Ҳукумати Тоҷикистон Ҳизби наҳзати исломро таҳти назари худ нигоҳ медорад

Ҳукумати Тоҷикистон Ҳизби наҳзати исломро таҳти назари худ нигоҳ медорад

Thursday, 10 March, 2011

Пас аз солҳои тӯлонии ҳамзистӣ бо ҳукуматдорони Тоҷикистон ягона ҳизби исломии эътирофгашта дар Осиёи Марказӣ афзоиши фишорро болои худ эҳсос мекунад.

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон пас аз лату кӯб шудани узви аз ҳама маъруфи худ Ҳикматулло Сайфуллозода дар аввали моҳи феврал, ҳукуматро мавриди таънаву маломат қарор дод.

Муҳаррири IWPR дар Тоҷикистон Лола Олимова ин мавзӯро шарҳ дода, мекӯшад, ки сабаби тағйир ёфтани муносибати ҳукуматдоронро нисбати Ҳизби наҳзати ислом муайян бикунад.  


Оё ин ҳуҷум ҳодисаи алоҳида аст, ё ҳизби исломӣ ҳақ аст, ки мегӯяд мавриди интиқод қарор гирифтааст?

Феълан метавон мушоҳида кард, ки ҲНИТ зери фишори қавӣ қарор дорад. Эҳтимол дорад, ки ҳукуматдорон аз тарси ҳаводиси охири кишварҳои арабӣ ба мухолифин фишорро афзун мекунанд ва барои ин аз ҳама гуна баҳона истифода мебаранд.


Дар бораи Сайфуллозода ҳарф занед, кист ӯ ва чаро шахси ин қадар муҳим аст?

Ҳикматулло Сайфуллозода – яке аз роҳбарони ҳизб, сухангӯи вай ва сармуҳаррири рӯзномаи «Наҷот» аст. Ӯ ҳамчун коршиноси масоили сиёсӣ ва сухангӯи ҳизб пайваста бо ВАО дар муошират буда, аз назари ҲНИТ дифоъ мекунад.

Яке аз охирин баромади ӯ - ин изҳорот оид ба марги Аловиддин Давлатов буд, ки чун «Алии Бедакӣ» маъруф аст. Ин муҷоҳид ба ҳамла ба қатори мошинҳои ҳарбӣ дар шарқи мамлакат, ки моҳи сентябри соли 2010 ба вуқӯъ пайваст, муттаҳам гашта буд. Гуфта мешуд, ки Давлатов ҳангоми набард бо нерӯҳои ҳукуматӣ кушта шудааст. Вале баъдан дар Интернет навори видеоӣ пайдо шуд, ки ӯ зинда ба даст афтодааст. Ҳамин тавр шубҳа пайдо мешавад, ки ӯ дар асорат ҳалок шудааст.


Оё нишонаи маъракаи густурда зидди ҲНИТ мавҷуд аст?

Пас аз ҳодисаҳои Рашт дар тирамоҳи соли гузашта баъзе аз аъзои ҳукумат дар изҳороти худ ишора мекарданд, ки пайдоиши оммавии муҷоҳидони исломӣ дар минтақа ба ҲНИТ иртибот дорад. Баъзе узви ин ҳизб ба ҷиноятҳои гуногун гунаҳкор дониста мешаванд. Аз ҷумла, бародари Аловиддин Давлатов, узви ҲНИТ Ҳусниддин Давлатов зиндонӣ шудааст.

Моҳи гузашта газетаҳои ҳукуматӣ аз мусоҳибаи шоири маъруф Бозор Собир иқтибос карданд, ки аз қатъ кардани фаъолияти ҳизби исломӣ даъват менамуд. Зеро ғалабаи ҲНИТ дар интихобот Тоҷикистонро ба давлати феодалӣ табдил медиҳад. Ин гуфтаҳои шоири маҳбуби диссидент (муртад), ки пас аз ғарибии чандсола ба ватан баргаштааст, барои он истифода шудаанд, то ки аз ҳизб рӯ гардондани тарафдорони собиқашро нишон диҳанд.

Дигар намудҳои таъқиби ҳизб низ ба мушоҳида мерасанд. Масалан, дар чаҳорчӯбаи чорабиниҳои ҳукуматӣ оид ба бастани намозгоҳҳои сабти ном нашуда масҷиди қароргоҳи ҲНИТ дар Душанбе ғайриқонунӣ дониста шуда буд.


Пас аз имзои созишномаи истиқрори сулҳ дар соли 1997 ҲНИТ ба раванди сиёсии кишвар ворид шуда, ба яке аз аҳзоби маъруфи мухолифи Тоҷикистон табдил ёфт, агарчи ҳеҷ гоҳ ба зиддиҳамистии таҷовузкорона моил набуд. Чӣ ҳукуматро водор кард, ки ба ин ҳизб муносибати душманона бикунад?

Ҳукуматдорон аз афзоиши маҳбубияти ҳизб ба ташвиш омадаанд. Ин ташвиш пас аз интихоботи порлумонии соли 2010 ба вуҷуд омад, зеро ҲНИТ расман ба МН ду ҷой гирифта бошад ҳам, аз рӯи маълумоти ғайрирасмӣ камаш аз се як ҳиссаи овози интихобкунандагонро ба даст овардааст.

Комёбии ҳизб дар интихобот ҳукуматро ба ташвиш овард ва водор кард, ки ҳушёриашро зиёд кунад. Зеро ҳизб дар байни интихобкунандагони шаҳрӣ, водии Рашт ва баъзе минтақаҳои вилояти Хатлон бештар маҳбубият ёфт. Бояд қайд кард, ки дастгирии ҳизби исломӣ аз ҷониби сокинони шаҳр эҳтимол эътирозе бошад ба сиёсати ҳукумати вақт ва ин нишонаи маъруфияти вижаи ҳизби мазкур нест.


Ба назари шумо чаро ҳизби исломӣ мавқеи худро мустаҳкам мекунад?

Камбизоатӣ, набудани ҷойи кори сермаош, бад шудани вазъи иҷтимоиву иқтисодӣ, сиёсати нодурусти кадрӣ, маҳалгароӣ, афзоиши таъсири оилаи президент Эмомалӣ Раҳмон – ҳамаи ин омилҳоеанд, ки боиси дар мамлакат афзудани норизоӣ мешаванд.

Набудани ислоҳот дар сиёсат, иқтисоди қафомонда, насли наврасе, ки ҷанги солҳои 1992-1997-ро надидаанд ва барои оромиву субот камтар ба созиш моиланд. Ин ҳама ҳукуматро ба ташвиш овардаанд ва он мекӯшад, ки ҳар гуна алтернативаи худашро пахш кунад. ҲНИТ дар ҳоли афзудани норозигӣ ба ҳизби рақобатпазири мухолиф табдил меёбад ва ҳукуматдорон онро ҳамчун рақиби ҷиддӣ медонистагӣ шуданд.


Агар ҲНИТ-ро бандем, ин чӣ тавр ба ояндаи ислом дар Тоҷикистон таъсир мерасонад?

ҲНИТ ягона ҳизби исломии қонунӣ дар Осиёи Марказӣ аст ва сарвари он Муҳиддин Кабирӣ чун шахси ботаҳаммул ва дорои назари пешқадам шинохта шудааст.

Аксари шореҳон бар он ақидаанд, ки ҳамин сиёсати мӯътадили ҲНИТ метавонад омили таҳаммулпазирӣ гардад. Ва ин метавонад ҷавононро аз таъсири гурӯҳҳои нави моҷароҷӯи исломӣ, ки дар Тоҷикистон ва тамоми Осиёи Марказӣ тавсеа меёбанд, пешгирӣ намояд. Ҷавонон аз яъсу ноумедӣ ба дасти гурӯҳҳои моҷароҷӯ меафтанд.  

Tajikistan
Frontline Updates
Support local journalists