Ҳомиёни ҳуқуқи Тоҷикистон талаб доранд, ки институти бақайдгирӣ бекор карда шавад

Ба ақидаи мунаққидон, системаи шӯравии бақайдгирӣ бояд барҳам дода шавад.

Ҳомиёни ҳуқуқи Тоҷикистон талаб доранд, ки институти бақайдгирӣ бекор карда шавад

Ба ақидаи мунаққидон, системаи шӯравии бақайдгирӣ бояд барҳам дода шавад.

Wednesday, 10 March, 2010
, ки ба ақидаи онҳо ба ҳуқуқи асосии озодии ҳаракат мухолиф аст.



Ҳанӯз тирамоҳи гузашта дар маҷлиси минтақавии Шӯъбаи институтҳои демократӣ ва ҳуқуқҳои инсони ОБСЕ дар Варшава офиси Тоҷикистонӣ оид ба ҳуқуқҳои инсон ва риояи қонуният ба барҳам додани бақайдгирӣ аз рӯи ҷои истиқомат даъват менамуд.



Зимни гуфтаҳои ҳуқуқшиноси ин ташкилоти ҳуқуқӣ, Сергей Романов, аз лаҳзаи гузаштани ин маҷлиси ОБСЕ дар системаи мазкур, ки ба андешаи ӯ, хилофи Сарқонун аст, кам чизе тағйир ёфтааст.



Мардуме, ки дар ҳудуди Тоҷикистон истиқомат мекунанд, бояд дар шӯъбаи маҳаллии милиса «бақайд» гирифта шаванд, яъне нишонаи расмии худро дар бораи ҷои истиқомат қонунӣ гардонанд. Бақайдгирӣ ин як мӯҳре дар шиноснома буда, барои ба кор даромадан, ба мактаб дохил кардани кӯдакон, инчунин дигар шаклҳои робитаи байни шаҳрвандон бо институтҳои давлатӣ лозим аст.



Институти бақайдгирӣ дар замонҳои Иттиҳоди Шӯравӣ барои назорати ҳаракати аҳолӣ ва махсусан пешгирӣ намудани муҳоҷирати оммавии аҳолии деҳот ба шаҳрҳо таъсис ёфта буд.



Чунин тамоюл ҳанӯз дар Тоҷикистони соҳибистиқлол боқӣ мондааст, ки пойтахти он — Душанбе мардикоронро аз деҳот барои пулкоркунӣ ҷалб менамояд.



Онҳое ки бахташон тофт, бақайд монда метавонанд ба шарте, ки дар шаҳр хешу таборе доранд ва метавонанд ба онҳо ҷойи истиқомати доимӣ пешниҳод намоянд ва ё онҳо имконияти харидорӣ намудани манзил дошта бошанд. Вале аксарият новобаста аз он ки сокини ягон деҳаи дурдаст ҳастанд ва қайди шаҳр надоранд дар инҷо зиндагӣ ва кор мебаранд.



Набудани қайд ҳамчун ҷиноят баҳо дода шуда, милиса ӯҳдадор аст, ки тафтиши ҳуҷҷатҳоро гузаронад ва шахсони аз рӯи нишонии ишорашуда, ё тамоман ягон қайд надоштаро маълум гардонад.



Барои надоштани қайд шаҳрвандони Тоҷикистон ва хориҷиён бояд ба андозаи 37 доллари ИМА ҷарима супоранд, дар ҳоле, ки кордиҳандагон, дар сурати ба кор қабул кардани шаҳрвандони ба қайд гирифтанашуда, бояд 160 доллар ҷарима супоранд. Чунин андозаҳои ҷарима барои кишваре, ки маоши миёнааш 60 долларро дар як моҳ ташкил мекунад, хеле гарон аст.



Дар таҷриба қонунвайронкуниҳо вобаста ба қайдгирӣ, сарчашмаи фоиданоки даромад барои кормандони милиса мебошад, ки намояндагони он мувофиқи хоҳиши худ метавонанд одамонро дастгир намуда, танҳо пас аз гирифтани пора озод намоянд.



Абдуҳалими 37-сола ба IWPR нақл кард, ки соли гузашта аз деҳаи худ дар шимоли кишвар – вилояти Суғд ба пойтахт омадааст, зеро дар он ҷо кор набуд. Дар Душанбе ӯ ҳамчун устои барқ ҷои кор ёфта, хонаеро ба иҷора гирифтааст.



Рӯзе ба хонааш нозири минтақавӣ ҳозир шуда, маълум кард, ки Абдуҳалим ва оилааш бе қайд истиқомат доранд. Ӯ Абдуҳалимро ба шӯъбааш бурд, вале баъдтар, ба ивази пора ба андозаи 11 доллар ҷавоб дод.

Ба соҳиби хона низ лозим омад, ки расман ҷарима супорад, зеро оилаи Абдуҳалим бе шартномаи иҷора дар хонааш истиқомат менамуданд ва бинобар ин, онҳо маҷбур шуданд аз онҷо кӯчанд.



Артури 20-сола низ ба IWPR дар бораи душвориҳои худ вобаста ба гирифтани қайд нақл намуд. Артур бо сабаби дар синни 15-солагиаш ба мӯҳлати 2,5 сол ба муассисаи ислоҳотӣ барои дуздӣ афтоданаш, сари вақт шиноснома гирифта натавонист.



Ҳоло бошад, мегӯяд Артур, ӯ наметавонад шиноснома гирад, зеро барои ин қайд надорад, ки онро низ ӯ барои надоштани шиноснома гирифта натавониста буд.



«Як ҳалқаи сарбаста ба амал омадааст ва ман ҳатто намедонам чӣ бояд кард», - ботаассуфона мегӯяд Артур.



Айни ҳол, ӯ муваққатан дар хонаи дӯстонаш зиндагӣ карда, ният дорад шиносномаашро тавассути пора ба даст орад.



«Ба ман гуфтанд, ки беҳтараш ба корманди шиносномадиҳӣ пора диҳам, сипас қалбакӣ дар ягон хобгоҳ худро ба қайд гирам, - мегӯяд ӯ. – Ин умеди охирини ман аст».



Мунаққидони системаи мазкур мегӯянд, он хилофи Сарқонуни Тоҷикистон, озодии ҳаракат ва интихоби ҷойи истиқомат, инчунин Пакти байналхалқӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ аст, ки Тоҷикистонро ба тасвиб расонидааст.



Сайидакрам Ёров, корманди мақомоти корҳои дохила, ки қариб 10 сол дар системаи шиносномадиҳӣ кор кардааст, бо он нукта розӣ аст, ки системаи мазкурро тағйир додан лозим аст.



«Дар таҷрибаи байналхалқӣ чунин мафҳуми – қайд вуҷуд надорад, - мегӯяд ӯ, - ва дар аксар кишварҳои олам усули огоҳкунии қайди шаҳрвандон истифода бурда мешавад».



Ҳуқуқшинос Абдуқаюм Юсуфов бо он розӣ аст, қайди ҳатмӣ таҷрибаи кӯҳнашуда буда, ба ҳар сурат ба ҳукумат маълумоти аниқи онро, ки кӣ дар куҷо истиқомат дорад, намедиҳад.



«Аксари шаҳрвандони мо аз рӯи як суроға ба қайд гирифта шуда, дар асл тамоман дар дигар ҷо истиқомат мекунанд», - мегӯяд Юсуфов.



Вале системаи бақайдгирӣ тарафдорони худро низ дорад ва онҳо таъкид менамоянд, ки чунин институт барои нигоҳдории тартиботи қонунӣ зарур аст.



«Садҳо одамон ҳар ҳафта ба Душанбе меоянд. Дар қатори онҳо шахсони гузаштаи ҷиноидошта низ буда метавонанд, - мегӯяд вакили парлумони Тоҷикистон Галлия Рабиева. – Назорат бурдан аз паси чунин одамон дар ҳоле осонтар аст, вақте милиса медонад, ки онҳо дар куҷо истиқомат доранд ва бо чӣ кор машғул ҳастанд».



Он ҷиҳатро, ки институти бақайдгирӣ озодии касеро маҳдуд месозад, Рабиева инкор менамояд ва таъкид менамояд: «Шаҳрвандони мо метавонанд озодона аз як канори кишвар ба дигар сафар кунанд ва дар ҳама ҷо ба кор дароянд».



Корманди милиса, ки худро муаррифӣ кардан нахост, ба IWPR чунин изҳор дошт, тарс аз ҷинояткорӣ ва кӯҳнапарастӣ, метавонанд пеши роҳи ислоҳоти системаи мазкурро гиранд.



«Ба бекор намудани институти бақайдгирӣ андешаронии мансабдороне халал мерасонанд, ки ҷонибдори ҳама боқимондаҳои шӯравӣ буда, чунин мешуморанд, гӯё он аз ҳама беҳтар аст», - иброз дошт ӯ.





Frontline Updates
Support local journalists