Лоиҳаи қонун дар бораи зӯроварии хонаводагӣ дар Тоҷикистон ба таъхир меафтад

Созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи инсон исрор мекунанд, ки ҳукуматдорон барои пешбарии қонуни деринтизор дар бораи манъи зӯроварӣ нисбат ба занон иқдоме зоҳир наменамоянд.

Лоиҳаи қонун дар бораи зӯроварии хонаводагӣ дар Тоҷикистон ба таъхир меафтад

Созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи инсон исрор мекунанд, ки ҳукуматдорон барои пешбарии қонуни деринтизор дар бораи манъи зӯроварӣ нисбат ба занон иқдоме зоҳир наменамоянд.

Муҳофизони ҳуқуқи занон дар Тоҷикистон аз он куллан норозианд, ки баъди солҳои зиёди дастгирӣ – қонун оид ба зӯроварии хонаводагӣ то ба ҳол қабул нашудааст.

Дар ҳоле ки тибқи Кодекси ҷиноятӣ ҳуҷуми ҷисмонӣ ва расонидани зарари ҷисмонӣ, умуман, рафтори ғайриқонунӣ ҳисобида мешавад, ба фикри таҳлилгарон, мавҷуд набудани ҳимояи махсус ва ҷазо барои зӯроварӣ дар оила, ҳама кӯшишҳои ба гирифторон ёрӣ расониданро барбод медиҳад.

Ҳукуматдорон барои қабули қарори қатъӣ кӯшиш намекунанд, шояд барои он ки оила дар Тоҷикистон аз рӯи анъана мавзӯи ниҳонӣ ҳисоб мешавад ва давлат, одатан, ба ин соҳа дахолат намекунад.

Лоиҳаи қонун аз ҷониби Кумитаи кор оид ба занон ва оила ҳанӯз соли 2003 – юм пешниҳод шуда буд. Баъди панҷ сол барои дастгирии лоиҳаи қонуни мазкур шӯрои ҳамоҳангсозӣ ташкил кард шуд, ки ба ҳайати он созмонҳо ва вазоратҳое дохил шуданд, ки фаъолияти онҳо ба масъалаҳои гендерӣ робита дорад.

Узви ин гурӯҳи корӣ – Гулҷаҳон Бобосодиқова, раиси Ассотсиатсияи занон бо маълумоти донишгоҳӣ, гуфт, ки соли 2008 – ум ҳама вазоратҳои ҳукуматӣ лоиҳаи қонунро маъқул донистанд, ба ғайр аз вазорати адлия, ва аз ин сабаб он ба баррасии Маҷлиси Намояндагон пешниҳод нагардид.

Вазорати адлия аз ду ҷиҳат норозӣ буд – якум, ба сабаби набудани маблағгузорӣ барои таъмини марказҳои бӯҳронӣ ва сарпаноҳҳо, ки қонун пешбинӣ кардааст ва дуюм, бо баъзе ҷиҳатҳо лоиҳаи қонун – қонунҳои мавҷударо такрор мекард.

Ҷонибек Холиқзода, сардори раёсати қонунгузории Вазорати адлия, ба IWPR гуфт, ки агар ин ҷиҳатҳо ҳал мешуданд, эътирози дигар вуҷуд надошт.

Тибқи гуфтаҳои ӯ, кумитаи ҳукуматӣ оид ба корҳои занон, ба ҳисоботе, ки вазорати мазкур бо эродҳо оид ба масъалаҳои қонунгузорӣ, фиристода буд, вокунише нишон надод.

Бобосодиқова мегӯяд, ки вай аввали соли равон масъалаи инҳисори қонунро дар мақомоти олӣ матраҳ сохта буд ва дар ҷавоб президент Эмомалӣ Раҳмон ба мушовири давлатӣ оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ супориш дода буд, ки ҳама проблемаҳоро танзим намояд.

Аммо, мегӯяд вай, бо сипарӣ шудани нӯҳ моҳ чизе тағийр наёфтааст.

Боло бурдани иттилооти ҷамъиятӣ оид ба зӯроварии хонаводагӣ ва такмил додани раванди ҳимояи гирифторон, қисми стратегияи Миллии Тоҷикистон то соли 2015 ба ҳисоб меравад.

Ба монанди дигар муҳофизони ҳуқуқи инсон, Бобосодиқова чунин меҳисобад, ки ҳарчанд мансабдорон зарурати гузаронидани ислоҳотро мефаҳманд, аммо онҳо ин корро ба таъхир меандозанд, зеро гумон мекунанд, ки ҷомеа қонунеро, ки ба ҳаёти оилавӣ дахл дорад, хуб қабул нахоҳад кард.

Ҷонишини раиси кумита оид ба корҳои занон ва оила Ҳилолбӣ Қурбонова эътироф намуд, ки ташкилоти вай қабули лоиҳаи қонунро дастгирӣ намекунад. «Вай ба менталитети мо мувофиқ нест», - гуфт вай.

Сотсиолог аз Душанбе, ки хост номаш гирифта нашавад, эзоҳ дод, ки нақш ва ҳуқуқи занон ва мардон дар оилаҳои тоҷик, одатан, хеле муҳофизакорона тақсим шудааст.

«Мард – сарвари оила аст. Вай нисбати аъзои оила ғамхорӣ мекунад, қарор қабул мекунад ва чунин андеша дорад, ки ҳуқуқ дорад барои ҷазои аъзои оила, қувваи ҷисмониро истифода намояд», - гуфт вай.

Фикре мавҷуд аст, ки занон бояд мутеи вазъи худ гарданд ва проблемаҳои худро аз дари хона берун набароранд; ғайр аз ин, агар онҳо гирифтори зӯроварӣ гарданд, аз ҷустуҷӯи ёрӣ шарм медоранд, илова намуд сотсиолог.

Дар чунин муҳит, мегӯяд сотсиолог, қонун дар бораи зӯроварии хонаводагӣ ба хотири шарҳи моҳияти чунин зуҳурот хеле зарур аст ва инчунин, ба сабаби ба иттилои аҳли ҷомеа расонидани он, ки ин амал ҷиноят мебошад.

Муқаддас, модари чор фарзанд, ба IWPR, дар мавриди фарҳанги хомӯш будан, нақл кард. Солҳои охир шавҳари ӯ хеле бадҷаҳл шуд, ба сари вай доду фарёд мекард, ӯро мезад ва ба алоқаи ҷинсӣ маҷбур месохт.

Ҳамсоягони онҳо оид аз ин ҳолат хабар доштанд, аммо хомӯш буданд ва ҳеҷ гоҳ дахолат намекарданд.

Дар ин ҷомеи суннатӣ ҷудо шудан аз шавҳарро маъқул намекунанд, аммо Муқаддас аз ҷудо шудан барои он метарсад, ки вай ҷои зисти дигар надорад.

Вазъи ошкорои қонунӣ, ба мисли вазъи бисёр аз занҳои имрӯзаи Тоҷикистон, ҷиҳати заифи вай мебошад, зеро вай ва шавҳараш танҳо ақди никоҳи мусулмонӣ баста, онро бо тартиботи дунявӣ ба қайд нагирифтаанд. Аз ин лиҳоз, расман, тибқи қонун онҳо зану шавҳар нестанд. Ғайр аз ин, шавҳари вай зани дуюм гирифта, бо вай низ танҳо ақди никоҳи мусулмонӣ бастааст.

Миқдори занонеро, ки дар хона гирифтори зӯроварӣ мешаванд, ҳисоб кардан душвор аст. Танҳо аз аввали соли равон Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон беш аз 460 ҳодисаи вайрон кардани ҳуқуқро ба қайд гирифтааст, ки ба муносибатҳои оилавӣ дахл доранд. Ба ин адад, ҳодисаҳои зӯроварӣ ва куштор дохил мешаванд, аммо омори алоҳида дар мавриди зӯроварии хонаводагӣ вуҷуд надорад.

Созмонҳои дифоъи ҳуқуқи занон ҳисобу китоби худро мебаранд, аммо онҳо танҳо нафаронеро ба мадди назар мегиранд, ки фаълона дар ҷустуҷӯи ёрмандӣ мебошад. Эътилофи созмонҳои ҷамъиятӣ «Аз баробарии ҳуқуқӣ ба баробарии воқеӣ» хабар медиҳад, ки соли гузашта ба марказҳои бӯҳронӣ тақрибан 3900 занон омаданд ва 14% онҳо изҳор намуданд, ки ба зӯроварии ҷисмонӣ гирифтор шудаанд.

Сардори шӯъбаи таъминоти ҳуқуқии ВКХ Лола Отабоева гуфт, ки мавҷуд набудани таърифҳои дақиқ дар қонун, ҷамъоварии оморро дар мавриди чунин ҷиноятҳо душвор мекунад.

«Ба сабаби он ки мафҳуми «зӯроварии хонаводагӣ» - ро аз мафҳуми «ҷинояти маишӣ» ҷудо медонанд, то ба ҳол омори расмӣ оид ба ин проблемаҳо дар дасти мо нест… ва чунин ҳолат имкон намедиҳад, ки ба таври объективӣ ба андозаи ин зуҳурот баҳо бидиҳем», - мегӯяд вай.

Тибқи гуфтаҳои Отабоева, Вазорати корҳои дохилӣ, ки мақомоти милисаро назорат мекунад, лоиҳаи қонунро, ки дар он зӯроварии хонаводагӣ ба сифати моддаи алоҳида сабт шудааст, ҷонибдорӣ намуд.

Мақомоти милиса аллакай дар лоиҳаи озмоишӣ оид ба ташкили участкаҳои махсусгардонидашудаи милиса барои кор бо гирифторони зӯроварии хонаводагӣ, иштирок мекунанд.

Дар қисмҳои махсусгардонидашудаи назди участкаҳои милиса вазифаи нави як нафар инспектори зан ҷорӣ карда мешавад, ки дар моҳи июн дар мавриди кор бо ҳодисаҳои зӯроварии хонаводагӣ аз тренинги омӯзишӣ гузаштааст. Онҳо чунин ҳодисаҳоро тафтиш ва ҳуҷҷатгузорӣ хоҳанд кард, аввалин шуда бо гирифторони зӯроварӣ кор хоҳанд бурд ва бо марказҳои бӯҳронӣ ва марказҳои мададрасони ҳуқуқие робита хоҳанд дошт, ки аз тарафи ТҒД-ҳо ва кумитаи ҳукуматӣ оид ба кор бо занон вогузор карда мешаванд.

Бо дастгирии лоиҳаи САҲА моҳи сентябр дар пойтахти мамлакат шаҳри Душанбе ду қисми махсусгардонидашуда ва яктогӣ дар шаҳрҳои калони ҷануби кишвар Қӯрғонтеппа ва Кӯлоб ва шимоли кишвар Хуҷанд ташкил карда шуданд.

Лола Сафарова, инспектори яке аз қисмҳои махсусгардонидашуда дар шаҳри Душанбе, мегӯяд, ки иҷрои чунин кор душвор аст, зеро қонунгузорие, ки бояд зӯроварии хонаводагиро чун ҳуқуқвайронкунӣ муайян карда, иҷозат диҳад, ки вайронкунандагони ҳуқуқро тибқи муқаррароти ҷиноятӣ таъқиб намояд, мавҷуд нест.

«Дирӯз ман зани ҷавони ҳомиладорро қабул кардам, ки хушдоманаш ӯро ба исқоти ҳамл маҷбур карда истодааст. Дар чунин мавридҳо чӣ бояд кард, агар қонун набошад?» - мегӯяд Сафаралиева.

Ба фикри, Алла Қувватова, раиси Ассотсиатсия ТҒД оид ба баробарии гендерӣ ва пешгирии зӯроварӣ нисбати занон дар Тоҷикистон, ин проблемаҳо ҳалшавандаанд
«Вариантҳо зиёданд, танҳо онҳоро санҷидан лозим аст», - мегӯяд вай.

Суолҳои Вазорати адлия оид ба такрор шудани қонунгузориро метавон бо роҳи муқоисаи лоиҳаи қонун бо қонунҳои дигар ҳал карда, сипас ба он тағйирот ворид кард.

Ҳарчанд Қувватова ба он ишора мекунад, ки на ҳама лоиҳаҳо барои қабул шудан бояд аз ҷиҳати қобилияти иқтисодӣ асоснок карда шаванд; ба фикри ӯ, норизоӣ доид ба маблағгузориро дар мавриди мазкур, масалан, метавон бо ёрии дастгирӣ аз ҷониби донорҳои хориҷӣ ҳал кардан мумкин аст.

Вай қайд кард, ки САҲА аллакай марказҳои захиравиро барои занон дар 11 ноҳияи Тоҷикистон дастгирӣ менамояд. Дар дигар мавридҳо, метавонанд ҳукуматҳои маҳаллӣ ёрӣ расонанд. Дар Хуҷанд сарпаноҳ барои занон дар биное ҷойгир карда шуд, ки ба ҳокимияти маҳаллӣ тааллуқ дорад.

Қувватова ҳамчунон гуфт, ки эътилофи онҳо нақша дорад дар мавриди зӯроварӣ маъракае барпо намояд, то ин ки иттилоъи ҷомеа оид ба зӯроварии хонаводагӣ боло бурда шавад ва чи гуна бояд гирифторони потенсиалӣ ҳимоя карда шаванд.

Манижа Қурбонова, рӯзноманигор дар Тоҷикистон, ки тренингҳои омӯзишии IWPR – ро гузаштааст.

Мақолаи мазкур дар доираи ду пружаи IWPR омода шудааст: «Дифоъ аз ҳуқуқи инсон ва маълумоти муҳофизати ҳуқуқӣ ба василаи ВАО дар Осиёи Марказӣ», ки аз ҷониби Комиссияи Аврупо маблағгузорӣ мешавад ва «Барномаи иттилоотӣ оид ба инъикоси масаъалаҳои муҳофизати ҳуқуқ, ихтилофҳо ва истиқрори боварӣ», ки аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии Норвегия маблағгузорӣ мешавад.

IWPR барои мазмуни мақолаи мазкур пурра масъул мебошад ва он ба ҳеҷ ваҷҳ назари кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ё Вазорати корҳои хориҷии Норвегияро инъикос намекунад.

Frontline Updates
Support local journalists