Мусоҳиба: Пас аз озодшавӣ тақдирӣ авфшудагон касеро хавотир намекунад

Мусоҳиба: Пас аз озодшавӣ тақдирӣ авфшудагон касеро хавотир намекунад

Friday, 8 January, 2010
7 ноябр дар Тоҷикистон авфи умум оғоз ёфт, ки дар натиҷаи он 10 ҳазор маҳкумшудагон ба озодӣ мебароянд. Сабаб ва шароитҳои онро вакили Маҷлиси намояндагони (палатаи поёнии парлумон) Тоҷикистон Маҳмадалӣ Ватанов шарҳ медиҳад. Ӯ таҷрибаи зиёда аз 20 солаи кор дар ситемаи судии кишварро дорад, дар солҳои 1995 - 2007 вазифаи ҷонишини якуми раиси Суди Олиро адо мекард.



IWPR: Вазъияти маҳкумшудагонро дар зиндонҳои Тоҷикистон чӣ гуна баҳодиҳӣ менамоед?



Ватанов: Бо асли ҳол дар маҳбасхонаҳо ман аз рӯи таҷрибаи худ шинос ҳастам. Чанд сол пеш дар ҳайати комиссия ман қариб аз ҳамаи маҳбасхонаҳои ҷумҳурӣ дидан кардам. Ҳақиқатан норасоиҳо ҷой доштанд. Фикр дорам, дар замони душвори имрӯза низ мушкилӣ зиёд аст. Маҳбасхона — санаторий нест, худи маҳрумшавӣ аз озодӣ чӣ гуна ҳиссиёт мебошад! Онро ягон гуна боигариҳо подош карда наметавонанд.



Амри мазкури авфкунӣ ба шарофати 15-солагии Сарқонун ва соли гиромидошти Имом Аъзам, бо тақозои афкори инсонпарварона қабул шуд.



(Имом Абӯҳанифаи бузург — асосгузори равияи ҳанафӣ дар ислом, ки пайравони ӯ зиёда аз 90% мусулмонони Тоҷикистонро ташкил медиҳанд).



Фикр мекунам, ин ҷо аз ҳад зиёд пур будани маҳбасхонаҳо ягон нақши махсусро набозида аст. Аз қадимулайём авф кардан ё бахшидани гуноҳ ҳадафи волои сарварони давлатҳо — подшоҳон, амирон ва халифон буд. Чунин шуморида мешуд, ки Худованди карим бахшанда аст, бинобар ин, ҳар як фарди худотарс бояд ҳамин гуна бахшанда бошад.



Қонуни ҷории «Оид ба авф»-ро президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ин ният ба парлумон пешкаш намуд. Дар ин бора намояндаи ӯ низ дар Маҷлиси намояндагон Шерхон Салимзода ҳангоми пешниҳоди қонунгузорӣ сухан ронда буд.



IWPR: Авфи соли ҷорӣ аз пештараҳо чӣ фарқ дорад?



Ватанов: Дар қонун «Оид ба авф» элементҳои зиёди ба қонунҳои дигари ба ин монанд, такрор мешаванд. Вале фарқиятҳо низ ҳастанд. Масалан, диққати махсус ба занон, ноболиғон, мардони синнашон аз 55 боло, маҷрӯҳон ва беморони сил дода мешавад.



Диққати махсус ба шахсоне дода мешавад, ки аз хизмати ҳарбӣ саркашӣ намуданд ё худсарона қисми ҳарбиро тарк намудаанд. Нисбати охирон қонун ҳатто қатъ намудани парвандаҳои тамомнашудаи ҷиноиро имкон медиҳад ва ҳозиршавии онҳо ба мақомоти тафтишотӣ шарт нест.



Ҳамчунин қонун озодшавиро аз масъулияти ҷиноӣ ва ҷазогирии шахсоне, ки қонуншиканиҳои нисбатан сабук ва миёна содир кардаанд, пешбинӣ намудааст.



IWPR: Аксарият интизори он буданд, ки собиқ силоҳбадастони ҷанги шаҳрвандӣ озод карда мешаванд. Чаро ин чиз рӯй надод?



Ватанов: Амалиётҳои ҷангӣ дар ҷумҳурӣ охири асри гузашта ба анҷом расиданд. Силоҳбадастон чандин бор авф карда шуда буданд. Масалан, соли 1997 ба онҳо ҳатто баъзе ҷиноятҳои махсусан вазнин бахшида шуданд, ба монанди кушторҳои қасдан карда шуда, роҳзанӣ, ғоратгарӣ ва ғ.



Нисбати ҷангиёни нерӯҳои мухолифин моҳи майи соли 1999 қарори авф қабул шуда буд. Мувофиқи ин қонун, онҳо аз ҷавобгарии ҷиноӣ барои тамоми ҷиноятҳое, ки дар муддати то 13 майи соли 1999 содир шудаанд, озод карда шуданд. Барои ҷиноятҳое, ки онҳо пас аз авф кардан содир карда буданд, бояд мисли дигар маҳкумшудагон ҷавобгарӣ баранд. Охир ин тавр намешавад, ки ҳамон як одамро ҳамеша авф кардан гиранд.



Қонуни мазкур дар асоси умумӣ иҷро карда мешавад. Нисбати собиқ силоҳиён ягон гуна маҳдудият вуҷуд надорад.



IWPR: Вале дигар ақидаҳо низ ҷой доранд. Масалан, сарвари Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ ва аъзои Маҷлиси Олӣ Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода мегӯянд, ки ягон собиқ ҷангиён дар натиҷаи авфҳои гузашта озод карда нашуда буд?



Ватанов: Намедонам, чаро онҳо ин тавр мегӯянд. Ин суолро метавонед ба онҳо диҳед. Ман маълумоти дигар дорам.



IWPR: Оё шумо ягон нишондоде нисбати шумораи авфшудагоне, ки бори дигар дар паси панҷара шудаанд, доред? Ба фикри шумо, чаро онҳо бармегарданд?



Ватанов: Нишондодҳои аниқи шумораи нафаронеро, ки пас аз авфшавӣ боз ҷиноят содир мекунанд, ман надорам. Вале гумон дорам, ки онҳо бисёр нестанд. Бобати сабабҳо сухан рондан низ осон нест. Ҳар як инсон бо сабабҳои гуногун ба маҳкама меафтад. Ин масъала бояд муфассал омӯхта шавад.



IWPR: Ба фикри шумо сабаби асосии баргаштан ба маҳбасхонаҳо – ин набудани барномаҳои мутобиқнамоии маҳкамшудагон ба ҳаёти ҷомеа мебошад ё на?



Ватанов: Моддаи 23 қонун оид ба авф кардан мақомоти маҳаллии ҳукумати давлатиро вазифадор месозад, ки ба шахсони авфшуда кӯмаки иҷтимоӣ расонида шуда, масъалаҳои дар интернат ҷойгиркунии ноболиғоне, ки ҷойи доимии истиқоматӣ надоранд, инчунин ҷойгиркунии маъюбон ва беморон дар муассисаҳои тиббӣ ва иҷтимоӣ ҳал карда шаванд. Вале айни ҳол иҷроиши ин қисми қонун душвор мебошад. Яке аз вазифаҳои душвортарин – бо кор таъмин кардани ин одамон мебошад.



IWPR: Чаро ин душвор аст ва чӣ бояд кард дар ин ҳолат?



Ватанов: Дар аксари кишварҳо ташкилотҳои ҷамъиятӣ ё ТҒҲ-ҳо мавҷуд ҳастанд, ки дар сатҳи ҷамъиятӣ бо масъалаҳои саранҷомсозии маҳбасшудагон машғул мешаванд. Мутаассифона, мо чунинҳоро надорем. Яке аз сабабҳои баргаштани собиқ маҳкумшудагон ба зиндонҳо – ин аст, ки пас аз озодшавӣ ин одамон дар танҳоӣ бо худ монда, тақдири онҳо касеро ташвиш намедиҳад. Аз мавқеъёбии маҳкумшудагон тақдири ояндаи онҳо вобаста мебошад. Чӣ қадаре, ки онҳо беҳтар мавқеъ ёбанд, ҳамон қадар имкони онро доранд, ки дигар ҷиноят содир нанамоянд.



IWPR: Масъалаи ришвахӯрӣ дар зиндонҳои тоҷик то чӣ андоза душвории рӯзмарра мебошад, оё шумо чунин далелҳоро оварда метавонед, масалан, ҳангоми авфкунӣ?



Ватанов: Барои сухан рондан дар бораи ришвахӯрӣ дар маҳбасхонаҳо, бояд далелҳои аниқи исботшаванда оварда шаванд. Ман чунин далеҳоро надорам. Вале тавре мегӯянд: «Бе оташ дуд намебарояд». Кормандони маҳкамаҳо барои даст задан ба ришвахӯрӣ ҳамаи имкониятҳоро доранд.



Махсусан чунин сӯҳбатҳо дар рафти иҷроиши авфкуниҳо пайдо мешаванд. Охир аз кормандони маҳкамаҳо омодасозии ҳуҷҷатҳо, ҷазодиҳӣ ва подошдиҳии маҳкумшудагон вобаста аст. Ва бе чунин расмиятҳо иҷроиши авфкунӣ имконнопазир аст.



Аз ин бармеояд, ки иҷроиши саривақтӣ ва дурусти авф аз инсофи кормандони зиндонҳо вобаста аст. Ва дар ин ҷо мақомоти салоҳиятдор хулосаҳои худро бояд бароранд.

Frontline Updates
Support local journalists