Тоҷикистон пас аз офати табиӣ кӯмак мепурсад

Сокиноне, ки маҷбур шуданд ҷои зисташонро иваз кунанд, мегӯянд, ки кӯмаки ба онҳо мерасида саривактӣ нест.

Тоҷикистон пас аз офати табиӣ кӯмак мепурсад

Сокиноне, ки маҷбур шуданд ҷои зисташонро иваз кунанд, мегӯянд, ки кӯмаки ба онҳо мерасида саривактӣ нест.

Дар ҳоле ки ҳукумати Тоҷикистон аз ҷомеаи ҷаҳонӣ хостори кӯмакҳои молӣ баҳри бартарафсозии оқибатҳои обхезиву ярчҳое шудааст, ки дар ҷануби кишвар ба вуқӯъ омадаанд, сокинони аз онҳо зарардида мегӯянд, ки кӯмак номураттаб ва дер мерасад. 

Гурӯҳи баҳодиҳии фаврӣ ва ҳамоҳангсозӣ дар ҳолатҳои фавқулодда — иттиҳоди агентиҳои ҳукуматӣ ва ташкилотҳои байналхалқӣ оид ба расонидани кӯмак — аз 16 фавтида дар натиҷаи боронгариҳо, ки боиси обхезӣ ва омадани сел дар маҷрои дарёи Тебалай, дар шаҳри Кӯлоб ва атрофи он рӯзи 7 май гаштааст, хабар дод.

Маълумотҳои Гурӯҳи баҳодиҳии фаврӣ ва ҳамоҳангсозӣ, ки 10 май дар ҳисоботи онҳо доир ба вазъият нашр шуданд, аз теъдоди бештари фавтидагон нисбат ба 13 ҳодисае, ки Суҳробшоҳи Фаррухшоҳ, намояндаи маъмурияти мири Кӯлоб тасдиқ кард, хабар дода буд.

Маркази амалиёти фаврӣ дар Кӯлоб хабар дод, ки 600 хона пурра хароб гаштаанд. Тибқи дигар нишондодҳо, хонаҳои бештар вайрон гаштанд ва ҳазорҳо нафар аз деҳоти наздик чорво ва ҳосили таги қабати лой мондаро аз даст додаанд.

Намояндаи доимии Тоҷикистон дар СММ Сироҷиддин Аслов, 14 май барои расонидани кӯмак ба кишвар дархости расмӣ кард, ду рӯз пас аз он ки ҳукумати кишвар оиди расонидани кӯмак ба миқдори 5,3 миллион доллар муроҷиатнома паҳн кард.

Дар гузориши худ аз натоиҷӣ обхезӣ 19 май Гурӯҳи баҳодиҳии фаврӣ ва ҳамоҳангсозӣ аз ду шаҳраки хаймагӣ хабар доданд, ки дар Кӯлоб дар давоми як ҳафта пас аз рӯйдод ташкил карда шуданд. Ҳамчунин лавозимоти аввалиндараҷа дар байни онҳое, ки маҷбур шуданд дар ин шаҳрак ҷойгир шаванд тақсим карда мешаванд.

Вале сокиноне, ки дар натиҷаи офат зарар диданд, аз сари вақт тақсим нашудани кӯмакҳои башардӯстона шикоят мекунанд. Онҳо ба IWPR иброз доштанд, ки тақсими кӯмак ба таври лозима мураттаб нашуда буд.

Се нафар аз панҷ фарзанди Бозоргул Қурбонова аз сел ба ҳалокат расиданд — писарбачагони синни ҳафт, панҷсола ва кӯдаки ҳафтмоҳа.

Акнун, мегӯяд ӯ, «мушкилии мо — ин бесарусомонӣ дар тақсимоти озуқаворӣ ва хаймаҳост. Баъзе аз он оилаҳое, ки бештар зарар диданд, то имрӯз хайма надоранд ва ҳатто то ҳол ба бархе аз онҳо на орд, на озуқаворӣ надодаанд, ғайр аз ду-се болишту болопӯш».

Аксари оилаҳо дар ин қисмати Тоҷикистон то 30 нафарро дар як хона ташкил медиҳанд. Вале ба онҳо танҳо як хаймагӣ доданд, ки барои 10 нафар пешбинӣ шудаанд.

«Ваъда медиҳанд, ки хайма медиҳанд. Мо интизор ҳастем; тавре мебинед, борон борида истодааст. Ду фарзанди ман таб доранд ва он паст нашуда истодааст», - гуфт ӯ.

Рӯзноманигор Раҷаби Мирзо, ки вилояти зарардидаро дар рӯзҳои нахустин пас аз офат дидан карда буд, тасдиқ мекунад, ки тақсимоти кӯмак суст ба роҳ монда шудааст.

«Мегӯянд, ки рӯйхатҳои зарардидагон омода нестанд. Вале одамон чӣ гуноҳ доранд. Онҳо маҳз айни замон ниёз ба кӯмак доранд», - гуфт ӯ.

Халил Насруллоеви 80-сола, ки хонааш пурра хароб гаштааст, мегӯяд, ки то ҳол кӯмак нагирифтааст.

«Назди мо танҳо як бор комиссия омад, вале ғайр аз ду болин дигар ягон кӯмак нарасонидаанд. Ҳаррӯз кӯмак меоранд, озуқаворӣ, орд тақсим мекунанд, ба мо бошад, намедиҳанд», - мегӯяд ӯ.

Насруллоев мегӯяд, ба ӯ фаҳмониданд, ки роҳи хонае, ки ҳоло ӯ зиндагӣ дорад, ҳанӯз барқарор нашудааст.

Суҳробшоҳи Фаррухшоҳ аз маъмурияти шаҳр ҷой доштани мушкилиҳоро ҳангоми тақсими кӯмак раво мебинад, бо сабаби он ки роҳҳо хароб гашта буданд. Вале ӯ ба IWPR гуфт: «Аз 13 май мо танзими кӯмакро, ки ба ҳамаи зарардидагон медиҳем, оғоз намудем, то ин ки хаймаҳо ва дигар намуди дастгириҳо ба ҳамаи ниёзмандон расонида шаванд».

Баъзе сокинон мегӯянд, ки агар онҳо пешакӣ огоҳӣ меёфтанд, аз ин қадар қурбонӣ эмин мешуданд. Яке аз сокинон гуфт, ки намояндагони намояндагии Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Кӯлоб бо ҳамкорони худ дар ноҳияҳои ҳамсояи Шӯробод ва Мӯминобод, ки якум шуда зери сел монда буданд, бояд тамос мекарданд, то чӣ дараҷа ҷиддӣ будани вазъиятро баҳо диҳанд.

Сардори агентии ҳукуматӣ оид ба зудамалкунӣ ба ҳолатҳои фавқулодда дар вилояти Хатлон Абдусаттор Хушвахтов гуфт, ки пешакӣ огоҳ кардан дар бораи офати наздик шуда истода ғайриимкон буд, зеро шӯъбаҳои маҳаллии ташкилоти ӯ аз рӯи штат пур нашудаанд ва норасоии таҷҳизотро ҳис мекунанд. Онҳо танҳо як кормандӣ дар Шӯробод ва Мӯминобод доранд, ки имконияти хабар додан дар бораи офат надоштанд.

«Кумитаи миллӣ оид ба вазъияти фавқулодда то ҳол телефонҳо ё ратсияҳоро барои кормандони мо харидорӣ нанамудааст, - гуфт Хушвахтов. - Ин сабаби асосии он гашт, ки чаро кормандони мо дар Мӯминобод ва Шӯробод ба ҳамкорони худ дар Кӯлоб занг зада натавонистанд ва хабарро нарасониданд».

Дигарон мешуморанд, ки фалокатро интизор шудан лозим буд, зеро маҷрои дарёи Тебалай аллакай солҳои зиёд тоза карда намешуд, махсусан дар он қисмате, ки аз Кӯлоб мегузашт.

Марди пиронсол, ки худро Саъдулло номид, гуфт, ки аз замоне, ки Тоҷикистон соли 1991 соҳибистиқлол гаштааст, барои тоза кардани маҷро аз лою чирке, ки аз селҳои гузашта боқӣ монда буданд, ягон коре ба анҷом расонида нашудааст.

Раҳматулло Каримов, директори маркази барқароркунии системаи обёрикунандаи Вазорати мелиоратсия, бо он розӣ аст, ки дарёе, ки ба намуди канал аз ҳудудуи Кӯлоб мегузарад, сари вақт тоза карда нашудааст, вале таъкид дорад, ки сабаби ин — норасоии маблағгузорӣ мебошад.

«Пас аз пошхӯрии Иттифоқи Шӯравӣ, қариб 19 сол аст, ки маблағ ҷудо карда намешавад, - мегӯяд ӯ. - Фаҳмост, ки агар дар ин давра, ақаллан як бор ин иншоот (маҷрои дарёи Тебалай)-ро тоза мекарданд, аҳолии ин кӯчаҳо ин қадар сахт зарар намедиданд. Сабаби дигар — набудани техникаи замонавӣ мебошад. Техника ҳаст, вале он хеле кам аст ва қариб ҳамааш аз замони Шӯравӣ корношоям шудааст».

Сафармад Валиев, сардори ширкати хусусии сохтмонӣ бо он розӣ аст, ки тозакунии маҷро сари вақт иҷро карда нашудааст. Вале ӯ таъкид дорад, ки агар саривақт тоза карда мешуд, он миқёси харобиҳоро, ки офат расонидааст, кам намекард.

Тебалай дар он намуде, ки ҳоло аз шаҳр мегузарад, барои он ки аз ӯҳдаи чунин ҷараёни бузурги об барояд, хеле танг аст, барои ин ӯро васеъ кардан лозим аст, гуфт ӯ.

Билоли Шамс, рӯзноманигор дар ҷануби Тоҷикистон, ки аз тренингҳои IWPR гузаштааст.

Мақолаи мазкур дар доираи ду лоиҳаҳои IWPR таҳия карда шудааст: «Ҳифзи ҳуқуқҳои инсон ва маълумоти ҳифзиҳуқуқӣ тавассути ВАО дар Осиёи Марказӣ», ки аз ҷониби Комиссияи Аврупо ва «Барномаи иттилоотӣ оид ба равшаннамоии масоили ҳифзиҳуқуқӣ, муноқишаҳо ва мустаҳкамгардонии боварӣ», ки аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии Норвегия маблағгузорӣ карда мешаванд. 

IWPR барои мундариҷаи мақолаи мазкур масъулияти пурра бурда, дар ягон ҳолат нуқтаи назари кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ё Вазорати корҳои хориҷии Норвегияро инъикос наменамояд.

 

Tajikistan
Frontline Updates
Support local journalists