Хавотирӣ нисбати ҷамъоварии маблағҳо барои НОБ-и калони Тоҷикистон

Маъракаи ҷамъоварии маблағҳо барои ба итмом расонидани сохтмони нерӯгоҳ тавре ба назар мерасад, на он қадар ихтиёрӣ мебошад.

Хавотирӣ нисбати ҷамъоварии маблағҳо барои НОБ-и калони Тоҷикистон

Маъракаи ҷамъоварии маблағҳо барои ба итмом расонидани сохтмони нерӯгоҳ тавре ба назар мерасад, на он қадар ихтиёрӣ мебошад.

Wednesday, 10 March, 2010
, ки барои бартараф намудани норасоии нерӯи барқ кӯмак мерасонад, омодагӣ мебинад, сару садоҳое баланд мешаванд, ки мардумро барои сохтмони нерӯгоҳ маҷбур месозанд, то маблағ супоранд.



Ҳангоми ба охир расидани сохтмон, нерӯгоҳ дорои сарбанди калонтарин дар олам мегардад, вале айни замон НОБ-и Роғун мӯҳтоҷи сармоягузорӣ мебошад. Аз ин сабаб, ҳукумат шаҳрвандонро маҷбур месозад, то барои баитмомрасии зудтари сохтмон ва расонидани кӯмак ба кишвар дар бартарафсозии норасоии нерӯи барқ, мардум саҳми худро гузоранд.



Тибқи нақшаи охирон, саҳмияҳои НОБ-и Роғун 6 январ ба фурӯш гузошта мешаванд.



2 декабр президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо даъвати харидорӣ намудани саҳмияҳои НОБ-и сохтаистодашуда ба миллат муроҷиат намуд. Зимни гуфтаҳои ӯ, барои ба охир расидани сохтмони сарбанд, пуршавии обанбор ва ба кор шурӯъ намудани ду трубина аз шаш трубинаи истеҳсолкунанда, 600 миллион доллар лозим аст.



МАҶБУРСОЗӢ БАРОИ МАБЛАҒГУЗОРӢ БА ФОНДИ НОБ



Азбаски созишнома бо сармоягузорони рус тирамоҳи соли 2007 бекор шуда буд, ҳукумати Тоҷикистон мустақилона кӯшиши маблағгузорӣ намудани корҳои боқимондаро дар НОБ-и сохташудаистода кӯшиш дорад ва бинобар ин, шаҳрвандонро даъват менамояд, ки саҳмияҳоро харидорӣ намоянд, ё ин ки бевосита ба хазинаи НОБ-и Роғун пул гузаронанд.



Бо мақсади ҳавасмандгардонии шаҳрвандон барои саҳмгузорӣ дар сохтмон, ВАО-и давлатӣ пур аз гузоришоте аст, ки ширкатҳову шахсони алоҳида аз донишҷӯёни бепул сар карда, то пиронсолони нафақаи хурддошта – ҳама саҳмия мехаранд, ё нияти харидорӣ намудани саҳмияҳоро доранд.



Вале шаҳрвандоне, ки аз ҷониби IWPR пурсиш шудаанд, мегӯянд, ки онҳоро маҷбур месозанд, то саҳмияҳои НОБ-ро харидорӣ намоянд ё бевосита маблағ гузаронанд, гарчанде онҳо чунин имконият надоранд.



Президент Раҳмон таъкид дорад, ки харидорӣ намудани саҳмияҳо пурра ихтиёрӣ аст. Дар муроҷиати телевизионии худ моҳи октябр ӯ изҳор намуд, ки дар Тоҷикистон 1,3 миллион оила ҳаст, ки аз онҳо 300 ҳазор барои харидани саҳмия хеле камбағал мебошанд, дигарон бошанд, барои харидани он имконият доранд.



«Мо ба ҳисоб гирифтем, ки наздики як миллион оилаҳои тоҷик ба ҳисоби миёна саҳмияҳои Роғунро ба маблағи 5000 сомонӣ харидорӣ менамоянд, - гуфт президент. – Мо боварӣ дорем, ки ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон саҳми худро дар сохтмони объекти мазкур мегузорад, ки аз он ояндаи ватани мо вобаста мебошад».



Ҳатто агар аз саҳм қишри камбизоати аҳолиро озод намоем, маблаг хеле калон аст – 5000 сомонӣ қариб 1150 долларро ташкил медиҳад, ки тахминан якуним маротиба аз маоши миёнаи солона дар Тоҷикистон зиёд буда, қисми зиёди аҳолӣ аз хадди аққали қашшоқӣ поён қарор доранд, ки аз ҷониби Бонки Ҷаҳонӣ ду доллар дар як рӯз муайян карда шудааст.



Аксари шаҳрвандони Тоҷикистон, ки аз ҷониби IWPR пурсиш шудаанд, мегӯянд, ки муҳим будани нерӯгоҳи Роғунро дарк менамоянд ва аз таҳти дил кӯмак расонидан мехоҳанд, вале бисёриҳо мегӯянд, ки ин қадар маблағ надоранд. Дигарон изҳор намуданд, ки онҳоро барои чунин пардохтҳо хоҳ нохоҳ маҷбур месозанд ва онҳо аз он овозаҳо хавотирӣ доранд, ки онҳоро ба боварикунониҳои президент нигоҳ накарда, барои харидорӣ намудани саҳмияҳои нерӯгоҳ маҷбур месозанд.



Масалан, муаллимон аз ноҳияи Ёвон дар ҷануби Тоҷикистон, аз он нақл намуданд, ки аз саҳми худ ба хазинаи НОБ-и Роғун он вақт огоҳ шуданд, вақте музди меҳнаташонро ба шакли ихтисоршуда ба даст гирифтанд. Танҳо пас аз ин, директорони макотиб ба онҳо хабар доданд, ки маоши якрӯзаи ҳар як муаллим ба хазина ирсол карда шудааст.



Яке аз муаллимон, ки худро муаррифӣ накард, бо эътироз баён кард, ки чаро онҳоро пешакӣ касе напурсид.



«Солҳои пеш, дар замонаҳои Шӯравӣ, мо ҳамгуна маоши якрӯзаи худро ба хазинаи наҷоти мардуми Куба, гуруснагони Африқо хайр менамудем, - гуфт ӯ. - Вале пешакӣ маҷлис гузаронида мешуд, қарор қабул мекардем ва пас аз ин маблағе ба ин хазинаҳо пардохт карда мешуд».



«Ҳоло бошад, (ҳукуматдорон) барои огоҳ намудани муаллимон, ки маошашонро мусодира мекунанд, ҳатто ғайрат намекунанд», - илова кард ӯ.



Барои саҳм гирифтан, натанҳо сектори давлатиро маҷбур месозанд. Моҳи декабр ба кормандони бонки калони тиҷоратӣ дар маҷлис эълон намуданд, ки ними маоши моҳи декабри онҳо ба хазинаи НОБ-и Роғун фиристода мешавад.



«Роҳбарияти мо расман иҷозати моро пурсид — масъала гузошта шуд. Вале касе аз тарси бекор мондан, эътироз накард, гуфт ба IWPR яке аз кормандоне, ки худро муаррифӣ накард. - Зеро эҳтимол аст, ки дар ҳоли норозигӣ кардан, роҳбарият «ошӯбгаронро» метавонад ба рӯйхати сиёҳ дохил карда, дар мавриди муносиб онҳоро аз кор хориҷ намояд».



Акнун бисёриҳо хавотиранд, ки онҳоро ҳам ба пардохт кардан ва ҳам ба харидани саҳмияҳо маҷбур месозанд.



«Садқаи сари маоши якрӯза. Вале акнун маҷбур мешавем саҷмияҳои НОБ-ро харидорӣ намоем, - мегӯяд муаллима аз Ёвон. - Мегӯянд, ки онро ба маблағи на кам аз 5000 сомонӣ харидан лозим мешавад. Муаллиме, ки маоши миёна дорад, барои ҷамъ овардани чунин маблағ зиёда аз ду сол бояд кор кунад. Аз куҷо чунин маблағро ёбам? Ба ҳар ҳол умед дорам, ки маҷбур намекунанд».



Гарчанде саҳмияҳо ҳоло то аввали январ бароварда нашудаанд, хабарҳои маҷбурсозиҳо ва таҳдидкуниҳо аллакай пайдо шудаанд.



Дар яке аз донишкадаҳои Душанбе, донишҷӯе, ки худро Нилуфар номид, гуфт, ки ба ӯ ва ҳамкурсонаш фармудаанд, ки барои харидорӣ намудани саҳмияҳо 100 сомонӣ биёранд.



«Дар баробари ин, ба мо фаҳмониданд, ки агар аз пулсупорӣ сар кашем, моро метавонанд хориҷ кунанд, - гуфт ӯ. - Ҳамин тавр ҳам гуфтанд — ҳангоми фикр кардани пул супурдан ё на, дар бораи имтиҳон ва санҷишҳо фаромуш накунед».



Ҳуқуқшинос ва ҷонишини раиси Ҳизби сотсиал-демократӣ Шокирҷон Ҳакимов мегӯяд, ки мансабдорон дар сохтори давлатӣ кормандони тобеъро маҷбур месозанд, ки саҳмияҳоро харидорӣ намоянд, ё қисми маошашонро ба хазинаи сохтмони НОБ ирсол намоянд.



«Касе барои мачбур сохтани одамон барои маблағсупорӣ ба сохтмони Роғун ё харидорӣ намудани саҳмияҳои он ҳуқуқ надорад, - гуфт ӯ. - Кор то ҷое расидааст, ки мансабдорон аллакай мусобиқа доранд, ки кӣ маблағи зиёдтареро ҷамъ меоварад ё ки муассисаи кӣ саҳмияҳои бештарро харидорӣ менамояд. Дар натиҷа, ин метавонад ба акси ҳол оварда расонад».



Сарвари Ҳизби сотсиал-демократӣ Раҳматулло Зоиров ҳамчунин нисбати вазъияти баамаломада нуқтаи назари танқидии худро изҳор намуд.



«Такя намудан ба маоши моҳонаи шаҳрвандони ҷумҳурӣ мувофиқи мақсад нест ва аз он беш — ғайри мантиқ мебошад», - арз намуд ӯ дар нишасти матбуотӣ 8 декабр.



Ҳукуматдорон дар вазъияти баамаломада инкор кардани ҷой доштани маҷбурсозиро идома медиҳанд. Котиби матбуотии президент Абдуфаттоҳ Шарифзода ба ВВС иброз дошт, ки ягон мансабдоре, ки нисбати ӯ ягон далели маҷбурсозии шаҳрвандон барои харидани саҳмияҳо ё пардохт кардан маълум мегардад, аз рӯи қонун гунаҳкор дониста мешавад.



«Президент талаб мекунад, ки ба ҷалбсозии маҷбурии воситаҳои пулии аҳолӣ барои ин мақсад роҳ дода нашавад», - гуфт ӯ.



Як қисми шаҳрвандоне, ки ҳукуматдорон ба онҳо умед доранд — ин «артиши» калони муҳоҷирони меҳнатӣ дар Россия ва дигар кишварҳо мебошанд, ки маблағҳои аҳамиятнокро ба хонаҳояшон мефиристанд. Вале аксари онҳо бо сабаби таъсири бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ ба бозори меҳнатии Россия, махсусан ба индустрияи сохтмонӣ, маҷбур буданд ба хонаҳояшон баргарданд. Онҳое, ки дар хориҷа монданд, ба хонаҳояшон камтар пул мефиристанд — мувофиқи баъзе ҳисобҳо, ҳаҷми интиқолҳои пулӣ соли 2009 нисбати соли 2008 ба миқдори 30% камтар будааст.



«Ман аз куҷо пасандоз дорам? Дар фикри онам, ки пагоҳ аз куҷо барои харидани нон пул ёбам, - гуфт ба IWPR яке аз муҳоҷирони баргашта. - Пештар дар Россия мардикорӣ мекардам, вале имсол бо сабаби бӯҳрони молиявӣ ба онҷо рафта натавонистам».



ГИДРОЭНЕРГЕТИКА — ГАРАВИ ОЯНДАИ КИШВАР



Мавзеъоти кӯҳии Тоҷикистон барои сохтмони НОБ хеле мувофиқ аст. Дар Тоҷикистон аллакай якчанд чунин нерӯгоҳҳо мавҷуданд, аз ҷумла НОБ-и Норак — айни ҳол то ба анҷомрасии сохтмони НОБ-и Роғун, яке аз баландтарин дар ҷаҳон ба шумор меравад; НОБ-и Сангтӯда-1, ки аз ҷониби Россия маблағгузорӣ гардида, соли 2009 ба истифода дода шуд, вале бо сабаби баҳсҳои пулӣ метавонад аз кор бозмонад (бихонед Яке аз НБО-и калонтарини Тоҷикистон метавонад аз кор бозмонад, RCA № 598, 19 декабри соли 2009.)



Лоиҳаи мазкур соли 1976, вақте лоиҳакашони шӯравӣ барои сохтмони НОБ-и мазкур корро сар карданд, оғоз ёфта буд. Аллакай якчанд корҳои сохтмонӣ гузаронида шуда буданд, вале либерализатсияи сиёсӣ, ки дар Иттиҳоди Шӯравӣ охири солҳои 80-ум ҷой дошт, ба баромадҳои аҳолии маҳаллӣ ба муқобили сохтмони НОБ оварда расонид. Соли 1993 баландии сарбанд 40 метрро ташкил медод, вале қисми асосии он бо обхезӣ шуста шуд.



Пас аз соҳибистиқлолшавӣ Тоҷикистон бо камбизоатӣ дучор шуда, дар ҳадди ҳолате қарор гирифт, ки ба ҷанги панҷсолаи шаҳрвандӣ оварда расонид; маҳз барои ҳамин аз аввал то миёнаи солҳои 1990 оиди давом додани сохтмони НОБ-и Роғун сухане ҳам набуд.



Вақте ҳукумати Тоҷикистон тасмим гирифт, то лоиҳаро аз нав барқарор кунад, бо душвориҳо дар ҷустуҷӯи сармоягузорони берунае, ки хатарҳои муайяни тиҷоратиро дар кишваре, ки пур аз мушкилиҳои вобаста ба рушди иқтисодӣ ва инфраструктура дорад, ба зиммаи худ гирианд, дучор шуд.



Ниҳоят, ҳамчун сармоягузор Москва баромад кард, ки дар Тоҷикистон манфиатҳои ҷиддии сиёсию иқтисодӣ ва ҳамчунин дар доираи бехатарӣ дорад. Соли 2004 истеҳсолгари ҷаҳонии алюминий РУСАЛ созишномаи ба анҷомрасонии сохтмони НОБ-и мазкурро имзо кард. Аз ду миллиард сармоягузориҳои ваъдакардашуда, Россия танҳо қисмашро иҷро намуд, ки дар худ барқарорсозии заводи бузурги алюминийро дар Турсунзода, ки дар ҳолати таназзул қарор дошт, ҳамчунин сохтмони заводи тамоман навро дар ҷануби Тоҷикистон дар назар дошт. Истеҳсолоти алюминий миқдори бузурги нерӯи барқро талаб мекунад ва ин манфиати ширкати русиро ба гидроэнергетика маънидод менамояд.



Вале байни ҳукумати Тоҷикистон ва ширкати РУСАЛ атрофи масъалаи баландии сарбанди Роғун ва дигар масъалаҳои техникӣ ва вобаста ба шартнома, мухолифат ба миён омаданд. Ҳукумат баландии сарбандро 335 метр пешниҳод намуд, дар ҳоле ки РУСАЛ бо истинод ба хатари зилзиланокии минтақа 280 метрро таъкид менамуд, ки дар навбати худ, иқтидори истеҳсолии нерӯгохро кам мекунад.



Тоҷикистон то ҳол бо норасоии нерӯи барқ дар фасли зимистон дучор мешавад, ки сокинони деҳот маҷбур мешаванд, ҳезум истифода баранд, ки ин боиси ба амал омадани вазъи ногувор мегардад, ба монанди зимистони қаҳратуни солҳои 2007-2008. Дар ҳоли хотима ёфтани сохтмон ва ба истифода додани НОБ-и Роғун ва ду нерӯгоҳи Сангтӯда, кишвар аз ин душвориҳо наҷот ёфта, ҳатто метавонад барзиёдии нерӯи барқро ба чунин кишварҳо ба монанди Афғонистону Эрон содир намояд.



НОБ-и Роғун расман «лоиҳаи миллӣ» номида шуд ва чунин ба назар мерасад, ки дар дохили кишвар розигии умум ба даст оварда шудааст, то лоиҳа ба итмом расонида шавад. Дар натиҷа, ҳатто мухолифони маъмурияти президент Раҳмон на он қадар сахтгирона нақшаи ҳиссагузории мазкурро танқид намуданд.



Роҳбари шӯъбаи иттилоотӣ-таҳлилии Ҳизби наҳзати ислом Ҳикматулло Сайфуллозода арз дошт, ки «мо низ ният дорем пайравони худро барои харидорӣ намудани ин саҳмияҳо ташвиқ кунем», харчанд ӯ мехохад, ки ҷараёни баровардани саҳмияҳоро бештар ва босамар мушоҳида намояд.



Ғайри танқиде, ки роҳбарон Зойиров ва Ҳакимов ифода намуданд, сотсиал-демократон даъват доранд, то ҳуқуқи соҳибони саҳмияҳои НОБ-и Роғун аз ҷиҳати қонунӣ мустаҳкам карда шавад. Онҳо ба он далел ишора менамоянд, ки қонуни тобистони соли гузашта кабул шуда, хусусигардонии НОБ-и Роғун ва заводи дар ш. Турсунзода бударо манъ мекунад ва ин хилофи таъсис додани ширкати саҳҳомии масъулияташ маҳдуд мебошад.



Ҳакимов ҳамчунин қайд мекунад, ки гарчанде саҳмияҳо дар муддати наздик бояд ба фурӯш гузошта шаванд, ҳуҷҷатҳои муассисии ширкати Роғун, инчунин тафсилоти он, ки чӣ гуна он амал мекунад, ба омма пешкаш карда нашудаанд.



Ҳизби ӯ таъкид дорад, ки дар ҳолати соҳиби ҷой гаштан дар парлумон, дар натиҷаи интихоботе, ки моҳи феврали соли 2010 пешбинӣ шудааст, - айни ҳол он ягон ҷой надорад — ӯ дар сари таъсисдиҳии нақшаи одилонаи соҳиби саҳмияҳо шудан ва ҳимояи манфиатҳои сармоягузорони хурд кор мекунад.



Мунаққидони нақшаи ҳиссагузорӣ қайд мекунанд, ки ҳукумат ширкати масъулияташ маҳдудро барои НОБ-и Сангтӯда-1-и сохтмонаш нотамом таъсис дода, соли 1996 саҳмияҳо нашр намуда буд, вале баъдтар вақте ширкати россиягии «Единые энергетические сети» сармоягузории сохтмони мазкурро пешниҳод намуд, онро барҳам дод.



Вале то ҳол номаълум аст, ки ба дорандагони саҳмияҳои Сангтӯда чӣ подош карда мешавад.



БА НИГАРОНИИ ҲАМСОЯГОН НИГОҲ НАКАРДА, ТОҶИКИСТОН СОХТМОНИ НОБ-РО ДАВОМ МЕДИҲАД



Дар қиёси умумии умедҳои энергетикии Тоҷикистон, Ӯзбекистони ҳамсоя ҷиддан муқобили сохтмони НОБ-ҳои нав дар Амударё ва шохобҳои он баромад менамояд. Ӯзбекистон нигарон аз аст, ки чунин сохтмон ҷараёни обии ин артерияро маҳдуд мегардонад, ки аз он хоҷагии қишлоқи Ӯзбекистон вобаста аст; инчунин Тоҷикистон обро дар фасли зимистон, вақте ки ба ӯ истеҳсоли нерӯи барқ лозим мешавад сар медиҳад, ба ҷои он ки онро барои мавсимҳои нисбатан гарм, вақте ҳамсояҳои осиёимарказиаш барои обёрӣ намудани саҳроҳои худ дар об эҳтиёҷ доранд, ҷамъоварӣ намояд.



Айни ҳол мавқеи Тошканд он аст, ки давом додани сохтмони НОБ-ҳои Қирғизистон ва Тоҷикистон бояд қатъ гардад, то даме, ки омӯзиши муфассали таъсиррасонии онҳо ба муҳити атроф ва оқибатҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ барои тамоми манотиқи осиёимарказӣ гузаронида нашавад.



Тоҷикон ва ҳамсоягони қирғизи онҳо, ки дар сохтмони НОБ-ҳои монанд кор мебаранд, қайд мекунанд, ки ҳуқуқи истифодабарии обро ҳамчун захираи ягонаи энергетикӣ бо ихтиёри худ доранд, зеро ҳамсоягони онҳо Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Туркманистон натанҳо захираҳои зиёди нафт, газ ва ангишт доранд, балки онро аз рӯи арзиши ҷаҳонӣ мефурӯшанд (Бихонед Борьба за электроэнергию угрожает центрально-азиатской энергетической системе, RCA № 596, аз 20 ноябри соли 2009).



Ҳатто намоягдагони оппозитсия, аз ҷумла, Зойиров, бо ҳукумати Тоҷикистон дар ин масъала ҳамфикр ҳастанд.



«Ҳизби мо... дар асоси ҳукуқи байналхалқӣ қонунӣ будани лоиҳаи сохтмони НОБ-и Роғун, инчунин дигар объектҳои гидроэнергетикии кишварро тасдиқ карда метавонад», - арз намуд Зойиров.



Сиёсатшиноси тоҷик Парвиз Муллоҷонов тахмин дорад, ки баҳсҳои байналхалқӣ ва мубоҳисаҳо атрофи сохтмони алалхусус НОБ-и Роғун хеле давомноканд.
«Мавзӯъи сохтмони НОБ-и Роғун дар оянда низ чандин бор боиси баҳсҳо дар сатҳи баланд байни кишварҳои Осиёи Марказӣ мегардад, - мегӯяд ӯ. - Президент Раҳмон бо эълон намудани Роғун ҳамчун сохтмони умумихалқӣ, мехоҳад дастгирии тамоми мардумро барои амалҳои худ пайдо кунад».

Frontline Updates
Support local journalists