Омбудсмени Тоҷикистон: «Мо аз ҳама аризаҳоро қабул мекунем»

Мусоҳиб Парвина Ҳамидова, муҳаррири IWPR дар Тоҷикистон.

Омбудсмени Тоҷикистон: «Мо аз ҳама аризаҳоро қабул мекунем»

Мусоҳиб Парвина Ҳамидова, муҳаррири IWPR дар Тоҷикистон.

Охири майи соли гузашта дар Тоҷикистон нахустин бор омбудсмен таъйин шуда буд. Дар бораи натиҷаҳои кори солона, нақшаҳои оянда ва баҳогузории худ вобаста ба вазъи ҳуқуқҳои инсон дар кишвар дар мусоҳиба бо  IWPR Зафар Ализода, Ваколатдор оиди ҳуқуқҳои инсон дар Тоҷикистон, нақл кард.

Ҳамидова: Моҳи май як сол мешавад, ки Шумо ба сифати омбудсмен тайин шудаед. Худро дар нақши ҳомииҳуқуқ чӣ гуна ҳис мекунед?

Ализода: Ин солро ман барои ташкилоти худ ҳамчун имтиҳон хоҳам номид. Фикр дорам, дар ин сол мо корҳои бисёреро ба анҷом дода тавонистем. Пеш аз ҳама, мо марҳилаи сохторсозиро гузашта, масоили зиёди ташкилиро ҳал намудем... Ғайр аз ин, мо нақшаи калонеро барои соли 2010 баррасӣ намудем. Он самтҳои асосии кори моро муайян месозад ва фикр дорам барои мустаҳкамгардонии минбаъдаи дастгоҳи ваколатдор оид ба ҳуқуқҳои инсон мусоидат менамояд.

Алалхусус, он таъсис намудани қабулгоҳҳои ҷамъиятиро дар ҷойҳо, минтақаҳои ҷумҳурӣ дар назар дорад. Ҳоло шумораи аниқи онҳо маълум нест, ҳамааш аз имкониятҳои ташкилӣ ва моддӣ-техникии мо вобаста мешавад. Ҳоло мо дар ҷустуҷӯи донорҳо мебошем, ки ба мо чунин дастгириро расонида метавонистанд. Қабл аз ҳама, мехостем қабулгоҳҳо дар марказҳои вилоятӣ — Хуҷанд, Қурғонтеппа ва Хоруғ, инчунин дар дигар шаҳрҳо — Ваҳдат, Турсунзода, Кӯлоб ва ноҳияи Рашт кушоем.

Ғояи асосии кушодани намояндагии мо дар вилоятҳо — ба қадри имкон сафарбар кардани (ба кор андохтани) фаъолияти мо мебошад. Яъне масоили маҳаллиро дар ҷойҳо ҳал намуда, боқимондаро ба офиси марказӣ равон кардан.

Ғайр аз ин, мо ҳуҷҷатҳои дигарро низ баррасӣ намудем. Аз ҷумла, Низомнома дар бораи шӯрои коршиносон дар назди институти мо, тавре дар қонуни ҶТ «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқҳои инсон» қайд шудааст. Ин мақомоти машваратие  мегардад, ки аз намояндагони сохторҳои гуногун, аз ҷумла ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ,  ки бо ҳуқуқҳои инсон машғул ҳастанд, мебошад. Дар назди шӯрои коршиносон, агар лозим ояд, гурӯҳҳои корӣ аз рӯи самтҳои алоҳида таъсис дода мешаванд. Айни ҳол ин сохтор дар марҳилаи ташаккулёбӣ қарор дорад.

Дигар аз самтҳои фаъолияти ваколатдор – ин омодасозии маърӯзаи ҳарсола мебошад, ки ман ният дорам, онро моҳи феврал пешноҳод намоям. Бояд гуфт, баҳри ин  қабулгоҳҳои ҷамъиятии мо низ кор мебаранд, ки имкон медиҳад онро боз ҳам объективӣ, бо маълумоти дақиқи вазъ дар манотиқ омода созем.

Хамин тариқ, Институти ваколатдор оид ба ҳуқуқҳои инсон бояд худ мақоми ҳамоҳангсозанда байни тамоми сохторҳои давлатӣ оид ба риояи ҳуқуқҳои шаҳрвандон гардад.

Сохтори мо нав аст ва барои он ки дар бораи мо бештар огоҳӣ ёбанд, мо брошюра ва буклетҳо бо маълумоти муфассал омода сохтаем. Аз моҳи июн як қатор семинарҳо дар манотиқи кишвари мо бо мақсади шинос намудани аҳолӣ бо корбарии мо, вазифаҳои мо ва тарзҳои корбарӣ, инчунин имконияти ҳамкорӣ намудан оғоз меёбанд.

Нисбати таассуроти худ – аз ҳама хурсандиовар дар ин кор он аст, вақте мо тавонем ба одамон дар масоили ҳифзи ҳуқуқҳояшон кӯмак расонем. Вале мушкилӣ дар он аст, ки на ҳама дар даъвогариҳояшон ҳақ ҳастанд. Бовар кунонидани одам, ки ӯ аз рӯи қонун ҳақ нест, душвор аст…

Ҳамидова: Натиҷаҳои асосии кори Шумо ба сифати ваколатдор оид ба ҳуқуқҳои инсон аз рӯи рақамҳо ва мисолҳо чӣ гуна аст?

Ализода: Новобаста аз он, ки ба вазифа таъйин шудани ваколатдор 27 май гаштааст, дар асл, институти мо моҳи сентябри соли гузашта ба кор шурӯъ намудааст. Дар ин муддат, мо 895 муроҷиати шаҳрвандонро қабул намудем, ки аз онҳо 300-тоаш хаттӣ ва боқимонда даҳонӣ ҳастанд.

Шаҳрвандонро дар қабулгоҳ навбатдор пешвоз мегирад, ғайр аз ин роҳбарияти институт низ ҳамарӯза қабул ташкил мекунад. Рӯзҳои қабули ман, масалан, чоршанбе ва шанбе мебошанд. Дигар рӯзҳо роҳбари дастгоҳи ваколатдор ва сардорони шӯъбаҳо қабул мекунанд.

Ба мо қисматҳои гуногуни шаҳрвандон муроҷиат мекунанд. Масоили хеле зиёд аз рӯи санадҳои судӣ ба миён меоянд. Чунин муроҷиатҳо қариб ними шумораи умумиро ташкил медиҳанд. Ба ҳукмҳои додгоҳҳо даъвогарӣ намуда, қонунӣ будани онҳоро инкор менамоянд. Одамон нисбати мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти иҷроия, ба кордиҳандагон оиди аз кор озод кардани ғайриқонунӣ, иддао доранд.

Ғайр аз шаҳрвандони Тоҷикистон ба мо хориҷиён низ муроҷиат мекунанд, ҳамчунин шахсони шаҳрвандӣ надошта метавонанд муроҷиат намоянд. Мо аризаҳои ҳамаро қабул мекунем.

Аз муроҷиаткунандагони хориҷӣ бештар аризаҳо аз шаҳрвандони Афғонистон мебошанд, ки нисбати масоили сафар кардан ба кишварҳои сеюм, масалан, Канада, кӯмак мепурсанд. Дар ин сурат мо метавонем танҳо доир ба имконияти чунин сафар аз Идораи Комиссари Олии СММ оид ба корҳо бо гурезагон маълумот пурсем. Дар ин масъала аксаран бештар корҳо аз ҷониби қабулкунанда вобаста аст.

Ҳамчунин якчанд муроҷиатҳо аз ҳамватанони мо, ки ба Россия кӯчидаанд баррасӣ мешаванд. Масалан, ба мо шаҳрванди Россия муроҷиат кард, ки пештар дар Тоҷикистон иқомат дошт. Ӯ ибтидои солҳои 90-ум дар ҷои кораш маъюб шудааст, вале бо сабабҳои маълум (ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992-1997), ҳамаи ҳуҷҷатҳояшро, ки ин далелро исбот мекунанд, гум кардааст. Мо ба ӯ кӯмак расонидем, ки ин ҳуҷҷатҳо бо мусоидати Вазорати адлия ва Шӯрои адлияи Тоҷикистон барқарор карда шаванд.

Ҳамидова: Шумо дар бораи омодасозии ҳисоботи худ ёдрас намудед. Кадом лаҳзаҳо дар он асосӣ мегарданд? Дар кадом самт поймолкунии ҳуқуқҳо нигаронии бештари Шуморо ба амал овардааст?

Ализода: Дар ҷамъбасти ҳар як семоҳа мо кори худро натиҷагузорӣ менамоем. Вале муайян кардани танҳо як самт душвор аст. Тибқи муроҷиатҳои ба мо расида, одамонро қарорҳои мақомоти судӣ ба таҳрик меоранд. Фикр дорам, инҷо алоқамандӣ бо тағйиротҳо дар қонунгузории кишвари мо, вобаста бо амалигардонии Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ, вуҷуд дорад.

Соли ҷорӣ Кодекси нави ҷиноӣ-мурофиавӣ ба кор даромад, ки ба судҳо ваколатҳои навро (масалан, иҷозатнома барои дастгиршавӣ ва ғ.)-ро додаст. Фикр дорам, маҳз бо ҳамин сабаб, даъвогариҳо нисбати мақомоти судӣ бештар шудаанд. Беш аз он фикр мекунам, онҳо боз ҳам зиёд мешаванд.

Ҳамидова: Оё гуфтан мумкин аст, ки дар Тоҷикистон дар судҳо ҳуқуқҳои инсон бештар поймол карда мешаванд?

Ализода: Не, ман ин тавр нагуфтаам. Муроҷиатҳои зиёд маънии онро надорад, ки судҳо гунаҳкор ҳастанд. Онҳо соҳиби ваколатҳои бештар шуданд, бинобар ин, масъулияташон бештар гашт. Ин муроҷиатҳо на ҳамавақт заминаи пойдор доранд. Дар суд ҳамеша ҷониби мағлуб ҳаст, ки норозӣ мемонад.

Мо чунин мисолҳо доштем, вақте масалан, одам аз ҳукм норозӣ аст. Мо ҳамаро санҷидем ва бо қонунгузорӣ ягон зиддиятро наёфтем, кӯшиш намудем ба ӯ фаҳмонем, вале одам боисрор танҳо худро ҳақ ҳисоб мекунад. 

Ҳамидова: Новобаста аз он, ки мақоми Шумо оммавӣ аст, нисбати дигар сохторҳои давлатӣ, соли сипаришуда Шумо ба баъзе, ҳатто ҳодисаҳои аёни поймолкунии ҳуқуқҳои инсон ягон гуна вокуниш нанамудед: масалан, дар ҳолати ба зӯрӣ паҳнгардонии саҳмияҳои НОБи Роғун, ки чандин бор дар ВАО навишта шуданд. Чаро Шумо бо изҳоротҳо, тавсияҳо баромад намекунед?

Ализода: Ман гуфта наметавонам, ки саҳмияҳо ба таври зӯрӣ паҳн карда мешаванд. Бале, албатта, ман дар матбуот чунин мақолаҳоро дидаам. Вале ба мо касе бо чунин далел муроҷиат накардааст.

Нисбати сухан рондан оиди изҳоротҳо, мехоҳам гуфт, ки албатта ман метавонам вокуниш намоям. Вале ҳоло ин корро накардаам, зеро чунин шуморидам, ки дар ин зарурият набуд. Агар гуфтугӯҳои гуногун ва ғ. паҳн гашта бошанд, ин маънии онро надорад, ки бо изҳорот баромад намудан лозим аст.

Хусусан, нисбати саҳмияҳои НОБи Роғун, пеш аз ҳама, худи президент Раҳмон чандин бор ба таври расмӣ баромад намуд, ки онҳо тариқи ихтиёрӣ бояд паҳн карда шаванд. Онҳое, ки Ватани худро дӯст медоранд ва чунин имконият доранд, бояд саҳмияҳоро харидорӣ намоянд. Ва ман бо ин розӣ ҳастам. Роғун – лоиҳаи тақдирсоз барои Тоҷикистон буда, барои ояндаи кишварамон аҳамияти муҳим дорад.

Дар бораи бармало будани худ метавонам гуфт, ки соли гузашта чандин бор дар матбуот баромад карда будам.

Ҳамидова: Доир ба дигар ҳодисаҳои пуровоза алоҳида пурсидан мехостам. Дар назар дорам парвандаи маҳкумшавии қариб 30 сокини Исфара, ки ба адолати он, ҳатто собиқ додситони генералӣ (Бобоҷон Бобохонов) шубҳа дошт. (Шарҳи редаксия: июни соли 2009 31 сокини Исфара ба мӯҳлатҳои маҳбасшавӣ то 25 сол маҳкум шуда буданд, новобаста аз он ки додситонӣ мӯҳлатҳои камтареро талаб дошт. Онҳо дар роҳзанӣ, нигоҳдории ғайриқонунии силоҳ, шустани пулҳо, ғоратгарӣ ва насупоридани андоз муттаҳам карда шуда буданд).

Инчунин доир ба мурофиаи судии пас аз ин ба амал омада, нисбати се рӯзнома [«Азия-Плюс», «Фараж» ва «Озодагон»], ки дар онҳо аризаи ҳимоятгари маҳкумшудагон ба табъ расида буданд. Ин парвандаро чӣ гуна шарҳ медиҳед, алалхусус, ки аризаи (ҳимоятгар) Ҷӯраев ба Шумо низ равона карда шуда буд?

Ализода: Нисбати исфарагиҳо: онҳо дар вакташ ба мо муроҷиат карданд, вале азбаски парванда дар дидабароии судӣ буд, мо ҳамаи аризаҳои онҳоро барои корбарии суд супоридем.

Ба худи исфарагиҳо мо тавсияҳои худро пешкаш намудем, ки чӣ гуна манфиатҳои худро дар суд ҳимоя намоянд, чӣ гуна ҷониби худро дар ин мурофиа пешниҳод намоянд.

Дар боби аризаи ҳимоятгар бошад, ин ҷо масоили хеле ҷиддии ҷиноятҳо оварда шуданд — ба монанди ришвахӯрӣ ва ғайра. Аз рӯи қонун мо наметавонем парвандаҳои ҷиноиро дида бароем, бинобар ин, ин аризаро  мо ба Додситонии генералӣ ирсол намудем, то аз назар гузаронанд.

Ҳамидова: Ба фикри Шумо мурофиае, ки нисбати се рӯзнома рафта истодааст, онро ҳамчун фишор ба озодии сухан баҳогузорӣ кардан мумкин аст?

Ализода: Намояндаи мо дар ин мурофиаи судӣ ширкат дорад. То анҷом ёфтани суд, мо ин парвандаро шарҳ дода наметавонем. Ва онро фишор гуфта низ наметавонем.

Ҳамидова: Вазъи маҳбасшудагон дар зиндонҳои тоҷик – боз як мушкилии дигар… Бигӯед, оё Шумо ба муассисаҳои ислоҳотӣ ҳуқуқи ташрифи бемамониатро доред? Дар бораи вазъи маҳбасшудагон ба Шумо чӣ маълум аст? Чӣ гуна чораҳоро меандешед, то шароити онҳо ба талаботҳои ҳуҷҷатҳои байналхалқӣ, ки Тоҷикистон ба имзо расонидааст, ҷавобгӯ бошад?

Ализода: Аз рӯи қонун ман ҳуқуқи ташриф овардан ба ҳамаи муассисаҳои ислоҳотӣ ва шинос шудан бо шароитҳои нигоҳдорӣ ҳуқуқ дорам. Дар нақшаҳои аввалинам нияти ба онҷо ташриф оварданро дорам. Ман инро шахсан иҷро кардан мехоҳам.

Бале, ман медонам, ки онҷо мушкилиҳои муайяне ҷой доранд. Аксари ин муассисаҳо хеле пеш, ҳанӯз солҳои 30-юми асри гузашта бунёд шуда буданд. Биноҳо барои ин функсияҳо на он қадар мутобиқ ҳастанд. Замоне расидааст, ки ин масоилро ҳал бояд кард. Давлати мо аллакай дар ин масъала ба донорон бо хоҳиши расонидани кӯмак, вобаста ба сохтмони биноҳои нав барои муассисаҳои ислоҳотии кишвари мо, муроҷиат намудааст. Институти ваколатдор ҳадаф дорад ин масъаларо бардошта, аз рӯи имкон матраҳ намояд.

Нисбати шиканҷаҳо бошад, ин мушкилӣ натанҳо дар ин муассисаҳо вуҷуд доранд…

Ҳамидова:  Хуб, нисбати шиканҷа муфассалтар мегуфтед. Ба фикри Шумо, то чӣ дараҷа ин мушкилӣ дар мо рӯзмарра аст?

Ализода: Ин мушкилӣ ҳаст. Ба мо якчанд аризаҳо аз шаҳрвандон расидааст, ки ҳангоми боздошт ва пурсишҳо нисбати онҳо шиканҷаоварӣ карда шудааст. Мо ният дорем дар ин самт кор барем, аз ҷумла бо он ташкилотҳое, ки ба ин дахлдор ҳастанд.

Ҳамидова: Ҳангоми боздиди Котиби генералии СММ Пан Ги Мун аз  Тоҷикистон, ки ба наздикӣ буд, дар изҳороти худ ӯ ба он далел диққат намуд, ки дар ҷумҳурӣ то ҳол Санади факултативӣ ба Конвенсияи зидди шиканҷа ва дигар шаклҳои муносибати бераҳмона, ғайриинсондӯстона ва таҳқиркунандаи шаъну шараф ба тасвиб расонида нашудааст ва даъват намуд, ки он ниҳоят қабул карда шавад. Фикри Шумо дар ин бобат?

Ализода: Айни ҳол мо масъалаи ба қадри имкон батасвибрасонии ин ҳуҷҷатро мавриди омӯзиш қарор додаем. Дар нақша гузаронидани якчанд мизҳои мудаввар барои муҳокимаи ин масъала бо ҳамаи ҷонибҳо дорем: сохторҳои давлатӣ, ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ ва байналхалқӣ. Тамоми фикрҳои онҳо ниёз ба таҳлили муфассал доранд.

Гап дар сари он ки, батасвибрасонии ин ҳуҷҷат тарафи молиявиро дорад, масалан, ҷубронпулӣ дар сурати истифодаи шиканҷа. Бинобар ин, мо пеш аз додани тавсияҳо, ҳамаашро бояд муфассал омӯзем.

Ҳамидова: Боз як ҳуҷҷати байналхалқӣ, ки кишвари мо онро ҳоло ба тасвиб нарасонидааст – ин Санади конвенсияи барҳамдиҳии зӯроварӣ нисбати занон. Мушкилии поймолсозии ҳуқуқҳои занон дар кишвари мо хеле тезутунд истодааст. Бо ин сабаб Шумо метавонистед, ки лоббии  батасвибрасонии ин Санадро ба ӯҳда гиред?

Ализода: Мо хеле хуб бо ташкилотҳои занонаи худ кор мебарем. Ин мушкилиро низ муҳокима намуда будем ва масоили баробарҳуқуқии ҷинсӣ ва пешгирии таҷовузро нисбати занон ва дигар мушкилиҳоро бардошта меистем. Ҳоло сухан рондан дар бораи ҳаргуна мӯҳлатҳои батасвибрасонии эҳтимолии ин ҳуҷҷат барвақт аст.

Ҳуҷҷатҳои байналҳалқӣ оид ба ҳуқуқҳои инсон, ки бо онҳо Тоҷикистонро ҳоло кор кардан дар пеш аст, кифоя ҳастанд: масалан, ин Санади факултативии ба Пакти байналхалқӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ, ки ба манъ кардани ҳукми қатл тааллуқ дорад, Конвенсия оид ба ҳуқуқҳои маъюбон. Мо аз рӯи ҳамаи ин самтҳо кор мебарем.

Ҳамидова: Тоҷикистон, дар баробари дигар кишварҳои собиқ Шӯравӣ, мунтазам қонунгузории ҷиноиро ба сӯи инсондӯстӣ тағйир дода истодааст. Ба фикри Шумо, кишвари мо аллакай омода аст, ки пурра аз чунин тарзи ҷазодиҳӣ, ба монанди ҳукми қатл даст кашад?

Ализода: Инсаволи оддӣ нест, махсусан барои кишварҳои собиқ шӯравӣ. ҷавоби яксон додан душвор аст. Барои ин бисёр чизҳоро омӯхта, таҳлил кардан лозим. Ба ин савол якуякбора ҷавоб дода наметавонам. Ин мушкилии хеле ҷиддӣ аст.

Ҳамидова: Боз як мушкилии дигар дар кишвар – ин муҳоҷирони меҳнатӣ мебошанд. Дар муроҷиатномаи охирини худ ба парлумон президент Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ки сохтори махсусро таъсис додан лозим аст, ки ин масъаларо идора намояд. Ба сохтори оянда чӣ маслиҳатҳо дода метавонед? Кишвар ҳуқуқҳои шаҳрвандони худро, ки аз ватан хеле дур ҳастанд, чӣ гуна бояд ҳифз намояд?

Ализода: Ин ташаббуси президенти мо хеле бамаврид аст. Муҳоҷирон барои кишвари мо ва иқтисодиёт хеле муҳим ҳастанд. Сохтори алоҳидаи ҳукуматӣ ҳоло ниҳоят зарур аст, зеро имрӯз аксари муассисаҳои гуногун бо ин масъала машғул ҳастанд ва ҳамоҳангсозии он душвор аст.

Ташкилоти мо низ дар канор намеистад. Мо дар ҳудуди ваколатҳои худ дар масоили ҳифзи ҳуқуқҳои муҳоҷирон дар хориҷа мусоидат менамоем. Мо бо омбудсменҳои якчанд манотиқи Русия, ки онҷо шаҳрвандони мо кор мекунанд, муносибатҳои хуб бастаем. Ба мисли худи ваколатдор оид ба ҳуқуқҳои инсони Федератсияи Русия…

Дар худи Тоҷикистон низ корҳои зиёдеро кардан мумкин аст. Пеш аз ҳама, ба тартибу низом даровардани масоили ташкили ба кор қабул кардани замонавии ҳамшаҳриёни мо, бо бастани шартномаву созишномаҳои аслӣ. Аксари мушкилиҳо маҳз барои набудани чунин ҳуҷҷатҳо ба миён меоянд. Дигар масъала – омодасозии касбии кадрҳо – боз ҳам бештар таъсис додани марказҳои таълимӣ. Саводнокии ҳуқуқии муҳоҷирони моро баланд бардоштан лозим аст, ки вобаста аз ин, онҳо ҳолати мубориза бурдан барои ҳуқуқҳои худ надоранд. Ҳамчунин сатҳи омӯзиши забони русиро баланд баровардан лозим аст.

 

Мақолаи мазкур дар доираи ду лоиҳаҳоиIWPR таҳия карда шудааст: «Ҳифзи ҳуқуқҳои инсон ва маълумоти ҳифзиҳуқуқӣ тавассути ВАО дар Осиёи Марказӣ», ки аз ҷониби Комиссияи Аврупо ва «Барномаи иттилоотӣ оид ба равшаннамоии масоили ҳифзиҳуқуқӣ, муноқишаҳо ва мустаҳкамгардонии боварӣ», ки аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии Норвегия маблағгузорӣ карда мешаванд.

IWPR барои мундариҷаи мақолаи мазкур масъулияти пурра бурда, дар ягон ҳолат нуқтаи назари кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ё Вазорати корҳои хориҷии Норвегияро инъикос наменамояд.

Tajikistan
Human rights
Frontline Updates
Support local journalists