Тоҷикистон: муносибатҳо бо Россия аз сабаби авҷи фалаҷи атфол тезутунд гаштанд
Ихтилофи Москва ва Душанбе дар нисбати маҳдудиятҳо оиди пешгирикунии паҳншавии беморӣ.
Тоҷикистон: муносибатҳо бо Россия аз сабаби авҷи фалаҷи атфол тезутунд гаштанд
Ихтилофи Москва ва Душанбе дар нисбати маҳдудиятҳо оиди пешгирикунии паҳншавии беморӣ.
Вокуниши тунди Москва ба авҷи фалаҷи атфол дар Тоҷикистон байни ду кишвар як навъ шиддатро ба миён овард, зеро Душанбе ворид сохтани маҳдудиятҳоро чорабинии зиёдатӣ мешуморад.
Авҷи беморӣ моҳи апрел ба қайд гирифта шуд, вақте пизишкон теъдоди бениҳоят зиёди ҳодисаҳои фалаҷшавӣ - камшавии тонуси мушакҳоро, ки аломати фалаҷи атфол мебошад, ба қайд гирифтанд. 16 май Вазорати тандурустии Тоҷикистон оиди 83 ҳодисаи тасдиқёфтаи фалаҷи атфол ва як ҳодисаи фавт, хабар дод. Рӯзи дигар Ташкилоти байналмиллалии тандурустӣ (ТБТ) доири 129 ҳодисаи тасдиқшудаи мубталошавӣ ба беморӣ хабар дод. Авҷи беморӣ дар пойтахти ҷумҳурӣ шаҳри Душанбе ва атрофи он, инчунин дар вилояти Хатлон дар ҷанубу ғарби кишвар қайд карда шуд.
Ин авҷи нахустини беморӣ дар Тоҷикистон аз соли 1997 мебошад.
Фалаҷи атфол — ин бемории зудсирояткунанда мебошад, ки системаи асабро ранҷ дода дар баъзе ҳолатҳо ба фалаҷ оварда мерасонад. Асосан аз он кӯдакон зарар меёбанд; фалаҷи атфол тавассути хӯроки сироятшуда, наҷосат ва оби нӯшидани мегузарад.
ТБТ дар бораи анҷомёбии ду давраи чорабинии моякӯбии умумимиллӣ барои кӯдакони то шашсола хабар дод. Давраи сеюм бояд панҷ рӯзи аввали моҳи июн идома ёбад.
Бо хавотирӣ аз имконияти сирояти вирус бо садҳо ҳазор муҳоҷирони меҳнатӣ аз Тоҷикистон ё тавассути молҳои воридотӣ, Москва аввали моҳи май як қатор чораҳо дид.
2 май онҳо воридоти меваи хушк ва донагиро аз Тоҷикистон манъ карданд. Роспотребнадзор — хадамоти назорат дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқҳои истеъмолгарон ва беҳдошти инсон — изҳор намуд, ки ин молҳо хавотирии махсусро ба миён меоварад, зеро хом истеъмол карда мешаванд.
Чор рӯз пас Москва воридшавии кӯдакони то шашсоларо аз Тоҷикистон то ба охир расидани маъракаи эмкунӣ манъ кард. Сардори Роспотребнадзор Геннадий Онищенко изҳор дошт, ки ҷорӣ намудани таҳримот пас аз он зарур гашт, ки ба шаҳри Иркутск кӯдаки 9-моҳа ворид шуда буд ва духтурон дар ӯ фалаҷи атфолро ташхис намуданд.
Барои Тоҷикистон чунин таҳримот зарбаи ҳақиқӣ гашт, зеро меваи хушк ва донагӣ моли асосии содиротӣ мебошанд.
6 май вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ ба сафири Россия дар ин кишвар Юрий Попов бо хоҳиши барҳам додани манъи воридоти молҳоро аз Тоҷикистон эътирознома дод. Ҳукуматдорони Тоҷикистон таъкид доранд, ки донагиву хушкмеваҳо бехатар ҳастанд, зеро дар вилояти Суғди шимоли кишвар парвариш шудаанд, ки онҷо ягон ҳодисаи фалаҷи атфол ба қайд гирифта нашудааст.
Душанбе ва Москва ҳамчунин нисбати қарори Россия доир ба баровардани кӯдакони россиягӣ аз Тоҷикистон бо хатари сироятшавӣ ба тафоҳум нарасиданд. Аксари онҳо — кӯдакони низомиёни пойгоҳи ҳарбии русӣ дар Тоҷикистон мебошанд.
Дар мусоҳиба бо радиои русӣ 11 май Онищенко иброз дошт, ки хадамоти ӯ ба ҳукуматдорони Тоҷикистон барои кӯмак расонидан дар баровардани кӯдакони русӣ муроҷиат намудааст. Вале, гуфт ӯ, онҳо бо монеаҳо дучор шуданд ва тахмин кард, ки ин кӯшиши ҳукуматдорони тоҷик барои ба даст овардани барҳам додани таҳримот ба воридоти молҳо буд.
Намояндаи Вазорати корҳои дохилӣ Давлат Назриев ин тахминро инкор кард ва гуфт, ки ягон гуна маҳдудиятҳо барои баромадани ягон кас аз кишвар муқаррар нашуда буд.
Ҳамзамон сафири Россия дар Тоҷикистон кӯшиши баэътидол овардани вазъият намуда, изҳор дошт, ки мушкилии баромадани одамон на бо сабаби монеагузорӣ, балки бо сабаби рӯзҳои идона (8-10 май) бахшида ба Рӯзи Ғалаба ба миён омада буданд.
Вазъияте, ки атрофи авҷи фалаҷи атфол дар кишвар ба амал омад, мушкилиҳои боз ҳам амиқи муносибатҳои Россия ва Тоҷикистонро инъикос менамояд.
Сиёсатшиносон дар Тоҷикистон дар сӯҳбат бо IWPR тахмин намуданд, ки Россия сабабҳои пӯшида барои чунин аксуламал ба вазъият бо фалаҷи атфол дошт. Онҳо фикр доранд, ки ин бо сохтмони давомёфтаистодаи НОБ-и Роғун вобастагӣ дорад. Ширкатҳои русӣ аз иштирок дар ин лоиҳа ду сол пеш бо сабаби муноқишаҳо вобаста ба сохтмон даст кашиданд; ғайр аз ин, ба наздикӣ Ӯзбекистон ба Москва таъкид дошт, ки норозигии ӯро аз нақшаи сохтмони НОБи тоҷик дастгирӣ намояд, ки он тавре Ӯзбекистон метарсад, пас аз сохта шудан, ӯро аз ними об маҳрум месозад.
Додоҷон Атовуллоев, аз мухолифини тоҷик дар ҳиҷрат, инро бо дигар ҳодисот тавъам медонад. Россия ба дигар кишварҳои собиқ Иттифоқи Шӯравӣ низ, ки муносибатҳои сиёсиашон рӯ ба бадшавӣ меоварданд, замоне таҳримҳо ҷорӣ намуда буд. Ҳамчун намуна ӯ маъкунии воридоти шаробро аз Гурҷистон ва Молдова ва ширро аз Беларус мисол овард.
Аркадий Дубнов, рӯзноманигор аз Москва, ки ба Осиёи Марказӣ махсусгардонидашуда аст, ин тахминҳоро инкор мекунад, бо он ки муносибатҳо байни Россия ва Тоҷикистон ҳоло на онқадар бад ҳастанд. Ба фикри ӯ, мушкилӣ дар аксуламали беҳад пурҳаяҷони Геннадий Онищенко мебошад, ки ӯро ҳамчун инъикосгари нуқтаи назари Кремл нахоҳад пазируфт.
Ҷумабой Сангинов, сарвари фраксияи парлумонии Ҳизби халқӣ демократии Тоҷикистон бо он розӣ аст, ки Москваро дар сисёсаткунонии барзиёд муттаҳам кардан мумкин нест. Бо вуҷуди аз рӯи касб духтур буданаш, Сангинов гуфт, ки Тоҷикистон бояд дар қобилият надоштани худ барои амалисозии чораҳои кофӣ дар пешгирӣ намудани авҷи фалаҷи атфол иқрор шавад.
«Фалаҷи атфол дар Тоҷикистон бо он сабаб паҳн гашт, ки дар гузашта на ҳамаи сокинони кишвар аз ин вирус моякӯбӣ намудаанд», - гуфт ӯ.
Фирӯз Саидов, коршиноси Маркази тадқиқотҳои стратегӣ дар назди президенти кишвар илова мекунад: «Дар ҳақиқат, мо паҳншавии вируси фалаҷи атфолро дар Тоҷикистон ғафлат намудем ва ин ба системаи тандурустии мо баҳои манфӣ аст».
Ҷаҳонгир Бобоев – тахаллуси рӯзноманигор дар Тоҷикистон.
Мақолаи мазкур дар доираи ду лоиҳаҳои IWPR таҳия карда шудааст: «Ҳифзи ҳуқуқҳои инсон ва маълумоти ҳифзиҳуқуқӣ тавассути ВАО дар Осиёи Марказӣ», ки аз ҷониби Комиссияи Аврупо ва «Барномаи иттилоотӣ оид ба равшаннамоии масоили ҳифзиҳуқуқӣ, муноқишаҳо ва мустаҳкамгардонии боварӣ», ки аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии Норвегия маблағгузорӣ карда мешаванд.
IWPR барои мундариҷаи мақолаи мазкур масъулияти пурра бурда, дар ягон ҳолат нуқтаи назари кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ё Вазорати корҳои хориҷии Норвегияро инъикос наменамояд.