Mеҳнати хурдсолон дар Бадахшони Кӯҳӣ

Муҳоҷирати меҳнатии аҳолии калонсоли ин минтақаи кӯҳӣ боиси серкории фарзандон шудааст.

Mеҳнати хурдсолон дар Бадахшони Кӯҳӣ

Муҳоҷирати меҳнатии аҳолии калонсоли ин минтақаи кӯҳӣ боиси серкории фарзандон шудааст.

Tuesday, 7 July, 2009
Падари Самад барои пулкоркунӣ ба Россия ҳангоми яксола буданаш рафта буд. Аз ҳамон замон Самади 10-сола падарашро надидааст.

«Пештар падарам ба мо пул мефиристод, вале имсол бошад, мо ягон бор аз ӯ чизе нагирифтаем», - мегӯяд Самад.

Писарак ҳамроҳи модар ва бобояш дар Барвоз, наздикии Хоруғ – шаҳри калонтарини Вилояти Мухтори Бадахшони Кӯҳӣ, ки дар ҷанубу шарқи кишвар воқеъ аст, зиндагонӣ мекунад.

Бо сабаби он ки падар бо онҳо зиндагӣ намекунад, Самад маҷбур аст аз хурдӣ меҳнат кунад.

«Ман барои кишту кори гандуму картошка, чаронидани чорво дар кӯҳҳо, кашонидани об аз дарё, ҳезумшиканӣ дар ҷангал кӯмак мерасонам, - нақл мекунад ӯ. – Вале ҳамеша кӯшиш мекунам, дарсҳоямро, ки дар мактаб мефармоянд, сари вақт аз худ намоям.

Ӯ иқрор мешавад, ки хеле хаста мешавад, вале медонад, ки «ба модар бояд кӯмак расонад, зеро ӯ тез-тез касал шуда меистад. Бобояш ҳам пир шудааст, бисёр кор карда наметавонад».

Ҳаёти Фариди 12-сола низ ба ҳаёти Самад монанд аст. Агар чорво бонӣ накунад, пас дар замин кор мекунад ё ҳезум мешиканад. ӯ низ кӯшиш мекунад аз дарсҳояш дар мактаб қафо намонад.

Фарид бо бибӣ ва бобояш зиндагонӣ мекунад, зеро падар ва модараш чанд соли охир дар Россия кор мекунанд.

Гулос Раҳматшоев, ҳамоҳангсози барномаи «Муҳофизати ҳуқуқҳои меҳнатии фарзандони муҳоҷирони ВМБК-и Тоҷикистон», ба IWPR иброз дошт, ки дар кишвар ҳазорҳо кӯдакон дар чунин ҳолат қарор доранд.

Аз рӯи нишондодҳои ЮНИСЕФ, 28 фоизи кӯдакони синнашон аз 5 то 14 дар Бадахшон бо меҳнати вазнини ҷисмонӣ машғул ҳастанд. Ва ин нишондоди баландтарин дар тамоми Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Соли 1993, дере нагузашта пас аз соҳибистиқлол шудан, Тоҷикистон Конвенсияро оид ба ҳуқуқҳои кӯдакон тасдиқ кард ва бо ҳамин барои риоя намудани ҳуқуқҳо ва манфиатҳои кӯдакон вазифадор гашт.

Соли 2003 ҳукумати кишвар Нақшаи миллии ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдаконро тасдиқ намуд. Мақсади ин нақша баландбардории сатҳи ҳаёти кӯдакон, огоҳонидани давлат ва ҷамъият оид ба вазифаҳои онҳо барои ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдакон, махсусан кӯдакони аз табақаҳои аз ҷиҳати иҷтимоӣ ноустувор.

Амалигардонии ин нақша соли 2010 анҷом меёбад, вале дар бораи вуҷуд доштани он кам шахсоне медонанд, хабар медиҳад ҷамол Худодов, раиси Хазинаи кӯдаконаи «Эҳё».

КОР ДАР ХОНА Ё МЕҲНАТИ ВАЗНИНИ ҶИСМОНӢ

Стандартҳои байналхалқии ташкили меҳнат (ТБМ) вобаста ба намудҳои коре, ки кӯдакон иҷро мекунанд, аз ҳамдигар фарқ мекунанд. Мувофиқи ин стандартҳо, корҳои сабук ба кӯдакони синнашон ба 12-13 солагӣ расида ва меҳнати вазнинро ба кӯдакони синнашон аз 14 то 16 фармудан мумкин аст. Он намуди корҳое, ки ҳамчун «хатарнок» муайян карда мешаванд, то 18-солагӣ номумкин ҳастанд.

Қонунгузории миллии Тоҷикистон оид ба меҳнат, баробари ин, шуғли пурраи наврасонро аз синни 16-солагӣ иҷозат медиҳад. Аз 14 то 16 солагӣ бошад, онҳо метавонанд танҳо 2 – 2,5 соат дар як рӯз кор кунанд.

Мувофиқи қонунгузории Тоҷикистон, қабул кардани кӯдакон ба кор ва ба даст овардани фоида аз меҳнати онҳо амали аз ҷиҳати ҷиноятӣ ҷазодиҳанда ҳисоб карда мешавад.

Ин ҳама нисбати онҳое, ки меҳнати кӯдаконро дар хоҷагиҳои деҳқонӣ дар дигар минтақаҳои кишвар истифода мебаранд. Вале дар Бадахшон мушкилии асосӣ дар он аст, ки кӯдакон ба волидонашон барои бурдани хоҷагӣ кӯмак мерасонанд, мегӯяд Манучеҳр Холиқназаров, роҳбари шӯъбаи вилоятии Бюро оид ба ҳуқуқҳои инсон ва риояи қонун.

Ба конвенсияи ТБМ меҳнати кӯдакон дар хоҷагӣ ё иштироки онҳо дар соҳибкории оилавӣ дохил намешавад. Вале чунин меҳнат набояд ба саломатии онҳо зарар расонад ё барои таҳсил дар мактаб халал расонад.

Дар Бадахшон аксари кӯдакони меҳнаткунанда аз деҳот ба ин қисмат дохил мешаванд.

Дигар кӯдаконе, ки дар бозорҳои чунин шаҳрҳо, ба монанди Хоруғ кор мекунанд, ба зумраи он кӯдакон дохил мешаванд, ки ба ивази меҳнаташон музд мегиранд.

Зиндагонӣ дар Бадахшон, ки вилояти калон вале камаҳолӣ дар Помир аст, ҳамеша вазнин буд. Иктисодиёт дар минтақа кариб ки пурра деҳқонӣ мебошад, гарчанде сокинони ин маҳал картошка, гандум ва табак мекоранд, набудани заминҳои корам ва шароитҳои дурушти иқлимӣ аҳолии онро маҷбур месозад, ки танҳо ба чорвои хонагӣ умедвор шаванд.

Дар чунин шароит волидон ҳисоб мекунанд, ки истифодабарии кӯмаки кӯдакон қобили қабул ва муқаррарӣ аст.

Солҳои охир зарурияти истифодабарии меҳнати кӯдакон бо сабаби муҳоҷирати оммавии қисми калонсоли аҳолӣ, махсусан мардон, барои пулкоркунӣ ба Россия ва Қазокистон, боз ҳам тезутунд гашт. Баъзеи онҳо, ба монанди волидони Самад ва Фарид дар натиҷа онҷо ба муддати дароз барои коркунӣ мемонанд.

Аз рӯи гуфтаҳои Қамчибек Насиллобеков, директори корхонаи давлатии унитарӣ оид ба муҳоҷирати меҳнатии беруна «Бадахшонхориҷакор», ки бо таъмини ҷойҳои корӣ дар хориҷи кишвар хизматрасонӣ менамояд, 24 ҳазор одам ё 12%-и аҳолии Бадахшон айни ҳол дар хориҷа кор мекунанд.

Ҳамаи ин оқибати он гашт, ки ҳаҷми кори бар сари кӯдакон боршуда зиёд шудааст.

Масалан, дар қишлоқи Шохиризми ноҳияи Роштқалъаи ВМБК аз 400 сокин 150 нафар, асосан мардони ҷавон дар ду соли охир ба Россия рафтаанд. Директори мактаби маҳаллӣ Сарвар Мансуров иброз медорад, ки дар қишлоқҳои ҳамсоя Синдев ва Сежд вазъият ҳамчунин аст – дар он ҷо аз 370 - 140 ва аз 1000 – 300 нафар мувофиқан ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтаанд.

Зарчабек Зарчабеков, раиси хоҷагии деҳқонӣ дар деҳаи Шохиризм мегӯяд, ки норасоии қувваи кориро бо ҷалби меҳнати кӯдакон иваз мекунанд.

«Дигар касе нест, ки ин корҳоро иҷро намояд, - мегӯяд ӯ. – Кӯдакон ҳақиқатан кори вазнини ҷисмониро иҷро мекунанд, вале чи тавр ин мушкилиро ҳал бояд кард, касе намедонад».

САЛОМАТИИ КӮДАКОН ДАР ХАТАР

Тибқи гуфтаҳои духтурон, бо сабаби иҷро кардани меҳнати вазнини ҷисмонӣ саломатии кӯдакон коста шудааст. Вобаста ба ин, меҳнати онҳо мувофиқи стандартҳои ТБМ хусусияти «хатарнок»-ро пайдо мекунад.

Наргис Булбулсаидова, табиби кӯдаконаи Маркази саломатии Хоруғ мегӯяд, ки аксари кӯдаконе, ки дар ВМБК зиндагонӣ мекунанд, деформатсияи системаи устухон, бемориҳои узвҳои дарунӣ, боди фатақ (грыжа) ва касалиҳои дигар мушоҳида карда мешаванд.

«Онҳо дилшикаста шуда, хастагиашон дарди кӯҳна шудааст», - илова намуд ӯ. Табиби рӯҳшинос Мусо Мардонов мегӯяд, ки дурии волидон барои саломатии рӯҳии кӯдакон таъсири манфӣ мерасонад.

«Ҳатто бобою бибиҳо наметавонанд ҷои падару модарро бигиранд, - мегӯяд Мардонов. – Фарзандони муҳоҷирон солҳои сол бе волидон калон шуда, барои ҷалб намудани диққат ба худ, аксаран нашъаманд мешаванд».

Тавассути Бадахшон, ки бо Афгонистон ҳамсарҳад аст, самти асосии қочоки нашъа мегузарад. Таъсири манфии ин дар он аст, ки дар ин марҳилаи гузариш героин арзон мебошад. Ва аз ин сабаб, ҳаҷми истифодабарии он дар байни аҳолии таҳҷоӣ зиёд шудааст.

Мардонов инчунин қайд намуд, ки ин кӯдакон аз ҳамсолони дигари худ дида, бештар ба ҷинояткорӣ даст мезананд, зеро аз ҷиҳати рӯҳӣ бештар ба ин кор моил ҳастанд.

«Меҳнати вазнини ҷисмонӣ ва дур будани волидон ба он оварда мерасонад, ки аксари ин кӯдакон дар ҳолати рӯҳафтодагӣ ва дилхунукии ҳамешагӣ қарор доранд, - мегӯяд Мардонов. Омори расмӣ нест, вале воқеаҳои аслии кӯшишҳои худкушӣ вуҷуд доранд, ки аз ҷониби фарзандони муҳоҷирон рӯй дода буданд».

ҶАЗОДИҲИ ВА ТАҒЙИРОТҲО

Хушомад Алидодов, ҷонишини раиси шӯъбаи вилоятии Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон нақл мекунад, ки кӯдакон аз синни 6-солагӣ бо меҳнати вазнини ҷисмонӣ машғул мешаванд.

«Ягон нафаре, ки кӯдаконро ба меҳнати вазнин маҷбур месозад, то ҳол ҷазо нагирифтааст, - мегӯяд ӯ. – Ҳукуматдорон бояд шахсонеро, ки меҳнати кӯдаконро истифода мебаранд, ба ҷавобгарӣ кашанд, фарзандони муҳоҷиронро бошад, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ бояд дастгирӣ намояд».

Аз рӯи гуфтаҳои Алидодов, ин кӯдакон кӯмаки беғаразона (гуманитарӣ) намегиранд, зеро ҳисоб карда мешавад, ки волидони онҳо маблағи калон кор мекунанд. «Вале то чи андоза маблағҳои коркардаи муҳоҷирон барои некӯаҳволии фарзандонашон харҷ карда мешавад, касе намедонад», - илова намуд ӯ.

То вақтҳои охир маблағгузарониҳо аз муҳоҷирони меҳнатӣ сарчашмаи асосии даромади аксари оилаҳои тоҷик буданд, вале бӯҳрони иқтисодӣ дар Россияву Қазоқистон дар ҳаҷми кори муҳоҷирон таъсири манфӣ расонид. Дар семоҳаи якуми соли ҷорӣ ҳаҷми маблағгузарониҳо ба Бадахшон каме зиёда аз 4,8 миллион долларро ташкил дод, ки ин се маротиба камтар аз ҳамин давраи соли 2008 ба ҳисоб меравад.

Анҷирбегим Мақбулшоева, котиби Комиссия оид ба корҳои ноболиғон дар назди Идораи маорифи мақомоти маҳаллии ҳукумати ВМБК ҳисоб мекунад, ки масъулиятро барои чунин кӯдакон дар мадди аввал бояд волидонашон баранд.

«Агар одам хоҳиш дошта бошаду нағз кор кунад, дар Помир ҳам пул кор кардан мумкин аст, - мегӯяд ӯ. – Агар волидон хоҳиши дар Россия кор карданро дошта бошанд, бояд фарзандонашонро низ бо худ баранд».

Сокини қишлоқи Сежд Атохуҷа Шафтолиев бо ин нуқтаи назар розӣ нест. Ба ақидаи ӯ, сабаби асосии он ки волидон фарзандонашонро ба Россия ё дигар кишварҳо намебаранд, дар он аст, ки дар онҷо муқаррар кардани онҳо ба боғча ва ё мактаб хеле душвор аст.

«Танҳо баргашта омадани онҳо мушкилии меҳнати кӯдаконро ҳал карда метавонад, - ҳисоб дорад ӯ. – Вале имрӯз дар қишлоқҳо замин ва чорво намерасад, бинобар ин, ҳалли ин масъала қариб ки номумкин аст».

Бо ҳалли ҳуқуқҳои кӯдакон дар Бадахшон як қатор ташкилотҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ машғул ҳастанд. Мақбулшоева мегӯяд, ки ҳукуматдорон омода ҳастанд, то бо сектори ҷамъиятӣ дар ин ҷиҳат ҳамкорӣ намояд; Ҷамол Худододов аз хазинаи «Эҳё» фикр дорад, ки ин хеле муҳим аст.

«Барои ҳал намудани масъалаи меҳнати кӯдакона, бояд кӯшишу ғайрати ҳамаи секторҳои ҷамъият муттаҳид шаванд», - мегӯяд ӯ.

Айни ҳол, қисми зиёди корҳо дар ин ҷода аз ҷониби донорҳои хориҷӣ маблағгузорӣ карда мешаванд, ба мисли ТБМ, ки барои барномаи «Ҳифзи ҳуқуқҳои меҳнатии фарзандони муҳоҷирон дар ВМБК» маблағ ҷудо мекунад. Ин барнома дар ноҳияҳои Шуғнон ва Роштқалъаи ВМБК, инчунин дар Хоруғ амалӣ гардонида мешавад. Барнома 500 кӯдакро дар синни то 18-сола дарбар мегирад. Иловатан дар он боз 3 ҳазор кӯдак иштирок менамоянд.

Аз рӯи гуфти ҳамоҳангсози он Гулос Раҳматшоев, барнома барои баландбардории хабардоршавии кӯдакони коркардаистода дар бораи ҳуқуқҳои худ, инчунин баландбардории дониши намояндагони ҷамъиятӣ ва мансабдорон дар ин хусус амалӣ гардонида мешавад.

«Дар ҳоли амалигардонии бомуваффақияти барнома, ба донорҳо дар ВМБК лоиҳаи таъсис додани Маркази кӯдакон пешниҳод карда мешавад, ки дар он ҷо ба фарзандони муҳоҷирон забони англисӣ, технологияҳои информатсионӣ, асосҳои соҳибкорӣ ва масъалаҳои ҳуқуқӣ омӯзонида мешаванд», - гуфт Раҳматшоев.

(Номҳои кӯдакон дар мақола бо сабабҳои этикӣ тағйир дода шудаанд.)
Frontline Updates
Support local journalists