Эпидемияи худкушии занон дар Тоҷикистон

Сабаби асосии худкушиҳо — таҷовузи беҷазои хонагӣ.

Эпидемияи худкушии занон дар Тоҷикистон

Сабаби асосии худкушиҳо — таҷовузи беҷазои хонагӣ.

«Як бегоҳирӯзии зимистон, ман ба ҳавлӣ баромада, ба пойҳоям керосини авиатсионӣ пошида, худро оташ задам», - нақл кард Моҳшариф, зани ҷавоне аз Вахш, ки дар шарқи Тоҷикистон воқеъ аст.

Ӯро ба беморхона бурда, аз марг наҷот доданд, вале ӯ афсӯс мехӯрад, ки зинда мондааст.

«Чаро маро наҷот доданд?! Ман безорам аз чунин зиндагӣ», - мегӯяд ӯ.

Шумораи зиёди ҳодисаҳои худкушии занҳои тоҷик аз сабаби таҷовузи онҳо дар оилаҳояшон маънидод карда мешавад. Ғайр аз ин онҳо намедонанд, ки дар ҳоли зарурат метавонанд аз кӯмаки ҳуқуқӣ истифода баранд.

Мувофиќи нишондодҳои охирини омории дастрасшуда, аз январ то сентябри соли 2008 – дар Тоҷикистон 240 ҳодисаи худкушӣ байни занҳо ба қайд гирифта шудааст. Вале коршиносон чунин мешуморанд, ки рақамҳои аслӣ аз ин ҳам зиёд ҳастанд, зеро на ҳамаи чунин ҳодисаҳо ба қайд гирифта мешаванд.

«Худкушии занон ба монанди эпидемияи ВИЧ/СПИД ё табларза шудааст», - мегӯяд аъзои Ассотсиатсияи рӯҳшиносони Тоҷикистон Маҳмадулло Давлатов.

Ҳуқуқшиносон мегўянд, ки аз 10 - 8 ҳодисаи таҷовуз, дар оила рӯй медиҳад. Барои мардон таҷовуз нисбати занҳои худ як кори муқаррарӣ мебошад. Занҳо бошанд, аз дастгирии хешовандон маҳрум мешаванд, зеро пас аз оиладоршавӣ ба хонаи шавҳаронашон мекӯчанд. (Гузоришро оид ба мақоми зан дар ҳаволаи зерин Таджикистан: гендерное равенство - только на бумаге, RCA № 539, аз 31 марти соли 2008 мутолиъа карда метавонед.)


«Новобаста аз мавҷуд набудани иттилооти расмии оморӣ оид ба қурбониёни таҷовузи хонагӣ, ин мушкилӣ дар Тоҷикистон хеле тезутунд буда, хатари бузурге натанҳо ба занҳо, балки барои некӯаҳволии тамоми ҷомеа меоварад», - мегӯяд Зебо Шарифова, директори иҷрокунандаи Лигаи занҳои ҳуқуқшинос.

Ташкилотҳои ҳуқуқи занҳоро ҳимоякунанда сабабҳои зиёдеро меоранд, ки чаро занҳо ба чунин амалҳо даст мезананд. Дар қатори ин сабабҳо — таҷовузи хонагӣ ва ҷинсӣ, хиёнати шавҳар ё пайдошавии зани дуюм дар оила (бисёрзанагӣ ғайриқонунӣ мебошад, вале дар Тоҷикистон паҳн шудааст). Сабабҳои дигар — ин норасосии пул ва набудани шавҳар, ки барои ҳамин занҳо аз ҷониби хешовандони ӯ ба таҷовуз гирифтор мешаванд.

Илоҷи дигар — аз хона баромада рафтан — аксар вақт имконнопазир аст. Ҷудошавӣ — барои зан шармандагӣ буда, оилааш метавонад ӯро гашта қабул накунад.

Худкушӣ ин худ натиҷаи он аст, ки ба зан ҳамчун «моликияти хусусӣ ва хизматгор» муносибат мекунанд, - мегӯяд Орзу Ғаниева, директори Маркази занони Хуҷанд «Гулрухсор».

Моҳшариф дар синни 16-солагӣ шавҳар кард. Хушдоману шавҳар ҳамеша ӯро латукӯб мекарданд, ҳатто дар вақти ҳомиладорӣ.

«Ман гумон доштам, ки бо таваллуди духтарамчаам, вазъият тағйир меёбад, вале боз бадтар шуд, - ба хотир меорад вай. - Шавҳарам ҳам маро, ҳам кӯдакчаамонро мезад. Мегуфт, ки аз хонааш баромада равам, барои он ки писар таваллуд карда натавонистам, духтар бошад, ба ӯ лозим нест. Дар 17-солагиям аллакай аз зиндагӣ безор шудам. Дар сарам ҳамеша фикри чӣ тавр аз ин даҳшат раҳоӣ ёфтанро доштам. Дар хоб медидам, ки худро ба дарё мепартоям, ё оташ мезанам».

Худсӯзӣ — яке аз намудҳои паҳншудаи худкушӣ байни занҳо дар Тоҷикистон мебошад, ба монанди кишварҳои ҳамсояи Ӯзбекистон ва Афғонистон.

Баъзе коршиносон ба мисоли Зафар Саидзод, мошавири президенти Тоҷикистон ва раиси собиқи оҷонсии иттилоотии Ховар, ақида доранд, ки ин таҷриба бо решаҳояш ба давраҳои зардуштиён меравад, ки дини тоҷикон то қабул кардани ислом маҳсуб меёфт.

«Бартарият доштани маҳз чунин тарзи худкушӣ асосан бо парастиши оташ вобаста аст, ки мувофиқи он гӯё рӯҳ тоза шуда, азобу шиканҷаҳои ақлонӣ хотима меёбанд», - мегӯяд Саидзод.

На ҳамаи кӯшишҳои худкуширо занҳои ҷавон иҷро мекунанд. Сайрам бо шавҳараш 14 сол зиндагӣ карда, соҳиби чор фарзанд мебошад. Чандин бор кӯшиши худкушӣ карда, худро ба дарё мепартофт, бо сирко заҳролуд мекард, ба дор мекашид ё рагҳояшро мебурид.

Ба маъюсӣ ӯро шавҳараш оварда расонида буд, ки лату кӯб карда, барои хӯрок ва либоси кӯдакона пул намедод.

«Ахираш, маънии ҳаётро гум кардам», - ба хотир меорад ӯ.

Дар натиҷа ӯ худро керосин пошида, оташ зад. Вақте дар беморхона ба худ омад, фаҳмид, ки қариб 50 фоизи баданаш сӯхтааст.

Дар дигар ҳолатҳо занҳоро то худкушӣ аъзоёни оилаҳои худашон оварда расонида буданд.

«Ман духтари ягона дар оилаам, - нақл мекунад зани ҷавон. Аз синни 12-солагӣ фаррошӣ карда, барои хондан пул ҷамъ мекардам, мехостам ҳуқуқшинос шавам. Вале акаам хонданро ба ман манъ кард. Ӯ маро бо пойҳояш зада, талаб мекард, ки аз хона набароям ва барои ҳамаашон хизматгор бошам».

Ба монанди қаҳрамони пешина, ӯ низ худро оташ зад. «Ман мурдан намехостам, - мегӯяд зан. - Ман танҳо мехостам, ки ӯ маро дигар назанад».

Аз рӯи нуқтаи назари ҳуқуқӣ, мегӯянд коршиносон, мушкилӣ дар он аст, ки дар Тоҷикистон қонунгузорие, ки масъалаи ҳифзкуниро аз таҷовуз дар оила танзим мекунад, вуҷуд надорад. Нисбати чунин ҳодисаҳо ҷазои барои ҳуҷуми оддӣ муқаррар карда шударо истифода бурдан мумкин аст. Одатан занҳо барои муроҷиат намудан ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ метарсанд.

Аз январ то октябри соли гузашта 30 парвандаи ҷиноятӣ аз рӯи моддаи — расонидан то худкушӣ, кушода шуда буданд.

Занҳои ҷавон аксаран ба таҷовуз аз ҷониби хешовандони шавҳар гирифтор мешаванд, ки онҳо ин занонро ҳамчун қувваи бепули ҷисмонӣ барои коркунӣ дар хоҷагӣ мебинанд.

Ҳуқуқшинос Файзиниссо Воҳидова мегӯяд, ки дар судҳо бештар парвандаҳое пайдо мешаванд, вақте занҳо дар муносибати бераҳмона нисбати келинҳояшон гунаҳкор дониста мешаванд.

Аз нуқтаи назари қонунгузорӣ чунин вазъият чоранопазир нест, зеро айни ҳол қонунгузорӣ оид ба таҷовузи хонаводагӣ омода шуда истодааст.

Баробари ин, тавре ба IWPR намояндагони Идораи муҳофизати тартиботи ҷамъиятии ВКД хабар доданд, амри махсус ба табъ расидааст, ки мувофиқи он, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ҳолати саривақт аҳамият надодан ба ҳодисаҳои аниқи таҷовуз дар оила, ба ҷазои маъмурӣ кашида мешаванд.

Вале одатан занҳо овоза накардани чунин ҳодисаҳоро авлотар медонанд.

Дар Тоҷикистон одамон кӯшиш мекунанд мушкилиҳои хонагиашонро бо наздикону ҷӯраҳояшон муҳокима накунанд, дар бораи шахсони бегона бошад, тамоман сухан рафта ҳам намешавад, - мегӯяд олим Абдулвоҳид Шамолов.

«Одатан одамон занҳоеро, ки шавҳаронашон зада таҳқир мекунанд, маҳкум мекунанд, - мегӯяд ӯ. Ба ҳисоб меравад, ки онҳо худ иҷозат медиҳанд, то бо онҳо чунин рафтор кунанд. Ва ҷиноятҳое, ки дар оилаҳо аз болои наздикон рӯй медиҳанд, нодида мемонанд ва дар натиҷа беҷазо».

Ҷарроҳи Маркази ҷумҳуриявии сӯхтаҳо Шоира Юсупова нақл мекунад, ки шавҳарон аксар вақт занҳояшонро маҷбур месозанд, забонхат нависанд, ки ҳодисаи бо онҳо рӯйдода аз рӯи нохушӣ рух додааст.

Ҳам Сайрам ва ҳам Моҳшариф ба ёд меоранд, ки шавҳарони онҳо низ бо чунин мақсад ба беморхона назди онҳо меомаданд.

«Ӯ хоҳиш кард, ба додситон гӯям, ки сӯхтаҳоям аз рӯи беэҳтиётӣ рӯй додаанд, - мегӯяд Моҳшариф. - Ман дер розигӣ намедодам, вале ӯ бо модараш ҳамеша ба ман фишор меоварданд. Ниҳоят ман ба кормандони милиса гуфтам, ки ҳамааш ногаҳон рӯй додааст. Сипас, шавҳарам ба Россия гурехт».

Ба IWPR бо як зане бо номи Шамсия сӯҳбат кардан муяссар гашт. Шавҳари ӯро ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан имконпазир шуд, гарчанде ӯ нисбати шавҳараш арз накарда буд.

Шамсия пас аз фурӯ бурдани 100 дона ҷисмҳои тез — лезваҳои шикастагӣ, сӯзанҳо, мехҳо ва шишамайдаҳо, ба беморхона афтод.

Ӯро волидонаш хонадор карданд. Пас аз латукӯбҳои шавҳар ӯ чандин бор кӯшиши ба хонаи падару модар баргаштанро кард, вале ӯро ҳамеша ба хонаи шавҳар бармегардонданд.

Духтурон ба ӯ ташхиси нодуруст гузоштанд — захми меъда ва шавҳари Шамсия аз додани пул барои давом додани муоина сар кашид. Ӯ занашро назди волидонаш фиристод. Падар Шамсияро гашта ба беморхона овард. Танҳо ҳамон вақт Шамсия ба як хешовандаш аз асли ҳол иқрор шуд ва ӯ ба духтурон ҳамаашро нақл кард.

Ҷарроҳӣ ҳаёти Шамсияро наҷот дода, шавҳарашро ҳабс намуданд, бо айбдорӣ дар он ки ӯ ҳамсарашро дар фурӯ бурдани ин ҷисмҳо маҷбур сохтааст.

Ба ақидаи коршиносон, ҳукуматдорон бояд барои ҳалли мушкилии худкушӣ дар байни занҳо дар кишвар чораҳои зиёдеро дида бароянд. Давлат бояд баробарҳуқуқии мардону занонро таъмин намояд, - фикр дорад Орзу Ғаниева.

Дар қатори чораҳое, ки қабули онҳоро ҳуқуқшиносон бо қатъият хоҳиш мекунанд, - ҷорӣ намудани қонунгузорие (айни ҳол дар марҳилаи коркард қарор дорад), ки ҳалли мушкилии таҷовузи хонаводагӣ, таъсис намудани комиссияи корӣ оид ба пешгирикунии ҳодисаҳои худкушии занон, инчунин таъсис додани шабакаи хизматҳои иҷтимоӣ, ки кӯмаки худро ба қурбониёни таҷовуз кафолат медиҳанд, дарбар дорад.

Шамолов изҳор медорад, ки сараввал ҳукуматдорон бояд маркази таҳлилӣ оид ба ҷамъоварӣ ва омӯзиши маълумотро дар бобати таҷовуз дар оиларо таъсис диҳанд, то ин ки нишондодҳои асосӣ озодона дастрас бошанд.

Баъзеҳо ақида доранд, чун дар ҷамъияти Тоҷикистон нақши асосиро мардон мебозанд, ҷорӣ намудани чунин чораҳои фаврӣ маънӣ надорад.

Ба ин нигоҳ накарда, яке аз намояндагони мансабдорон, ки аз муаррифии худ худдорӣ намуд, ба IWPR тасдиқ намуд, ки байни ҳодисаҳои худкушӣ ва воқеаҳои таҷовуз дар оила алоқамандӣ вуҷуд дорад. Сабаби он ки дар ин самт корҳои ночиз ба анҷом мерасанд, бепарвоӣ набуда, балки норасоии маблағ мебошад, - гуфт ӯ.

Ҳукумат барои мубориза бо таҷовузи хонаводагӣ қариб ки ягон фонд надорад, - гуфт мансабдор. Ягон омор ҳам нест. Моро маҷбур месозанд, ки онро ба ҳисоб барем, вале барои ин ягон маблағгузорӣ ҷудо карда намешавад, бинобар ин касе дар ин боб сухан намеронад.

Шоира Юсупова иброз дошт, ки оқибатҳои кӯшишҳои худкуширо ҳам худи қурбониён ва ҳам наздиконашон маҷбур ҳастанд тоқат кунанд. Табобат ва муолиҷаёбӣ пас аз сӯхтаҳои даҳшатовар хеле дурудароз ва пуразоб аст.

«Ҳамаи инро мушоҳида кардан, ҳис кардани дарди рӯҳӣ ва ҷисмонӣ... Ба душман чунинро хоҳиш намекунӣ», - мегӯяд Юсупова.

Frontline Updates
Support local journalists