Дарсҳои ҷанги шаҳрвандӣ барои Қирғизистон
Решаҳои ҳарду низоъ дар нобаробарӣ ва рақобат барои ҳокимият ва захираҳо ниҳонанд.
Дарсҳои ҷанги шаҳрвандӣ барои Қирғизистон
Решаҳои ҳарду низоъ дар нобаробарӣ ва рақобат барои ҳокимият ва захираҳо ниҳонанд.
Яке аз сарварони муқовимат дар рафти ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон, ки панҷ сол давом дошт, мегӯяд, агар Қирғизистон хоҳиши пешгирӣ намудани табдилшавии задухӯрдҳои этникии ба наздикӣ бавуқӯъомадаро ба муноқишаи давомнок дошта бошад, ба хатогиҳои мо, роҳ надиҳад.
Давлат Усмон ба IWPR гуфт, ки ҳамбастагии сулҳоварӣ ва миёнаравӣ ба Қирғизистон кӯмак мерасонад, ки бӯҳрони баамаломадаро паси сар кунад. Вале ӯ ҳушдор медиҳад, агар сиёсатмандон вонамуд доранд, ки ҳама ба ҷои худ баргаштааст, вале дар ҷойҳо аз ӯҳдаи ҳалли мушкилот намебароянд, таҷовуз аз сари нав сар мезанад.
Усмон дар Иттиҳоди мухолифини тоҷик шахcи мӯътабаре буд, ки дар давоми панҷ сол бар зидди нерӯҳои ҳукуматӣ ҷангӣ партизанӣ мебурд, то даме ки соли 1997 созишномаи сулҳ ба имзо расид. Минбаъд ӯ комиссияи парокандакунии гурӯҳҳои ҳарбиро сарварӣ менамуд ва дертар вазифаи вазирро мувофиқи шартномаи тақсимоти ҳукумат дар доираи созишномаи сулҳ ишғол намуд.
Пас аз он, ки соли 1999 ӯ дар интихобот шикаст хӯрд, Усмон аз сиёсат берун шуд ва ҳоло дар Институти фалсафаи Тоҷикистон фаъолият мебарад.
Ба гуфтаҳои Усмон, ӯ дербоз аст, ки дар бораи хатари ба амал омадани мушкилиҳои этникӣ дар водии Фарғона огоҳӣ медиҳад.
Тибқи хабардоди ҳукуматдорони қирғиз, ҳангоми задухӯрд байни қирғизон ва ӯзбекон, ки 10-11 июн оғоз ёфта, таи якчанд рӯз идома дошт, дар вилоятҳои Ош ва Ҷалолобод қариби 300 нафар ба ҳалокат расиданд. Аз рӯи дигар ҳисобҳо, ин рақам тадриҷан баланд аст. Дар рафти ҳодисоти хунин хонаҳои худро муваққатан 400 ҳазор одамон тарк карданд.
Тавре Усмон мегӯяд, нишондодҳои мушкилоти демографии водии Фарғона, ки шарқи Ӯзбекистон, шимоли Тоҷикистон ва ҷануби Қирғизистонро дарбар мегирад, чунин маъно доранд, ки авҷи таҷовуз дар як қисмати он метавонад ба зудӣ ба ҳудуди боқимонда паҳн гардад.
«Дар ҳар се вилояти Ӯзбекистон, се вилояти Қирғизистон ва вилояти Суғди Тоҷикистон, ки дар водии Фарғона ҷойгир шудаанд, аҳолӣ омехта аст, бинобар ин низоъ метавонад дар ин манотиқ ҷонибдорони ин ё он халқро ба паҳнгардонии муноқиша ба дигар минтақаҳои Осиёи Марказӣ мусоидат намояд», - гуфт ӯ.
Ба гуфти Усмон, новобаста аз гуногунии чашмрас, ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон бо ҳодисаҳои хунин дар ҷануби Қирғизистон шабоҳатҳои кофӣ дорад, то аз он дарси ибрат гиранд.
Сабаби ҷанг дар Тоҷикистон рақобат дар сиёсат, иқтисод ва ба қадре этникӣ гашт, ки бо мубориза байни гурӯҳҳои элитаи сиёсӣ барои назорат аз болои ин ҷумҳурии собиқ шӯравӣ тезутунд гашт.
«Вақте ҳокимияти марказӣ дар Тоҷикистон назоратро дар минтақаҳо аз даст додан гирифт, ва ҳамчунин дар натиҷаи муборизаи ҳизбҳои сиёсӣ ҳамаи ин мушкилиҳо рӯи об баромаданд, дар натиҷа ин сабаби ҷанги шаҳрвандӣ гашт», - гуфт Усмон.
Дар Қирғизистон низ ҳамчунин, ҳокимият дар симои ҳукумати муваққатӣ, ки апрели соли ҷорӣ барои иҷрои вазифаҳояш шурӯъ намуд, суст гашта, таъсири он дар кишвар кам гашт.
Муноқишоти этникӣ дар низоъи тоҷикон омили асосӣ набуданд, вале ба ҳар ҳол, нақши худро бозиданд. Тоҷикон дар кӯҳистони ғарбӣ, тибқи одат чун ҳамватанонашон, ки Сталин онҳоро ба вилоятҳои поёноб кӯчонида буд, тарафдори оппозитсия буданд; ӯзбекони этникӣ ва тоҷикони маҳаллӣ, ки муддати тӯлонӣ аз ин навомадагон норозӣ буданд, тарафи ҳукуматро гирифта, бар зидди онҳо силоҳ бардоштанд.
Дар Қирғизистон Усмон бунёди низоъро дар он мебинад, ки аҳолии омехтаи ӯзбекиву қирғизӣ дар ҷануби кишвар дар ҳарду ҷониби сарҳад зиндагӣ доранд, ки он ҳамзамон байни ду кишвари соҳибистиқлол (Қирғизистон ва Ӯзбекистон) мегузарад, соф номиналӣ мебинад. Аз рӯи тамоюли баамаломада, ӯзбекон дар Қирғизистон дар савдо муваффақ ҳастанд, дар ҳоле ки элита дар ҷануби Қирғизистон кӯшиши ба даст гирифтани фишангҳои иқтисодӣ дар минтақаро дорад, мегӯяд ӯ.
Ҳалли мушкилиҳои дар асл ҷойдошта нақшаи ба мувофиқа овардашудаи амалкуниҳоро талаб дорад, мешуморад Усмон. Вале пеш аз ин, ҳукумати Қирғизистон бояд иқрор шавад, ки ин мушкилиҳо ягон ҷо нест нашудаанд.
«Гоҳе аксари мансабдорон ба худфиребӣ машғуланд ва чунин мешуморанд, ки ҳамаи мушкилиҳо аллакай ҳал шудаанд. Ин иштибоҳ аст. Охир, чун ба таърих назар кунем, аён аст, ки агар ин бемориро табобат накунем, ингуна ҳодисот тамоюли такроршавӣ пас аз панҷ, даҳ, панҷоҳ солро доранд», - гуфт ӯ, ва афзуд, ки ингуна хатарҳо то ҳол дар Тоҷикистон вуҷуд доранд, маҳз барои он, ки ҷараёни барқарорсозии сулҳ пас аз ҷанг нопурра ва бо хатогиҳо гузаронида шуда буд.
Ба сифати қадами нахустин, гуфт ӯ, ҳукуматдорони Қирғизистон бояд дар бартарафсозии муноқиша диққатро ҷалб намуда, дилпур шаванд, ки он аз сари нав аланга намегирад ва дигар минтақаҳоро дарбар намегирад.
Ба ақидаи Усмон, тарзи беҳтарин барои ин, ворид кардани нерӯҳои сулҳоварона мегардад. Ин бояд нерӯҳои нейтралӣ бошанд, масалан, Созмони миллали муттаҳид (СММ), зеро чунин кишварҳои манотиқ ба монанди Россия ва Ӯзбекистон «ба қадре ҷонибҳои манфиатдор» мебошанд.
«Ҳақиқат чунин аст, ки имрӯз Қирғизистон ба ду қисм ҷудо аст. Ин ҷануб, ки инҷо беш аз ҳама манфиатҳои Ӯзбекистон бартарӣ доранд ва сипас Россия, ва шимол, ки инҷо бештар манфиатҳои Қазоқистон ва Россия афзалият доранд», - гуфт Усмон.
Умед доштан ба нерӯҳои худии амнияти Қирғизистон мумкин нест, зеро далели он, ки дар қатори он қирғизон бештар ҳастанд, аз ҷониби ҷамоати ӯзбекон боиси нигаронӣ мегардад, илова намуд ӯ.
Ҳадафи дилхоҳи сулҳоварона бояд ба мӯҳлати муайян ба ҳисоб гирифта шавад. «Мӯҳлати ҷойгиршавии онҳо дар ягон сурат набояд дароз карда шавад», - афзуд ӯ.
Қадами навбатӣ дар ин ҷараён таъсис додани комиссия мегардад, ки ба ҳайати он шахсони нейтралӣ дохил шуда, роҳҳои алоқаро байни ҷамоатҳои ӯзбек ва қирғизҳо ба сомон меоранд, мушкилиҳои онҳоро гӯш карда, кӯшишҳои ба даст овардани сулҳро байни онҳо пешбинӣ мекунанд.
Ин ҷараён бояд кафолат диҳад, ки ҳам ӯзбекон ва ҳам гурӯҳҳои сиёсии ба онҳо душмани қирғизӣ дидабароии адолатона мебинанд. Ғайр аз ин, ба ин ҷараён бояд ақаллиятҳои этникӣ дохил шаванд.
Сипас, ҳукуматдорон бояд аз паи ҳалли шумораи ҳарчи зиёди мушкилот шуда, баъзе масоилро дар сатҳи маҳаллӣ ва дигар масоили хусусияти васеъи системавӣ доштаро дар сатҳи миллӣ ҳал намоянд, ва бартариятҳоро чунин гузоранд, ки масоили нисбатан фаврӣ дар навбати аввал ҳалли худро ёбанд.
Усмон чунин мешуморад, ки аз дигар паҳлӯ вазъ дар Қирғизистон «ба таври куллӣ» аз ҳодисаҳои дар Тоҷикистон рӯйдода фарқ мекунад, бинобар ин, назар ба он бештар хушбинона аст.
«Ҷомеаи тоҷик дар оғози солҳои 90 ҳоло омода набуд ва пӯшида буд. Масалан, ташкилотҳои байналмиллаӣ он замонҳо дар Тоҷикистон қариб ки набуданд. Ва ин боиси он гашт, ки ҳодисаҳо дар Тоҷикистон босуръат муташанниҷ гаштанд. Қариб як сол дар кишвар кушторҳои оммавии одамон давом доштанд», - гуфт ӯ.
«Имрӯз вазифаи асосӣ дар он аст, ки муташанниҷшавии вазъият дар Қирғизистон пешгирӣ карда шавад», - гуфт Усмон.
Ҷаҳонгир Бобоев – тахаллуси рӯзноманигор дар Тоҷикистон.
Мақолаи мазкур дар доираи ду лоиҳаҳои IWPR таҳия карда шудааст: «Ҳифзи ҳуқуқҳои инсон ва маълумоти ҳифзиҳуқуқӣ тавассути ВАО дар Осиёи Марказӣ», ки аз ҷониби Комиссияи Аврупо ва «Барномаи иттилоотӣ оид ба равшаннамоии масоили ҳифзиҳуқуқӣ, муноқишаҳо ва мустаҳкамгардонии боварӣ», ки аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии Норвегия маблағгузорӣ карда мешаванд.
IWPR барои мундариҷаи мақолаи мазкур масъулияти пурра бурда, дар ягон ҳолат нуқтаи назари кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ё Вазорати корҳои хориҷии Норвегияро инъикос наменамояд.