Тоҷикистон: мушкилоти ёфтани кор барои занҳои аз маҳбас озодшуда

Камбизоатӣ ва муносибати ҷомеа ба занони маҳбасшуда, ки ин далелро шармандагӣ меҳисобад, сабаби шумораи зиёди маҳкумшавии дуюмбора байни заноне, ки аз маҳбасхонаҳо озод шудаанд, мегардад.

Тоҷикистон: мушкилоти ёфтани кор барои занҳои аз маҳбас озодшуда

Камбизоатӣ ва муносибати ҷомеа ба занони маҳбасшуда, ки ин далелро шармандагӣ меҳисобад, сабаби шумораи зиёди маҳкумшавии дуюмбора байни заноне, ки аз маҳбасхонаҳо озод шудаанд, мегардад.

, ки ба тақдираш тан додааст ва маҷбур аст, то дар маҳбас монад.



«Шояд ба шумо аҷиб бошад, вале дар зиндон ман худро нисбати дар озодӣ будан, беҳтар ҳис мекунам, - гуфт ӯ ба IWPR. – Ба ҳар ҳол, ман ин ҷо кор мекунам: дар фабрикаи хурдакак лавозимоти ҷойи хобро барои меҳмонхонаҳо медӯзам».



Роза бори дуввум аст ба муассисаи ислоҳотии ягонаи занона дар Тоҷикистон, ки аз пойтахти кишвар шаҳри Душанбе 70 км дуртар ҷойгир шудааст, маҳкум мешавад. Барои нашъаҷаллобӣ ӯ дар паси панҷара шаш сол гузаронида, боз барои ҳамин гуноҳ, пас аз ду соли озодшавӣ маҳкум гардид.



Ӯ мегӯяд, берун аз ҳудуди маҳкама ёфтани кор душвор буд; ӯ ягон гуна кӯмак аз ҳукумати маҳаллӣ намегирифт. Ниҳоят ба ӯ муяссар гашт, ки дар қаҳвахона кори табақшӯйро пайдо кунад, вале бо сабаби шароити вазнини корӣ, ӯ аз он ҷо рафт.



Байни ӯ ва соҳиби қаҳвахона бо сабаби надодани маошаш муноқишае ба миён омад, ва пас аз он, ӯ ба қаҳвахона баргашта, сумкаро бо даромади рӯзона дуздида пинҳон шуд.



«Ду дақиқа ман гаранг шуда истодам ва чизе дар даруни ман гуфт «гиру гурез» ва ҳамин тавр ҳам кардам», - нақл кард ӯ. Ин амалашро касе аз коргарон дид, пас аз ин ба кормандони милиса дар ин бора хабар доданд ва аз қафояш то хона омаданд.



Роза – яке аз ҳазорҳо заноне, ки барояшон пас аз баромадан аз муассисоти ислоҳотӣ ба зиндагии муқаррарӣ баргаштан душвор мебошад. Байни онҳо сатҳи такрор шудани ҷиноят баланд аст.



Мансабдор аз муассисаи ислоҳоти занон ба IWPR нақл кард, ки зиёда аз 60 нафар аз 291 маҳбасшудагони соли 2007 авф кардашуда, боз ба колония афтодаанд. Аз он замон боз 30 нафаре, ки аз «занги аввал то охир» нишаста буданд, озод карда шуданд, вале қариб сеяки онҳо боз қонуншиканӣ карда, ба маҳбасхона афтоданд.



Лариса Кабилова, судяи Суди олии Тоҷикистон мегӯяд, ки набудани барномаҳои эҳёгардонӣ барои собиқ маҳбасшудагон, чӣ занон ва чӣ мардон, ба мӯҳлати дуюмбора оварда мерасонад.



«Аксариятро пеш аз мӯҳлат ҷавоб медиҳанд, вале, аз афташ, дар ҷомеа сабабҳое ҳастанд, ки ин занонро маҷбур месозанд боз ба зиндон баргарданд, ё ин ки онҳо қатори бекоронро дар ҷумҳурӣ зиёд мегардонанд», - гуфт ӯ.



Бо сабаби хунукназарӣ ва нобоварии паҳнгашта нисбати собиқ маҳбасшудагон, аксари кордиҳандагон онҳоро ба кор қабул намекунанд. Бӯҳрони ҷории иқтисодӣ, ки аксари муҳоҷирони дар Россия кор кардаистодаро, маҷбур сохт ба хона баргарданд, боиси боз ҳам душворшавии вазъият дар бозори меҳнати Тоҷикистон гашт.



Нилуфари 24-сола, аз 8 соли барои қочоқи нашъа маҳкум шудааш, панҷ солашро дар зиндон гузаронид ва бо авфи умумии ба муносибати Иди байналхалқии занон эълон гашта, моҳи март озод шуда буд. Аз он замон то имрӯз ӯ кор мекобад.



«Менеҷер доир ба кормандон дар ширкати телефонӣ коғазҳои маро аз назар гузаронида, ҷавоби рад дод. Ман инчунин дар супермаркет кор кофтам, вале дар онҷо низ ба ман «не» гуфтанд. Акнун фикри онро дорам, чӣ гуна зиндагиамро пеш мебарам», - гуфт Нилуфар ва илова намуд, ки ҷои фаррошро дар мактаб ваъда карданд, вале ҳоло маълум нест, ӯро ба кор мегиранд ё не.



Ҳатто то бӯҳрон Тоҷикистон яке аз кишварҳои камбизоаттарини Осиёи Марказӣ буд, зиёда аз ними аҳолии он пастар аз ҳадди ақали камбағалӣ зиндагӣ мекунанд, ки аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ он 2 доллар дар як рӯз муқаррар карда шудааст.



Раиси Кумитаи ҳукуматии кор бо занон ва оила Хайринисо Юсуфӣ ба IWPR гуфт, мушкилоти корёбиро, ки собиқ маҳбусшудагон бо он рӯ ба рӯ мешаванд, хуб медонад.



«Мо кӯшиш мекунем дар навбати аввал занҳои серфарзандро соҳиби кор намоем. Ба ин қисмат занҳои маҳбусшуда низ дохил мешаванд, ки ба мо барои кӯмак муроҷиат менамоянд. Мутаассифона, на ҳама ба мо муроҷиат менамоянд. Соли охир бӯҳрони иқтисодӣ вазъияти бо кор таъмин намудани занҳоро бадтар кард. Аксари соҳибкорон, ки пештар бо тавсияҳои мо занҳоро ба кори каммаош мегирифтанд, акнун ҷавоби рад медиҳанд», - гуфт ӯ.



Ғайри кумитаҳои ҳукуматӣ дар Тоҷикистон наздики 400 ташкилот мавҷуд аст, ки бо мушкилии занон машғул аст, вале ягонтои он доир ба масъалаи ба ҳаёт мутобиқсози занони маҳбусшуда машғул намешаванд.



Фурӯши ғайриқонунии нашъа одамонеро ҷалб месозад, ки кор ёфта наметавонанд; занҳо барои қочоқи нашъ бештар мераванд, зеро қочоқчиён чунин меҳисобанд, ки занҳо нисбати мардон камтар шубҳаовар ҳастанд.



Сарҳади тӯлкашида байни Тоҷикистону Афғонистон аз манотиқи кӯҳӣ мегузарад ва хуб муҳофизат намешавад, ин ҷиҳат барои қочоқи героин хеле мусоид аст, ки минбаъд ба Россия ва Аврупо интиқол мегадад.



Ҷонишини сардори муассисаҳои ислоҳотии Вазорати адлия Баҳром Абдулҳақов мегӯяд, ки аксари занҳо дар маҳбасхонаҳо барои қочоқи нашъа, фурӯш ва ё истифодабарии он маҳкум шудаанд.



Дар қатори дигар ҷиноятҳо – фурӯши одамон, танфурӯшӣ ва ғоратгарӣ мебошад.



Бори аввал Сабина, ки ҳоло 45 сола шудааст, барои қочоқи нашъа ва бори дуюм барои танфурӯшӣ ва нигоҳдории фоҳишахона маҳкум шудааст. Ба озодӣ баромада, ӯ ба гурӯҳе пайваст, ки бо ғоратгарӣ машғул буд ва акнун бори сеюм дар паси панҷара нишастааст.



Ӯ мегӯяд, ки берун аз зиндон зиндагӣ кардан ба ӯ душвор аст. Бо надоштани хона, пул ва кор, ӯ худро ватангадо ҳис мекунад ва тӯъмаи сабуки кормандони милиса мегардад, вақте онҳо амалиёт мегузаронанд.



«Онҷо аз тарс ҳамеша меларзӣ, ки туро кормандони милиса дастгир ва латукӯб накунанд, - мегӯяд ӯ. – Аз ин бадтар, вақте мефаҳманд, ки ман аз рӯи моддаи 205 (нигоҳдории фоҳишахона) маҳкум шуда будам ва пас аз пурсиш албатта тамаъкорӣ менамоянд».



Ба монанди рафиқи бадбахташ Роза, Сабина мегӯяд, ки дар маҳбасхона дар бораи хӯрок, кӯмаки тиббӣ ва боми болои сар фикр кардан лозим нест.



«Дар зиндон ҳама чиз оддӣ аст. Танҳо қоида ва вазифадориҳои онро риоя намудан лозим», - мегӯяд ӯ.



«Аз ин ҷо баромада, кӯшиш мекунам дигар қонуншиканӣ накунам, пули сабукро накобам ва содиқона кор кунам», - мегӯяд Аноргул, маҳбасшудаи дигар.



Айни ҳол дар колонияи занона қариб 290 маҳбасшудагон ҷой доранд. Авфи навбатӣ 4 ноябр эълон шуда буд ва ба он бисёр занҳои маҳбасшуда афтоданд. Вале эҳтимоли он ки онҳо бо ҳаёти хуб зиндагӣ мекунанд чунон кам аст, ки баргаштани онҳо ба маҳбасхона – танҳо гузашти вақт мебошад.



Салимахон Вахобзаде, хабарнигори «Народная газета» дар Душанбе.





Frontline Updates
Support local journalists