Тоҷикистон: ВИЧ-дорандагон аз хусумати духтурон тарсон ҳастанд

Кормандони соҳаи тандурустӣ ба ин беморон бо тарс ва эҳтиёткорона муносибат мекунанд, ҳарчанд ба андешаи коршиносон вазъият рӯ ба беҳбудӣ меорад.

Тоҷикистон: ВИЧ-дорандагон аз хусумати духтурон тарсон ҳастанд

Кормандони соҳаи тандурустӣ ба ин беморон бо тарс ва эҳтиёткорона муносибат мекунанд, ҳарчанд ба андешаи коршиносон вазъият рӯ ба беҳбудӣ меорад.

Tuesday, 29 September, 2009
Новобаста за ҳамаи кӯшишҳои ҳукумат барои таъмини хизматрасонии тиббӣ ба беморони мубталои ВИЧ дар Тоҷикистон, бисёриҳо мегӯянд, ки кормандони тиббӣ аз хизматрасонӣ ба онҳо саркашӣ мекунанд.

Вале, ба гуфтаи гурӯҳе аз коршиносон, чунин муносибат оҳиста-оҳиста тағйир ёфта истодааст ва кормандони муассисаҳои давлатии тиббӣ аз ҳуқуқҳои беморони мубталои ВИЧ зиёдтар маълумотнок гашта истодаанд.

Сокини Душанбе Зафар, ки зиёда аз 15 сол боз маводи мухаддир истеъмол менамояд, мубталои ВИЧ гаштааст. Ӯ ба беморхона барои гузаштани табобати антиретровирусӣ муроҷиат намудааст, вале духтур бо баҳонаи он ки мизоҷонашро аз даст медиҳад, барои хобонидани ӯ дар бемористон розигӣ надод.

Он замон аҳволи Зафар хеле бад буд ва барои табобате, ки давраҳои гуногуни инкишофи вирусро суст менамояд, бисёр мӯҳтоҷ буд.

Маркази саломатии рӯҳӣ ва ВИЧ/СПИД, ташкилоти ғайридавлатӣ Зафарро назди ҳуқуқшинос равона кард ва ӯ барои барқарор намудани ҳуқуқҳои қонунии ӯ барои гирифтани табобат кӯмак расонид.

«Писари ман якбора ду беморӣ дорад. Ӯ нашъаманд ва ҳам дорандаи ВИЧ мебошад, вале чи хеле набошад, ӯ барои ман азиз аст, - гуфт ба IWPR модари Зафар. - Дар ҷомеаи мо натанҳо одамони оддӣ, балки духтурон низ ба чунин одамон бо чашми бад ва боҳазар менигаранд”.

Шумораи ВИЧ-беморон дар Тоҷикистон вақтҳои охир босуръат меафзояд. Мувофиқи маълумоти Маркази пешгирӣ ва мубориза бо СПИД, шумораи ҳодисаҳои ба қайд гирифташуда дар соли 2008 то 27% ва дар соли 2009 то 32% афзудааст.

Тибқи нишондодҳои Марказ, декабри соли 2008 аз 7 миллион аҳолӣ шумораи ВИЧ-мубталоён 1400 нафарро ташкил медод. Вале аз рӯи маълумоти Фонди умумиҷаҳонии мубориза бо ВИЧ/СПИД, бемориҳои сил ва табларза, ки гузарондани табобати антиретровирусӣ ва дигар хизматрасониҳо дар кишварро маблағгузорӣ менамояд, шумораи онҳо 10 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.

Ҳисоб карда мешавад, ки аксари ҳодисаҳои гузаштани беморӣ тавассути истифодабарии дубораи сӯзанҳо рӯй медиҳад. Тавассути Тоҷикистон героини афғонӣ ба кишварҳои Россия ва Аврупо мегузарад. Сатҳи истеъмоли маводҳои нашъадор дар кишвар бо сабаби арзонӣ ва дастрасиашон афзудааст. Шумораи ҳодисаҳои гузаштани вирус бо алоқаи ҷинсӣ низ афзудааст, сабабаш он аст, ки шаҳрвандони Тоҷикистон барои корҳои мавсимӣ ба дигар кишварҳо сафар мекунанд. Сатҳи фоҳишагӣ низ афзуда истодааст.

Нигоҳдории тандурустӣ дар кишвар дар ҳоли табоҳ қарор дорад ва одамонро аз ҷустуҷӯи кӯмак ҷаҳонбинии иҷтимоӣ низ бозмедоранд.

Фарзонаи 30-сола ВИЧ доштанашро дар таваллудхона фаҳмид. Аз он ки хуни ӯро барои чунин ташхискунӣ гирифтаанд, ба ӯ чизе нагуфтанд.

Мудири таваллудхона бо хабардор шудан аз бемории Фарзона хост ӯро базудӣ аз таваллудхона ҷавоб диҳад. Вале духтури занонаи Фарзона ба ин монеъ шуда ғайриқонунӣ будани ин амалашро ба мудир фаҳмонд.

Ба он нигоҳ накарда, ки ӯ дар беморхона монд, Фарзона худро хеле ноҳинҷор ҳис мекард.

«Духтурон бо мазаммат ба ман менигаристанд ва муносибати хунукназарона мекарданд, - нақл мекунад Фарзона. - Охир ман гунаҳкор нестам ку, ки гирифтори ин беморӣ шудаам».

Мувофиқи қонунгузории Тоҷикистон, саркашӣ аз расонидани кӯмаки тиббӣ ба шахсони мубталои ВИЧ — ғайриқонунӣ мебошад.

Мувофиқи қонун оид ба мубориза зидди ВИЧ/СПИД, ки соли 2005 қабул шудааст, ҳама намуди беэътиборӣ нисбати дорандагони ВИЧ/СПИД, ки барои гирифтани кӯмаки фаврӣ ва доимии тиббӣ муроҷиат мекунанд, манъ карда шудаанд.

То ҳол ягон муроҷиат ба суд доир ба ин қонунвайронкунӣ қайд карда нашудааст. Ба гуфти коршиносон, шахсоне, ки дорандаи ВИЧ/СПИД ҳастанд, метарсанд, ки агар ҳамсояҳо, ёру дӯстон, ҳамкорон ва ҳатто хешовандон аз ин огоҳӣ ёбанд, боиси шармандагиашон мешавад.

Зебо Абдураҳмонова, рӯҳшинос аз Маркази саломатии рӯҳӣ ва ВИЧ/СПИД мегӯяд, ки одамон дар бораи гирифторшавии худ ба ин беморӣ ба духтурон гуфтан хоҳиш надоранд, аз тарси он ки бо хусумати онҳо дучор мешаванд.

«Ин нодуруст аст, зеро духтур, вақте мақоми беморро медонад, чунин доруҳоро мефармояд, ки ба доруҳои табобати антиретровирусӣ таъсир намерасонанд», - мегӯяд Абдураҳмонова.

Севара Комилова, директори ташкилоти ҷамъиятии «Гули сурх», иброз дорад, ки айни ҳол вазъият тағйир ёфта истодааст, аз ҷумла дар соҳаи тандурустӣ.

«Агар пештар дар таҷрибаи мо чунин ҳодисаҳо ба монанди қонунвайронкуниҳо нисбати занони ҳомила дар таваллудхонаҳо ҷой доштанд, акнун ин мушкилӣ пурра аз байн рафтааст. Таваллудхонаҳо бемонеа занҳои гирифтори ВИЧ-ро, бо вуҷуди донистани мақоми онҳо қабул мекунанд», - гуфт ӯ.

«Агар пештар беморони ВИЧ-ро шахсони нолоиқ ҳисобида, аз онҳо метарсиданд, айни ҳол мо бо фаҳмиши одамони солим дучор мешавем. Нофаҳмӣ бошад ҳам, ин ҳодисаҳои ягона мебошанд. Одамон дарк мекунанд, ки аз гирифторшавӣ ба ин беморӣ ҳеҷ кас эмин нест, новобаста аз он ки чи тарз ҳаёт ба сар мебарад», - илова намуд ӯ.

Ҳамаи номҳои беморони ВИЧ дар мақола иваз карда шудаанд. (Чанде пеш IWPR дар ин мавзӯъ гузориш намуда буд: Таджикистан: ВИЧ-инфицированные страдают молча, (RCA No. 538, 20-Mar-08).

Frontline Updates
Support local journalists