Вокуниш ба фирори дастаҷамъии маҳбасон дар Тоҷикистон

Зиндонёни фирориро бо радикализми исломӣ муҷрим шинохта буданд. Суол ин аст, ки онҳо алайҳи ҳукумат муттаҳид мешаванд ё фақат фирор кардаанд.

Вокуниш ба фирори дастаҷамъии маҳбасон дар Тоҷикистон

Зиндонёни фирориро бо радикализми исломӣ муҷрим шинохта буданд. Суол ин аст, ки онҳо алайҳи ҳукумат муттаҳид мешаванд ё фақат фирор кардаанд.

Thursday, 16 September, 2010

Бо гузашти як ҳафта аз фирори 25 маҳбус, ба шумули исломиёни эҳтимолӣ, аз зиндони низомаш шадид дар Душанбе суолҳо дар бораи таъсири он ба суботи сиёсӣ ва дар кул, сабабҳои имконпазир шудани он ба миён омадаанд.

Шаби 22 август, маҳбусони боздоштгоҳи тафтишотии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ (СИЗО-и КДАМ) дар маркази шаҳр ба посбонон ҳамла карда, якеро ба қатл расониданд.

Онҳо дастаи калидҳоро аз худ карда, дигар зиндониёнро озод карданд, либосҳои низомиеро ба бар карданд, ки пайдо карданд, силоҳ гирифтанд ва дар роҳ ба сӯи дарвозаи асосӣ боз боз чор посбонро куштанд.

Бо мошинҳое, ки берун аз дарвоза онҳоро мунтазир буданд, фирор карданд.

Кӯшиши боздошти фирориён идома ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ҳолати омодабош қарор доранд, гурӯҳҳои мусаллаҳ фурудгоҳҳо, истгоҳҳои роҳи оҳан ва гузаргоҳҳои назоратӣ дар роҳҳоро дидбонӣ мекунанд.

Ҳоло суолҳои душворе пеш меоянд: кадом тадобир дар маҳбасе, ки махсус ҳифозат мешуд, гирифта шудаанд ва чаро дар дохили он ин қадар силоҳ ва либоси низомӣ нигаҳ дошта мешуд? Бархе аз таҳлилгарон таъкид бар ин низ доранд, ки бидуни харидани афроди баландпояи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ фирор ғайриимкон буд.

Дар нишасти матбуотӣ пас аз фирор, ҷонишини раиси КДАМ изҳор дошт, ки фирор аз «бесалоҳиятӣ ва хунукназарӣ»-и кормандони маҳбас рух додааст.

Раиси КДАМ Хайриддин Абдураҳимов ва се ҷонишини ӯ ба истеъфо рафтанд.

Фирори мазкур аз он ҷиҳат халои ҷиддӣ дар сохтори амниятии ин зиндон арзёбӣ мешавад, ки маҳз кадом тоифаи маҳбусон гурехта тавонистаанд. Онҳо ҷинояткорони оддӣ набуданд ва фирори онҳо на фақат ҷанбаи сиёсӣ дорад, балки хадамоти амниятро фалаҷ ба намоиш мегузорад.

Қисми бузурги 25 зиндонии фирорӣ аз гурӯҳи 46-нафарае буданд, ки ду рӯз пеш ба мӯҳлатҳои аз 10 то 30 сол бо ҷурми терроризм, қочоқи маводи мухаддир ва кӯшиши табаддулоти давлатӣ маҳкум шуда буданд.
 

Ин парванда июли соли 2009, замоне оғоз шуда буд, ки нерӯҳои ҳукуматӣ барои маҳор кардани гурӯҳҳои созмонёфтаи мусаллаҳ дар ноҳияи Тавилдара, воқеъ дар шарқи Тоҷикистон амалиёти махсус роҳандозӣ карданд.
 

Ин минтақаи дурдаст дар замони ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992-97 пойгоҳи Иттиҳоди мухолифини Тоҷикистон (ИМТ) маҳсуб мешуд. Он замон фармондеҳи кулли муҷоҳиддин Мирзо Зиёев буд, ки баъд аз созишномаи сулҳ дар соли 1997 ба мансаби ҳукуматӣ расид.
 

Соли гузашта Зиёев боз дар маркази таваҷҷӯҳ қарор гирифт. Тибқи иттилоъи манобеъи ҳукуматӣ, ӯ ба гурӯҳҳои радикалии исломие пайваст, ки ба хотири сармоягузории терроризм бо қочоқи маводи мухаддир машғул буданд, аммо баъд барои ҳамкорӣ бо мақомоти низомӣ ҳамчун миёнарав ризоият додааст. Зиёев ҳангоми амалиёти махсус ба таври мармуз кушта шуд ва аъзоёни эҳтимолии гурӯҳи ӯ боздошт ва ба додгоҳ кашида шуданд.
 

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мегӯянд, дар миёни созмондиҳандагони фирор аз раҳбарони гурӯҳи Тавилдара Ҳикматулло Азизов қарор дорад, ки узви Ҳаракати исломии Ӯзбекистон (ҲИӮ) мебошад. Ин гурӯҳ, ки дар Ӯзбекистон ғайриқонунӣ эълон шудааст, солҳои 1999-2000 дар Осиёи Миёна амалиёти тахрибӣ роҳандозӣ карда, солҳои охир дар шимолу ғарби Покистон ба Толибон ва Ал-Қоида пайвастааст.
 

То ба ҳол танҳо ду фирорӣ боздошт шудаанд ва ҳеҷ яке аз онҳо аз гурӯҳи Тавилдара нест.


Яке аз онҳо Абдурасул Мирзоев, бародари собиқ фармондеҳи Горди президентӣ Ғаффор Мирзоев низ дар зиндон аст. Дуввумӣ, Иброҳим Насриддинов аст, ки 23 сол барои куштор ва силоҳфурӯшӣ равонаи зиндон шуда буд. Додгоҳи Тоҷикистон соли 2007 ба ӯ ин ҳукмро пас аз бозгашташ аз маҳбаси амрикоӣ дар Гуантанамо додааст.
 

“Оё гурӯҳи Тавилдара мехоҳад фақат пинҳон шавад ё ба ҳукумат мушкил эҷод кунад?”, суолест, ки посухаш норӯшан аст.


Сиёсатшинос Аҳмадшо Комилзода мегӯяд, фирориён ба як хатар табдил хоҳанд ёфт, агар ба зудӣ дастгир нашаванд.


«Таҷрибаи солҳои пешин нишон медиҳад, ки ин гурӯҳҳо метавонанд ба зудӣ аз хориҷи кишвар маблағгузор пайдо кунанд ва афроди хориҷӣ низ ба кӯмаки онҳо расанд», - менависад агентии иттилоотии русӣ «REGNUM» аз қавли ӯ.
 

Саймуддин Дӯстов, сармуҳаррири ҳафтаномаи «Нигоҳ» мегӯяд, аъзоёни гурӯҳ хатари билқувва ҳастанд, аммо бо ҳукумат муқобилат карда наметавонанд.
 

«Ҳеҷ як аз онҳо барои ҳукумат хатари бузурги сиёсӣ нест, зеро дар қаторашон бозигарони намоёни сиёсӣ нестанд ва ҳеҷ кадоме истеъдоди барҷастаи раҳбарӣ, захираи зарурӣ ва ғ. надорад», - гуфт Дӯстов ба IWPR.
 

Дар ҳамин ҳол, ба қавли ӯ, «онҳо барои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хатарнок хоҳанд буд. Мешавад ҳадс зад, агар онҳо барои хуруҷ аз кишвар роҳ наёбанд, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ талафот хоҳанд дид».

Дӯстов ва дигар таҳлилгарон парвандаи Тавилдараро далели бо гузашти беш аз 10 сол аз хатми ҷанги шаҳрвандӣ ҳанӯз ҳам таҳти назорати ҳукумат набудани манотиқи дурдасти кишвар унвон мекунанд, ки пойгоҳҳои нерӯҳои оппозитсионӣ буданд.

«Гап дар бораи назорати нисбии водии Рашт ва Бадахшони Кӯҳӣ аст, - гуфт Дӯстов. – Ин минтақаро 7 қумондони саҳроӣ таҳти назорат доранд, ки се нафарашон дар Рашт (аз ҷумла Тавилдара) ва чор тани дигар дар ВМБК ба сар мебаранд. Равобити ҳукуматдорон бо онҳо тавассути миёнаравон ба роҳ монда шудааст… Ҳамаи онҳо барои ҳукумат метавонанд ташаннуҷ эҷод кунанд».

Амалиёти махсуси соли гузашта дар Тавилдара ва фирори ахир метавонанд равобити бе ин ҳам ноустувори байни ҳукумат ва фармондеҳонро ба ҳам зананд.

Ҳикматулло Сайфуллозода, сухангӯи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, нерӯи асосии собиқ ИНОТ ва аз соли 1997 ҳизби расмии оппозитсионӣ, мегӯяд, фармондеҳони собиқ ба мухолифат манфиатдор нестанд.

«Онҳое, ки собиқ мухолифин унвон мешаванду зодагони ин минтақа ҳастанд, ба ҳеҷ ваҷҳ намехостанд ва намехоҳанд, ки дар хонаҳояшон ноамнӣ эҷод шавад, - гуфт ӯ. – Иддае аз эшон, ки бо сабабҳои гуногун аз ҳукумат норозӣ буданд, танҳо як чиз мехостанд – ба онҳо кордор нашаванд».

Сиёсатшиноси маъруф Парвиз Муллоҷонов мегӯяд, посухи ҳукумат ба фирор бояд риояи мувозинат миёни зарурати ҷойгиркунии шумораи кофии нерӯҳои амниятӣ барои ҳифзи тартибот ва амалҳое бошад, ки аз сӯи аҳолии маҳалл аз ҳад зиёд ва мушкилофар пазируфта нашавад.
 

«Имрӯз ҳама аз дурандешӣ ва лаёқати худи ҳукумат дар маҳалҳо ва марказ вобаста аст, - гуфт ӯ. – Дар кулл, мардум ва ҳам собиқ размандагони ИНОТ фақат мехоҳанд, ки ба онҳо кордор нашаванд, зеро хотираҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар водии Рашт то ба ҳол зиндаанд».

Лола Олимова – муҳаррири IWPR дар Тоҷикистон

Матлаби мазкур дар чаҳорчӯби ду тарҳи IWPR таҳия шудааст: «Ҳифзи ҳуқуқҳои инсон ва маълумоти ҳифзиҳуқуқӣ тариқи ВАУ дар Осиёи Марказӣ», ки аз сӯи Комиссияи Аврупо ва «Барномаи иттилоотии инъикоси масоили ҳифзи ҳуқуқӣ, бӯҳронҳо ва таҳкими эътимод», ки аз сӯи Вазорати корҳои хориҷии Норвегия маблағгузорӣ карда мешаванд.

IWPR масъулилияти мӯҳтавои матлаби мазкурро, ки ба ҳеҷ ваҷҳ дидгоҳи кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ё Вазорати корҳои хориҷии Норвегияро нест, бар дӯш дорад.

Tajikistan
Opposition
Frontline Updates
Support local journalists