Тоҷикистон тартиби ақди никоҳро мушкил мекунад

Ба қонун тағйирот ворид карда шуд, то ба никоҳи ғаразнок, ки ҳадафаш гирифтани шиносномаи тоҷикӣ аст, хотима бахшида шавад.

Тоҷикистон тартиби ақди никоҳро мушкил мекунад

Ба қонун тағйирот ворид карда шуд, то ба никоҳи ғаразнок, ки ҳадафаш гирифтани шиносномаи тоҷикӣ аст, хотима бахшида шавад.

A wedding in Tajikistan. Foreigners wishing to marry local nationals now have to meet a number of legal requirements. (Photo: IWPR)
A wedding in Tajikistan. Foreigners wishing to marry local nationals now have to meet a number of legal requirements. (Photo: IWPR)

Тағйирот ба қонун, ки тартиби ақди никоҳро байни шаҳрвандони Тоҷикистон ва хориҷӣ мушкил мекунад, барои хотима бахшидани никоҳи ғаразноки шаҳрвандони Афғонистону Хитой равона шудааст.

Мувофиқи тағйирот ба қонунгузорӣ, ки моҳи январи соли равон қабул карда шуд, шаҳрванди хориҷӣ пеш аз он ки бо шаҳрванди Тоҷикистон издивоҷ кунад, бояд дар Тоҷикистон як сол зиндагӣ карда бошад. Мард пеш аз издивоҷ бояд бо завҷаи ояндаи худ созишномаи никоҳ бандад ва ӯҳдадор шавад, ки ба хонумаш манзили истиқоматӣ мехарад. Азбаски шаҳрванди хориҷӣ танҳо пас аз панҷ соли сукунат дар Тоҷикистон ҳуқуқи харидани манзили истиқоматиро дорад, пас хонаи харидашуда ба номи шаҳрванди ҷумҳурӣ ба расмият дароварда мешавад.

Вақте ки дар Тоҷикистон проблемаи ҷалои ватан нисбат ба муҳоҷират ба ҷумҳурӣ тезу тунд аст, дар назари аввал тартиби нави ақди никоҳ бо хориҷиёнро, ки мехоҳанд дар кишвар маскун шаванд, фаҳмидан душвор аст.

Дар ҳамин ҳол ба қавли коршиносон тағйирот аслан ба ду гурӯҳи мушаххас- шаҳрвандони Афғонистон ва уйғурҳои Чин, ки мусулмонони музофоти Синҷони Хитой мебошанд, равона шудаанд. Гумон меравад, ки баъзеи онҳо ба хотири гирифтани шаҳрвандии Тоҷикистон ба ин иқдом даст мезананд. Зеро дар ҳолати издивоҷ кардан ба бонувони тоҷик гирифтани мӯҳлати шаҳрвандӣ аз панҷ соли муқаррарӣ ба се сол кам карда мешавад. Сукунат дар Тоҷикистон ба бизнес машғул шуданро осон карда, шиносномаи тоҷикӣ сафарҳои бевизаро ба собиқ кишварҳои Иттиҳоди Шуравӣ, аз ҷумла ба Русия таъмин менамояд.

1 феврал Абдуманнон Холиқов, муовини вазири адлияи Тоҷикистон сабаби қабули чунин тағйирот ба қонунро дар баромади худ дар Stan.tv шаҳр дода, чунин гуфт: «Ин пӯшида нест, ки аксари хориҷиён на барои оиладорӣ, балки барои осон гирифтани шаҳрвандии Тоҷикистон ақди никоҳ мебанданд».

Аксаран издивоҷи бонувони тоҷик бо шаҳрвандони кишварҳои ҳамзабон -Афғонистону Эрон ва ҳамдин – Покистон, Туркия, уйғурҳои Чин сурат мегирад.

Аз рӯи омори расмӣ тӯли панҷ соли охир 2700 шаҳрванди Тоҷикистон бо хориҷиён ақди никоҳ баста, камаш аз панҷ як ҳиссаи онҳо талоқ гирифтаанд.

Нилуфари Собир, рӯзноманигори тоҷик, ки мавзӯъҳои иҷтимоиро баррасӣ мекунад, тағйироти мазкурро ба қонун ҷонибдорӣ менамояд. Ба ақидаи ӯ ин барои ҳифзи занону кӯдакон, ки дар ин масъала осебпазиранд, кӯмак мекунад.

«Солҳои охир метавон мушоҳида кард, ки шаҳрвандони уйғуртабори Чин ва мардҳои афғон зиндагиву кор кардан дар Тоҷикистонро афзал медонанд» - мегӯяд ӯ.

Онҳо аксаран ба занон ва духтарони камбизоат издивоҷ мекунанд ва ба номи онҳо моликияту бизнеси худро расмӣ менамоянд, мегӯяд Нилуфар. Баъдан мардҳо ба ватанашон бармегарданд ва занҳои тоҷики онҳо «ду ангушт дар почаки бинӣ» - бе ягон чиз мемонанд.

Вақте ки Азиза, сокини Душанберо модараш ба тоҷири 35-солаи афғон ба шавҳар дод, ӯ ҳамагӣ 18 сол дошт.

Новобаста аз он ки дар Тоҷикистон никоҳи мусулмонӣ афзалият дорад, Азиза расман бо шавҳараш ақди никоҳ баст. Баъдан ӯ фаҳмид, ки шавҳараш боз ду зани дигар доштааст. Пас аз марги шавҳараш Азиза огоҳ шуд, ки ӯ бо се фарзандаш бе ягон чиз мондааст. Шавҳараш ҳамаи амволи худро ба зани якумаш додааст, ки ҳоло дар Аврупо сукунат дорад.

Нигина Баҳриева, сарвари ташкилоти ҷамъиятии «Нота бене», аз он мушавваш аст, ки тағйироти мазкур метавонад зидди санадҳои байналхалқӣ оид ба ҳуқуқи инсон бошад.

Ӯ огоҳ мекунад, ки тағйироти мазкур метавонад вазъияти занонро нисбат ба ҳолати пешина боз ҳам бадтар намояд. Зеро мардҳо бо онҳо расман ақди никоҳ набаста, танҳо бо никоҳи мусулмонӣ издивоҷ мекунанд. Агар ин ҳолат сурат гирад, занҳо баъд аз талоқ бе ягон чиз мемонанд.

«Чунин муносибат масъулияти ҳуқуқии шавҳаронро аз байн мебарад ва мақоми ҳуқуқиву иҷтимоии занони тоҷикро бад карда, онҳоро боз ҳам осебпазир мекунад»- мегӯяд Нигина Баҳриева.

Алла Қувватова, директори иҷроияи Ассосиатсияи баробарии гендерӣ ва пешгирии зӯроварӣ нисбати занон мегӯяд, ки созишномаи пеш аз никоҳ ҳамчунин метавонад аз ҷониби зане, ки пас аз ба ихтиёри ӯ гузаштани моликият аз шавҳараш ҷудо шудааст, вайрон карда шавад.

Ба гуфти коршиносони дигар, тағйироти мазкур метавонад аз амали баъзе намояндаҳои ин гурӯҳ ҳамагуна ақди никоҳ бо хориҷиёнро зери шубҳа монад. Шаҳноза, ки шавҳари афғон дорад, мегӯяд, ки пас аз хатми донишгоҳ кор мекардам. Ӯро шиносонаш «пирдухтар» мегуфтанд, бинобар ин бо марди афғон ақди никоҳ баста. Ҳоло Шаҳнозаву шавҳараш бо ду фарзандашон дар Канада хушбахтона зиндагӣ доранд.

Муовини вазири адлия Холиқов мегӯяд, ки қонун барои онҳое, ки воқеан ҳам оила барпо карданианд, садди роҳ намешавад.

Ба қавли як идда ҳимоягарони ҳуқуқ чунин таваҷҷӯҳ ба ақди никоҳ бо хориҷиён аз он далолат мекунад, ки ҳукуматдорон наметавонанд ба теъдоди зиёди занон, ки шавҳаронашон ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафта он ҷо мондаанд ва онҳоро партофтаанд, кӯмак расонанд.

Аз рӯи маълумоти гуногун теъдоди муҳоҷирони меҳнатӣ, ки аз Тоҷикистон ба хориҷа рафтаанд, аз 800 ҳазор то ба 1 миллион нафар мерасад. Аксари муҳоҷирон дар Русия кор мекунанд. Дар гузориши Созмони ҷаҳонии муҳоҷират барои соли 2009 гуфта мешавад, ки аз се як ҳиссаи мардони муҳоҷир дар кишвари ҳиҷраташон маскун мешаванд. (Дар ин бора мақолаи IWPR «Рӯзгори сангини занҳои бесаробон дар Тоҷикистон»-ро мутолиа кунед).

Фаромарзи Оламафрӯз ва Ёсумани Хушбахт - тахаллуси рӯзноманигорони тоҷик 

Мақолаи мазкур дар доираи ду лоиҳаи IWPR омода шудааст: «Дифоъ аз ҳуқуқи инсон ва маълумоти муҳофизати ҳуқуқӣ тавассути ВАО дар Осиёи Марказӣ», ки аз ҷониби Комиссияи Аврупо маблағгузорӣ мешавад ва «Барномаи иттилоотӣ оид ба инъикоси масъалаҳои ҳифзи ҳуқуқӣ, ихтилофҳо ва истиқрори боварӣ», ки аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии Норвегия маблағгузорӣ мешавад.

IWPR барои мазмуни мақолаи мазкур пурра масъул буда, ба ҳеҷ ваҷҳ назари кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ё Вазорати корҳои хориҷии Норвегияро инъикос намекунад.
 

Tajikistan
Frontline Updates
Support local journalists