Паёми занон барои мубориза бо табъизу хушунат алайҳи зан

Автор: Заринаи Хушвақт, Би-би-сӣ, Душанбе

Паёми занон барои мубориза бо табъизу хушунат алайҳи зан

Автор: Заринаи Хушвақт, Би-би-сӣ, Душанбе

Дар шаҳри Душанбе дар маросими вижае масъулони Намояндагии Занони Созмони Милали Муттаҳид боғи вижаи ин созмонро ифтитоҳ карданд.

Дар ин боғ, ки он дар яке аз гӯшаҳои Порки гиёҳони (ботаникии) шаҳри Душанбе воқеъ аст, ҳамчунин як лавҳаи ёдгорӣ гузошта шуд ва дар зери он як зарфи ҳовии номаи занони фаъол ва паёми онҳо ба занон ва духтароне, ки дар ин кишвар баъди даҳсолаҳо ба сар хоҳанд бурд, гузошта шуд.

Дар ин паём занон ва духтарон бар аҳаммияти ҷойгоҳи занон ва духтарон дар ҷомеъаи имрӯзӣ таъкид мекунанд ва ба насли оянда аз шеваҳои муборизаи хеш барои дастёбӣ ба баробарҳуқуқии занон бо мардон ҳикоят мекунанд.

Дар ҷараёни ин маросим, ки рӯзи шанбеи 9 апрел доир шуд, ҳамчунин масъулони намояндагии Созмони Милали Муттаҳид дар умури занон дар Тоҷикистон эълом карданд, ки ҳамакнун Муассисаи Занони СММ ё "UN Women" дар умури занон ба ҷойи муассисоти ҷудогонаи ин созмон фаъолият хоҳад кард.

Ин созмонро Маҷмаъи Умумии СММ дар моҳи июли соли 2010 таъсис дода ва ба ин тартиб, чаҳор созмони ҷудогона - Сандуқи Тавсеъаи Занони СММ (UNIFEM), Шӯъбаи Пешрафти Занони (DAW), ПАжӯҳишгоҳи Байналмилалӣ дар умури пешбурди занон (INSTRAW) ва Дафтари мушовири вижа дар умури ҷинсият ва пешбурди занон (OSAGI)-ро зери як чатр гирдиҳам овардааст.

Дамира Садбаева, раиси бахши минтақавии Муассисаи Занони Созмони Милали Муттаҳид дар Осиёи Миёна, дар суханронии худ дар канори муҳим будани таҳкими сулҳ ва оромиш дар сартосари ҷаҳон ба зарурати беҳбудии вазъияти занон ва духтарон дар ҷаҳон таъкид кард.

Вай афзуд: "Мо бояд барои роҳандозии воқеъии барномаҳои Муассисаи Занони СММ саъй кунем. Мо бояд муборизаро тақвият бидиҳем, то табъиз нисбат ба занону духтарон ва эъмоли хушунат алайҳи онҳоро аз миён бибарем. Ва бо мақомоти давлатӣ барои дастёбӣ ба як зиндагии муносиб барои занон ва духтарон фаъолиятҳоямонро басиҷ созем."

Хонуми Садбаева мегӯяд, ки давлати Тоҷикистон барои иҷрои ин амр ба кумакҳо ниёз дорад. Вай афзуд, ки аз ҳамкориҳои мақомоти Тоҷикистон ва намояндагони созмонҳои ғайридавлатии ин кишвар бо СММ дар солҳои ахир хушнуд аст.

Ҳарчанд бархе аз занони тоҷик низ ба нақши созандаи ин созмон дар заминаи беҳбуди вазъи занон ва духтарон дар Тоҷикистон таъкид карданд, вале ба гуфтаи иддае дигар аз занони фаъол, дар солҳои ахир намояндагии Созмони Милали Муттаҳид дар умури занон дар Тоҷикистон бештар фаъолияташро дар шаҳрҳо мутамаркиз карда ва ба мушкилоти занони рустоӣ камтар таваҷҷӯҳ мешавад.

Ин дар ҳолест, ки вазъияти занону духтарон дар манотиқи рустоии Тоҷикистон бамаротиб бадтар аст.

Созмонҳои "пинҳон"

Дилафрӯз, як зани ҷавон аз шаҳри Душанбе, мегӯяд даҳ сол боз шавҳараш ӯро ҳамвора мавриди лату кӯб қарор медиҳад. Вай мегӯяд, ки дар аввал гумон дошт, ки шавҳараш аз ин кор даст мекашад, вале имрӯз вай тасмим гирифтааст, ки аз ин мард ҷудо шавад.

Вай мегӯяд: "Ман дигар тоқати азобу озори шавҳарамро надорам. Ягон рӯз вай маро мекушад. Аз ин рӯ, ман кӯшиш мекунам, ки бо ҳар роҳе, ки набошад аз вай ҷудо шавам."

Дилафрӯз мегӯяд, ки дар бораи мавҷудияти марокиз ва ё созмонҳое, ки аз ҳуқуқи вай ба унвони як зани хушунатдида ҳимоят кунанд, шунидааст.

Вале ӯ иттилоъи дақиқе дар бораи дар куҷо фаъолият кардани ин гуна созмонҳо ва ё паноҳгоҳҳои занон дар Тоҷикистон надоштааст, зеро бештари ин созмонҳо ба далели фаъолияти камтар дар миёни мардум чандон шинохташуда нестанд.

Зери чашмони Дилафрӯз кабуд шудаанд ва ӯ мегӯяд, ки ин осори лату кӯби шавҳараш аст.

Масъулони пулиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ба Дилафрӯз ваъда кардаанд, ки ба қазияи хушунат дар хонаводаи вай расидагӣ хоҳанд кард. Вале то он замон Дилафрӯз ва чаҳор фарзанди хурдаш дар хонаи модараш ба сар мебаранд.

Вазъи занон дар Шӯравӣ

Низорамоҳ Зарипова, яке аз фаъолони зан дар даврони Шӯравӣ, ба ин ақида аст, ки бисёре аз занону духтарони хушунатдида ва фақиру бенаво аз мавҷудияти созмонҳое, ки аз ҳуқуқи онҳо дифоъ мекунанд, хабар надоранд.

Вай мегӯяд, ки бархе авқот занони хушунатдида ба назди вай меоянд ва аз ӯ машварат мехоҳанд. Ва хонуми Зарипова яке аз сабабҳои пастшавии сатҳи дониши ҳуқуқии занон дар даҳсолаҳои ахир дар Тоҷикистонро аз омӯзишу парвариш маҳрум мондани занону духтарон медонад.

Хонуми Зарипова мегӯяд дар даврони Шӯравӣ занони бештаре ба симатҳои баланди давлатӣ даст меёфтанд

Хонуми Зарипова бо ёдоварӣ аз даврони Шӯравӣ, ки ба мақоми зан дар ҷомеъа таваҷҷӯҳи хосса мешуд, мегӯяд: "Он замон Шӯроҳои кор бо занон тамоми фаъолиятҳоеро, ки ҳоло созмони бонуфузи Милали Муттаҳид барои занон мекунад, анҷом медоданд. Ва мардҳо аз эъмоли хушунат алайҳи зан бим доштанд, зеро медонистанд, ки муҷозот мешаванд."

Хонуми Зарипова мегӯяд, ки дар даврони Шӯравӣ онҳо барномаеро дар Тоҷикистон роҳандозӣ карда буданд, ки бар асоси онҳо, раҳбарони бисёре аз ширкатҳои кишоварзии он давронро занони фаъол бар ӯҳда доштанд ва мардҳо водор мешуданд, ки таҳти сарпарастии онҳо фаъолият кунанд.

Ҳамчунин, ба гуфтаи вай, падарон ҳаққи ба издивоҷ водор кардани духтарони зери 18-соларо надоштанд, зеро қонуни Шӯравӣ издивоҷи духтарони то 18-соларо иҷоза намедод.

Вале ба гуфтаи вай, рӯбарӯ шудани духтарони ҷавон бо хушунат дар хонавода ва даст задани онҳо ба худкушӣ дар Тоҷикистон дар қарни 21, дар замони пешрафти илму фан, мояи нигаронӣ аст.

"Падари золим"

Шаҳло исми мустаъории як духтари 14-сола аст, ки дар яке аз навоҳии ҳумаи шаҳри Душанбе ба сар мебарад. Шаҳло қурбонии таҷовузи ҷинсӣ шуда ва афзун бар ин, ин корро дар қиболи вай падараш кардааст.

Шаҳло мегӯяд, ки имкони дифоъ аз худро надошт, вале муъаллимаи вай аз ин рафтори падари Шаҳло огоҳ шуда ва ба пулис шикоят бурдааст. Додгоҳ падари Шаҳлоро дар таҷовуз ба духтараш муҷрим шинохта ва ӯро барои муҳлате тӯлонӣ равонаи зиндон кардааст.

Аммо мушкилоти дигаре, ки Шаҳлоро домангир мешавад, табъиз аз сӯйи пайвандони худ дар хонавода будааст. Ва зиндагии вай дар хонавода имконнопазир мешавад.

Шаҳло чандин бор сайъ кардаст, ки худкушӣ кунад, вале масъулони паноҳгоҳи вижае барои занон ва духтарони хушунатдида вайро таҳти муроқибат қарор додаанд.

Шумораи духтароне чун Шаҳло, ки аз сӯйи пайвандони хеш ва ё афроди дигар таҷовуз шудаанд, дар Тоҷикистон кам нест. Чунин духтарон ниёз ба паноҳгоҳҳои вижае доранд, вале оё дар Тоҷикистон шумораи кофии чунин марокиз вуҷуд дорад?

Паноҳгоҳи занон ва духтарон

Мавҷуда Ҳакимова, раиси созмони “Мунис”, воқеъ дар ноҳияи Ҳисор, мегӯяд, ки созмонҳои байналмилалӣ ва ғайридавлатӣ бояд бештар фаъолияташонро дар манотиқи рустоӣ тақвият диҳанд.

Вай меафзояд, ки духтарон ва занони шаҳрӣ то андозае аз ҳуқуқи худ бохабар ҳастанд, аммо занону духтарони рустоӣ ҳастанд, ки ҳуқуқи онҳо бештар нақз мешавад.

Хонуми Ҳакимова афзуд: "Мо бо таваҷҷӯҳ ба мушкилоти ношӣ аз зиндагии иҷтимоъии занон дар ноҳия паноҳгоҳеро барои духтарони ҷавон ифтитоҳ кардем. Ҳоло панҷ духтар дар ин паноҳгоҳ таҳти муроқибати пизишкони равоншинос ва парасторон қарор доранд."

Аммо вай мегӯяд, ки ин марказ тавони ҷалби занон ва духтарони бештаре ба ин паноҳгоҳро надорад: "Дар ноҳия паноҳгоҳҳои зиёдеро бояд таъсис дод, то имкони бозгардонидани занон ва духтаронеро, ки қурбонии хушунат ва ё табъиз шудаанд, ба зиндагии маъмулӣ дошта бошем."

Мавҷудабону бо ёдоварӣ аз Нӯшин Ёварӣ, раиси собиқи намояндагии СММ дар умури занон дар Тоҷикистон, мегӯяд, ки вай ҳамеша ба манотиқи дуруфтода сафар мекард ва бо занони он манотиқ мулоқот мекард. Ба гуфтаи вай, занон дар манотиқи дуруфтода бештар ба таваҷҷӯҳи чунин созмонҳо ниёз доранд.

Дар ҳамин ҳол, бархе аз ҷомеъашиносон афзоиши хушунат алайҳи занону духтаронро дар ҷомеъаи имрӯзӣ ба набуди созмонҳо ва ҷунбишҳои феминистӣ ё тарафдорони асолати зан, ки дарвоқеъ барои таҳаққуқи ҳуқуқи занон мубориза мекунанд, марбут медонанд.

Ба гуфтаи онҳо, баъид аст, ки дар ҷомеъаи Тоҷикистон, ки сатҳи омӯзиш ва огоҳии занон бисёр пойин аст, дар ояндаи наздик чунин ҷунбишҳое, ки барои дифоъ аз ҳуқуқи занон мубориза кунанд, эҷод шавад.

Ҳуқуқдонҳои мустақил мӯътақиданд, ки тақвияти муҷозот барои эъмоли хушунат алайҳи занон дар хонавода ва берун аз он метавонад ин падидаи номатлубро коҳиш диҳад.

Ин дар ҳолест, ки давлат ва порлумони Тоҷикистон аз чанд сол пеш ба ин сӯ аз тасвиби лоиҳаи қонуне дар бораи хушунати хонаводагӣ, ки созмонҳои ғайридавлатӣ таҳия кардаанд, худдорӣ мекунанд.

http://www.bbc.co.uk/tajik 

Tajikistan
Women
Frontline Updates
Support local journalists