Додситони генералӣ дар натиҷаи ҷойивазкуниҳо мансабашро тарк мекунад

Пеш аз чунин ҷойивазкуниҳо байни ду мақомоти бо ҳам ҳариф оиди кушодани ҷиноятҳо баҳсҳои давомдоре шуда гузашта буданд.

Додситони генералӣ дар натиҷаи ҷойивазкуниҳо мансабашро тарк мекунад

Пеш аз чунин ҷойивазкуниҳо байни ду мақомоти бо ҳам ҳариф оиди кушодани ҷиноятҳо баҳсҳои давомдоре шуда гузашта буданд.

.


Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бар зидди фасод соли 2007 таъсис ёфта, дорои ваколатҳои такроршаванда бо ваколатҳои Додситонии генералӣ мебошад, ки дар натиҷа байни ин ду муассиса ихтилофро ба миён овард.



Расман Бобохонов аз вазифа озод нашуда, ба нафақа фиристода шуд. Ҳамзамон ҷонишини якуми ӯ низ аз вазифа сабукдӯш шуд.



30 январ президент Эмомалӣ Раҳмон ба вазифаи додситони генералӣ мушовири давлатӣ оид ба сиёсати ҳуқуқӣ ва собиқ сардори агентии мубориза зидди фасод Шерхон Салимзодаро тайин намуд.



Барои қонунӣ гардонидани чунин қарор, ба президент лозим омад, ба таври фаврӣ ҷаласаи ғайринавбатии Маҷлиси миллӣ, палатаи болоии парлумони Тоҷикистонро даъват намояд.



Дар тӯли чанд ҳафта пеш аз ин рӯйдод, додситонӣ ва агентии мубориза зидди фасод кушоду равшан ҳамдигарро зери танқид гирифта буданд.



12 январ дар рафти нишасти матбуотӣ доир ба натиҷаҳои соли 2009 Бобохонов кормандони агентии зиддифасодро айбдор сохт, ки онҳо барои беобрӯ кардани одамони ӯ тамоми кӯшишҳоро ба харҷ додаанд.



Ба гуфтаи ӯ, агентии зидди фасод ҷинояткоронро ва дар баъзе ҳолатҳо ҳатто одамкушонро дастгир намуда, ба онҳо чунин пешниҳод мекарданд, ки бар ивази озод шудан, онҳо бояд ба додситонҳо пора диҳанд, то он ки ахириро дар ҷои ҷиноят боздошт кунанд.



«Онҳо ба ҷинояткорон чунин мегӯянд: «Рав, ба додситон пора бидеҳ, мо ӯро дастгир мекунем», - гуфт Бобохонов. – Ин тарзи нодурусти мубориза мебошад… ҳангоми дастгир намудан, ҷинояткор бояд ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супорида шавад, на бар зидди касе истифода».



Ба ин гуфтаҳо агентии зидди фасод 26 январ ҳангоми нишасти матбуотии натиҷавии худ ҷавоб дод.



Сардори агентӣ Фаттоҳ Саидов айбдорсозии Бобохоновро беасос хонд. Ҳеҷ кас касеро беобрӯй накардааст, иброз дошт ӯ. Баръакс, кормандони муассиаи ӯ аз рӯи даъвоҳои оилаҳои дастгиршудагоне, ки аз онҳо додситонон пора талаб мекарданд, амал намудаанд.



Таҳлилгарон аз Тоҷикистон чунин мешуморанд, ки сабаби асосии душманӣ байни додситонӣ ва агентии зидди фасод дар он аст, ки ваколатҳои онҳо такрор мешаванд.



То ба наздикӣ Додситонии генералӣ нерӯи абарқудрати давлат ба ҳисоб мерафт, ки ин мақомро ӯ аз замонҳои Иттиҳоди Шӯравӣ соҳиб шуда буд ва судяҳо ба далелҳое, ки аз додситонӣ гирифта мешуд, такя менамуданд.



Зимни ислоҳоти дар қонун даровардашуда, ки баҳори соли ҷорӣ татбиқ мешавад, ҳуқуқи додани иҷозати дастгиркунӣ, ки пештар дар ваколати додситонӣ буд, ба судҳо мегузарад, ки ин ба таҷрибаи байналхалқии қабулшуда мувофиқат менамояд.



Дар замони Бобохонов додситонӣ кӯшиш дошт ваколатҳои худро, ки оҳиста-оҳиста ба судҳо ва агентии зиддифасод мегузаштанд, баргардонад. (Бихонед Таджикистан: обвинители бросают вызов судам (Тоҷикистон: айбдоркунандагон ба судҳо эътироз менамоянд), RCA № 586, аз 7 августи соли 2009).



Агентии назорати давлатии молявӣ ва мубориза бар зидди фасод муассисаи нав мебошад. Аз рӯзи таъсисёбии худ агентӣ эътибори худро ҷасурона «сайқал» медиҳад ва асосан бо он сабаб, ки он бо шарофати ризоияти ҷомеаи байналхалқӣ таъсис ёфта буд, ки ҷудо кардани муассисаи мубориза бо фасодро аз додситонӣ тавсия намуда буд.



Тибқи тадқиқоти ду сол пеш гузаронидаи Институти тадқиқотҳои стратегӣ дар назди президенти ҷумҳурии Тоҷикистон, асосан ҳодисаҳои ришвахӯрӣ дар давраи байни дастгиршавии гумонбаршуда то мурофиаи судӣ ба амал меоянд.



«Дар оғоз ба нақша гирифта шуда буд, ки Агентии зиддифасод на ҳамчун сохтори иҷрокунанда, балки ҳамчун маркази таҳлилӣ таъсис дода мешавад, вале минбаъд онҳо дорои ваколати иҷрокунанда низ гаштанд», - мегӯяд сиёсатшинос Парвиз Муллоҷонов ва меафзояд, ки агентӣ ва додситонӣ «ваколатҳои якдигарро такрор менамуданд».



Кормандони агентии зидди фасод дорои салоҳияти васеъ буда, иҷозати гузаронидани тафтишотро дар дигар мақомоти ҳукуматӣ, аз ҷумла додситониро доранд.



Таъйин намудани Салимзода, ки сардори нахустини муассисаи зидди фасод ва шахси ба президент Раҳмон наздик мебошад, ҳамчун боз як шатта барои додситонӣ арзёбӣ карда мешавад.



Вале таҳлилгар ва ҷонишини сардори ҳизби сотсиал-демократӣ Шокирҷон Ҳакимов чунин мешуморад, ки Бобохонов ба синни нафақа наздик омада буд ва аз пайдошавии номзадони эҳтимолӣ ба вазифаи худ норозӣ буд.



Алиакбар Абдуллоев ташкилоти ҷамъиятии «Маркази маълумотнокӣ ва тарғиботи зидди фасод»-ро сарварӣ менамояд. Ӯ афсӯс мехӯрад, ки ин низоъро ба ҳама ошкор гардониданд, зеро он боиси сустшавии мубориза бо ҷинояткорӣ мегардад.



Абдуллоев ба хотир меорад, ки пештар додситонӣ кори тамоми мақомоти ҳифзи ҳуқуқро тавассути шӯрои махсус, ки барои муҳокимаи масъалаҳо дар паси дарҳои пӯшида ҷамъ карда мешуд, ҳамоҳангсозӣ менамуд. «Аз чӣ бошад, ки солҳои охир ин шӯро кори худро қатъ кардааст», - изҳор намуд ӯ.



Муллоҷонов ва як қатор таҳлилгарони дигар чунин мешуморанд, ки фаъолияти Салимзода дар вазифаи додситонии генералӣ метавонад ихтилофро бо ҳамкасбони собиқи ӯ аз агентии мубориза бар зидди фасод барҳам диҳад.



Вале Муллоҷонов илова мекунад, ки барои тағйир додани додситонӣ иваз кардани на як одам, балки бештар лозим меояд.



Бо ӯ Ҳакимов розӣ аст, ки мегӯяд, гарчанде Салимзода нияти даровардани тағйиротро дар сиёсати кадрӣ дорад, «танҳо вақт нишон медиҳад, ки то чӣ андоза онҳо самаранок мегарданд».



Барои фаҳмидани табъи кормандони Додситонии генералӣ, IWPR ба яке аз мансабдорони болоӣ муроҷиат намуд, ки ӯ назари некбинонаи худро изҳор намуд, вале аз муаррифӣ намудани худ худдорӣ намуд.



«Шерхон Салимзода – одами додситонӣ аст. Яъне ӯ тамоми зинаҳоро гузаштааст, - гуфт мансабдор. – Ин рӯйдодро ман ҳамчун фоҷиаи шахсӣ намешуморам, инро бояд ҳамчун як чизи муқаррарӣ қабул кард… Новобаста за он ки тавре мегӯянд «ҷорӯби нав дигар хел мерӯбад», боварӣ дорам, ки ҳамаи қарорҳои ӯ дурандешона мешаванд, зеро ӯ дар дигар сохторҳои ҳукуматӣ соҳибтаҷриба гаштааст».



Лола Олимова, муҳаррири IWPR дар Тоҷикистон.

Tajikistan
Frontline Updates
Support local journalists