Сафари таърихӣ ба рушди муносиботи Узбекистону Тоҷикистон мусоидат мекунад
Қадами муҳим барои беҳтар намудани муносиботи минтақавӣ гузошта шуд.
Сафари таърихӣ ба рушди муносиботи Узбекистону Тоҷикистон мусоидат мекунад
Қадами муҳим барои беҳтар намудани муносиботи минтақавӣ гузошта шуд.
Боздиди таърихии Шавкат Мирзиёев, президенти Узбекистон ба Тоҷикистон дар моҳи равон қадами устуворе ҷиҳати беҳтар намудани ҳамкориҳо миёни Тошканд ва Душанбе гардид. Бо вуҷуди муносибатҳои наздики қавмӣ ва фарҳангӣ равобити ду кишвар баъд аз суқути Иттиҳоди шӯравӣ сард шуда буд.
Нигоҳи Ислом Каримов, раисҷумҳури собиқи Узбекистон сулҳхоҳона набуд ва Мирзиёев нахустин раҳбари Узбекистон буд, ки дар 18 соли ахир вориди Душанбе гардид.
Мирзиёев, ки ҳамагӣ пас аз чанд моҳи фавти Каримов дар моҳи сентябри соли 2016 ба қудрат расид, таҳкими муносибатҳои хориҷиро дар маркази сиёсати худ қарор дод.
Моҳи сентябри соли сипаришуда бо сафари расмӣ ба Бишкек рафт ва аз созишномаи байнисарҳадиву тавсеаи муносибатҳои иқтисодӣ хабар дод.
(Нигаред A Turning Point for Kyrgyz-Uzbek Relations?).
Боздиди Мирзиёев аз Тоҷикистон 9 март оғоз шуд ва ӯро сиёсатмадорон, тоҷирон ва ҳатто ситораҳои эстрадаи Узбекистон ҳамроҳӣ карданд. Дар пайи ин сафар вай аз чанд созиши муҳим хабар дод, ки чораҳо барои содда кардани сайру сайёҳат, монанди роҳандозии низоми бидуни раводид то 30 рӯз ва ба тадриҷ боз намудани ҳамаи 16 гузаргоҳи марзӣ миёни ду кишварро метавон ном бурд.
Моҳи апрели соли гузашта парвозҳо миёни ду кишвар барқарор шуд. Дар фазои тантанавӣ хатти роҳи оҳани Ғалаба-Амузанг-Хошадӣ, ки вилояти Хатлони Тоҷикистонро бо вилояти Сурхандарёи Узбекистон мепайвандад, дубора мавриди истифода қарор гирифт.
Ба гуфтаи мақомоти Тоҷикистон ҳамасола тавассути ин роҳи оҳан то 5 миллион тон молу коло интиқол дода мешавад ва ин барои беҳтар шудани вазъи иқтисодии аҳолии вилоят, ки ҳудуди се миллион нафарро ташкил мекунад, мусоидат менамояд.
Дар нишасти хабарии муштарак Мирзиёев изҳор дошт, ки «созишномаҳои таърихие, ки имрӯз ба даст омаданд, на танҳо барои мардумони мо, балки барои тамоми минтақа аҳамияти бузург доранд».
Раҳмон низ дар навбати худ таъкид намуд, ки натиҷаҳои бадастомада дар ин сафар «ба рушди босуръат ва ҳамаҷонибаи тамоми маҷмӯи муносибатҳои ду кишвар дар асоси дарозмуддат такони сифатан нав мебахшанд».
«Мо имрӯз қариб ҳамаи масъалаҳои давоми беш аз 20 сол ҷамъшударо ҳал намудем»,-илова кард ӯ.
Парвиз Муллоҷонов, сиёсатшинос аз Душанбе мегӯяд, Мирзиёев ин сафарро дар доираи стратегияи рушди муносибатҳои хориҷиаш анҷом дод.
«Дар замони раҳбарии Каримов Узбекистон тақрибан дар муҳосираи геополитикӣ ва иқтисодӣ қарор дошт, ки ба иқтисоди ин кишвар таъсири хеле бад мерасонд. Ҳоло раванди ҳамвор шудани муносибат бо ҳамсояҳо шурӯъ шудааст»,-меафзояд ӯ.
Дар ҷараёни сафари Мирзиёев ба Душанбе ба ҳамкориҳои иқтисодӣ миёни ду кишвар ҳам таъкид шуд. Шурӯъ аз охирҳои соли 2016 гардиши савдои хориҷӣ миёни ду кишвар афзоиш ёфта, ба омори Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон ҳоло ҳаҷми он 120 миллион долларро ташкил медиҳад.
Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти хабарии муштарак гуфт, «солҳои наздик, мо тасмим дорем, ки савдои мутақобиларо то ним миллиард доллари ИМА расонем».
Дар ҷараёни боздиди Мирзиёев дар шаҳри Душанбе намоишгоҳи маҳсулоти саноатӣ баргузор шуд, ки дар он 100 иттиҳодияи истеҳсолии Узбекистон иштирок намуданд.
Тошканд ваъда дод, барои рушди иттиҳодияҳои муштараки узбекӣ-тоҷикӣ 100 миллион доллар ҷудо мекунад. Аммо Парвиз Муллоҷонов, сиёсатшиноси тоҷик шубҳа дорад, ки аз ин соҳибкорони тоҷик тавонанд фоидаи дуруст бигиранд. Зеро ба гуфтаи ӯ, иқтисод аз содироти маҳсулоти арзон осебпазир аст.
Иқтисоди Узбекистон дар қиёс ба иқтисоди Тоҷикистон гуногунҷанба аст. Содироти Тоҷикистон асосан маҳсулоти коркарднашудаи саноати вазнин ва маҳсулоти кишоварзӣ мебошад. Дар навбати худ, Узбекистон аллакай тиҷорати маҳсулот, аз ҷумлаи автомобил, техникаи маишӣ ва саноатӣ, инчунин маҳсулоти ғизоиро ба Тоҷикистон барқарор кардааст.
«Бояд ин масъала матраҳ шавад, ки чӣ гуна соҳибкороне, ки дар бахши ғизо, саноати сабук ва дигар маҳсулот кор мекунанд, дастгирӣ ва ҳифз шаванд,- гуфт Муллоҷонов. – Узбекистон метавонад дар қадами аввал барои аз майдон берун кардани рақибони маҳаллӣ нархҳоро арзон кунад, ки ин барои Тоҷикистон ва иқтисоди он хеле хатарнок буда метавонад».
Яке аз дигар мавзӯъҳои мавриди баррасӣ об буд. Дар Осиёи Марказӣ Қирғизистон ва Тоҷикистон, ки захоири аслии обро дар ихтиёр доранд, мехоҳанд бахши гидроэнергетикаро тавсеа бахшанд. Ин тасмим Узбекистон, Қазоқистон ва Туркманистон, се кишвареро, ки дар поёноб қарор доранд, ба ташвиш овардааст. Онҳо хавф доранд, ки захираҳои муҳими обёрии худро аз даст медиҳанд.
Бо далели вобастагии шадиди Узбекистон аз бахши пахтакорӣ Каримов алайҳи талоши Қирғизистону Тоҷикистон барои рушди захоири гидроэнергетикӣ баромад мекард. Соли 2014 ҳатто ҳушдор дод, ки барои об дар Осиёи Миёна метавонад ҷанг бархезад.
Аммо Мирзиёв ба ин масъала аз равзанаи дигар нигоҳ кард. Баъди сафараш ба Бишкек дар соли сипаришуда ӯ ҳатто изҳор дошт, ду кишвар метавонанд дар лоиҳаи бузургҳаҷми НБО Қамбарота, ки Қирғизистон қасд дорад дар рӯдхонаи Нарин бунёд созад, ҳамкорӣ кунанд. Дар гузашта Тошканди расмӣ ҳамеша мухолифи ин тарҳ буд.
Моҳи гузашта Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти хабарии муштарак дар шаҳри Душанбе гуфт, аз дастгирии Узбекистон дар масъалаи рушди иншооти гидроэнергетикӣ дар Тоҷикистон истиқбол мекунад.
Миёни ин иншоот НБО Роғун, аз азимтарин тарҳҳои гидроэнергетикӣ ҳам ҳаст, ки мушкили энергетикии Тоҷикистонро комилан бартараф месозад. Аммо барои он захираҳои зиёди об масраф мешавад, ки метавонад барои Узбекистон ва дигар кишварҳои Осиёи Миёна мушкил эҷод кукнад.
Раҳбари Тоҷикистон изҳор дошт, «мо оид ба он ки иншооти гидроэнергетикии мавҷуда ва сохташудаистода ба ҳалли мушкилоти обию энергетикии минтақа мусоидат менамоянд, ҳамфикр будем» ва таъкид намуд, «ман чандин бор аз минбарҳои олӣ, аз ҷумла СММ, инчунин дар паёмҳоям ба Парлумони кишвар изҳор доштам, ки Тоҷикистон дар масъалаи истифодаи об барои ҳамсояҳо мушкил эҷод накардааст ва дар оянда низ ин корро намекунад».
«Мо ҳеҷ вақт ва ба ҳеҷ ваҷҳ ҳамсояҳои худро бе об намегузорем»,-таъкид кард президенти Тоҷикистон.
Фарҳод Толипов, сиёсатшинос аз Тошканд мегӯяд, Тоҷикистон корҳои сохтмонии НБО Роғунро ҳанӯз сентябри соли 2016 бидуни машварати Узбекистон барқарор намуд.
«Ҷониби Узбекистон ин масъаларо кашиш надод. Ин ки аз ҷониби Узбекистон вокуниш набуд, ба ин маънӣ нест, ки мушкил бартараф шудааст. Ин ҳанӯз суоли мушкил аст»,-афзуд Толипов, аммо ӯ идеяи ҳамкорӣ дар бахши гидроэнергетикаро имконпазир медонад.
Вай афзуд, Узбекистон ахиран дар самти кишти маҳсулоте, ки ба оби камтар ниёз дорад ва дар мавриди мудернсозии низоми оберии худ тасмими муҳим гирифт.
«Баъди ба қудрат расидани Мирзиёев дар Узбекистон муносибат бо кишти пахта то андозае тағйир кард. Дар замони Каримов маҳсулоти кишоварзӣ ба пахта вобаста буд ва тасмим гирифта шуд, то заминҳои кишти пахта ба таври назаррас коҳиш ва ҷойи пахта дар заминҳо мева ва сабзавот парвариш карда мешавад, ки барои онҳо оби камтаре лозим аст», - илова намуд ӯ.
Аммо сиёсатшинос ҳамкориҳои ду кишварро дар оянда дар масъалаи бунёди неругоҳи бузург дар Тоҷикистон истисно намедонад: «Вақте дар ин давра муносибатҳо дар ҳоли беҳтиар шудан ҳастанд, ҳамкориҳои муштараки ду давлатро дар бунёди иншоот сарфи назар намедонам».
This publication was prepared under the "Giving Voice, Driving Change - from the Borderland to the Steppes Project" implemented with the financial support of the Foreign Ministry of Norway.