Андешаҳо вобаста ба қонуни нави забон дар Тоҷикистон
Мунаққидон огоҳ мекунанд, ки кӯшиши ҳатмӣ намудани забони тоҷикӣ муқобили онҳое, ки танҳо бо забони русӣ ҳарф мезананд, равона карда шудааст.
Андешаҳо вобаста ба қонуни нави забон дар Тоҷикистон
Мунаққидон огоҳ мекунанд, ки кӯшиши ҳатмӣ намудани забони тоҷикӣ муқобили онҳое, ки танҳо бо забони русӣ ҳарф мезананд, равона карда шудааст.
Мавқеи махсусе, ки пештар забони русӣ дошт, дигар дар қонуни 1 октябр аз ҷониби Палатаи поёни парлумони Тоҷикистон қабулшуда, ба назар гирифта нашудааст. Пас аз ду рӯз қонун аз ҷониби Палатаи болоии парлумон низ дастгирӣ карда шуд. Ин хавотириро ба амал овард, ки дар натиҷа муносибатҳои гарми сиёсӣ ва иқтисодӣ бо Русия метавонад вайрон шавад.
Акнун аз рӯи қонун шаҳрвандон бояд дар робитаҳои расмӣ танҳо забони тоҷикиро истифода баранд, забони русӣ бошад, аз афташ дигар аз истифодаи расмӣ берун мешавад.
Аз рӯи таҳририяи охирини қонуни соли 1989 – солҳои охири давраи советӣ - забони тоҷикӣ мақоми «расмӣ» дорад. Чӣ тағйир ёфт: магар забони русӣ дигар мақоми «забони муоширати байниэтникӣ»-ро надорад?
Ба ҷои ин дар қонун бо ибораҳои умумӣ дар бораи ҳуқуқи истифодабарии «дигар забонҳо» дар ҳаёти ҳаррӯза гуфта шуда, кафолати ба он мамониат надодан дода мешавад.
Ба ғайр аз он, ки забони русӣ барои аҳолии камшумори славянии Тоҷикистон забони модарӣ аст, он боз чун лингва-франка, яъне забони байниэтникӣ истифода бурда мешавад. Байни онҳое, ки забони тоҷикиро истифода намебаранд - ҷомеаи аҳамиятноки узбакон ва якчанд гурӯҳҳои мардумии минтақаи Бадахшони Кӯҳӣ мебошад, ки забони онҳо решаи эронӣ доранд ва аз забони тоҷикӣ, ки дар навбати худ аз забони форсӣ пайдо шудааст, фарқ мекунанд.
Ҷонибдорони қабул намудани қонуни нав ба он ишора мекунанд, ки мақоми махсуси забони русӣ дар конститутсия мустаҳкам карда шудааст, мақсади онҳо - тоҷикон ҳар чӣ қадар зиёдтар бо забони модарӣ ҳарф зананд, ҳангоми корбарии расмӣ ба забони гуфтугӯӣ ва хаттии русӣ нагузаранд.
Президент Эмомалӣ Раҳмон ғояи қабули қонуни навро бо мақсади баланд бардоштани истифодабарии забони тоҷикӣ пешниҳод намудааст. Он, ҳангоми баромади ӯ дар Рӯзи Забон, ки ҳар сол 22 июл қайд карда мешавад, ба амал омад.
Бе шакку шубҳа ин мақсад баҳснопазир аст, лекин аксариятро банди қонун дар бораи он ки ҳар як шаҳрванд бояд забони тоҷикиро донад, ба изтироб овард. 3 октябр, дар маҷлиси Сенат (Палатаи болоии парлумон) раиси он Маҳмадсаид Убайдуллоев гуфт: «Шаҳрванди республика будан ва забони давлатиро надонистан аломати ватандӯст набуданро дорад».
Чанд рӯзе пеш дар Палатаи поёнии парлумон, ки аксарияти ҷойҳои онро намояндагони партияи Халқӣ-демократии президент ишғол менамояд, лоиҳаи қонун бемухолифат қабул шуд. Танҳо пешвои партияи Коммунистӣ Шодӣ Шабдолов бо танқид баромад кард. Ӯ изҳор намуд, ки талабот дар бораи донистани забони тоҷикӣ бояд нисбати онҳое, ки дар мақомоти давлатӣ кор мекобанд, татбиқ карда шавад ва даъват намуд, ки ба забони русӣ мақоми расмӣ баргардонида шавад.
Мухолифини ин иқдом ба алоқаҳои фарҳангӣ, сиёсӣ ва иқтисодии Тоҷикистону Русия ишора менамоянд.
Дар Қазоқистон ва асосан дар Русия, ба маълумоти манбаъҳои гуногун, аз як то якуним миллион тоҷикони муҳоҷир кор мекунанд ва маблағе, ки онҳо ба хона мефиристанд, аз рӯи маълумоти Бонки умумиҷаҳонӣ, 30-40 % Маҷмӯи маҳсулоти дохилии (ВВП) Тоҷикистонро ташкил медиҳад.
Ҷомеашинос аз Душанбе Галина Собирова дар гуфтугӯ бо IWPR қайд намуд, ки «забони русӣ ба муҳоҷирони меҳнатии мо, инчунин ба шахсони расмӣ ва ходимони давлатӣ, ки Тоҷикистонро дар Иттиҳоди давлатҳои мустақил (СНГ) муаррифӣ мекунанд, лозим аст. Аз ин лиҳоз, он лоиқи муносибати махсус мебошад».
Рӯзноманигор Хуршеди Атовулло ақидаи ба ин монандро баён кард. «Агар мо хоҳем, ки муҳоҷирони мо бо душвориҳо дар Русия дучор нагарданд ва ба иқтисодиёти кишвар ёрӣ расонанд, бояд ба забони русӣ дар баробари забони тоҷикӣ диққати ҷиддӣ дода шавад».
Ин масъала бениҳоят муҳим буд, ки онро президенти Русия Дмитрий Медведев ҳангоми сафари моҳи июлии худ ба Душанбе дар саммити пешвоёни Тоҷикистон, Покистон ва Афғонистон бардошт.
Баъди вохӯрӣ ёрдамчии президент Сергей Приходко ба рӯзноманигорон гуфт, ки президент Раҳмон ҳайати русиро бовар кунонд, ки Тоҷикистон ният дорад мисли пештара забони русиро дар иртибот истифода барад.
Рўзноманигор Ҷовид Муқим ба тарафдории қонуни нав баромад карда, чунин иброз дошт, ки бо қабул кардани қонун мақоми забони русӣ паст мешавад. «То даме байни Русия ва давлатҳои СНГ муносибатҳо ҳастанд, ӯ мемонад ва мақоми худро гум намекунад», - гуфт ӯ.
Ба фикри ӯ қонуни соли 1989, ки якумин бор забони тоҷикиро рақами 1 кард, дигар амал намекунад, чунки забони русӣ то ҳол дар ҳаёти ҷамъият бартарӣ дорад, аксарияти мансабдорон бошанд, бо забони модарӣ ҳарф намезананд.
«Дар муддати 20 сол ин қонун метавонист бисёр дигаргунӣ дарорад, лекин ба таври лозимӣ амалӣ нагардид, барои ҳамин қонуни нав ин камбудиро бояд бартараф кунад»,-гуфт ӯ.
Муовини директори Маркази таҳқиқоти стратегӣ Сайфулло Сафаров тарафдори он аст, ки нисбати мансабдорони ҳукуматӣ кайҳо талаботро иваз кардан лозим аст.
«Дар муддати 18 сол мо ба мансабдорон муносибати мулоим доштем, ба онҳое ки забони тоҷикиро намедонистанд курсҳои гуногун барои омӯзиши забони тоҷикӣ ташкил мекардем, аммо аксарият ба ин масъала муносибати ҷиддӣ надоштанд, - гуфт ӯ. – Дигар миллатҳо забони русиро метавонанд истифода баранд, ҳеҷ кас манъ намекунад; ин бо Конститутсия мазбут шудааст».
Мақоми забони русӣ оҳиста-оҳиста аз солҳои 1991, ҳангоми соҳибистиқлол шудани Тоҷикистон, суст мешуд. Танҳо 15 мактаб ва як университети кишвар онро чун забони омӯзиш истифода мебаранд. То ҳозир маҷалла ва радиостансияҳои русзабон вуҷуд доранд, лекин бештар дар шаҳрҳо.
Мунаққидон аз он дар андешаанд, ки қонуни нав боиси қонуншиканӣ нисбати дигар табақаҳо аз ҷониби расмиятпарастон мешавад. Баъзеҳо мегӯянд, ки ин аллакай дар амал аст.
Зебои 30 сола, сокини шаҳри Душанбе, ки падараш тоҷик ва модараш рус аст, мегӯяд, ки ба ӯ дар аэропорти пойтахт маълумотномаро ба забони русӣ надоданд.
«Дар нуқтаи маълумотдиҳӣ ба саволи бо забони русӣ додаам духтарак бо забони тоҷикӣ ҷавоб дод ва гуфт, ки ба онҳо фармон доданд, ки маълумотҳо танҳо бо забони тоҷикӣ дода шаванд, - мегӯяд Зебо. - Ман ӯро нафаҳмидам, танҳо бо шарофати он, ки ман ҳуқуқҳои худро медонистам, ӯ ба ман бо забони русӣ ҷавоб дод».
Дигар сокини Душанбе, Мадинаи 30 сола, нақл кард, ки ҳангоми ташриф овардан ба контораи давлатии нотариалӣ, корманди он то даме ӯ бо забони тоҷикӣ гап назад, бо ӯ кор кардан нахост.
«Метарсам, ки ҳангоми қабул шудани лоиҳаи қонун барои ман душвориҳо ҳангоми мулоқот бо мансабдорон сар мешавад», - илова намуд ӯ.
«Мо медонем, ки аллакай аз ҳозир шикоятҳои даҳонӣ ҳастанд, ки сокинонро барои надонистани забон таъна мекунанд. Аз онҳое ки бо сабабҳои объективӣ бо забони тоҷикӣ гап намезананд, ҷаримабандиро оғоз мекунанд», - гуфт Шабдолов.
Барои риоя нанамудани қонуни нав ҷарима пешбинӣ шудааст, лекин то ҳол нофаҳмо қонуншиканӣ гуфта чиро дар назар доранд. Оё формаро бо забони тоҷикӣ пур накардан қонуншиканӣ ҳисоб мешавад?
Ҳангоми муҳокимаҳои парлумонӣ яке аз аъзоёни парлумон эътирози далелнок пешниҳод кард. Исмоил Талбаков нишон дод, ки дар мавриди иқтисодиёти Тоҷикистон дар ҳолати хатарнок будан, тарҷумаи ҳамаи ҳуҷҷатҳои русзабони компанияҳо, хоҷагиҳо ва донишгоҳҳо, ки шумораи онҳо тақрибан 100 ҳазор аст, хеле гарон меафтад.
Нафиса Писареҷева, рӯзноманигор аз Тоҷикистон, ки тренингҳои IWPR-ро гузаштааст.