Ҷамъияти Баҳоиён дар Тоҷикистон: хомӯшу бесадо…
Пайравони «ҷавонтарин дини олам» бештар мавриди таҳдиду табъиз қарор мегиранд
Ҷамъияти Баҳоиён дар Тоҷикистон: хомӯшу бесадо…
Пайравони «ҷавонтарин дини олам» бештар мавриди таҳдиду табъиз қарор мегиранд
Маҳноз Ҷонмаҳмадоваи 33-сола, дар хонаводаи баҳоӣ ба дунё омада, ҳанӯз дар овони наврасӣ ба ин оин эътиқод кардааст. «Дар 15-солагӣ ба ин натиҷа расида будам, ки ин дин бо тамоми таълимоти зебояш ба ман бисёр наздик аст ва барои хамин баҳоӣ шудам”,-мегӯяд ӯ.
Ба омори мухталиф дар Тоҷикистон наздики 1000 пайрави дини баҳоӣ зиндагӣ мекунад. Бахши аъзами аҳолии кишвар пайрави Ислом ва суннимазҳабанд. Баҳоӣ аз ҷониби Кумитаи дини Тоҷикистон ҳамчун ҷамияти динӣ сабти ном шудааст, ки ин ба пайравони он имкон медиҳад озодона ниёиш ва ҷаласаҳои динӣ баргузор кунанд.
Ҳарчанд давлат барои фаъолияти дини баҳоӣ монеа эҷод намекунад, вале пайравони он шикоят мекунанд, ки ҳамасола сатҳи таҳаммулпазири аҳолӣ нисбат ба ақалиятҳои динӣ поин меравад ва онҳо бо навъҳои гуногуни табъиз рӯбарӯ мешаванд.
Қаҳрамони матлаби мо Маҳноз Ҷонмаҳмадова мегӯяд, муносибати атрофиён ба интихоби ақидаи ӯ якгуна нест.
“Афроде буданд, ки ба интихоби ман эҳтиром мегузоштанд ва шахсоне ҳам буданд, ки ба хотири ин ки баҳоӣ ҳастам бисёр бо таасуб рафтор мекарданд. Вокуниши одамон фарқ мекард, яке бо хушҳолӣ роҷеъ ба диёнати баҳоӣ маълумоти бештаре мепурсид, аммо дигаре ҳатто метарсид бо ман салом кунад,”-меафзояд ӯ.
Ислом дини баҳоиро эътироф намекунад, аз ин рӯ ҷамъияти баҳоиён дар Эрон ва баъзе кишварҳои исломӣ мавриди таъқиб қарор мегиранд. Дар Тоҷикистон ҳам афроде ҳастанд, ки оини баҳоиро бо миллати тоҷик тавъам намедонанд.
Сафар Қаюмов, як сокини 33-солаи пойтахти Тоҷикистон гуфт, дар бораи дини баҳоӣ чизе намедонад ва донистани он ҳам барояш ҷолиб нест.
«Мо дар як кишвари мусалмонӣ зиндагӣ мекунем. Барои мо як дини дигар чӣ лозим аст? Баҳоӣ, насронӣ…барои мо лозим нест. Бигзор онҳо дини худро дар ҷамъияти худ пеш бубаранд»,-таъкид намуд вай.
Таърихи дини баҳоӣ
Дини баҳоӣ соли 1863 аз ҷониби Мирзо Ҳусейн Алии Нурӣ, ки бо тахаллуси Баҳоуллоҳ маъруф буд, дар қаламрави Эрон таъсис ёфт. Онро баъзан “ҷавонтарин дини олам” ҳам мегӯянд. Дар саросари ҷаҳон аз 5 то 7 миллион нафар аз оини баҳоӣ пайравӣ намуда, Баҳоуллоҳро пайғамбари худ медонанд.
Аввалин ҷомеаҳои баҳоӣ дар сарзамини Тоҷикистон охирҳои асри XIX таъсис ёфтанд. Марказҳои асосии онҳо дар шаҳрҳои Самарқанд, Бухоро, Истаравшан, Тошканд, Хуҷанд ва баъдтар Душанбе ҷойгир буданд.
Баъди шикаст хӯрдани инқилоби даҳаи аввали асри бист дар Эрон, як қисми баҳоиён ба Осиёи Марказӣ паноҳ бурданд.
Дар солҳои Шӯравӣ, ки давлат ақидаи бехудоиро тарғиб мекард, баҳоиён дар қатори пайравони дигар ақвом мавриди таъқиб қарор доштанд. Бо мустақил шудани Тоҷикистон дар шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд “ҷавомеи баҳоиён” ташкил ва расман сабти ном шуд.
Таҳаммулпазирии мардум коҳиш ёфтааст
Меҳридин Холмурзоев, муншии маҳфили баҳоиёни Тоҷикистон мегӯяд, бо сабаби онки дар гузашта баҳоиён номнавис намешуданд, омори дақиқи онҳоро гуфта наметавонад.
Ҳарчанд ба гуфтаи масъулини ҷамъияти баҳоиёни Тоҷикистон, мақомоти тоҷик бо эҳтиром бо онҳо муносибат мекунанд, аммо табъиз ҳанӯз вуҷуд дорад. Холмурзоев сабаби инро дар паҳн кардани тасаввуроти нодуруст дар мавриди ойини баҳоӣ аз сӯи Эрон медонад. Дар Эрон, макони зуҳури ин дини нав теъдоди пайравони Баҳоуллоҳ 300 ҳазор нафар ҳисоб шудааст, ки пайваста таъқиб мешаванд.
“Замонҳои пеш ҳолатҳое буданд, ки бо ғазовату душмании Сафорати кишвари Эрон баъзе ашхоси мутаасиб ба ҳаёти баҳоиёни Тоҷикистон таҳдид карда, осеб расонидаанд, аммо ҳоло бо кӯмаки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ин ҳолатҳо паси сар гаштанд ва имрӯз чунин таҳдидҳо нестанд,”,-афзуд ҷаноби Холмурзоев.
Соли 2001 дар пойтахти Тоҷикистон дар вақтҳои гуногун ду пайрави оини баҳоӣ кушта шуд. Ба фарзияи мақомот ин кушторҳо дар пайи таҳаммулнопазирии динӣ анҷом шудаанд.
Фаридун Ҳодизода, коршиноси масоили динӣ, коҳиши таҳаммулпазирии мардуми тоҷикро дар таъсири гуруҳҳои динии кишварҳои арабӣ мебинад. Таъсири ин гуруҳҳои динӣ баъди мустақил шудани Тоҷикистон афзоиш ёфт. Ин гуруҳҳо дар қиёс ба мазҳаби Ҳанафӣ, ки бахши аъзами сокинони Тоҷикистон ва кишварҳои Осиёи Миёна аз он пайравӣ мекунанд, ба гуногунии динӣ таҳаммулпазир нестанд.
“Мардум ҳатто дар моҳи Рамазон агар касеро дар ҳоли нушидани об дар кӯча бинанд, “ҳой, рӯзахур” гуфта фарёд мекунанд. Ин баёнгари он аст, ки таҳаммул дар миёни ҷомеаи Тоҷикистон камтар шудааст”,-таъкид мекунад Ҳодизода.
Атрофиёни Исфандиёр Ғуломов, ҳунарманди шинохтаи тоҷик пайвастани ӯро ба дини баҳоӣ бо душворӣ пазируфтанд. Ӯ яке аз даҳҳо мунозараи марбут ба ин мавзӯъро бо мо дар миён гузошт.
“Маро пурсиданд, “чӣ гуна тавонистед, ки дини дигарро қабул намоед, вақте медонед Муҳаммад охирин пайғамбар аст?”, “чӣ гуна инро эътироф намекунед?” Ман ба онҳо посух додам, ки агар медонистанд, пайғамбар Баҳоуллоҳ дар бораи пайғамбар Муҳаммад чӣ мегӯяд, чунин намегуфтанд”, - афзуд Ғуломов.
«Одамон дар бораи ин дин чизе намедонанд. Ончиро ҳукм мекунанд, ки дарк намекунанд ва намедонанд»,-хулоса намуд ӯ.
This publication was prepared under the "Giving Voice, Driving Change - from the Borderland to the Steppes Project" implemented with the financial support of the Foreign Ministry of Norway.