Истиқболи хуби Кодекси нави ҷиноиву мурофиавӣ дар Тоҷикистон

Ислоҳоти Кодекси ҷиноиву мурофиавӣ нисбати додани изн (санктсия) барои ҳабс қадами аҳамиятноке ба пеш мебошад, вале як қатор мушкилотеро, ки ба кори судҳо дахл доранд, ҳал бояд кард.

Истиқболи хуби Кодекси нави ҷиноиву мурофиавӣ дар Тоҷикистон

Ислоҳоти Кодекси ҷиноиву мурофиавӣ нисбати додани изн (санктсия) барои ҳабс қадами аҳамиятноке ба пеш мебошад, вале як қатор мушкилотеро, ки ба кори судҳо дахл доранд, ҳал бояд кард.

Wednesday, 16 December, 2009
Коршиносони масоили ҳуқуқ дар Тоҷикистон Кодекси нави ҷиноиву мурофиавиеро, ки моҳи гузашта қабул карда шуд, маъқул донистанд. Ин ҳуҷҷат аксари қоидаҳо ва дастуралмалҳои кӯҳнашудаеро, ки ҳанӯз замони шӯравӣ қабул шудаанд, ба мувофиқа меоварад.

Лоиҳаи қонун, ки тартиби амалиётро аз дастгиршавӣ то мурофиаи судӣ пешбинӣ менамояд, 15 октябр аз ҷониби Палатаи поёнии парлумон қабул шуд. Пеш аз ирсол намудани он барои имзо ба президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон, ки дар ибтидои соли нав дар назар гирифта шудааст, онро Палатаи болоии парлумон низ бояд дида барояд.

Яке аз тағйиротҳои асосӣ он аст ки, акнун мақомоти додситонӣ барои ҳабс, кофтуков, гӯш кардани гуфтугӯи телефонӣ ва мусодираи моликият ва суратҳисобҳои бонкӣ изн дода наметавонад. Акнун изнро судҳои ҷумҳурӣ медиҳанд.

Пас аз амалигаштан, ислоҳот имкон медиҳад, ки Тоҷикистон ба таҷрибаи байналмиллалӣ муваффақ шавад ва ваколатҳои додситониро кам кунад. Ба ақидаи аксар, мақомоти додситонӣ ба ҳадде қудратманд аст, ки мурофиаҳои судӣ ба фоидаи он кор мекунанд.

Ҳуқуқшиноси машҳури тоҷик, Нигина Баҳриева чунин мешуморад, ки ба шарофати тағйироти даровардашуда, ихтилофоти калони манфиатҳо бартараф карда мешавад, вақте айбдоркунандаҳои давлатӣ ҳам муфаттишанд ва ҳам қарори ҳабс мебароранд.

«Агар суд қодири ҳалли масъалаи аз ҳама мушкил – яъне аз озодӣ маҳрум сохтани инсонро дошта бошад, пас чаро мо наметавонем рухсат диҳем, ки он иҷозати ҳабсро барорад?» – суол мегузорад ӯ.

Ба ақидаи ҳуқуқшинос Иноят Иноятов бошад, кодекси нав вазъиятеро ба миён оварда метавонад, вақте ҳарду ҷониб дар мурофиаи судӣ ҳуқуқҳои баробар доранд, яъне ҳимоятгарон ва айбдоркунандагон дар толори суд баробарҳуқуқ мебошанд.

Кодекси ҷиноиву мурофиавие, ки ҳоло дар кишвар истифода бурда мешавад, аз соли 1961 инҷониб амал мекунад. Ба ақидаи коршиносон, кодекс кайҳо боз талаби аз нав дида баромаданро дошт, зеро қисми зиёди моддаҳои он ба унсурҳои асосии ҳуқуқҳои инсонӣ ҷавобгӯ намебошанд.

Ҳуқуқшиносон ва ҳуқуқҳифзкунандагон чандин маротиба масъалаи қабули кодекси навро бардошта буданд. Кор сари таҳрири нав ҳанӯз соли 1996 оғоз ёфта буд, вале сипас боздошта шуд. Санги шахшудаи масъала ин ваколати додани изн буд.

Маҳмадалӣ Ватанов, вакил ва яке аз тартибдиҳандагони кодекси нав, мегӯяд : «Чунин кӯҳнаандешӣ нисбати масъалаи ваколати додани изни ҳабс барои ҳамаи кишварҳои собиқ шӯравӣ хос аст.

Дар ин кишварҳо ин масъаларо ҳамеша сарварони давлат ҳал менамуданд, гуфт ӯ.

«Тоҷикистон истисно нест, - илова намуд Ватанов. – Ба баҳсҳои нисбати қабули кодекси нав, махсусан дар қисми гузаронидани иҷозат ба судҳо, президент Эмомалӣ Раҳмон хотима бахшид. Дар муроҷиатномаи ҳарсолаи худ ба парлумон баҳори соли 2009, даъват намуд то масъалаи гузошташуда ҳал карда шавад».

Ба гуфтаи Иноятов, Кодекси ҷиноии ҷорибуда натанҳо ба конвенсияҳои байналхалқӣ, ки Тоҷикистон ба тасвиб расонидааст, балки ба Сарқонуни кишвар низ мухолифат менамояд. Масалан, дар моддаи 19-уми Сарқонуни Тоҷикистон гуфта мешавад, ҳар як фард ҳуқуқ дорад аз лаҳзаи дастгиршавӣ аз кӯмаки ҳимоятгарон истифода барад.

Вале дар амал ин нукта дигаргуна шарҳ меёфт ва «лаҳзаи дастгиршавӣ» он вақт ба ҳисоб мерафт, ки санади дастгиршавӣ тартиб дода шавад. Ин амал 30-40 соат ва зиёд аз он давомнок буда метавонист, ва дастгиршуда дар ин муддат пурсуҷӯ мешуд, вале ҳимоятгар надошт, зеро то ин дам ӯ дастгиршуда ҳисобида намешуд.

Дар Кодекси ҷиноӣ аниқ ишора мешавад, ки «лаҳзаи дастгиршавӣ» маҳз аз он дам шуморида мешавад, ки дар он рух додаст ва дастгиршуда ҳамзамон ҳуқуқи ҳимоятшавиро дорад ва ҳамаи амалҳои мурофиавӣ бо иштироки ҳимоятгар гузаронида мешаванд.

Агар ин талабот иҷро шудан гирад, боиси кам шудани имконияти истифодабарии шиканҷадиҳиҳо мегардад, ки тибқи нишондодҳои ҳуқуқҳифзкунандагон, бештар маҳз дар давоми 72 соати аввал пас аз дастгиршавӣ рӯй медиҳанд.

Ғайр аз ин, дар кодекси нав аниқ ишора шудааст далелҳое, ки бо роҳи фишору таъзиқ ва поймолкунии ҳуқуқи инсон ба даст оварда шудаанд, вазни ҳуқуқӣ надоранд ва ҳамчун асос барои айбдоркунӣ буда наметавонанд.

Иноятов ба он ишора менамояд, ки худи тағйирдиҳии қоидаҳои баҳабсгирӣ яку якбора мушкилоти ҳуқуқи инсонро дар Тоҷикистон ҳал наменамояд.

«Зарурияти гузаронидани ислоҳоти системаи судӣ ва қонунгузории ҷиноӣ лозим омадааст, - гуфт ӯ. – Ҳамчунин масъалаи салоҳиятдорӣ ва ихтисосмандии судяҳоро ҳал намудан лозим, зеро имрӯз он бисёр вақт ғайриқаноатбахш мебошад. Танҳо дар ин маврид ҳал намудани масъалаи риояи ҳуқуқҳои инсон имконпазир мегардад.

Дар қатори мушкилоти ҳалталаб, коршиносони масоили ҳуқуқӣ далел пеш меоранд, ки аксари судяҳои Тоҷикистон аз ҷониби президент таъйин карда мешаванд ва ин ба ҳокимияти судӣ имкон намедиҳад,то мустақил бошад.

Ба ақидаи ҳимоятгар - коршиноси ширкати консалтингӣ Шамс Гулмаҳмадов, ин таҷриба сабаби фишороварӣ ба судяҳо аз ҷониби ҳукумат ва дигар мақомот мегардад.

Дигар ҳуқуқшиноси ширкати мустақил, ки аз муаррифӣ намудани худ худдорӣ намуд, қайд мекунад, интизорӣ аз беҳбудшавии вазъияти арҷи ҳуқуқҳои инсон, пас аз маҳрум сохтани мақомоти додситонӣ аз ҳуқуқи додани иҷозатномаҳо, амри маҳол аст.

«На ҳамаи судҳо салоҳиятдор мебошанд ва ба монанди дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ба ришвахӯрӣ ғарқ шудаанд, - гуфт ӯ. – Аҳолӣ бошад, тавре ба якумиҳо (додситонҳо) пора медод, ҳамон гуна ба дигарҳо низ медиҳад».

Баҳриева тахмин мекунад, ки барои ба кор даромадани кодекс ва ҳамаи раванди он муддати ниҳоят дарозе лозим аст. Масалан, ба судҳо супоридани ваколати додани изн барои ҳабс ва дигар чорабиниҳои монанд, зиёд гардонидани ҳайати судиро талаб менамояд. Айни ҳол бошад, дар баъзе ноҳияҳои кишвар дар судҳо танҳо худи судяҳо ҳастанд.

«Ғайр аз ин, судяҳо, ҳамчунин мақомоти тафтишотӣ ва ҳимоятгаронро омӯзонидан лозим меояд. Як муддати муайяне лозим мешавад, то онҳо кор бурданро бо ин механизмҳо ёд мегиранд», - мегӯяд ӯ.

Ҳамчунин Баҳриева диққати худро дар монеъаҳои эҳтимолии забонӣ ҷалб намуд. Талаботи қонуни ба наздикӣ қабулшуда оиди он ки ҳуҷҷатҳои дахлдор ба забони тоҷикӣ бояд бошанд, маънии онро дорад, ки кодекс ба забони русӣ тарҷума карда намешавад. Ин кори онҳоеро, ки бо нусхаи русии кодекси кӯҳна кор мебурданд, вазнин мегардонад.

Раҳматилло Зойиров, оппозитсионер ва раиси Консорсиуми ҳуқуқии Тоҷикистон аз он хушнуд аст, ки кодекси нав мувозинатро ба ҷониби ҳуқуқи гирифтани ҳимояи одилона дар суд мекашад.

«Ба ин маънӣ, кодекси нав моддаи 92-и Сарқонунро амалӣ мегардонад, ки дар он гуфта мешавад, кӯмаки ҳуқуқӣ дар ҳамаи марҳилаҳои суд таъмин карда мешавад, - гуфт ӯ. – Вале барои амалигардонии пурра ҳоло бисёр корҳоро анҷом додан лозим аст: тартиби механизми кор, гузаронидани семинархо, аз ҷумла барои ҷамеъи ҳимоятгарон».

Норасоиҳои системаи судӣ ба таври умумӣ ва монеъаҳо барои ҷорӣ намудани системаи нав чӣ тавре набошанд, мусоҳибае, ки IWPR барои гузориши мазкур гирифтааст, ба хулосае меорад, ки ҷомеаи ҳуқуқии Тоҷикистон бо як овоз қабул намудани Кодекси нави ҷиноӣ-мурофиавиро ҳамчун як қадами муайян ба пеш, дастгирӣ менамояд.
Frontline Updates
Support local journalists