солҳои 90 Хадамоти давлатии муҳоҷиратӣ дар назди Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ таъсис шуда буд. Моҳи феврали соли 2006, танзимкунии муҳоҷирати беруна ба тобеъияти ВКД гузаронида шуд. Имрӯз дар назди ВКХ низ хадамоте таъсис дода шудааст, ки ҷараёни муҳоҷиратро дар Россия ба танзим медарорад. Кӣ аниқ бояд бо муҳоҷирати меҳнатӣ машғул бошад? Шояд, вақти он расидааст, ки вазорати ҷудогонаи муҳоҷиратро таъсис додан лозим?

Зарипов: Барои амалигардонии бомуваффақияти сиёсати муҳоҷиратӣ дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатии беруна, ҳар як кишвар варианти оптималиро қабул менамояд, чӣ дар сохтори идоракунӣ ва чӣ дар таъмини қонунгузорӣ.

Ба диди ман, ҳама сохторҳои то имрӯз вуҷуддошта, тарафҳои ҳам мусбӣ ва ҳам манфӣ доранд, вале ягонтои онҳо ба қадри кофӣ амалигардонии Консепсияи сиёсати муҳоҷиратиро маҳз дар қисмати муҳоҷирати меҳнатии беруна таъмин карда натавонист ва барои он як қатор сабабҳои муҳим вуҷуд доранд.

Якумаш – новобаста ба кӯшишҳои пешгирифташуда, барномаи ояндадори хуб кор карда баромада шуда набуд. Дуюмаш – потенсиали сусти кадрҳо. Сеюм – набудани стратегияи ҷиддии аз ҷиҳати илмӣ асосноккардашудаи миллӣ доир ба муҳоҷирати меҳнатӣ. Чорум – набудани ташаббускорӣ ва мавқеъи номуайяни мансабдорон.

Ва охирон: таҳлили ҷиддии ҳарсолаи вазъи муҳоҷират дар Тоҷикистон ва ғайра. Ин ҷо сухан натанҳо дар бораи тадқиқотҳои маркетингии бозорҳои меҳнатии кишварҳои қабулкунанда, балки дар бораи ҷустуҷӯи бозорҳои нави меҳнатӣ низ меравад.

Таъсис додани Вазорати кор бо муҳоҷират, ба фикри ман, ғояи сазовори омӯзиш мебошад. Вале боварӣ надорам, ки система боз як таҷрибаи бюрократикунонии системаи идоракунии муҳоҷирати меҳнатии берунаро тоқат мекунад.

Барои ин гуфтагӯи кушоди мутахассисони ин соҳа лозим аст. Ман таъсис додани сохтори алоҳидаро дар назди ҳукумати ҶТ истисно наменамоям, вале ин сохтор ба ғайри дастгирии давлатӣ бояд сарчашмаҳои дигари маблағгузорӣ аз ҳисоби хизматрасониҳо бояд дошта бошад.

Масалан, ман ягон вазоратеро надидаам, ки ба фарди қаторӣ дастрас бошад ва мушкилоти ӯро зуд ҳал намояд. Вале намунаи арзандае низ ҳаст, ки боиси ибрат буда метавонад – ин маъмурияти Филлипин оиди бо кор таъминкунӣ дар хориҷа – системаи дақиқи хизматрасониҳои давлатӣ ва хусусӣ барои муҳоҷирони меҳнатӣ мебошад.

Яъне тамоми маълумоти лозима ва ҳуҷҷатгузорӣ, ҳамчунин машваратдиҳӣ дар як муассиса дастрас мебошад. Маҳз ба чунин коргузорӣ саъю кӯшиш намудан лозим.

Frontline Updates
Support local journalists