Бемории сил деҳаеро дар Тоҷикистон аз байн мебарад
Сатҳи беморӣ то хати бӯҳронии худ расидааст, вале ҳалли мушкилоти ин деҳа дар барномаи ҳукуматии мубориза бо бемории сил дар мадди аввал намеистад.
Бемории сил деҳаеро дар Тоҷикистон аз байн мебарад
Сатҳи беморӣ то хати бӯҳронии худ расидааст, вале ҳалли мушкилоти ин деҳа дар барномаи ҳукуматии мубориза бо бемории сил дар мадди аввал намеистад.
Ҳавлии оилаи Каримовҳо дар ҷануби Тоҷикистон акнун холӣ аст. Пас аз оне, ки чанд сол пеш, ҳафт нафар аъзои ин оила вафот карданд, ягона духтараки зинда монда, ба интернат фиристода шуд.
Ин ҳодиса дар деҳаи кӯҳии Қароғоч ягона нест, сокинони ин макон чунон зуд-зуд аз бемории сил вафот мекунанд, ки ин маконро ғайри «Водии марг» дигар хел наменоманд.
Дар Тоҷикистон барномаии миллии мубориза бо бемории сил амалӣ мегардад, вале бо кадом сабабе он Қароғочро дар бар намегирад.
Ба гуфтаҳои сокинон, онҳо бо вуҷуди доштани шакли марговари бемории сил, табобати лозима намегиранд; баъзе сокинон чунин мешуморанд, ки мансабдорони маҳаллӣ сатҳи фавтнокиро дар ҳисоботҳои худ аз ин ноҳия паст мекунанд.
Нишондодҳо оид ба сироятшудагон ва вафот кардагон тааҷҷубовар ҳастанд: аз оғози сол то ҳоли ҳозир 17 нафар фавтидаанд. Дар деҳаи иборат аз 380 сокин, пайдо кардани оилае, ки дар он ягон бемори сил надошта бошад, амри маҳол аст.
Масалан, дар оилаи калони Носировҳо аз соли 1999 инҷониб 13 нафар, хурдсол то калонсолон ҳалок шуданд. Маҳз ҳамин солро, аксари сокинон соли оғози эпидемия меноманд.
Пас аз ташриф овардан ба деҳа натиҷаи он аён мегардад, ки оилаҳои калони беморони сил дошта, дар шароитҳои маҳдуд умр ба сар мебаранд. Бе табобати лозима, беморӣ зудтар паҳн мегардад.
Ҳарсол аз 11 то 18 нафар мемиранд, - мегӯяд сокини Қароғоч Зафар Зардаков. - Чаро ин ҷиҳат касеро нигарон намегардонад? Дар мо ҳодисае рӯй дода буд, вақте дар як рӯз аз як деҳа се одам вафот карданд... Аз ҳамқишлоқиёни мо таи сею ним сол 57 нафар аз зиндагӣ чашм пӯшиданд, ва аксарияти онҳо ҷавон буданд. Онҳо мебоист ҳоло зиндагӣ мекарданд».
Сардухтури ноҳияи Ҳамадонӣ Асрор Исупов нақл кард, ки дар Қароғоч муоинаи рентгении 318 сокин гузаронида шуд, ки аз онҳо танҳо 18 нафар шубҳанок баромаданд. Ҳамаи кӯдакони синни томактабиву мактабхон бар зидди сил эм карда шуданд.
Сокинони ин қишлоқ хавотирӣ аз он доранд, ки қисмати калонсоли онҳо ба чунин сатҳ табобат намегиранд.
Исупов изҳор дошт, ки аксарияти беморони сил дар ин қишлоқ, мубталои сили шаклаш мустаҳкам дошта, барои табобати онҳо доруҳои қиматбаҳо лозим ҳастанд, ки дар ҷумҳурӣ дарёфт карда намешавад.
Дар Тоҷикистон Стратегияи ҷорӣ намудани «Табобати назоратӣ таҳти мушоҳидаи корманди тиб» (ДОТС) тасдиқ карда шудааст, ки онро Хазинаи глобалии СММ маблағгузорӣ менамояд.
Вале бо сил дар ноҳияҳои муайян мубориза мебаранд, дар ҳоле ки чунин манотиқи дурдаст, аз ҷумлаи ҷанубу шарқи кишвар аз мадди назар дур мондаанд, ҳарчанд вазъият дар Қароғоч дар ҳақиқат ҳодисаи аввалиндараҷа мебошад.
«Ҳамагӣ дар тамоми кишвар барои табобати 50 бемори шакли мустаҳками сил дошта, дар беморхонаи ҷумҳуриявии сил «Мачитон» доруворӣ ҷудо карда шудааст. Ин 50 бемор аз ноҳияҳои гирду атрофи пойтахт (Душанбе) мебошанд. Беморон аз навоҳии Ҳамадонӣ ва Восеъ бошанд (дар ҷануб) дар навбат хоҳанд истод», - иброз дошт доктор Исупов.
Ҳамшираи тиббӣ Зулфия Холова дар нуқтаи тиббии Қароғоч кор мекунад. Ӯ ҳамсари Мирзо Носиров мебошад, ки ҳамчунин ба бемории сил гирифтор аст.
Холова мешуморад, ки мансабдорони маҳаллӣ дар соҳаи тандурустӣ миқёси аслии мушкилиро пинҳон медоранд, бинобар ин, беморон дар марҳилаи аввал ва охири беморӣ қарор дошта, наметавонанд намудҳои гуногуни табобати ба онҳо лозимаро бигиранд.
«Ба ман гуфтанд, ки ҳангоми супоридани ҳисобот, сабаби марги аксари одамонро на сил, балки дигар беморӣ нависам», - гуфт ӯ.
Ба ақидаи ӯ, ба сардори лоиҳаи ХОУП, ташкилоти ғайриҳукуматии хайрия дар Тоҷикистон, ҳангоми ташриф овардан ба хонаи Носировҳо ва пурсон шуданаш аз шумораи фавтидагон аз бемории сил, барқасд маълумоти ғалат пешкаш намуданд.
«Вақте ӯ дар бораи шумораи фавтидагон ба забони русӣ пурсон шуд, намояндаи беморхонаи ноҳиявӣ, ки ӯро ҳамроҳӣ мекард, шумораи дигар фавтидагонро тарҷума кард (аз тоҷикӣ ба русӣ), тамоман рақами дигарро аз оне, ки ман номбар кардам, - ба хотир меорад ӯ. - Ман аз ӯ ба забони тоҷикӣ пурсидам, ки чаро ӯ шумораи камтарро номбар кард... ва ӯ ба ман бо тоҷикиӣ посух дод: «ҳамин тавр лозим аст».
Сокини маҳаллӣ Саидамир Наботов, ҳамчунин нисбати муносибати мансабдорони тандурустӣ ба эпидемияи сил изҳори нобоварӣ кард.
Соли гузашта, ӯ ду писари худ синнашон 18 ва 22 сола ва духтари 26-солаашро моҳи феврали соли ҷорӣ аз даст дод, акнун бошад, аломатҳои сил боз дар як писараш падидор мешаванд, ҳарчанд муоинаи рентгении ба наздикӣ гузаронидашуда, чизеро нишон надод.
«Гуфтан мумкин аст, ки қариб ҳар як оилаи дар деҳа буда, беморони сил доранд, - гуфт ӯ. - Намедонам, аз чӣ бошад, шумораи беморон ва фавтидагонро пинҳон мекунанд. Намояндагони маҳаллии соҳаи тандурустӣ нисбати он, ки чаро нишондодҳо оиди эпидемия пинҳон мешаванд, аз шарҳ додан ба IWPR даст кашиданд.
Марг ва аз даст додани қобилияти меҳнатии таъминкунандагони оилаҳо бо сабаби гирифторшавӣ ба бемории сил, ба қобилияти сокинон барои пул коркунӣ зарбаи сахт задааст. Хешовандони баъзе сокинон ба хориҷа, масалан ба Россия муҳоҷирати меҳнатӣ карда, аз он ҷо ба хонаҳояшон пул мефиристанд.
Шавҳари Муборак Забирова ба Россия панҷ сол пеш сафар кард, вале вақте фаҳмид, ки оилааш ба ин беморӣ гирифтор шудааст, фиристодани пулро қатъ кард.
Духтари 22-солаи Забирова ба наздикӣ аз сил вафот кард ва аз замоне, ки ним сол пеш писараш Сайфулло бемори сил гашта, аз кор монд, оила таъмингари худро аз даст дод.
Ҳарчанд сил бо роҳи ҳавоӣ-қатрагӣ аз одам ба одам сироят мешавад, аксари сокинони Қароғоч чунин мешуморанд, ки худи замине, ки дар он деҳа ҷойгир аст, мубталои ин беморӣ аст.
Доктор Исупов низ чунин мешуморад, ки ҳалли ягонаи мушкилӣ кӯчонидани сокинон аз мавқеи кунунии зисташон мебошад.
«Онҳоро ба пуррагӣ аз ин макон ба дигар ҷо кӯчонидан лозим аст, - гуфт ӯ. - Ҳукумати ноҳия мактуби махсусро ба ҳукумати ҷумҳурӣ ирсол намуд, вале то ҳол ягон посух ба он наомадааст».
Билоли Шамс, рӯзноманигор дар ҷануби Тоҷикистон IWPR.
Мақолаи мазкур дар доираи ду лоиҳаи IWPR таҳия шудааст:»Ҳифзи ҳуқуқҳои инсон ва маълумоти ҳифзиҳуқуқӣ тавассути ВАО дар Осиёи Марказӣ», бо маблағгузории Комиссияи Аврупо ва «Барномаи иттилоотии тафсири масоили ҳифзиҳуқуқӣ, низоъҳо ва таҳкими эътимод», бо маблағгузории Вазорати корҳои хорииҷии Норвегия.
IWPR нисбати мӯҳтавои мақолаи мазкур, ки дар ягон сурат нуқтаи назари кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ё Вазорати корҳои хориҷии Норвегияро инъикос наменамояд, масъулият мебарад.