Пардаи махфият дар маҳбасхонаҳои Тоҷикистон
Омбудсмени ба наздикӣ таъйиншуда ваъда мекунад, ки барои ноил шудан ба шаффофияти бештар кӯшиш ба харҷ медиҳад.
Пардаи махфият дар маҳбасхонаҳои Тоҷикистон
Омбудсмени ба наздикӣ таъйиншуда ваъда мекунад, ки барои ноил шудан ба шаффофияти бештар кӯшиш ба харҷ медиҳад.
Омбудсмени ба наздикӣ тайингардида ваъда медиҳад, ки пардаи махфиятро канда ба ташрифоварандагони мустақил воридшавӣ ба маҳбасхонаҳоро таъмин менамояд.
Айни ҳол ҳукуматдорон дар бораи маҳбасхонаҳо ё нигоҳдории маҳбусон ягон маълумот намедиҳанд. Онҳо ҳамчунин ба намояндагони Кумитаи Байналхалқии Ҳилоли Ахмар (КБҲА) иҷозаи ташриф ба маҳбасхонаҳои якканишин (пенитенциарные заведения) намедиҳанд, ки барои аксари кишварҳои режимӣ як таҷрибаи маъмулӣ мебошад.
«Системаи муассисаҳои ислоҳотии Тоҷикистон барои ҷамъият пӯшида боқӣ мемонад. Эҳтимол, ҳукуматдорон барои чизеро пинҳон кардан сабаб доранд», - мегӯяд сиёсатшинос Абдулло Қурбонов.
Чунин махфият – таҷрибаи маъмулӣ буда, дар сиёсати расмии кишвар решаҳои мустаҳкам давондааст. Дар конфронси матбуотие, ки охири апрел гузашта буд, ҷонишини ҳамон вақтаи вазири амният Рустам Менглиев изҳор намуд, ки «маълумот [дар бораи муассисаҳои ислоҳотӣ] паҳн карда намешавад», зеро ин «системаи пӯшида» аст.
Мансабдор аз Вазорати адлия, ки худро муаррифӣ накард, иқрор шуд, ки пинҳон доштани вазъият мушкилӣ мебошад.
«Пӯшида будани маълумот, дар дараҷаи муайян боиси он мегардад, ки овозаҳои гуногун пайдо шаванд, ки ба ҳақиқат мувофиқат намекунанд», - изҳор намуд ӯ.
Соли 2002 ҳангоме ки назорати маҳбасхонаҳоро аз Вазорати корҳои дохила гирифта, бар дӯши Вазорати адлия гузоштанд, коршиносон ин ислоҳотро ҳамчун як қадами аҳамиятнок ба пеш номида, ҳисоб намуданд, ки ин барои ҳалли як қатор мушкилиҳое, ки система бо онҳо гирифтор аст, мусоидат менамояд.
Соли 2004 ба намояндагони КБҲА нахустин бор иҷозат доданд, ки ба маҳбасхонаҳо ташриф намуда, бо маҳкумшудагон вохӯрӣ намоянд. Вале пас аз чанд моҳ КБҲА-ро аз ин ҳуқуқ боз маҳрум намуданд.
Ба ақидаи Қурбонов, афзоиши тамоюли пӯшидаи нигоҳдорӣ ба назар мерасад. Ӯ чунин меҳисобад, ки ҳукуматдорон масъалаи бехатарии миллиро ҳамчун як баҳона барои пинҳон намудани шумораи зиёди мушкилиҳо дар системаи ислоҳотӣ, аз бемориҳои ба монанди ВИЧ/СПИД ва сил сар карда, то шаклҳои гуногуни муносибати бераҳмона аз ҷониби назораткунадагон, истифода мебаранд.
Тибқи гуфтаи Қурбонов, мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон аз хешовандони маҳкумшудагон доимо мактубҳо мегиранд, ки дар онҳо аз зулму ситам ва гуруснагӣ дар маҳбасхонаҳо шикоят менамоянд.
«Маҳқумшударо метавонанд бемамониат барои риши ногирифта ё нигоҳи «безеб» таҳқир намоянд ё бизананд», - мегӯяд Ҳабибулло, маҳбуси собиқ. Ӯ ҳамчунин қайд менамояд, ки маҳбасхонаҳо аз ҳад зиёд пур буда, нарасидани оби нӯшокӣ ва латукӯб шудани маҳбасшудагон як кори маъмулӣ аст.
Ҳамагуна кӯшиши баррасии ин масъала ба инкор ё хомӯшии сангин бармехӯрад. Қурбонов ҳамчун мисол як воқеаеро нақл намуд, ки соли 2005, 12 маҳкумшудагон дар маҳбасхонаи шаҳри Қурғонтеппа бар зидди шароитҳои бади нигоҳдорӣ ва бераҳмии доимӣ гуруснагӣ эълон намуданд. Ин боиси бархостани як қатор эътирозҳо гашт, ки дар рафти он қариби 100 нафар маҳбасшудагон рагҳояшонро буриданд.
Соли дигар, ин 12 маҳбасшудагонро барои «иштирок дар бетартибиҳои оммавӣ» айбдор намуда, суд намуданд. Пеш аз ин бошад, тавре онҳо нақл карданд, онҳоро ҳар замон лату кӯб менамуданд.
«Ба дастҳояшон дастбандҳоро баста, мезаданд», - гуфт Қурбонов.
Шоҳидон нақл карданд, ки ин мардон чунон афту андоми бад доштанд, ки ҳангоми ба суд ҳозир шудан, ҳамсарҳояшон ҳатто онҳоро нашинохтаанд. Кӯшишҳоро барои гузаронидани тафтишот оиди латукӯбшавии онҳоро суд қабул накард.
Тоҷикистон Конвенсияи СММ-ро бар зидди шиканҷадиҳӣ ва дигар муносибати бераҳмонаву ҷазодиҳиҳои таҳқиркунандаи шарафи инсониро қабул намудаст; мувофиқи моддаи 7-и Пакти байналхалқӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ, ки ҳуҷҷати асосии ҷаҳонӣ оид ба ҳуқуқҳои инсон аст, азобдиҳӣ ҳамчунин ғайриқонунӣ аст.
Ҳамзамон меъёрҳои маҳаллӣ вуҷуд доранд, ки мувофиқи онҳо маҳбасшудагони Тоҷикистон нисбати муносибати бераҳмона даъво карда метавонанд.
Дертар, соли 2006 хешовандони маҳбасшудагон ба президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон мактубе бо истинодҳо оиди қонуншиканиҳои зиёд дар маҳбасхонаҳои Тоҷикистон равон намуданд.
«Дар ҳарду ҳолат маълумотеро, ки мансабдорони Тоҷикистон пеш оварданд, пурихтилоф буд ва муқаррар намудани асли ҳол имконнопазир гашт», - гуфт Қурбонов.
Ба ғайр аз ҳодисаҳои азобу шиканҷадиҳӣ, дигар мушкилии системаи ислоҳотӣ норасоии доимии маблағ мебошад.
Соли 2006 Вазорати адлия иқрор шуд, ки дорои маблағи лозима нест ва аз ин сабаб ба як нафар маҳбасшуда 3,5 сомонӣ (қариб 1 доллари ИМА) ҷудо намуд.
Мансабдоре аз вазорат ба IWPR иброз дошт, ки шароити маҳбасхонаҳои Тоҷикистон қобили қабул буда, нисбати дигар кишварҳои осиёмиёнагӣ «каму беш инсондӯстонаанд».
Ба ҳар ҳол, гуфт ӯ, «маҳкумшудагонро раҳм кардан нашояд. Ин маҳбасхона аст, на курорт, бинобар ин, шароитҳои нигоҳдорӣ низ бояд муодил бошад».
Аз ҳад зиёд пур будани маҳбасхонаҳо, шароитҳои мудҳиши санитарӣ ва норасогии хӯрокворӣ боиси бадшавии саломатӣ гашта, алалхусус ба пайдоиши шаклҳои ҷиддии бемории сил оварда мерасонанд.
Хайрулло Саидов, додситони вилояти Суғд, гуфт, ки дар маҳбасхонаҳои вилояти ӯ 39 ҳодисаи гирифторшавӣ ба бемории сил ба қайд гирифта шудааст. Дар миқёси кишвар бошад, ин рақам 176 нафарро ташкил медиҳад.
Юсуф Салимов, мудири шӯъбаи Кафолати конститутсионии ҳуқуқҳои шаҳрвандон дар назди дастгоҳи президенти Тоҷикистон, иқрор гашт, ки айни ҳол ташкилотҳои маҳаллӣ ё байналхалқӣ ҳолати маҳбасхонаҳоро омӯхта наметавонанд ва ба намояндагони ҷамъиятӣ дарёфт намудани маълумот оиди вазъият дар маҳбасхонаҳо хеле мушкил аст.
Баробари ин, Салимов умедвор сохт, ки бо таъйин шудани омбудсмени нав, вазъият тағйир хоҳад ёфт.
«Боварӣ дорам, ки бо таъйин шудани омбудсмен дар Тоҷикистон, омӯзиши вазъият оиди риояи ҳуқуқҳои инсонӣ дар муассисаҳои пӯшида ва гузаронидани мониторингҳо сабуктар мегардад», - изҳор намуд ӯ.
Номзадии омбудсмени нав Зариф Ализода 27 май аз ҷониби парлумон қабул шуда буд.
«Диққати зиёд натанҳо ба ҳуқуқҳои кӯдакон, нафақахӯрон, маъюбон, муҳоҷирони меҳнатӣ, балки инчунин барои риояи ҳуқуқҳои маҳбусшудагон дар маҳбасхонаҳои Тоҷикистон дода мешавад», - иброз дошт ӯ, дар конфронси матбуотии нахустини худ, 3 июн.
«Мо кӯшиш менамоем, ки муассисаҳои ислоҳотӣ барои ҷамъият ва ташкилотҳои байналхалқӣ кушода бошанд, аз ҷумла барои Кумитаи байналхалқии Ҳилоли Аҳмар», - изҳор намуд ӯ.