Institute for War and Peace Reporting | Giving Voice, Driving Change

Сокинони Тоҷикистон аз манъ шудани лампаҳои маъмулӣ хавотиранд

Тавре мунаққидон қайд менамоянд, барои аксари аҳолии Тоҷикистон лампаҳои каммасраф асбоби гарон мебошад, бинобар ин, истифодабарии маҷбурии онҳоро тавассути амрномаҳо аз боло таҳмил кардан лозим нест.
By Lola Olimova
, ки нақшаи ҳукумат доир ба ҳалли мушкилии доимии номунтазамии нерӯи барқ тавассути манъ кардани лампаҳои маъмулӣ қобили қабул нест.



Аз 1 октябр дар Тоҷикистон ворид кардани лампаҳои маъмулӣ бо мақсади паҳнгардонии лампаҳои каммасраф то охири соли ҷорӣ манъ карда шудааст. Гузариш аз истифодабарии як намуди лампа ба дигар як қисми стратегияи сарфакунии нерӯи барқ мебошад, ки ташаббускори он президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон мебошад.



Ба маъракаи таблиғотии васеъи ҳукуматӣ дар ВАО нигоҳ накарда, ҷомиъа ба чунин ташаббус шавқмандии махсуси худро изҳор наменамояд.



Аксарият аз он шикоят доранд, ки ин боз яке аз амрномаҳои сершуморест, ки бе зарурияти махсус ҳаёти шахсии мардумро ба низом меорад. Намунаҳои дигари чунин амрномаҳо ин манъ кардани дандонҳои тиллоӣ барои кормандони давлатӣ ва инчунин манъ кардани пӯшидани либосҳои ҷинс ва юбкаҳои кӯтоҳ барои донишҷӯён мебошад.



Тибқи гуфтаҳои омӯзгори донишгоҳ Роза Хамидулина, кӯшишҳои ахири ҳукумат баҳри сарфакунии нерӯи барқ танҳо яке аз ташаббусҳои навбатиест, ки дар мардум фақат хоҳиши нахаридани лампаҳои навро бармеангезад.



Агар ду фармони ба наздикӣ қабулшударо оиди шакли либоси омӯзгорони донишгоҳҳо ва ба ивази забони русӣ истифода бурдани забони тоҷикӣ дар муассисаҳои давлатиро ба хотир оварем, Хамидулина ишора менамояд: «Ба мо таъкид менамоянд, ки мо чӣ пӯшем, чӣ гуна дандон шинонем, ба кадом забон сухан ронем, акнун бошад, бо кадом намуд лампаҳо хонаҳоямонро равшан намоем! Кани маро маҷбур кунед!»



Ҳар зимистон Тоҷикистон бо аҳолии 7 миллионааш аз норасоии сангини нерӯи барқ азият мекашад, ки сарчашмаи асосиаш нерӯи барқе, ки ГЭС-ҳои маҳаллӣ тавлид мекунанд, мебошад. Вале истеҳсоли он талаботи дохилиро қонеъ гардонида наметавонад, ки он ба ақидаи коршиносон, дар 10 соли охир 50 фоиз зиёд гаштааст.



Дар ҳоле ки сатҳи об тамоюли камшавиро дорад, Тоҷикистон бояд сохтмони нерӯгоҳҳои асосии навро ба охир расонад. Бинобар ин, Тоҷикистон манфиатдор аст, ки обро дар обанборҳояш дар давоми моҳҳои тобистона ва тирамоҳ ҷамъ оварда, сипас дар фасли зимистон, вақте ки эҳтиёҷ ба истифодабарии барқ зиёд мегардад, коркарди онро зиёд карда тавонад. Вале ин ҷо ҷумҳурӣ дар зери фишори ҳамсояҳои худ, ба монанди Ӯзбакистон қарор мегирад, ки он дар навбати худ талаб менамояд, то ки Тоҷикистон обро аз мӯҳлати дар боло зикр шуда барвақттар, маҳз дар вақте ки ба ӯ об барои обёрии саҳроҳояш лозим аст, кушояд.



Тоҷикистон соҳиби сарчашмаҳои маҳдуди захираҳои сӯзишворӣ мебошад, бинобар ин, ба ӯ лозим меояд, ки нафт ва гази табииро аз дигар кишварҳои осиёимарказӣ, бо нархи гароне ворид намояд. Ин боиси ҳар сари чанд вақт бозмондашавии таъминот бо газ мегардад, ки сабабгори вазнинии иловагӣ ба шабакаҳои барқии Тоҷикистон бор мегардад, зеро аҳолии шаҳр бо сабаби набудани дигар намудҳои сӯзишворӣ маҷбур мешавад пухтани хӯрок ва гармкунии хонаҳояшонро аз ҳисоби нерӯи барқ таъмин намояд. Дар деҳотҷойҳо ба ҳар ҳол, барои чунин мақсад ҳезум ва таппакро истифода бурдан мумкин аст.



Тӯли чанд соли охир ҳукумати Тоҷикистон барои истифодабарии нерӯи барқ аз моҳи октябр то май маҳдудият ҷорӣ менамоянд. Дар баъзе ноҳияҳои кишвар бошад, қатъгардонии нерӯи барқ қисми зиёди рӯзро дарбар мегирад.



Мансабдорони давлатӣ бовиқорона пешгӯӣ менамоянд, ки гузариш ба ба равшанкунии сарфакорона истифодабарии нерӯи барқро ҳафт маротиба кам карда метавонад. Вале коршиносон ва истифодабарандагон боварӣ надоранд, ки ин ба қадре мушкилии доимии норасоии барқро ҳал карда тавонад.



Собиқ корманди соҳаи энергетикӣ, ки худро Акбаралӣ номид, ба IWPR нақл кард, ки маъракаи мазкур сабаби харҷи бефоидаи маблағҳо мегардад.



«Чӣ қадар кӯшишҳо ба харҷ дода мешаванд, брошураҳо чоп мешаванд, дар кӯчаҳо баннерҳо ва тахтаҳои рекламавӣ баргузор карда шуда, дар телевизион ва радио реклама бурда мешавад, - мегӯяд ӯ. – Ин қадар маблағ хароҷот мешавад ва ҳамааш бефоида. Охир ин ба он сарфаи лозимаи нерӯи барқ оварда намерасонад.



Акбаралӣ шарҳ медиҳад, ки ҳамагуна нерӯи зиётие, ки аз ҳисоби чорабиниҳои сарфакории нерӯи барқ сарфа карда мешавад, дар давраи афзоиши истифодабарии дохилӣ, ки ногузир ба вақте ки нерӯи барқ ба аҳолӣ дода мешавад, тамоман ночиз менамояд.



«Агар нерӯи барқ барои якчанд соат дода шавад, ҳама ҳамон замон ба розеткаҳо тамоми асбобҳои электрикиро пайваст мекунанд», - мегӯяд Акбаралӣ.

Шокирҷон Ҳакимов, оппозитсионер ва сиёсатшинос мегӯяд, ки маъракаи истифодабарии лампаҳои каммасрафи нерӯи барқ ҳақиқати аслии ҳаётро дар кишвари камбизоаттарини Осиёи Миёна ба назар намегирад.



«Сатҳи ҳаёти аксари оилаҳо хеле паст буда, харидорӣ намудани ин лампаҳоро на ҳама ба худ имкон дода метавонанд», - қайд мекунад Ҳакимов.



Музди меҳнати миёна дар Тоҷикистон 80 доллари ИМА-ро ташкил медиҳад ва истифодабарии лампаҳои каммасраф барои аксари аҳолӣ дастнорас аст, зеро ҳар яки он қариби 10 доллар арзиш дорад.



Намунаҳои арзонтари онҳо бошанд, аз як доллар ва зиёд аз он буда, аз рӯи таъкиди одамон сифати шубҳанок дошта, миқдори лозимаи равшаниро надода, зуд месӯзанд. Лампаи оддӣ бошад, аз 30 то 60 сент арзиш дорад.



Хусрав фурӯшандаи яке аз бозорҳои пойтахт - Душанбе аз фурӯши лампаҳои каммасраф даст мекашад.



«Ман шунидаам, ки онҳо барои саломатӣ, махсусан барои чашмон хеле зараровар мебошанд, - мегӯяд ӯ. – Ғайр аз ин, халқи оддӣ аз куҷо ин қадар маблағи зиёдатӣ дорад, ки онро ба чапу рост чош диҳад».



Ба гуфтаи Назира, ки 85 сола аст, ӯ имкони иваз намудани ҳамаи лампаҳои худро надорад, зеро нафақаи мегирифтааш 24 доллар мебошад.



«80 сол бе ҳамин лампаҳои каммасраф зиндагӣ кардем, ҳамин қадари дигар боз мезистем. Лампаҳои навро бошад, онҳое харанд, ки пули бисёр доранд. Ман бе ин ҳам, ҳама чизеро ки мумкин аст, сарфакорӣ менамоям», - мегӯяд Назира.



Ҳакимов ҳукуматро барои кӯшиши амалигардонии лоиҳаи мазкур тавассути амрнома танқид менамояд.



«Дар кишварҳои демократӣ манъ не, балки тавсия менамоянд. Онҳо корҳои шарҳдиҳанда бурда, барои истеъмолкунанда, вобаста аз имконияти иқтисодиашон ҳуқуқи интихобро медиҳанд, - мегӯяд ӯ. – Дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки демократия нест ва ҳуқуқҳои инсон поймолкарда мешаванд, мо ба таври дастурӣ маҷбур месозем, ки ҳама ин лампаҳоро харидорӣ намоянд. Ин ба фаъолияти бозорӣ ва масъалаҳои ҳифзи ҳуқуқҳои истеъмолкунанда мухолиф аст».



Ҳукумат ният дорад, ки 240,000 ҳазор оилаҳои камбизоатро бо лампаҳои каммасраф ба таври ройгон таъмин намояд. Вале ин танҳо чораи якбораина аст. Тавре модари 35-солаи шаш фарзанд Зулфия мегӯяд, вақте лампаҳои каммасрафи ройгон додашуда месӯзанд, ӯ ба лампаҳои муқаррарӣ мегузарад.



«Хайрият, ки ман чандтоашро эҳтиёткорона захира намудаам», - илова менамояд ӯ.



Лола Олимова – муҳаррири IWPR дар Тоҷикистон, Нафиса Писареҷева – рӯзноманигор аз Душанбе, ки аз тренингҳои IWPR гузаштааст.