Радиолоиҳа дар Тоҷикистон насли нави журналистонро тарбия мекунад

Радиолоиҳа дар Тоҷикистон насли нави журналистонро тарбия мекунад

Shahodat Saibnazarova, IWPR editor in charge of the radio project in Tajikistan. (Photo: IWPR)
Shahodat Saibnazarova, IWPR editor in charge of the radio project in Tajikistan. (Photo: IWPR)
A trainee producer edits a radio piece. (Photo: IWPR)
A trainee producer edits a radio piece. (Photo: IWPR)
Tuesday, 20 September, 2011

Меҳрангез Турсунзода, донишҷӯи 18 солаи факултаи журналистикаи ДДТ бефоида дар ҷустуҷӯи кор буд, ки тасодуфан дар бораи лоиҳаи радиоии IWPR маълумот пайдо намуд. Вай мехост дар радио-журналист шавад, вале азбаски таҷрибаи корӣ надошт, ӯро бо кор нагирифтанд. Дар ҳоле ки таҷрибаомузӣ накарда буд, радиоҳои маҳаллӣ нахостанд, ин донишҷӯро ба кор гиранд. Аз он метарсиданд, ки бетаҷрибагии духтараки ҷавон обрӯи онҳоро паст мекунад.

Вакте ки М.Турсунзода барои ширкат дар лоиҳаи IWPR ба ҳайси журналист-таҷрибаомуз омад, вай ниҳоят дар ҳаяҷон буд, ки масъулияти бузургеро ба дӯши ӯ гузоштаанд:

Дар рӯзи аввал ба ӯ мавзӯеро барои таҳия намудани сужаи радиоӣ пешниҳод карданд.

- Баъди муносибати назарногирона аз тарафи намояндагони дигар ВАО, ман аз ин пешниҳод ҳайрон будам- мегуяд Меҳрангез.- Баъди таҳияи аввалин радиосюжет ман ба худам боварӣ ҳосил намудам.

Баъди ним соли кор дар IWPR Турсунзодаро хамчун коргари ҳамкор дар «Азия плюс», ки яке аз хабаргузориҳои пешқадами Тоҷикистон ба ҳисоб меравад, ба кор кабул карданд.

Меҳрангез мусоҳибаҳои худро, ки дар IWPR тайёр карда буд, ба озмун пешниҳод намуд ва баъд аз он дар мактаби тобистона, ки аз тарафи академияи САҲА бо ҳамроҳии радиоситансияи Deutsche Welle дар Қирғизистон ташкил шуд, иштирок кард. Дар онҷо, ба ӯ таҷрибаомӯзиро ба ҳайси журналисти академияи Deutsche Welle дар Германия пешниҳод карданд:

- Ҳозир дар назди ман дари бештари редакцияҳо боз аст, ҳол он ки ман донишҷӯи курси чоруми факултаи журналистика мебошам, - мегӯяд М.Турсунзода. Бе таҷрибае ки дар IWPR ман омӯхтам, карйераи журналистии худро пеш бурда наметавонистам.

Турсунзода яке аз он 170 нафаре аст, ки таҷрибаомӯзиро дар радиолоиҳаи Тоҷикистон гузаронидааст. Барномаҳои 15-дақиқаина иборатанд аз ахбор, таҳлил ва гузоришҳо дар бораи мушкилоти сиёсӣ ва иқтисодии Тоҷикистон. Ҳар як барнома бо ду забон: тоҷикӣ ва русӣ омода мегардад. Онҳо бо ду радиои ҷумҳуриявӣ «Садои Душанбе» ва радиои «Ҷаҳоноро» пахш мешаванд.

Барномаҳои ин шабакаҳо ҳозир дар шарқи ҷумҳурии Афғонистон-Бадахшон, Тахор, Қундуз, Мазори Шариф ва ноҳияҳои назди сарҳадии Қирғизистону Хитой ва Узбекистону Русия шунида мешаванд.

Барномаҳои радиоии IWPR дар Тоҷикистон аз соли 2009 бо ҳамроҳии радиолоиҳаҳое, ки дар Қирғизистон ҳастанд, пахш шуда буданд.

Бинобар гуфтаҳои роҳбари «Ҷаҳоноро» Маҳмудҷон Дадабоев, ҳамкорӣ бо IWPR барои босифат намудани барномаҳо ва тайёр намудани кадрҳо ёрӣ расонд, ки ин сафи шунавандагонро зиёд намуд. Барои ин радио кадрҳо барои тайёр намудани гузоришҳое, ки мавзӯҳои муҳимро дар бар мегиранд, намерасид. Ба ғайр аз ин IWPR ба мавзӯъҳое, ки кам мавриди муҳокима қарор доштанд ва ба ҳуқуқҳои инсон алоқамандӣ доранд, аҳамияти махсус дод.

Аз гуфтаҳои вай баъди пахши мавҷи садо бисёр шунавандагон чунин саволҳо медоданд:

- Кӣ чунин барномаро пахш мекунад?

- Аз ошкоро дар бораи мушкилоти Тоҷикистон ҳарф задан намеҳаросанд?

- Оё наметарсед, ки радиои шуморо мебанданд?

Метавон гуфт, ки бо пайдо шудани барномаи IWPR шунавандагони радио зиёд гардиданд. Ба қавли Дадабоев, дар радио таҷрибаомӯзие, ки IWPR мегузаронид, баҳри пайдо намудани журналистоне, бо жанри гузориш кор мекунанд, кӯмак расонид:

- Имрӯз бо боварӣ гуфта метавонам, ки IWPR моро водор кард, ки мо ба чунин жанри радиожурналистика аҳамият диҳем –мегӯяд М.Дадабоев.

Шаҳодат Соҳибназарова сармуҳаррир, шахси масъули барномаи IWPR қайд намуд, ки дар дохили ин радиолоиҳа кӯшиш менамоянд, ки аҳолӣ дар бораи ҳуқуқҳои худ маълумот дошта бошад:

- Мо ин корро сар намудем ва имрӯз дар васоити ахбори Тоҷикистон бисёр материалҳоеро, ки мавзӯҳои нозукро дар бар мегирад, дучор шудан мумкин аст. Баъд аз пахши ҳар як барнома садҳо SMS мегирифтем, одамон мушкили худро байни ҳам ҳал менамуданд ва ба манотиқи худ таклиф менамуданд, то ки гузориш тайёр кунем, бо умеде, ки мушкилашон хал мешавад, - илова намуд Соҳибназарова.

Меҳрангез Турсунзода- якумин хабарнигоре нест, ки эътибораш баъди кор дар IWPR боло рафта бошад. Зарина Эргашева, дигар дастпарвари IWPR низ, муҳаррири сайти kloop.tj ва ҳамчун журналисти мустақил бо Бюрои ҳуқуқи инсон ва назорати қонун дар Тоҷикистон ҳамкорӣ мекунад:
- То радиолоиҳаи IWPR ман дар бораи ҳуқуқи инсон кам медонистам ва дар ин мавзӯъ хеле кам менавиштам, асосан бо иқтисодиёт, молия ва бештар бо рақамҳо сару кор доштам, - мегӯяд вай.

Тамоми кӯшишҳое, ки З.Эргашева баҳри тайёр намудани барнома ба кор мебурд, барабас нарафтанд. Ба гуфти ӯ ба маводи тайёрнамудааш «Ташкилоти байналхалқӣ доир ба ҳукми қатл» таваҷҷӯҳ зоҳир намуд:
- Барои ман хуш меомад, ки сюжетҳои тайёрнамудаи ман натанҳо дар Тоҷикистон, балки берун аз марзҳои он шунида мешаванд, - изҳор дошт Эргашева.

Мақолаҳои ӯ дар бораи кӯдакон, таваллуд аз модарони бо касалии ВИЧ гирифтор гардида, дар озмуни байналхалқии журналистони «Ҳуқуқи одам-дар инҷо ва дар айни ҳол» ҷойи дуюмро ишғол намуд.

Радиожурналисти IWPR Халили Қаюмзодро гузоришҳои тайёр намудааш сабаб гашт, ки соҳиби стипендияи солона барои омӯзиш дар курси «Журналистикаи сиёсӣ ва иҷтимоӣ» дар Донишкадаи Қафқоз дар шаҳри Еревани Арманистон гардад:

- Муҳим он аст, ки сюжет масъалаи ҳаётӣ бошад, зеро ба тавассути як фард, тавассути ҳаёти як инсон нишон додани масъала, нақл кардан оиди ӯ ва кӯшиши чӣ тавр ҳал намудани масъала сухан ронда шавад. Маводҳои ман боэътимод ва объективӣ буданд, бинобар ин онҳо дар байни шунавандагон ҳамовозӣ пайдо намуданд, - сири муваффақияташро кушода гуфт Х. Қаюмзод.

Сауле Муҳаммадраҳимова, IWPR
 

Tajikistan
Radio
Frontline Updates
Support local journalists