Тоҷикистон фазои тезутундгаштаро бо Россия бартараф месозад
Пас аз чанд муддати тезутундшавии муносибатҳо бо Россия, сарвари Тоҷикистон ниҳоят муваффақ гашт, ки вазъиятро чанде мулоим гардонида, ба гузаштҳои назаррас соҳиб гардад.
Тоҷикистон фазои тезутундгаштаро бо Россия бартараф месозад
Пас аз чанд муддати тезутундшавии муносибатҳо бо Россия, сарвари Тоҷикистон ниҳоят муваффақ гашт, ки вазъиятро чанде мулоим гардонида, ба гузаштҳои назаррас соҳиб гардад.
Гарчанде дар рафти боздиди президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аз Москва 22-23 октябр ягон созишнома ба имзо нарасид, таҳлилгарон мегӯянд, ки мақсади гуфтушуниди ӯ бо ҳамкори россиягиаш, Дмитрий Медведев ҳал намудани масъалаҳои гуногун, ки моҳҳои охир ба миён омадаанд, буд. Таҳлилгарон чунин мешуморанд, ки аз ин ҷиҳат вохӯрӣ бомуваффақият гузашт.
Дар Баёнияе, ки пас аз гуфтушунид садо дод, Раҳмон ва Медведев эълон намуданд, ки ба ҳукуматҳои худ фармоиш доданд, то ин ки барои ду сол нақшаи ҳамкории муштараки иқтисодиро бо назардошти васеъгардонии фаъолияти «Газпром» дар ҷустуҷӯи канданиҳои фоиданок, алалхусус, газ ва ҳамкорӣ доир ба ҳифзи ҳуқуқҳои муҳоҷирони тоҷик, таҳия намоянд.
Ҳамчунин онҳо масъалаи қарзе, ки истифодаи нерӯи барқи истеҳсоли нерӯгоҳи барқии обии Сангтӯда ба амал омадаро низ баррасӣ ва ҳал намуданд. То ба имрӯз ин қарз ба 30 млн. доллари ИМА расида буд.
Ду масъалаи дигаре, ки бояд дар рафти вохӯрӣ баррасӣ мешуданд, тамоман зикр нашуданд — на дар баёнияи баъд аз вохӯрӣ паҳншуда, на дар шарҳдиҳиҳои сарварони кишвар дар нишасти матбуотии якҷоя. Ин масъалаи пардохти иҷорапулӣ барои пойгоҳи ҳарбии русӣ дар ҳудуди Тоҷикистон ва роҳҳои аз саргирии сармоягузориҳои русӣ ба сохтмони нерӯгоҳи обии барқии Роғун.
Каме пештар аз вохӯрӣ ВАО-и ҳарду кишвар чунин тахминҳоро пеш оварданд, ки Душанбе аз Россия пардохти маблағи ҳангуфт — 300 миллион доллар барои иҷораи пойгоҳи ҳарбӣ дар ин кишвари осиёимарказиро талаб мекунад, ба монанди он ки Амрико барои истифодабарии пойгоҳи ҳарбӣ ба Қирғизистони ҳамсоя мепардозад ва аз он пештар ба Ӯзбакистон пардохт мекард.
Дивизияи 201-уми пиёдагарди русӣ дар Тоҷикистон пас аз пош хӯрдани Иттифоқи Шӯравӣ боқӣ мондааст. Штаби асосии дивизияи панҷҳазора дар пойтахти кишвар Душанбе ҷойгир шудааст; ҳамчунин пойгоҳҳои дигар дар шаҳрҳои Кӯлоб ва Қурғонтеппа дар ҷануби кишвар фаъолият мекунанд. Созишномае, ки соли 2004 ба мӯҳлати 10 сол ба имзо расида буд, ягон гуна иҷорапулиро дар назар надошт. Ба ин нигоҳ накарда, як қатор мансабдорони тоҷик норозигии худро нисбати нотавонии Москва доир ба иҷро намудани ваъдаҳои худ оиди сармоягузории сектори энергетикӣ, ки ҳамон вақт дода шуда буд, изҳор намуданд.
Россия он вақт ваъда карда буд, ки ба Тоҷикистон то ду миллиард доллар маблағгузорӣ мекунад, ки аксари он барои сохтмони нерӯгоҳи барқиву обии Роғун ва нерӯгоҳи нисбатан хурди Сангтӯда-1 равона карда мешавад. Сармоягузорӣ ба Сангтӯда-1 бомуваффақият анҷом ёфт — моҳи июли соли ҷорӣ истеҳсоли нерӯи барқ оғоз шуд. Созишномаи НБО Роғун бошад, бо сабаби пайдоиши баҳсҳо, ки оё Тоҷикистон метавонад соҳиби аксари саҳмияҳо бошад ва инчунин нишондоҳои техникӣ оиди баландии сарбанд, муттавофиқ нашуд. Соли 2007 ҳукумати Тоҷикистон Созишномаро бекор кард.
Соли ҷорӣ байни Москва ва Душанбе боз якчанд бархӯрдҳои дипломатӣ ба назар мерасид.
Моҳи январ Тоҷикистон норозигии худро нисбати он ки президент Медведев аз дастгирии нақшаҳои нави гидроэнергетикии Тоҷикистон даст кашида, ҷониби Ӯзбакистон шуд, ки он дар навбати худ бо сабабҳои экологӣ зидди ин нақшаҳо баромад мекунад, изҳор намуд.
Пас аз вохӯрӣ бо президенти Ӯзбакистон, Ислом Каримов, Медведев иброз намуд, ки сармоягузориҳои русӣ ба нақшаҳои гидроэнергетикии Тоҷикистон ва Қирғизистон танҳо баъд аз он амалӣ мегарданд, агар манфиатҳои дигар кишварҳои осиёимарказӣ ба назар гирифта шаванд. Чунин диди масъаларо Ӯзбакистон низ ҷонибдор аст, зеро хавотир аст, ки бо сохтмони НОБ ҳаҷми об барои обёрии заминҳояш метавонад ба тадриҷ кам гардад.
Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон базудӣ эътирози худро баён намуда, ҳайрати худро аз гуфтаҳои Медведев изҳор намуд.
Рӯзноманигор ва коршиноси масоили Осиёи Марказӣ Аркадий Дубнов, аз Москва, мегӯяд, ҳар чанд ки созишномаҳои расмӣ дар рафти гуфтушуниди Раҳмон ва Медведев ба имзо нарасид, вохӯрии онҳо бисёре аз нофаҳмиҳои ба вуҷуд омадаро ҳал намуд.
«Ба андешаи ман, ин маънӣ онро дорад, ки натиҷаи ягона ва муҳими боздид, хотима ёфтани кампанияи васеъи даъвоҳои гуногун аз ҷониби Тоҷикистон нисбати Россия, мегардад», - гуфт Дубнов дар мусоҳиба ба хабарнигори IWPR.
Ба ақидаи таҳлилгар, Москва ба сарвари Тоҷикистон ин боздидро бо тамоми шукӯҳу шаҳомати хоса, ҳамчун амали иродаи нек, пас аз суханроние, ки Медведев ҳангоми боздиди худ ба Тошканд карда буд ва боиси тезутундшавии муносибати тарафайн гашта буд, пешниҳод намуд.
Сарвари Ассотсиатсияи миллии сиёсатшиносони Тоҷикистон Абдуғанӣ Маҳмадазимов бо он ақида, ки президентон тавонистанд вазъиятро мулоим гардонанд, розӣ аст.
«Дар шароити дарҳои пӯшида, ҷонибҳо имкон пайдо карданд аз гунаҳкорсозиҳои тарафайн, шубҳадориҳо ва хунукшавии муносибатҳои ду ҷониб даст кашанд», - гуфт ӯ.
Баёноте, ки шахсони расмии русӣ ва тоҷик пас аз вохӯрӣ намуданд, мавқеи аслии ҳарду кишварро дар масоили пойгоҳи ҳарбӣ равшан намуданд.
Дар вохӯрӣ бо рӯзноманигорон пас аз гуфтушунид, вазири мудофиаи Россия Анатолий Сердюков қайд намуд, ки нисбати пойгоҳи ҳарбии русӣ ягон гуна мушкилӣ ба миён наомадааст.
Тибқи хабари агентии иттилоотии РИА Новости, ӯ гуфт, ки масъалаи пардохт соли 2014, ҳангоми тамом шудани мӯҳлати созишномаи ҷорӣ баррасӣ мешавад.
«Мо ду вариантро дида баромадем: давом додани истифодабарии пойгоҳ мисли пештара ё дар асоси пулакӣ. Айни ҳол суханронӣ кардан дар боби рақамҳо хеле барвақт аст», - гуфт ӯ.
26 октябр, ҳангоми муроҷиати худ ба хабарнигорон дар Душанбе, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ тасдиқ кард, ки созишномаи оиди иҷораи ройгон қонунан боқӣ мемонад.
«Россия ва Тоҷикистон нисбати ҳамдигар ягон гуна даъво ё шикоят надоранд, - илова намуд ӯ. - Ин ба ҳамкорҳои ҳарбӣ ва ҳам стратегӣ дахл дорад».
Ҳамчунин Зарифӣ ба он ишора намуд, ки русҳо барои иштирок дар лоиҳаи сохтмони НБО Роғун баргаштанианд.
«Ба наздикӣ консортсиуми байналхалқӣ барои ба анҷом расонидани корҳои сохтмонӣ аз рӯи ин нақшаи энергетикӣ таъсис дода мешавад, - гуфт ӯ. Он барои ҳамаи кишварҳо кушода мешавад ва мо медонем, ки Россия ба он нияти пайвастшуданро дорад»,
Ба ақидаи Дубнов, роҳбарияти Тоҷикистон мӯҳтоҷи пойгоҳи русӣ на камтар аз Москва мебошад, ки он ҳамчун кафолати бехатарии миллӣ мебошад.
«Равшан аст, ки Москва аз ҳолати аслии корҳо дар Тоҷикистон хеле хуб огоҳ аст ва оқибатҳои вазнини афзуншавии норозигиҳои иҷтимоиро дар кишвар дарк намуда, он нақши мӯътадилкунандаро, ки пойгоҳи ҳарбии Россия мебозад, хуб мефаҳмад», - гуфт ӯ.
Як қатор таҳлилгарони тоҷик қайд намуданд, ки генерал Дэвид Петреус, сарвари Маркази фармондиҳии ҚҲ ИМА, ки амалиётҳои ҳарбиро дар Ироқ ва Афғонистон назорат мекунад, 26 октябр, чанд рӯз пас аз боздиди Эмомалӣ Раҳмон ба Москва, ба Душанбе ташриф овард. Онҳо ин далелро ҳамчун шаҳодати он ки Вашингтон барои ҷалби диққати Тоҷикистон ҳамчун шарики минтақавӣ маънидод менамоянд.
Аммо Дубнов ба ин андешарониҳо комилан рози нест.
«Амрикоиҳо ба пойгоҳҳои ҳарбии Тоҷикистон, чунончи баъзан дар Душанбе тасаввур мекунанд, он қадар шавқманд нестанд, - гуфт ӯ. - Ва зиёд аз ин, амрикоиҳо ҳеҷ гоҳ ба гирудорҳои дохилии ҳарбиву сиёсӣ дар кишвар, баҳри ҳифзи режими ҳукмрон дар Тоҷикистон, дахолат намекунанд».
Коршиноси сиёсӣ аз Душанбе Рашид Ғанӣ Абдулло чунин мешуморад, ки масъалаи пардохти ҷойгиршавии пойгоҳи ҳарбӣ бартарие мебошад, ки Тоҷикистон онро барои ба даст овардани гузаштҳо дар дигар масъалаҳои иктисодӣ мехоҳад истифода барад.
«Бештар ин кӯшиши истифодаи ин мушкилӣ ҳамчун асбоби аз Россия ба даст овардани гузаштҳо дар ҳалли масъалаи аз ҷиҳати стратегӣ муҳими амалигардонии лоиҳаҳои гидроэнергетикӣ мебошад», - гуфт Рашид Абдулло.
Далер Ғуфронов, хабарнигори рӯзномаи «Азия Плюс» бо фармоиши IWPR.