Ҳукумати Тоҷикистон нақшаи ҷорӣ намудани андози нав дар алоқаи мобилии сердаромадро дорад
Аз афташ, мегўянд коршиносон, вазнинии андози нав бар дўши истифодабарандагон бор мешавад.
Ҳукумати Тоҷикистон нақшаи ҷорӣ намудани андози нав дар алоқаи мобилии сердаромадро дорад
Аз афташ, мегўянд коршиносон, вазнинии андози нав бар дўши истифодабарандагон бор мешавад.
Ҳукумати Тоҷикистон эҳтимолияти даровардани тағйиротҳоро дар қонунгузорӣ ва ворид намудани аксизҳоро ба хизматрасонии алоқаи мобилӣ ба монанди нўшокиҳои спиртӣ ва маҳсулоти тамоку мавриди омўзиш қарор додааст.
Тибқи гуфтаи таҳлилгарон, чунин қарор аз сабаби камшавии даромад ба буҷаи давлатӣ қабул шудааст. Соҳаи алоқаи мобилӣ дар ҳоле, ки соҳаҳои дигари тиҷорат аз оқибатҳои бўҳрони иқтисодӣ зарар дидаанд, яке аз секторҳои камшумори инкишофёбанда мебошад.
Дар мусоҳибаи худ бо IWPR Саодат Ваҳҳобова аз Идораи сиёсати андоз ва пешбинии даромадҳои давлатӣ дар Вазорати молия шарҳ дод, ки андози 3%-и аксизӣ ба тамоми хизматрасониҳои операторони мобилӣ ҷорӣ карда мешавад.
Айни ҳол, лоиҳаи қонун дар вазоратҳои гуногун мавриди омўзиш қарор дорад. Дар сурати қабул шудан, он барои баррасӣ ба парлумон пешниҳод мегардад.
Ин кўшиши дуюмини ҳукумати кишвар сари зиёдгардонии андозҳо барои операторони мобилӣ мебошад. Соли 2007 чунин як иқдом бо сабаби лобии муваффақи операторони алоқаи мобилӣ нобарор анҷом пазируфт.
Айни ҳол дар Тоҷикистон нўҳ ширкати амалкунандаи алоқаи мобилӣ вуҷуд доранд - MLT, «Babilon-m», «Tcell», «Beeline», «М.Теко», «Телеком inс.» (Skytel), «ТК-mobile», ОАО «Таджиктелеком» и «Telecom technology Ltd.». Аксари онҳо бо кўмаки сармоягузориҳои хориҷӣ таъсис дода шуда буданд.
Маҷмўи даромади ҳарсолаи ин ширкатҳо қариби 320 миллион доллари ИМА-ро ташкил менамояд.
Коршиноси мустақил Рустам Ҷабборов чунин мешуморад, ки ҳукуматдорон аз он ба ин иқдом даст задаанд, ки даромадҳои дигари буҷа кам мешаванд.
Тоҷикистон оқибатҳои бўҳрони ҷаҳонии иқтисодиро дар якчанд соҳаҳо аз сар гузаронида истодааст – талабот ба молҳои содиротӣ, аз ҷумлаи алюминий ва пахта поён рафта, ҷараёни интиқоли маблағҳое, ки садҳо ҳазор муҳоҷирони тоҷики дар хориҷи кишвар кор кардаистода, ба хона мефиристоданд, баробари ихтисоршавии ҷойҳои корӣ дар Россия ва Қазоқистон, паст шуд.
«Нақшаи ҷамъоварии андозҳо аллакай 1,5 сол аст, ки иҷро карда намешавад, бинобар ин, ҳукумат сарчашмаҳои иловагии даромадро ҷустуҷў дорад. Соҳаи алоқа бошад, яке аз соҳаҳои сердаромади кишвар мебошад», - гуфт Ҷабборов дар мусоҳиба бо агентии Азия Плюс.
Ба камбизоатии ҳамаҷониба нигоҳ накарда, дар Тоҷикистон солҳои охир афзоиши истифодабарии алоқаи мобилӣ мушоҳида карда мешавад. Дар кишваре, ки аҳолиаш 7,5 миллон нафарро ташкил медиҳад, наздики 4,3 миллион сокинон алоқаи мобилиро истифода мебаранд. Рақобат байни ширкатҳои мобилӣ ба пастшавии тарифҳои алоқаи мобилӣ оварда расонид, ки айни замон дар Осиёи Марказӣ нисбатан арзонтар мебошад.
Эҳтимолияти ворид сохтани навовариҳо боиси нигарониҳо гаштааст, ки андози нав ба хизматрасонии алоқаи мобилӣ ба истифодабарандагони миёна зарба мерасонад, зеро ширкатҳои алоқаро маҷбур месозад, ки арзиши алоқаро зиёд гардонанд.
Директори генералии ширкати «Babilon-m», Беҳзод Файзуллоев ба IWPR гуфт, ки ворид намудани андози 3%- аксизӣ, боиси афзоиши арзиши хизматрасониҳо ба истифодабарандагон камаш ба миқдори 5% гашта, ҳамчунин рушди ин соҳаро суст мегардонад.
Тибқи гуфтаҳои ў, ширкатҳои мобилӣ бе ҳамин ҳам андозҳои аз ҳама калонро месупоранд. «Гуфтан кифоя аст, ки як ширкати «Tceel» аз тамоми бонкҳои Тоҷикистон дида, бештар андоз месупорад», - изҳор намуд ў.
Ба ақидаи иқтисоддон Қаҳҳор Аминов, ҷорисозии аксиз «дар натиҷа ба ҳаёти аҳолӣ, ки 60% он аз ҳадди камбизоатӣ пасттар зиндагӣ дорад, таъсир мерасонад».
Коршиноси Маркази тадқиқотҳои стратегӣ Фируз Саидов, тахмин дорад, ки нияти ҳукуматдорон барои афзоиши ҷамъоварии андозҳо аз ҳисоби операторони алоқаи мобилӣ вокуниши баръаксро ба амал оварда метавонад.
«Афзоиши арзиши хизматрасониҳо ба камшавии шумораи муштариён оварда мерасонад, ки дар натиҷа ба боиси пастшавии пардохтҳои андозҳо ба буҷа аз ҳисоби операторони алоқаи мобилӣ мегардад.
Ҷонишини вазири нақлиёт ва коммуникатсияҳо Бег Зуҳуров, нозири асосии соҳаи алоқа, ба IWPR гуфт, ки нисбати ин масъала ҳоло ягон шарҳ дода наметавонад, зеро лоиҳаи қонун ҳоло қабул нашудааст.
«Ман он замон изҳори ақида менамоям, вақте қарори охирин қабул карда мешавад», - изҳор намуд Зуҳуров.
Раиси Ассотсиатсияи операторони алоқаи мобилӣ Ғафур Иркаев мегўяд, ки ҷорисозии аксиз ба алоқаи мобилӣ, телефонҳои мобилиро дар як зина бо молҳои ба ҷомеа ва муҳити атроф таъсири зараровар дошта, мегузорад. Ба гуфти ў, дар дигар кишварҳо ба рўйхати чунин молҳо бензин ва дигар намудҳои сўзишвории барои муҳити атроф номусоид, инчунин нўшокиҳои спиртӣ ва маҳсулот аз тамоку, дохил мешаванд.
Аз ин пештар, дар соли ҷорӣ ҳукуматдорон нисбати камгардонии истифодаи барзиёди алоқаи мобилӣ изҳор карда буданд, ки ин ҳамзамон зараровар буда метавонад.
Охири моҳи апрел, президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон изҳор намуд, ки телефонҳои мобилӣ ба саломатӣ хатар доранд ва ба Вазорати тандурустӣ дастур дод, ки ҷомеа, алалхусус, ҷавононро аз зарари эҳтимолии он огоҳ гардонанд.
Ҳафтае пеш бошад, Раҳмон ҷиҳати дигари манфии истифодабарии алоқаи мобилӣ – арзиши онро хотиррасон намуд. Ба гуфтаҳои ў, зиёда аз миллион соҳибони телефонҳои мобилӣ дар Тоҷикистон ба алоқа аз 11 то 35 доллар дар як моҳ хароҷот менамоянд. Ин, ба гуфтаи ў, «камшавии захираи молиявӣ дар ҳар як оилаи тоҷик» мебошад.
Эродҳои президент боиси пахши як қатор барномаҳо дар телевизиони давлатӣ гаштанд, ки таъсири зараровари ҷисмониро аз истифодабарии барзиёди телефонҳои мобилӣ ифшо мекарданд. Ҳукуматдорони маҳаллӣ дар пойтахт ва дигар шаҳрҳо баннерҳоро бо рекламаи операторони алоқаи мобилӣ барканданд, ҳарчанд, чанде пас рекламаи онҳо барқарор карда шуд.
Ҷаҳонгир Бобоев – тахаллуси рўзноманигор дар Тоҷикистон.
Мақолаи мазкур дар доираи ду лоиҳаҳои IWPR таҳия карда шудааст: «Ҳифзи ҳуқуқҳои инсон ва маълумоти ҳифзиҳуқуқӣ тавассути ВАО дар Осиёи Марказӣ», ки аз ҷониби Комиссияи Аврупо ва «Барномаи иттилоотӣ оид ба рӯшансозии масоили ҳифзиҳуқуқӣ, муноқишаҳо ва мустаҳкамгардонии боварӣ», ки аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии Норвегия маблағгузорӣ карда мешаванд. IWPR барои мӯҳтавои мақолаи мазкур масъулияти пурра бурда, дар ягон ҳолат нуқтаи назари кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ё Вазорати корҳои хориҷии Норвегияро инъикос наменамояд.