Institute for War and Peace Reporting | Giving Voice, Driving Change

Оё силоҳбадастони ӯзбек ба хонаашон баргаштанианд?

Ҳаракати исломии ¬Ӯзбекистон дар ҳамсоягӣ бо Тоҷикистон қарор гирифтааст, вале таҳлилгарон шубҳа доранд, ки ин ташкилот ба Осиёи Марказӣ бармегардад.
By Ainagul Abdrakhmanova, Aida Kasymalieva, Inga Sikorskaya, Anara Yusupova
, ки тамоми Осиёи Марказиро ба даҳшат меоварад, боз дар маркази диққат гаштааст. Тибқи маълумотҳо, он баъди аз сари нав гурӯҳбандӣ шуданаш дар шимоли Афғонистон, наздики сарҳади Тоҷикистон, бо таркиби дигари худ баргаштааст. Ба нигоҳи аввал, Ҳаракати исломии Ӯбекистон (ҲИӮ)омода аст, ки ба монанди даҳ сол пеш ба ҳудудҳои Қирғизистон, ӯзбекистон ва Тоҷикистон аз сари нав ҳамла оварад, махсусан пас аз як қатор ҳуҷумҳои мусаллаҳ, ки дар бораи онҳо тобистон хабар дода мешуд.


Ба хабарҳои ба ҳалокат расидани сарвари ҲИӮ Тоҳир Юлдошев нигоҳ накарда, ташкилот то ҳол нерӯи муттаҳиди ҳарбӣ бо ниятҳои радикалии исломӣ боқӣ мемонад. Алоқа доштани ин ҳаракат бо чунин ташкилотҳо ба монанди Толибон ва Ал-Қоида, аз нуқтаи назариявӣ метавонад ба бехатарии собиқ кишварҳои шӯравӣ дар Осиёи Марказӣ хатари ҷиддӣ дошта бошад.



Коршиносони минтақавӣ оид ба бехатарӣ, ки бо рӯзноманигорони IWPR пурсиш шуданд, ба хулосае омаданд, ки барангезиши алоҳидаи таҷовузгарӣ дар Ӯзбекистон ва Тоҷикистон, алалхусус метавонад гувоҳи он бошад, ки фаъолияти ошӯбгарона боз сар шудааст. Лекин онҳо чунин мешуморанд, ки айни ҳол вазъият ба он дараҷае, ки ҳукуматҳои кишварҳои осиёимиёнагӣ аз ӯҳдаи он набароянд, нарасидааст; ҳамчунин ҲИӮ шумораи кофии пайравонро дар минтақа надорад.



Агар Юлдошев дар асл ҳалок шуда бошад, ки пас аз хабари охирон ба ин далел баъзе шубҳаҳо пайдо шудаанд, саволе ба миён меояд, ки оё ҲИӮ метавонад «зинда» монад ва бо сарвари наваш дар он шакле, ки ҳоло дорад, боқӣ мемонад, ё ҳаракат ба фраксияҳои хурд пош мехӯрад. Баъзе коршиносон инчунин тахмин мекунанд, ки ташкилот дар Афғонистон бо хоҳиши худ мавқеъ нагирифтааст, зеро ҳамлаовариҳои якҷоягии рӯизаминии қӯшунҳои ҳарбии Покистон ва ҳавоии тайёраҳои бепилотии Амрикоӣ, ки супоришҳои нобуд сохтани сарварони Ал-Қоидаро иҷро мекунанд, ҷойгиршавии онҳоро дар Вазиристони ҷанубӣ имконнопазир мегардонад.



УБУРКУНИҲОИ СИЛОҲБАДАСТОНИ ӮЗБЕК



Тирамоҳи ҷорӣ ҳукумати афғон аллакай чандин бор мешавад, ки хавотирии худро оид ба он, ки Толибон нерӯҳои худро ба шимоли кишвар гузаронида истодааст, ифода намуданд. 23 сентябр дар мусоҳиба бо рӯзноманигорон генерали афғон Мустафо Патанг изҳор намуд, ки ба шимоли кишвар садҳо силоҳиён омадаанд.



Нерӯҳои ҲИӮ ба қатори онҳо низ медароянд ва аксари онҳо дар музофоти Қундуз, ки бо Тоҷикистон ҳамсарҳад аст, пайдо шудаанд. Ҳамчунин онҳоро дар дигар музофотҳои шимолӣ дидаанд. (Муфассал дар ин бора дар мақолаи IWPR Может ли смерть лидера ИДУ сдержать повстанцев в Афганистане?, RCA № 340, аз 7 октябри соли 2009 мутолиа хоҳед кард.)



«Одамони Тоҳир Юлдошев ба шимоли Афғонистон омада, сабабгори вазъияти хатарноке, ки дар онҷо ба амал омадааст, гаштаанд», - гуфт ба рӯзноманигорони IWPR дар аввали тирамоҳи соли ҷорӣ генерал Халилуллоҳ Аминзода, сардори полис дар музофоти Ҷаузҷон.



Дар мақола бо сарлавҳаи Центральная Азия: три линии обороны от исламских боевиков («Осиёи Марказӣ: се хати мудофиа аз силоҳбадастони исломӣ»), Санобар Шерматова, таҳлилгар оид ба Осиёи Марказӣ аз Москва, таъкид менамояд, ки аз як тараф, силоҳбадастони ӯзбек ҷойгиршавии худро барои он иваз карданд, ки қалъаи онҳо дар Вазиристони Чануби дигар паноҳгоҳи боэътимод нест; аз дигар тараф бошад — ба онҳо музофоти Қундуз ҳамчун маҳаллаи амалиётбарӣ пешкаш карда шуд, чунки онҳо ин мавқеъро хуб медонанд.



Тавре ӯ таъкид менамояд, мақсади онҳо кандани самти шимолӣ барои амалигардонии боркашониҳое, ки НАТО ва Коалитсияи нерӯҳо дар Афғонистон онро, пас аз он ки роҳбарияти Осиёи Марказӣ ба онҳо ҳудудҳои худро фароҳам оварданд, истифодабарӣ намуданд.



Сардори Ассотсиатсияи миллии сиёсатшиносони Тоҷикистон Абдуғанӣ Мамадазимов, чунин ақида дорад, ки ҲИӮ фишори зиёдшудаистодаро дар Покистон натанҳо аз ҷониби қӯшунҳои ҳукуматӣ ва зарбаҳои ҳавоии амрикоиҳо мебинад, балки боз ба он ишора менамояд, ки сарварони баъзе қабилаҳои маҳаллии пушту ба ҷойгиршавии бегонагон дар заминҳои худ бо адоват менигаранд. Солҳои охир маълумотҳое дастрас мешуданд, ки силоҳбадастони ӯзбек дар мубориза бар зидди қабилаҳои пушту ҷонибдори Бойтулло Махсуд гаштаанд.



Мамадазимов ҲИӮ-ро бо «даррандаи захмгирифта» муқоиса менамояд, ки онро шикорчиён таъқиб мекунанд ва ӯ маҷбур аст «чусту чолок шуда, доим ҷойгиршавиашро иваз намояд».



АЗ ӮЗБЕКИСТОН БА ВАЗИРИСТОН



Ҳаракати исломии Ӯзбекистон дар водии Фарғонаи Ӯзбекистон дар ибтидои солҳои 90-ум тавлид ёфтааст, вақте ки Юлдошев симои асосии гурӯҳи исломӣ бо номи Адолат, ки дар шаҳри Намангони водии Фарғона чойгир аст, шуд. Таъсиррасонии зӯроварона аз ҷониби қӯшунҳои давлатии Ислом Каримов, аъзоёни ташкилотро маҷбур сохт кишварро тарк намоянд; аксари онҳо ба ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвари ҳамсояи Тоҷикистон ҷалб карда шуданд, ки дар он ҷо онҳо бар зидди ҳукумат тан ба тан бо нерӯҳои исломӣ мубориза мебурданд ва роҳбарии онро Ҷумабой Хоҷаев, ки инчунин бо номи Ҷумаи Намангонӣ машҳур буд, амалӣ мегардонд.



Пас аз хотимаёбии ҷанги Тоҷикистон соли 1997, ҲИӮ ҳамчун нерӯи мустақили мусаллаҳ сар бардошт, ки дар нақша сарнагунсозии роҳбарияти дунявӣ дар кишварҳои осиёимарказӣ, дар навбати аввал дар ватанаш Ӯзбекистонро дошт. Бо ин мақсад партизанҳои ҲИӮ якчанд рейдҳоро ба Ӯзбекистон ва Қирғизистон солҳои 1999 ва 2000 пешбинӣ намуданд. Ин рейдҳо боиси муҳокимаи байналхалқӣ гаштанд ва ҳукуматҳои минтақаҳоро маҷбур сохтанд, ки доир ба камбудиҳои қувваҳои бехатарии худ андеша кунанд, вале хатари аслиро ин кишварҳо ҳис накарданд.



Дар ин муддат, ин ташкилот бо вуҷуди доштани пойгоҳҳои худ дар Афғонистон, бо сарварони Толибон алянс ташкил намуд, ва вақте дар охири соли 2001 коалитсияи амрикоии ИМА ба кишвар ворид шуд, ҲИӮ дар музофоти Қундуз муқобилат нишон дод. Наманғонӣ кушта шуд ва силоҳбадастони зинда монда, ба Покистон гурехтанд.



Юлдошев, ки нақши сарвари ғоявиро мебозид, дар баробари сарвари қӯшунҳо будани Наманғонӣ, акнун ҳамчун сарвари асосӣ сар бардошт. Тибқи гуфтаҳои Шерматова, бо сабаби талафҳои зиёд, ки қувваҳои ҲИӮ дар Қундуз доштанд, Юлдошев дар бораи тағйирёбии стратегия эълон намуд. ҲИӮ нишони худро, ки ба Осиёи Марказӣ равона шуда буд, тағйир дода, «ба ҷиҳоди умумиҷаҳонӣ, ки бар зидди Ғарб равона шуда буд, пайваст шуд», - гуфт ӯ.



Дар Вазиристони Ҷанубӣ, ки қувваҳои ҲИӮ то лаҳзаи охирон ҷойгир буданд, тавре хабар дода мешавад, алоқаашро бо Байтулло Махсуд – сарвари Толибон дар Покистон, ки дар натиҷаи зарбаи ракетаи ИМА аввали август кушта шуда буд, нигоҳ медорад.



ҲИӮ дар баробари баровардани маводҳои таблиғкунанда, тавассути видео ва бо паҳн намудани муроҷиатҳои Юлдошев, ки дар онҳо маънии ҷиҳоди умумиҷаҳонӣ бо хусусиятҳои хоси Осиёи Марказӣ омехта мешаванд, айнияти ӯзбекии худро нигоҳ дошт.



Вале имрӯз гуфтан душвор аст, ки чи қадар аъзоёни ҲИӮ дар асл аз Ӯзбекистон баромадаанд.



Андрей Грозин, мудири шӯъбаи Осиёи Марказӣ ва Қазоқистонии Институти кишварҳои ИДМ дар Москва чунин мешуморад, ки ҲИӮ дигар ташкилоти «тозаи ӯзбекӣ» нест ва ҳоло «яке аз зершӯъбаҳои калонтарини муташаккил ва кирояшудаи хориҷӣ гаштааст».



«Асосан, онҳо асбобе гаштаанд, ки онро сарварони болоии дигар ташкилотҳо – Толибон ва Ал-Қоида истифодабарӣ менамоянд», - гуфт ӯ.



ОЯНДАИ НОМАЪЛУМ



Ояндаи ҲИӮ, пас аз маълумоти захмӣ шудани Юлдошев, ҳангоми зарбаи ракетавии ИМА 27 август ва пас аз ин марги нобаҳангоми ӯ, дар зери шубҳа гузошта шуд. Хадамоти бехатарии Покистон хабари марги Юлдошевро тасдиқ намуданд; маълум гашт, ба монанди ҳамсилоҳи худ Бойтулло Махсуд, ки як моҳ пештар айнан дар чунин ҳолат кушта шуда буд, сарвари ҲИӮ дар ҳақиқат кушта шудааст.



Ба ин нигоҳ накарда, айни ҳол, маълумотҳое дастрас мешаванд, ки Юлдошев боз пайдо шудааст. 16 ноябр Middle East Media Research Institute- Вашингтон (Институти медиатадқиқотҳои Шарқи Наздик) хабар дод, ки ҲИӮ сабти видеоро бо муроҷиати таблиғӣ баровардааст, ки дар он муроҷиати Юлдошев сабт шудааст.



Номаълум мемонад, ки дар ин видео сабти нав ё кӯҳна истифода бурда шудааст. Гарчанде намояндаи ҲИӮхабари марги Юлдошевро аз замоне ки онҳо нахустин бор моҳи сентябр пайдо шуданд, инкор менамояд, ин муроҷиати якуми сарвари ташкилот аз он замон мебошад.



Орозбек Молдалиев, роҳбари ТҒҲ «Дин, сиёсат ва бехатарӣ» аз Қирғизистон чунин мешуморад, ки ҷойи Юлдошевро касе гирифта наметавонад.



«21 соли умрашро ӯ ба ин ҳаракат бахшидааст. Дар якҷоягӣ бо Ҷумъаи Намангонӣ онҳо якдигарро хуб мукаммал месохтанд, - гуфт Молдалиев. – Пас аз марги ӯ мубориза барои сарварӣ оғоз мешавад, ки оқибат бо чӣ анҷом меёбад, маълум нест: ба пошхӯрӣ меоварад ё ба касе муяссар мегардад ин ҳаракатро муттаҳид созад».



Ба ақидаи Мирослав Ниёзов, экс-котиби Шӯрои бехатарӣ, Юлдошев «шахси бениҳоят бонуфуз» буд, ҳукуматдорон ӯро эҳтиром мекарданд ва ӯ тавонист «гирди худ қувваҳо, ҳамфикронро ҷамъ оварад, ки дар минтақаи осиёимарказӣ эътибори ҷиддӣ доштанд».



Тошпӯлот Юлдошев, сиёсатшиноси ӯзбек, ки дар хориҷа зиндагӣ мекунад, пешбинӣ дорад, ки бо сабаби зиддиятҳои дохилӣ ҲИӮ «ба якчанд қисмҳо ҷудо мешавад». Вале ӯ илова мекунад, ки «спонсорон» - онҳое, ки маблағгузории чунин ташкилотҳоро амалӣ мегардонанд, - намемонанд, ки ин ҳаракат аз байн биравад.



Агар ҳаракат нерӯи худро ба Осиёи Марказӣ равона карданӣ шавад, ҲИӮ-ро мебояд, ки кӯмак ҷӯяд, зеро айни ҳол онҳоро кам дастгирӣ менамоянд, мегӯянд таҳлилгарон.



Марат Мамадшоев, сармуҳаррири рӯзномаи «Азия Плюс» дар Тоҷикистон, чунин мешуморад, ки нуфузи ҳаракат аз ҳад зиёд баҳо дода мешавад. «Айни ҳол ҲИӮ барои бехатарии минтақа хатари ҷиддие надорад, - мегӯяд ӯ. – Ҳукуматдорони авторитарӣ, ки минтақаро назорат мекунанд, дастгирии васеъи ҷамъиятиро надоранд, онро ҲИӮ низ, ба ғайр аз якчанд вилоятҳо, дар Ӯзбекистон надорад,».



Нематулло Мирсаидов, сармуҳаррири рӯзномаи «Третий взгляд» дар Исфара дар шимоли Тоҷикистон, низ чунин ақида дорад. «Ғайри гузаронидани ҳамлаҳои террористӣ, аз дасти ташкилот ягон чизи аҳамиятдоре намебарояд, ки авзоъи ҷомеаро дигар карда тавонад», - гуфт ӯ.



ПЕШГИРӢ НАМУДАНИ ТЕРРОРИЗМ ҲОЛО ИМКОНПАЗИР АСТ



Гурӯҳҳои силоҳбадастон фаъолнокии худро дар Осиёи Марказӣ ба қадри кам бошад ҳам, нишон дода меистанд. Баҳору тобистони гузашта, гурӯҳи мусаллаҳ иборат аз силоҳбадастоне, ки пештар дар Покистон макон доштанд, дар қисми шарқӣ ва кӯҳии Тоҷикистон қарор гирифтаанд. Пас аз якчанд муноқишаҳо бо нерӯҳои ҳукуматии бехатарӣ он пароканда шудааст. (Муфассал дар ин бора дар мақолаҳои Погоня за призраками в горах Таджикистана ва Усмирение восточных долин Таджикистана мутолиа намоед).



Шахсони расмӣ изҳор намуданд, ки баъзеи ин силоҳиён бо ҲИӮ алоқаманд ҳастанд; инчунин онҳо хабар доданд, ки моҳи гузашта, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ чор аъзои гумонбаршудаи ҲИӮ-ро нобуд сохта, яктоашро дастгир намудаанд.



Дар ҷануби Қирғизистон ҳамчунин ҳодисаҳои ягонаи рӯй додани низоъ бо силоҳиён ва нерӯҳои бехатарӣ рух додаанд. (Хонед дар мақолаи Рост числа боевиков в Кыргызстане , ки моҳи июл нашр шудааст). Моҳи октябр сарҳадчиёни қирғиз аз ҷониби одамони мусаллаҳи номаълум, ки аз ҷониби Тоҷикистон кӯшиши гузаштани сарҳад доштанд, тирборон шудаанд. Дар Ӯзбекистон бошад, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳамчун намояндагони давлат, қурбонии як қатор ҳамлаовариҳо гаштаанд.



Охири майи соли ҷорӣ ба блок-пости кормандони милиса дар шаҳри Хонободи вилояти Андиҷон ҳамла оварда шуд. Дар рафти тирпарронӣ як корманди милиса ва як роҳзан захм бардоштанд, хабар дод додситонии генералии ӯзбекистон. Рӯзи дигар дар Андиҷон шахси номаълум худро тарконид ва дар натиҷа боз як корманди милиса ба ҳалокат расид.



Моҳи август полковник Ҳасан Асадов – ҷонишини сарраёсати мубориза бо терроризми Вазорати корҳои дохилаи Ӯзбекистон кушта шуда буд. Моҳи июл ба ду рӯҳониёни мусулмон ҳуҷум оварда шуд – дар натиҷа ҷонишини директори мадрасаи «Кукелдош» оид ба масъалаҳои маърифатӣ Аброр Аброров кушта шуд ва имом хатиби асосии Тошканд Анварқорӣ Турсунов қурбони сӯйқасд ба ҷонаш, ки ҷомаи амал напӯшид, гашт. Аз афташ, ҳардуи онҳоро силоҳбадастон барои ба ҳукумат наздик будан ва бар зидди радикализм бурдани таблиғот, интихоб намуданд.



Охири август, ҳангоми гузаронидани амалиёти кофтукобӣ дар пойтахти Ӯзбекистон Тошканд, хадамоти бехатарӣ гурӯҳи одамони мусаллаҳро иҳота намуданд, ки дар натиҷа тирандозии давомдор ба амал омад ва дар он тибқи маълумоти сарчашмаҳои гуногун, ду ё се силоҳбадастон кушта шуданд.



Ҳоло чунин савол ба миён меояд: ин ҳамлаовариҳоро ҲИӮ роҳбарӣ менамояд, ё онҳо қисми нақшаи аз ин калонтари ташкилот мебошад?



Мирсаидов чунин мешуморад, ки сабаб маҳз дар ҳамин буда метавонад.



«Эҳтимолан ин низоъҳо элементҳои амалиёте, ки барои санҷидани иқтидори қӯшунҳои ҳукуматӣ ва авзоъи ҷомеа кор карда баромада шуда буданд, - гуфт ӯ. – Агар натиҷа бомуваффақият анҷом меёфт, шояд ки ҳамлаовариҳои нерӯҳои бештаре рӯй медоданд. Ин тасодуф нест, ки муноқишаҳо дар вилоятҳое рӯй доданд, ки силоҳбадастон ба онҷо (аз Афғонистон) ворид шуда метавонанд, ва аҳолии маҳаллӣ онҳоро дастгирӣ карда метавонист. Вале ин ба онҳо муяссар нагашт».



Дигар таҳлилгарон мешуморанд, ки ҲИӮ ё гурӯҳҳои ҳаммаслак нақшаи глобалӣ надоранд.



«Ҳодисаҳои террористие, ки дар инҷо (Осиёи Марказӣ умуман) рӯй медиҳанд, дар аксарият худбахуд руйдиҳанда мебошанд, - гуфт Мамадшоев. – Роҳбарияти умумӣ нест ва рости гап, ман дар ин ягон гуна мантиқ намебинам».



АЛОҚА БО ДИГАР ТАШКИЛОТҲО



Агар кор ҳақиқатан ҳамин тавр бошад, чи гуна аксари таҳлилгарони пурсишшуда андеша мекунанд, ва ҲИӮ нерӯи асосии ҳаракаткунандае, ки аз паси ҳамлаовариҳои алоҳидаи мусаллаҳона дар кишварҳои Осиёи Марказӣ меистад, оё метавонанд дигар ташкилотҳо, ки аҳамиёти бештарро дар минтақа доранд, нақши ҳалкунандаро бозанд?



Дар ҳудуди минтақа ҳукумат бисёр вақт Ҳизб-ут-Таҳрирро дар ҳамдастӣ ба ҳуҷумҳои гуногуни таҷовузгарона айбдор месозад. Ин ташкилот нигоҳҳои радикалиро ҷонибдорӣ менамояд – иваз намудани давлатҳои дуниявӣ ба халифати исломӣ, вале ҳамеша дар он исроркорӣ дорад, ки амалҳои он хосияти зӯроварона надоранд.



Аксари таҳлилгарон дар бобати тасдиқи ҷиддӣ надоштани алоқамандии Ҳизб-ут-Таҳрир ба ҳамлаовариҳои мусаллаҳона дар минтақа сухан меронанд. Вале, яке аз таҳлилгарони пурсишшуда, Мирсаидов, изҳор намуд, ки ташкилот эҳтимол дорад аз «муборизаи ғайрифаъолона даст кашида, аъзоёни он метавонанд дар ҳамлаовариҳо ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ даст дошта бошанд».



Репортажи апрелиро оид ба фаъолияти Ҳизб-ут-Таҳрир дар Қирғизистон дар ин ҳавола мутолиа созед: Кыргызстан: положит ли жесткая тактика конец исламскому радикализму?.



Ба ақидаи Молдалиев, чунин ҳаракатҳоро ба монанди Ҳизб-ут-Таҳрир, ки мехоҳад ҳарчи пайравони бештареро соҳиб гардад, ва чунин ташкилотҳои мусаллаҳро ба монанди ҲИӮ, ки зиёд набошанд ҳам, аз зӯроварӣ даст намекашанд, аз ҳамдигар фарқ бояд кард.



Шерматова алоқамандии Ҳизб-ут-Таҳрир ва Ҷамоати Таблиғро, ки дар Осиёи Марказӣ фаъолият мебаранд, ба ҳодисаҳои таҷовузгарона «шубҳаовар» мешуморад, гарчанде баъзан аз ҷониби мансабдорон нисбати ин ташкилотҳо чунин айбдоркуниҳо садо медиҳанд.



Дар баробари ин, гуфт ӯ, ташкилотҳое, ки исломи радикалиро таблиғ менамоянд, ба силоҳбадастон барои ҷалб намудани аъзоёни нав ба нав фоидаовар шуда метавонанд. «Ин ташкилотҳо, тавре ҳукуматдорон гумон доранд, «таҳвилгарони» кадрҳо барои гурӯҳҳои нисбатан зиёди радикалӣ мебошанд. Ба ақидаи коршиносон, қисми аъзоёни ташкилотҳои ғайриҷиҳодии динӣ дар зери таъсири таблиғот ба гурӯҳҳои мусаллаҳ ворид мешаванд», - гуфт ӯ.



Ҳамчунин аз гурӯҳи Ҷиҳоди ислом, ки аз ҲИӮ дар Покистон бо сабаби гуногунфикрӣ доир ба стратегияи ташкилот ҷудо шудааст, гумонбар мешаванд.



Виталий Пономарев, директори барномаи осиёимарказии маркази ҳуқуқии «Мемориал» ишора менамояд, ки гарчанде маълумот доир ба гурӯҳи Ҷиҳоди ислом пурра нест, охирон масъулиятгариро нисбати ҳодисаҳои пештаршудаи таҷовузгарона дар ӯзбекистон, ба худ гирифт.



«Он нисбати ҲИӮ бештар пӯшида аст, вале ин маънии онро надорад, ки ӯ ба назар гирифта нашавад, алалхусус ҳоло сабабҳои кофӣ ҳастанд, ки дар бораи фаъолнокии баланди ӯ дар Осиёи Марказӣ сухан ронем», - гуфт Пономарев.



Баҳодиҳии нақши ҲИӮ ва таъсиррасонии ӯ бо чунин тамоюл душвор мегардад, ки роҳбариятҳои Осиёи Марказӣ ҳаракатро дар ҳодисаҳои таҷовузгарона дар минтақа айбдор месозад, ҳатто агар барои ин исботи кофӣ надошта бошад. Таҳлилгарон ба чунин арзёбиҳо маслиҳат медиҳанд, ки мулоҳизакорона назар афкананд.



Мувофиқи гуфтаҳои Молдалиев, вақте ҳамлаовариҳо рӯй медиҳанд, муфаттишон пеш аз ҳама ҲИӮ ва Ҳизб-ут-Таҳрирро гунаҳкор месозанд.



«Дар шароити пӯшидагии тафтишот ва умуман таҷрибаи ҳуқуқӣ дар Осиёи Марказӣ, алоқамандии ҲИӮ-ро муқаррар кардан душвор аст, - гуфт ӯ. – Ҳамеша васвасаи аз ҳад зиёд кардани хатар вуҷуд дорад, махсусан вақте масъалаҳои ба буҷа дахлдошта, дида баромада мешаванд.



Тибқи суханони сиёсатшиноси ӯзбек Юлдошев, «ҳукуматдорони кишварҳои Осиёи Марказӣ манфиатдоранд, ки худро ҳамчун зарардидагони экстремизм ва терроризми исломӣ мансуб дониста, одамони бегуноҳро, бо мақсади гирифтани кӯмаки доимӣ аз ИМА ва Иттиҳоди Аврупо ва худсафедкунии сиёсати қудратии охирон номбаршудагон дар Афғонистон ва Покистон ба таври ҳисобӣ намудан, гунаҳгор созанд».



ХАТАР БО НОРОЗИГИИ УМУМӢ ВОБАСТАГӢ ДОРАД, НА БО ҶИҲОДИ УМУМИҶАҲОНӢ



Нахусткотиби Шӯрои бехатарии Қирғизистон Ниёзов, чунин мешуморад, ки ҲИӮ ҳоло имкониятҳои худро пурра сарф накардааст.



«Кор дар шумораи ҲИӮ набуда, дар он аст, ки чӣ гуна дастгириро ин ҳаракат дар мафкураи оммавӣ мегирад», - гуфт ӯ.



Ба ақидаи Ниёзов, то он даме, ки гурӯҳи исломӣ соҳиби қувваи лозима барои хатари ҷиддии ҳарбӣ шудан ба кишварҳои осиёимарказӣ намегардад, хатар дар он меистад, ки дигар омилҳо дар якҷоягӣ метавонанд сабабгори номӯътадилӣ шаванд, ки дертар барои ҲИӮ фоида мерасонад.



«Барои ин шароит муҳайё бояд бошад, - шарҳ медиҳад ӯ. – Шароитҳо барои таркиши иҷтимоӣ вуҷуд доранд: мо баҳсҳои обиву заминӣ, сарҳадӣ, афзоиши баланди нархҳо, маоши паст, бекорӣ, муҳоҷират дорем. Яъне ҳамаи гулханҳои баландшиддати дар алоҳидагӣ ҷойгиршуда, метавонанд хосияти системавӣ гирифта, ба як зарфи ягона рехта раванд».



«Бинобар ин, гуфтан мумкин нест, ки ин нерӯҳо (радикалии исломӣ) метавонанд вазъиятро тарконанд, вале онҳо метавонанд ҳолати ноқулайро дар минтақа истифода бурда, ин таркишро сарварӣ намоянд», - илова намуд ӯ.



Шерматова меандешад, ки барои хатари эҳтимолии зӯровариҳои минбаъдаро таҳти роҳбарии чунин нерӯҳои радикалӣ ба монанди ҲИӮ суст кардан, ҳукуматҳои кишварҳои осиёимарказӣ бояд як қатор чорабиниҳоро, «чӣ зиддитеррористӣ, чӣ иҷтимоӣ», амалӣ гардонанд.



Тактикаи истифодабарии чорабиниҳо барои фурӯнишонии ошӯбҳо бояд дар худ мукаммалсозии назорати сарҳадӣ ва роҳ надодани ҳолатеро, вақте ҳар як хоҳишманд метавонад сарҳадро бо пора гузарад, дар худ дошта бошад. Баробари ин, эълон намудани авф бо кафолати қатъӣ барои силоҳбадастоне, ки дар ҳудудҳои Покистону Афғонистон меҷанганд, метавонист таъсири мусбӣ расонад, гуфт ӯ.



Ҳукумат ҳамчунин бояд мушкилиҳои иҷтимоиву иқтисодиро ҳал намояд, ки одамонро маҷбур месозад, ҷонибдори нигоҳҳои экстремистӣ гарданд. Танҳо як қадам – нест кардани ришвахӯрӣ ва коғазбозӣ, ба соҳибкории хурд ва миёна имкон медод ташаккул ёбад ва ҳалли «инқилобӣ» шуда метавонист», - илова намуд ӯ.



«Камбизоатӣ норозигиро тавлид намуда, ҷустуҷӯи усулҳои сиёсии азнавсозии ҷомеаро ҳавасманд мегардонад», - афзуд ӯ.



Айнагул Абдраҳмонова ва Анора Юсупова (тахаллуси эҷодӣ) – хабарнигорон аз Қирғизистон, ки тренингҳои IWPR гузаштаанд; Аида Қосималиева ва Инга Сикорская – муҳаррирони IWPR дар Бишкек; Лола Олимова – муҳаррири IWPR дар Душанбе, ва Ардашер Таҳамтан – тахаллуси рӯзноманигор аз Тоҷикистон.