Баҳсҳои тоҷикону ӯзбекон атрофи парвандаҳои ҷосусӣ аз ихтилофоти сиёсӣ дарак медиҳанд

Изҳори он ки Ӯзбекистон дар заводи урани Тоҷикистон ҷосусӣ мебурд, бори дигар аз муҳити шубҳа ва нобоварӣ дар муносиботи ин кишварҳо хотиррасон мекунад.

Баҳсҳои тоҷикону ӯзбекон атрофи парвандаҳои ҷосусӣ аз ихтилофоти сиёсӣ дарак медиҳанд

Изҳори он ки Ӯзбекистон дар заводи урани Тоҷикистон ҷосусӣ мебурд, бори дигар аз муҳити шубҳа ва нобоварӣ дар муносиботи ин кишварҳо хотиррасон мекунад.

.



Дар рафти мурофиаи судӣ моҳи октябр суди шаҳри Чкаловск, дар шимоли Тоҷикистон, панҷ корманди заводи уранро ба мӯҳлатҳои аз 10 то 22 солӣ, барои таҳвили асрори истеҳсолӣ ба Ӯзбекистон, маҳкум намуд.



Новобаста аз ин ҳодиса, охири моҳи октябр дар Чкаловск шаҳрванди Ӯзбекистон дастгир шуда буд; ӯро дар таҳвили маълумоти муҳим ба мақомоти ҳифзиҳуқуқии Ӯзбекистон гунаҳкор донистанд. Тавре агентии хабарии fergana.ru бо иснод ба хадамоти бехатарии Тоҷикистон хабар дод, нишондодҳои муфассал дар бораи маълумоти таҳвилшуда оварда намешаванд, вале гуфта мешавад, ки мард худро ҳамчун генерали хадамоти бехатарӣ муаррифӣ намуд.



Завод дар Чкаловск барои коркарди урани маҳаллӣ барои эҳтиёҷоти саноати мудофиавии шӯравӣ сохта шуда буд, вале ҳаҷми истеҳсолот пас аз соли 1991, вақте Тоҷикистон соҳибистиқлол гашт, батадриҷ кам шуд. Барои таҷдиди истеҳсолоти уран кӯшишҳо ба харҷ дода шуданд, вале на бо истифода аз маъдани нав ба дастомада, балки бо истифода аз партовҳои радилактивиашон баланди истеҳсолии аз солҳои гузашта боқӣ монда.



Ӯзбекистон саноати муваффақи уранро дорад ва эҳтимолан ҳавасманд аст, то аз ниятҳои ҳамсояаш бохабар бошад.



Тавре таҳлилгар аз Тоҷикистон, ки худро муаррифӣ кардан нахост, қайд намуд, шубҳаҳо дар ҷосусӣ метавонанд исботи худро ёбанд ва ин ҳайратовар нест.



«Ҳамаи кишварҳо дар ҳудудҳои нуфузи худ фаъолияти ҷосусӣ мебаранд, - гуфт ӯ. – Масалан, ҳам Россия, ҳам ИМА ва шояд боз дигарҳо дар Тоҷикистон фаъолияти таҷассусӣ барои гирифтани маълумоти лозима мебаранд».



Ин таъкидҳоро тахминҳо исбот мекунанд, ки Ӯзбекистон фаъолияти тахрибӣ дар ҳудуди ҳамсояи худ мебарад. Чунин айбдоркуниҳо инчунин нисбати ҷониби дуюм кардан мумкин аст – масалан, соли 2006 дар Ӯзбекистон бо айбдорӣ дар ҷосусии хурд панҷ нафар дастгир шуда буданд.



Ба ҳамсоягии ҷуғрофӣ, монандии фарҳангӣ ва доштани шаҳрвандони ҳарду миллат дар ҳар яки ин кишварҳо нигоҳ накарда, муносибатҳои ин кишварҳо эҳтимол дар фазои собиқ шӯравӣ аз ҳама бештар мушкил доранд.



Дар бобати муносибатҳои сиёсӣ бошад, Тошканд дар гузашта ҳамсояашро дар нотавонии нигоҳдории ҷангиёни исломӣ, ки солҳои 1999 ва 2000 Тоҷикистонро ҳамчун минтақаи транзитӣ барои амалиёти худ истифода мебурданд, гунаҳкор месохт. Тоҷикистон дар навбати худ арзёбӣ намуд, ки соли 1998 Ӯзбекистон силоҳбадастони полковники ошӯбгари тоҷик Маҳмуд Худойбердиевро, ҳангоми кӯшиши ба амал овардани табаддулоти давлатӣ, дастгирӣ намуда буд.



Тибқи гуфтаҳои сиёсатшиноси машҳури тоҷик Парвиз Муллоҷонов, «сабаби асосии пайдоиши муноқишаҳо байни кишварҳои осиёмиёнагӣ – ин аст, ки пас аз соҳибистиқлолшавӣ ҳар яки он мехоҳад ҷойи худро дар манотиқ ишғол намояд. Ӯзбекистон кӯшиши гирифтани мақоми сарвари минтақавиро ба монанди Қазоқистон талош дорад. Ба ин, дар навбати худ, ҳамсояҳои онҳо розӣ нестанд. Тоҷикистону Қирғизистон нақши дастнигарро иҷро кардан намехоҳанд».



Боз як масъалаи ҷиддии дигар ин гуфтушунид дар бораи масоили обӣ ва махсусан нақшаи Тоҷикистон оид ба сохтмони нерӯгоҳҳои обӣ мебошад, ба ақидаи Ӯзбекистон, ки дар поёноби Амударё ҷойгир шудааст, ба норасоии об барои обёрии заминҳо дар ин кишвар оварда мерасонад.



Тоҷикистон дар навбати худ аз он норозӣ аст, ки Ӯзбекистон бо вуҷуди бой будан аз гази табиӣ, барои оби гирифтааш маблағ пардохт наменамояд, дар ҳоле ки худаш талаб менамояд, то ки Тоҷикистон интиқоли сӯзишвориро аз рӯи нархҳои тиҷоратӣ пардохт намояд.



Моҳи гузашта Ӯзбекистон дар бораи баромадани худ аз системаи ягонаи осиёимарказии электрикӣ эълон намуд. 23 ноябр дар нишасти матбуотӣ дар Душанбе сафири Ӯзбекистон Шоқосим Шоисломов маънидод намуд, ки ҷониби Тоҷикистон системаи умумиро бо азхудкунии ғайриқонунӣ, вайрон мекунад.



Баромадани Тошканд аз системаи умумии энергетикӣ барои ҷониби тоҷик воридоти нерӯи барқро аз Ӯзбекистон ё транзити онро тавассути Туркманистон, ҳамчунин ҷараёни воридоти нерӯи барқи худро моҳҳои гарми сол, вақте он зиёдатӣ мекунад, душвор месозад.



Дар ҷавоб ба ин амали ҷониби ӯзбек Тоҷикистон таҳдид намуд, ки миқдори оби ба рўдхонаи Сирдарё сардодамешударо кам хоҳад кард, зеро ба ӯ лозим меояд, обанбори Қайроққумро барои зиёдгардонии коркарди нерӯи барқ пур намояд.



«Масъалаҳои обӣ ва энергетикӣ нақши муҳимро дар мубориза барои ҳокимият бозӣ мекунанд, - гуфт Муллоҷонов. – Ӯзбекистон ҳамеша аз вобаста будан аз кишварҳои дар болооб ҷойгирбуда (Тоҷикистон ва Қирғизистон) дар хавф буда, ҳамин гуна дар хатар мемонад. Ӯ ҳар коре мекунад, ки ин чиз рӯй надиҳад».



Адовате, ки бо он масъалаҳои гуногун муҳокима мешаванд – аз захираҳои обӣ сар карда то ҷосусӣ, - муносибатҳои дерина ва бетакаллуфи ин ду кишварро инъикос менамояд.



Раҷаби Мирзо, рӯзноманигори мустақил аз Тоҷикистон мегӯяд, ки хусуматг дар муносибатҳои шаҳрвандони оддии ин кишварҳо мушоҳида карда намешавад, вале он «дар табақаҳои болоии ҳукумат вуҷуд дорад. Ва мувофиқи маълумотҳо дар ВАО, худи (президенти Тоҷикистон Эмомалӣ) Раҳмон дар ин бора ҳангоми вохӯрӣ бо рӯзноманигорон изҳор намуда буд».



Мирзо ба он эродҳо иснод мегирад, ки ба президент Раҳмон ҳангоми вохӯрӣ бо рӯзноманигорони маҳаллӣ 8 декабр нисбат дода мешаванд, дар он ӯ муфассал аз мушкилоти муносибатҳои Тоҷикистону Ўзбекистон ва муносибатҳои корияш бо президент Ислом Каримов хабар дода буд.



Рустам Ҳайдаров, муҳақиқ аз Душанбе, мегӯяд, чунин вазъ, вақте кишварҳои наздику ҳамсоя аз якдигар метарсанд, кам нестанд.



«Вақте дар кишвар мушкилиҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ вуҷуд доранд, ҳамчун қоида душмани беруна лозим аст, - мегӯяд ӯ. – Симои душман диққати ҷомеаро аз мушкилиҳои дохила дур мекунад ва маҳз ў барои аксари ин мушкилот гунаҳгор дониста мешавад».



Ҷонишини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон Сайфулло Сафаров чунин меҳисобад, ки мурофиаи судии ба наздикӣ гузаштаи ҷосусиро бе эҳсосот дида баромадан лозим аст ва ба тезутундшавии муносибатҳои дипломатӣ роҳ додан лозим нест.



«Ҷосуспарастӣ – бемории хеле бади кишварҳои соҳибистиқлол мебошад. Ҳаст ҷиноят ва боз ҳаст муносибати байни кишварҳо», - гуфт ӯ, бо назардошти он ки ин ду мафҳумро бояд аз ҳам ҷудо кард.



Пaрвина Ҳомидова, ҳамоҳангсоз ва муҳаррири лоиҳаи IWPR оид ба ҳуқуқҳои инсон дар Тоҷикистон, ки аз ҷониби Комиссияи Аврупо маблағгузорӣ карда мешавад.

Frontline Updates
Support local journalists