Тоҷикистон: гардиши нав дар мубориза бо ҷангиён

Дар пайи як ҳамла 25 сарбози ҳукуматӣ кушта шуданд, ки суолҳо дар бораи субот ва ҳузури исломиёни аз хориҷ воридшуда ба кишварро ба миён гузошт

Тоҷикистон: гардиши нав дар мубориза бо ҷангиён

Дар пайи як ҳамла 25 сарбози ҳукуматӣ кушта шуданд, ки суолҳо дар бораи субот ва ҳузури исломиёни аз хориҷ воридшуда ба кишварро ба миён гузошт

Monday, 4 October, 2010

Дар ҳоле ки нерӯҳои ҳукуматӣ амалиёти саркӯб кардани гурӯҳҳои мусаллаҳ дар шарқи ин кишварро баъд аз талафи 25 сарбоз бар асари ҳамла аз камин идома медиҳанд, назари коршиносон дар бораи пайдоиши ҷангиён ҳамсон аст.
Бар пояи таҳқиқи IWPR, мухолифат аз сӯи нерӯҳои низомии собиқ фармондеҳони Иттиҳоди нерӯҳои оппозитсиони тоҷик (ИНОТ) сурат мегирад, ки дар замони ҷанги дохилии Тоҷикистон солҳои 1992 — 1997 фаъолият доштанд.

Изҳороти Ҳаракати исломии Ӯзбекистон (ҲИӮ) — созмони исломии коршарики Толибон дар бораи он ки ҳамла кори дасташ аст, он қадар дақиқ нест, аммо дур аз ҳақиқат нест, зеро ҲИӮ бо гурӯҳҳои тоҷикӣ робита дорад ва шояд ҷосусонашро барои ба таҳрик даровардани онҳо ба хотири ташдид фаъолият фиристодааст.

Ҳамла 19 сентябр, вақе ба вуқӯъ пайваст, ки мошини ҳомили сарбозон тариқи дараи Камароби водии Рашт, 180 километрии шаҳри Душанбе ҳаракат мекард. Бар асари тирборони боркаши безиреҳ 25 сарбоз кушта ва 11 тани дигар захмӣ шуданд.

Нерӯҳои амниятӣ дар посгоҳҳое, ки моҳи август барои боздошти фирориёни зиндони низомаш шадид дар Душанбе гузошта буданд, тақсим шуданд. Қисмати умдаи зиндониёни фирорӣ аз гурӯҳи 46 нафарае буд, ки соли 2009 боздошт шудаанд, замоне ки нерӯҳои ҳукуматӣ амалиёти вижаеро дар шарқи Тоҷикистон алайҳи гурӯҳҳои мусаллаҳ пиёда карданд.

Вазорати дифоъ ва Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон изҳор доштанд, ки ҳамла аз каминро гурӯҳи ҷангиёни Мирзохӯҷа Низомов — собиқ сарвари шӯъбаи мубориза алайҳи ҷиноятҳои созмонёфтаи Рашт, ҳамчунин Мулло Абдулло ва Аловуддин Давлатов анҷом додаанд. Ин гурӯҳ, афзуданд мақомоти амниятӣ, сарбозонро аз ҷумлаи ҷавонон барои омӯзиши амалиёти террористӣ гирдиҳам овардааст.

Хадамоти махсус манзили Аҳмадовро, ки на он қадар дур аз Ғарм аст, муҳосира карда, 5 ҷангии эҳтимолиро куштаанд ва махфигоҳи силоҳро мусодира кардаанд.

Нерӯҳои ҳукуматӣ ба таъқиби фаъолони маҳаллӣ ва ҷонибдорони хориҷии онҳо, ки дар ин минтақа ба сар мебаранд, оғоз карданд. Як сокини маҳал рӯзи 22 сентябр ба IWPR гуфт, вазъ муташанниҷ аст ва мошинҳои низомӣ ба ину он тараф дар роҳи байни Ғарму дараи Камароб ҳаракат мекунанд. Сокини дигар гуфт, ки роҳҳои хуруҷу вуруд ба деҳот баста аст.

Рӯҳияҳои ҷангӣ аз куҷо пайдо шуданд?
Нигарониҳои афзоянда дар навоҳии шарқии кишвар ёдоварии ногувор аз ҷанги дохилии солҳои 1992 — 1997 аст. Он замон Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини тоҷик (ИНОТ), ки гурӯҳҳояш аз сӯи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон раҳбарӣ мешуданд, алайҳи ҳукумати баъдикоммунистии кишвар меҷангид.

Мухолифат бо Созишномае ба охир расид, ки тибқи он ҷангиён силоҳ гузоштанд ва ба зиндагии мулкӣ баргаштанд. ҲНИТ ҳизби қонунӣ эълон шуд ва фармондеҳони собиқи ИНОТ ба мансабҳои давлатӣ расиданд.

Рӯйхати дастандаркорони тахминие, ки аз сӯи ҳукумати Тоҷикистон эълом шуд, дуруст ба пайдоиши маҳаллии сабабҳои ҳаводиси хунин ишора мекунад. Аз ҷумла номҳои фармондеҳони собиқи ИНОТ эълом шуданд, ки аз ҳукумат хаста шудаанд ва ҳанӯз метавонанд ба пуштибонии мардуми маҳаллӣ умед банданд ва онҳоро бо силоҳ таъмин кунанд.

Кор боз пурчигил шуд, вақте ҲИӮ, ки ҳадс зада мешуд, дар Покистону Афғонистон мустақар аст, эълом дошт, ки ҳамла ба сарбозон кори дасти маҳз ӯст.

Дар ин изҳороти видеоӣ, ки ба бахши тоҷикии Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ фиристода шудааст, марде зоҳир шуд, ки худро Абдуфаттоҳ Аҳмадӣ, намояндаи ҲИӮ муаррифӣ кард. Вай гуфт, ҳамла интиқом аз ҳукумати Тоҷикистон, аз ҷумла барои бастани масҷидҳо, зиндонӣ кардани мусулмонон ва манъи ҳиҷоб аст.

Дар натиҷаи ин ахбори зиддунақиз, ҳамчунин набуди иттилоъ, бархе ҳукумати Тоҷикистонро барои хулосаҳои саросемавораш дар бораи шахсияти ҷинояткорон муттаҳам карданд.

Дигарон ҳадс заданд, ки ҳукумат барқасдона иттилоъи дурӯғинро ба хотири дурустии баргузории амалиёти вижааш дар шарқи Тоҷикистон пахш кардааст. Дар ҳамин ҳол, Санавбар Шерматова, коршинос дар умури Осиёи Марказӣ аз Маскав мегӯяд, ба изҳороти «тахайюлии» мақомоти Тоҷикистон дар бораи мавҷудияти таҳдиди низомӣ бовар кардан дуруст нест. «Ин тавр буда наметавонад» - гуфт ӯ.

Иддае аз таҳлилгарон гумон доранд, ки ҲИӮ изҳороти дурӯғинро ба хотири таблиғи худ дар Осиёи Марказӣ, он ҷо ки дар ибтидо созмон ёфтааст ва солҳои 1999 — 2000 чанд юриш анҷом додааст, пахш кардааст.

«ҲИӮ ҳар чӣ гуфтан мегирад. Пушти суханҳои онҳо танҳо сухан аст, - гуфт Марат Мамадшоев, муҳаррири ҳафтаномаи «Азия-плюс». - Бовар дорам, ки имрӯз дар Рашт хориҷиён ё нестанд, ё он қадар каманд, ки дар бораашон кирои сӯҳбат кардан нест».

Аммо Шерматова мегӯяд, он далоил ки пушти ҳамла ҷангиёни маҳаллӣ ё ҲИӮ ҳастанд, якдигарро истисно намекунанд.
«Инҳо шояд воқеан ҷангиёни ҲИӮ буданд, шояд ҷангиёни коршарики ҲИӮ аз ҷумлаи мардуми маҳаллӣ ҳастанд, ки силоҳ нагузоштаанд» - гуфт ӯ.

Як манбаъ дар мақомоти амниятӣ ба IWPR гуфт, ҷангиёни собиқ ҳанӯз ҳамчун як нерӯ боқӣ мондаанд, ки онро наметавон дар бархе аз навоҳии шарқӣ аз ҳисоб берун гузошт, он ҷо ки дар замони ҷанги шаҳрвандӣ пойгоҳҳои ИНОТ ҷойгир буданд. Тайи солҳои тӯлонӣ, гуфт ӯ, ҳукумат ба онҳо чашм мепӯшид, зеро афзалиятҳои дигар дошт.

«Баъд аз мусолиҳа (соли 1997) ҳукумат ба ҷиноятҳои сершумори фармондеҳони собиқ ИНОТ чашм мепӯшид ва мекӯшид, ки онҳоро бо мансабҳо, корхонаҳо ва имкони даромад гирифтан аз тиҷорати маводи мухаддир «харад», - гуфт манбаъ бидуни бурдани номаш. - То ин дам... намое аз ҳукумат вуҷуд дошт — рӯзона дар маркази ноҳияҳо мансабдорону милисаҳо ва дигар намояндагони ҳукумат боэҳтиёт ҳаракат мекарданд, аммо баъд аз фаромадани шаб ҳукумат ба дасти фармондеҳони собиқи ИНОТ мегузашт».

Ин вазъ, гуфт ӯ, бахусус баъд аз чанд ҳодиса ошкор шуд - ҳамлаи соли 2007 ба кормандони корхонаи чинӣ, ки ангишт истеҳсол мекард ва соли 2008 куштори фармондеҳи нерӯҳои зудамали вазорати корҳои дохила (ОМОН) аз сӯи, ба қавле ҷонибдорони Аҳмадов, ки ҳоло дар раҳбарии гурӯҳҳои ҷангиён дар водии Рашт муттаҳам мешавад.

Дар замони ҷанги шаҳрвандӣ Аҳмадов фармондеҳи ИНОТ буд, аммо баъд аз мусолаҳаи соли 1997 ба ӯ вазифаи сарвари шӯъбаи мубориза алайҳи ҷиноятҳои созмонёфтаи Раштро доданд. Ин вазъ то соли 2008 идома дошт, вақте барои боздошти ӯ ба Ғарм нерӯҳои ОМОН фиристода шуданд ва фармондеҳаш кушта шуд.

Манбаъи IWPR дар мақомоти амниятӣ ин ақидаро баён дошт, ки бозҷӯии куштори фармондеҳи ОМОН шаффоф набуд ва ҳукумат коре накард, то аз таҳдиди афзоянда ҷилавгирӣ кунанд.

Дар ҳамин ҳол, баҳори соли 2009 дар бораи пайдо шудани афроди мусаллаҳ (дар миёни онҳо Мулло Абдулло ҳам буд, ки таври маълум, баъд аз чанд сол аз Покистону Афғонистон ба ватан баргашт) дар кӯҳҳо овозаҳо паҳн шуданд. Ин овозаҳо ҳукуматро барои гузаронидани амалиёти низомӣ таҳрик дод, ки бар асари он дар шароити мармуз Мирзо Зиёев — шахсияти асосии ИНОТ ва фарди бомартаба дар шарқи Тоҷикистон кушта шуд.

«Баъд аз ин ҳукумат фишорро афзуд ва ин ҳол фармондеҳони собиқро ҳушёр кард. Онҳо боз ба ҷамъ овардани собиқ размандагони ИНОТ ва сарбозон аз ҷумлаи ҷавонон дар атрофи худ шурӯъ карданд» - гуфт манбаъи IWPR.

Таҳдиде, ки аз ҷунбишҳои ахир бар омад, зиёдтар мебуд, агар далоили раднашавандаи даст доштани ҲИӮ вуҷуд медоштанд.

Ба назар мерасад, изҳороти ҳукумат дар бораи даст доштани Мулло Абдулло дар ҳамла ба сарбозон мустақим ба худи ӯ рабт доранд. Тибқи гузоришҳо, фармондеҳи собиқи ИНОТ якчанд сол бо ҲИӮ дар Афғонистону Покистон ба сар бурд. Ҳамчунин хабар медиҳанд, ки Мулло Абдулло, ки номи аслиаш Абдулло Раҳимов аст, соли гузашта дар шарқи Тоҷикистон бо размандагони мусаллаҳ пайдо шудааст.

Дар идомаи қиссаи худ дар бораи гурӯҳҳои ҷангиёни мусаллаҳ дар шарқи Тоҷикистон, манбаъи IWPR гуфт, ба назар мерасад, он ҷо намояндагони ҲИӮ ҳам будаанд, аммо нақши асосиро бозӣ намекарданд.

Он замон, ки ҷангиёни собиқи ИНОТ ба таҷдиди гурӯҳҳои худ машғул буданд, аъзои ҲИӮ вориди шимоли Афғонистон шуданд. Пас аз солҳои тулонӣ, ки дар Покистон боз дуртар аз Тоҷикистон ба сар бурд, ҲИӮ маҳалли навро барои таҷдиди робита бо собиқ фармондеҳони тоҷик истифода кард. ҲИӮ-ро размандагони ӯзбеке созмон дода буданд, ки дар сафҳои ИНОТ дар замони ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон меҷангиданд. Ҳамин тавр, онҳо гузаштаву имрӯз ва ояндаи муштарак доранд.

«То ин дам вазъ дар кишварҳои ҳамсоя — Афғонистону Покистон бад шуд. Эътилоф ва артиши Покистон дар пайи нобуд кардани таркиби ҷангии Толибон, яъне ҲИӮ шуданд, ки ба вилояти бо Тоҷикистон ҳаммарзи Афғонистон тағйири макон мекард, - мегӯяд манбаъи IWPR. - Аъзои алоҳидаи он тариқи марзи гӯё ҳифзшаванда ба ин тарафи Ому гузаштанд, аз ҷумла Мулло Абдулло, ки бо фармондеҳони собиқи ИНОТ вохӯрд ва онҳоро ба силоҳ гирифтан даъват кард».Он чӣ ба ҳамла аз камин, ки ба қарибӣ рух дод, рабт дорад, афзуд ӯ, «ҲИӮ ба ин амал рабт дошт, аммо иҷрогарони асосӣ «муҷоҳидони» мо буданд»

Барои ҳалли бӯҳрон бархӯрди эҳтиёткорона бояд
Бӯҳрони шарқи Тоҷикистон мушкили ягонае нест, ки ҳукумат бояд ҳал кунад.
Ду корманди милиса кушта, 25 тани дигар бар асари амали террористӣ дар шаҳри Хуҷанд, дар шимоли кишвар захмӣ шуданд. Ду террористи интиҳорӣ мошини ҳомили маводи мунфаҷираро ба ҳавлии шӯъбаи минтақавии мубориза алайҳи ҷинояткорӣ ронда, таркиданд. Мақомот дар ин ҳодиса ҲИӮ-ро муттаҳам карданд, аммо созмон масъулияти ин инфиҷорро ба зимма нагирифт.

Баъд аз се рӯз дар натиҷаи инфиҷор дар клуби шабонаи пойтахт Душанбе панҷ нафар захмӣ шуданд. Баъдтар милиса эълом дошт, ки ин ҳамлаи террористӣ набуд.

Ниҳоят, як далели беэътимодии ҳифзи марз бо Афғонистон изҳороти марзбонони тоҷик дар бораи он аст, ки 11 сентябр онҳо дастикам 20 узви гурӯҳи Толибонро нобуд карданд ва як ҳамхизмати худро аз даст доданд.

Коршиносон ҳанӯз рӯи вусъати ҳаводис, гунаҳкорон ва иқдомоти зарурӣ дар робита бо ҳаводиси Рашт иттифоқи назар надоранд.

Аҳмадшоҳ Комилзода, гузоришгари радиои «Садои Амрико» мегӯяд, ҳузури гурӯҳҳои мусаллаҳ таҳдиди воқеист.

«Ҳукумат бо ҳамдастии аҳолии маҳаллӣ бояд муштарак тамоми кӯшишҳоро ба харҷ диҳад, то ин гурӯҳҳоро яктарафа кунад, ё ба хотири ҷилавгирӣ аз хунрезии бештар бо ҷангиён сари мизи музокирот нишинад» - гуфт ӯ.

Манбаъи IWPR дар мақомоти амниятӣ гуфт, ҳукумат бояд бо аҳолӣ ҳамкории танготанг дошта бошад.
«Ҳукумат қабл аз ҳама бояд дар ҷанги иттилоитӣ пирӯз шавад, то ҷомиа ниҳоят фаҳмад, ки дар Рашт чӣ мегузарад ва сукути он (ҷомиа) ҳаводиси хунбор дар пай хоҳад дошт» - гуфт ӯ.

Дар ҳамин ҳол, касе таҳаввулоти босуръати мухолифатҳо ё такрори ҷанги шаҳрвандии солҳои 90-ро пешгӯӣ намекунад.

«Агар воқеъбин бошем, шароит барои ҷанги дохилӣ дар кишвар вуҷуд надорад, - мегӯяд сиёсатшинос Рашид Ғанӣ Абдулло. - Агар ба солҳои 90 баргардем, ҷанг аз мубориза барои қудрат миёни элитаҳои сиёсии маҳаллӣ сар зад. Ҳоло мавзӯъи мубориза барои ҳукумат матраҳ нест. Шояд ҳастанд одамоне, ки аз амалкардҳои мақомот розӣ нестанд, аммо аз онҳое нестанд, ки ҳукуматро эътироф накунанд. Ба ҷуз ин, ҷомиа ҷангиёнро ҷонибдорӣ намекунад».

Лола Олимова – муҳаррири IWPR дар Тоҷикистон, Наргис Ҳамробоева – гузоришгар дар Тоҷикистон, ки дар нишастҳои омӯзишӣ ширкат кардааст

Мақолаи мазкур дар доираи ду лоиҳаҳои IWPR таҳия карда шудааст: «Ҳифзи ҳуқуқҳои инсон ва маълумоти ҳифзиҳуқуқӣ тавассути ВАО дар Осиёи Марказӣ», ки аз ҷониби Комиссияи Аврупо ва «Барномаи иттилоотӣ оид ба рӯшансозии масоили ҳифзиҳуқуқӣ, муноқишаҳо ва мустаҳкамгардонии боварӣ», ки аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии Норвегия маблағгузорӣ карда мешаванд.


IWPR барои мӯҳтавои мақолаи мазкур масъулияти пурра бурда, дар ягон ҳолат нуқтаи назари кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ё Вазорати корҳои хориҷии Норвегияро инъикос наменамояд.

Frontline Updates
Support local journalists