Institute for War and Peace Reporting | Giving Voice, Driving Change

Оромгардонии водиҳои шарқии тоҷикистон

Коршиносон қайд мекунанд, ки пас аз марги чеҳраи бонуфузи сиёсӣ, ки дар натиҷаи задухӯрд рӯй дод, ҳукумат бояд мулоҳизакорона рафтор намояд, то ин ки амалиётҳои зидди ошӯбгарон вазъиятро бадтар нагардонанд.
By Lola Olimova
, пас аз марги собиқ қумондони саҳроӣ дар натиҷаи тирпарронии ошӯбгарон, ҳукуматдорон расман оид ба мӯътадилшавии вазъият дар водиҳои шарқии Тоҷикистон, инчунин оиди безарар гардонидани силоҳбадастони боқимонда хабар доданд.


Таҳлилгарон қайд менамоянд, ки барои пешгирӣ намудани аксуламали манфӣ хадамоти бехатарӣ бояд мулоҳизакорона амал намоянд, то ин ки дар байни аҳолии деҳот бесарусомониҳо рӯй надиҳанд.



Дар конфронси матбуотӣ 22 июл вазири корҳои дохила Абдураҳим Қаҳҳоров иброз дошт, ки дар Тавилдара, ки ба наздикӣ мавқеи задухӯрдҳо буд, айни ҳол вазъият мӯътадил гаштааст.



Ба гуфти вазир, дар водии Рашт, ки дар шимол ҷойгир шуда, ба Тавилдара наздик мебошад, чорабиниҳои ҷустуҷӯии се ё чор аъзоёни боқимондаи гурӯҳи силоҳбадастон, ки дар ин минтақа чанд моҳи охир пайдо шуда, қисми зиёдаш нобуд карда шудаанд, гузаронида мешаванд.



Аз моҳи май инҷониб байни хадамоти бехатарии ҳукуматӣ ва гурӯҳҳои силоҳбадаст, ки тибқи маълумотҳои тасдиқнашуда аз тоҷикон ва хориҷиён иборат буданд, якчанд задухӯрд ба амал омад. Ҳукуматдорон гумон доранд, ки ин гурӯҳҳои оштинопазири исломӣ мебошанд, ки дар қочоқи маводи мухаддир, ки босуръат афзуда истодааст, даст доранд.



КАЛАВИШҲОИ НОФАҲМОИ ПЕШВОИ СИЁСӢ



Вазъият 11 июл пас аз марги Мирзо Зиёев, қумондони бонуфузи Иттиҳоди нерӯҳои оппозитсионии Тоҷикистон (ИНОТ) тезутунд гашт, ки дар ҷанги шаҳрвандии солҳои 1990 иштирок дошта, дар охир ба ҷониби ҳукумат гузашта буд.



Вазорати корҳои дохила ва Кумитаи давлатии амнияти миллӣ (КДАМ), моҳи июл якҷоя изҳор намуданд, ки Зиёев ба гурӯҳи нашъаҷаллобон дар Тавилдара ҳамроҳ буд, вале пас аз он ки 11 июл ба асирӣ гирифта шуд, бо ҳукумат барои ҳамкорӣ намудан розигӣ дод.



Дар изҳорот гуфта мешавад, ки пас аз розишудан ба ҳамкорӣ, Мирзо Зиёев бо кормандони амниятӣ барои гуфтушунид бо силоҳбадастон равон шуданд, вале мухолифин Зиёевро ба қатл расониданд. Инчунин якчанд кормандони полис захмдор гардиданд.



Қумондон Мирзо Зиёев артиши Иттиҳоди нерӯҳои оппозитсионии Тоҷикистон (ИНОТ)-ро, ки солҳои 1992-97 бар зидди қӯшунҳои давлатӣ мубориза мебурд, сарварӣ менамуд. Аксарияти ИНОТ-ро аъзоёни Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон ташкил менамуд ва ба ҳамин сабаб муноқишаи рӯйдода бисёр вақт ҳамчун зиддият байни фундаменталистони исломӣ ва собиқ коммунистон фаҳмонида мешуд. Вале тақсимот ҳамчунин аз рӯи нишонаҳои этникӣ низ буд, ИНОТ-ро аксаран дар водиҳои баландкӯҳи кишвар дастгирӣ менамуданд.



Мувофиқи аҳдномаи сулҳ, ки соли 1997 ба имзо расида буд, нерӯҳои ИНОТ бесилоҳ гардонида шуда, аъзоёни бонуфузи ин ҳаракат дар ҳукумати кишвар соҳиби мансаб гаштанд. Мирзо Зиёев мақоми генерал-лейтенантиро гирифта, вазири ҳолатҳои фавқулодда – идорае, ки ташкилоти нимҳарбӣ буда, хизматчиёнаш дар гузашта узви артиши ИМТ буданд, таъин карда шуд.



Вале фаҳмонидани фарзияи расмии як қатор ҳодисаҳое, ки ба истеъфо рафтан аз мансаби вазирӣ дар соли 2006 ва дар охири июн ҳамроҳ шудани ӯ ба гурӯҳҳои ҷиноятии мусаллаҳ, ки дар кӯҳҳо пинҳон мешуданд, душвор аст.



«Мирзо Зиёев сарвари ғайрирасмии Тавлидара ба ҳисоб мерафт, - шарҳ медиҳад сиёсатшинос Абдуғанӣ Мамадазимов, роҳбари Ассотсиатсияи сиёсатшиносони Тоҷикистон. – Солҳои охир ӯ аз ҳаёти фаъолона дар пойтахт дур шуда, ба маркази ин ноҳия кӯчидааст». «Вале гузаштааш ӯро ором намегузошт. Ман маълумоти аниқи даст доштани ӯ ба қочоқи маводи мухаддирро надорам, … вале ҳамчун хӯҷаини ғайрирасмии ноҳия ӯ албатта роҳҳои маводи мухаддирро аз Афғонистон тавассути ин ноҳияи душворгузари кишвар ба шимол ва дуртар аз он, хуб медонист», - гуфт сиёсатшинос.



Тибқи изҳороти якҷояи Вазорати корҳои дохила ва КДАМ, Зиёев дар дастаи нашъаҷаллобон, ки бо мақсади маблағгузорӣ намудани терроризм ташкил шуда буд, ҳамроҳ буд. Дар изҳорот ҳамчунин гуфта мешавад, ки ин дастаро Неъмат Азизов сарварӣ менамояд, ки мувофиқи изҳорот узви фаъоли Ҳаракати исломии Ӯзбакистон – гурӯҳи манъкардашудае, ки солҳои 1999 ва 2000 дар минтақаҳои Қирғизистон ва Ӯзбакистон ҳуҷумҳоро ташкил намуда буд, ба шумор меравад. Солҳои охир ин ҳаракат дар шимолу шарқи Покистон ҷойгир шуда, шарики ҳаракати Толибон ва Ал-қоида ба ҳисоб меравад.



Дар мусоҳибаи худ охири май, Зиёев доир ба афзудани амалҳои душманона аз ҷониби кормандони милиса қайд намуда буд.



«Маро беасос кадом як хизматчиёни қаторӣ дар дидбонгоҳҳо боздошта тафтиш мекунанд, - гуфт Зиёев. – Ин амал барои ман таҳқиромез буда, худро таҳқиршуда ҳис мекардам, вале аз ҳамагуна зиддият худро боздоштаам. Ман гумон дорам, ки чунин ҳодисаҳоро барқасд ташкил мекунанд. Вале ман намехоҳам, ки сабабгори сар задани моҷаро гардам».



ҶАНГИЁН ДАР КӯҲҲО



Маълумотҳо доир ба задухӯрдҳо моҳи май, ҳамзамон пас аз пайдо шудани дигар маълумотҳои ВАО оиди ба Тавилдара баргаштани боз як қумондони ИНОТ Мулло Абдулло, пас аз иқомати дуру дарози ӯ дар Афғонистону Покистон ва кӯшишҳои ҷалб намудани мардони маҳаллӣ ба гурӯҳӣ на он қадар калони худ, пайдо шуданд. (Маълумоти мухтасарро дар ин бора метавонед дар мақолаи Таъқиби шабаҳ дар кӯҳои Тоҷикистон, RCA № 581, аз 24 июни соли 2009) дастрас намоед.)



Мансабдори боломақом аз Вазорати корҳои дохила, ки аз муаррифӣ намудани худ худдорӣ намуд, дар мусоҳиба ба IWPR иброз дошт, ки «Мулло Абдулло ҳамчунин бо собиқ вазири ҲФ Мирзо Зиёев вохӯрӣ намуда буд, вале охирон фикри муқобилати мусаллаҳона намуданро ба режими амалкунанда бе дилхушӣ пазируфт».



Сараввал ҳукуматдорон исрор доштанд, ки қӯшунҳояшон танҳо дар чорабиниҳо бар зидди қочоқи маводи нашъаовар дар водӣ иштирок менамоянд. Вале ба таъкидҳои онҳо доир ба парвариши маводи мухаддир дар Тавилдара бовар кардан душвор аст, зеро иқлими минтақа барои парвариши афюн ва банг мусоид нест. Ба ҳар ҳол, Тоҷикистон бешак як самти маъмулест, ки нашъаи Афғонистон тавассути он ба Россия ва дигар кишварҳои Аврупо интиқол мегардад.



Шахсияти аъзоёни дастаҳои силоҳбадаст ё гурӯҳҳое, ки бо онҳо хадамоти амният дар водиҳои Рашт ва Тавилдара моҳҳои май ва июн дучор шуданд, ҳоло номаълум мебошанд.



Аз рӯи маълумотҳои гуногун, чунин ба назар мерасад, ки партизанҳои солҳои ҷанги шаҳрвандӣ баргашта омада, эҳтимол бо аъзоёни маҳалли ИНОТ, ки аз амалҳои ҳукумати кунунӣ норозӣ ҳастанд, муттаҳид шуда истодаанд.



Инҷо алоқамандӣ бо ҲИУ ҷой дорад, ки инро фаҳмидан душвор нест, зеро қумондонон, ба монанди Мулло Абдулло, муддате дар минтақаҳои наздисарҳадии Покистон ҷойгир буданд, инчунин барои он ки силоҳбадастони Ҳаракати исломии Ӯзбакистон ҳамчунин бо тоҷикон дар якҷоягӣ бо ИНОТ мубориза мебурданд.



Бидуни ин, Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон изҳор намуд, ки панҷ шаҳрванди Россия, ки мувофиқи таъкиди вазорат ҳамчунин қисми шабакаи нашъаҷаллобӣ буданд, дар задухӯрди мусаллаҳона 16 июл кушта шуда буданд. Дигар панҷ шаҳрванди Россия, ки ҳамаашон чечен буданд, чанде пеш бо гумонбаршавӣ дар алоқамандӣ ба ин даста, дастгир шуда буданд.



Мувофиқи боз як сарчашмаи дигар аз Вазорати корҳои дохила, ҳукуматдорон дар бораи пайдо шудани дастаҳои мусаллаҳ аз Афғонистон аллакай зимистони гузашта огоҳ шуда буданд, «вале ба ин аҳамияти ҷиддӣ дода шуда набуд», зеро «дам ба дам бо сабаби сустии ҳокимият дар водии Рашт аз минтақаҳои ҳамсоя силоҳбадастони алоҳида пайдо мешуданд». Тибқи гуфтаҳои сарчашмаи номбурда, амалиёти таъмини бехатарӣ, ки таҳти номи мубориза бар зидди нашъаҷаллобӣ гузаронида шуда буд, ҳамзамон пас аз фаҳмидани мавҷудияти 20 ё 25 нафар дар минтақаи онҳо саросема омода гашта шуд.



Қувваҳои иловагӣ ба онҷо ҳамон вақте фиристонида шуд, вақте аввали моҳи май як афсар кушта шуда, се нафари дигар ба асирӣ гирифта шуданд. Вале тибқи гуфтаҳои сарчашмаи мазкур, ин нерӯҳо натанҳо дар амалиёти дастгиркунӣ, ҳамчунин дар гуфтушунидҳои ғайримустақим бо сарвари даста Неъмат Азизов тавассути хешовандонаш иштирок намуданд.



«Вале 25 июн Азизов ва Малиш (дигар аъзои даста) назди Зиё ба қишлоқи Ағба рафтанд ва пас аз гуфтугузори онҳо Зиё ба даста ҳамроҳ шуд», - гуфт мансабдор.



Он замоне, ки Вазорати корҳои дохила ва КДАМ 12 июл изҳороти худро пешкаш намуданд, онҳо иқрор шуданд, ки ин натанҳо рейди мубориза бо нашъаҷаллобӣ буд, ва ҳамчунин аниқ намуданд, ки Азизов аъзои ҲИУ буда, дар нашъаҷаллобии байналхалқӣ иштирок менамуд.



РОҲИ БОЗГАШТ НЕСТ



Тибқи гуфтаҳои собиқ афсари КДАМ, ки аз ифшои номаш худдорӣ кард, маълум буд, ки қарори Зиёев ба ҳамроҳшавӣ ба дастаи ҷинояткорон ба ӯ хеле гарон меафтад.



«Дар сиёсатшиносӣ чунин шахсонро «Warlord – Лорди ҷанг» мехонанд. Онҳо дар чашми ҳамватанони худ ҳангоми бурдани амалиётҳои ҳарбӣ нақши мусбиро бозида, дар ҳаёти осоишта тағйир ёфта наметавонанд, - гуфт сарчашма. – Дар ҳаёти осоишта ҳукумат оҳиста-оҳиста дараҷаи таъсирнокии онҳоро паст менамояд ва баробари ин, ҳам аз собиқ шариконаш ва ҳам аз иштирокчиёни ҷониби муқобилаткунанда халос мешавад. Ва ин чизро мо кушоду равшан дар мисоли ҳукумати Тоҷикистон дида метавонем. ҳукуматдорон аз саҳна қариб ки ҳамаи шахсони эътиборноки ҷанги шаҳрвандии гузаштаро берун карданд».



Сиёсатшинос Рашид Ғанӣ Абдулло бо ин нукта розӣ аст, ки собиқ ошӯбгаре, ки мансаби вазирро дорад, тақдири худро ҳамон замоне ҳал кард, вақте ба дастаи ҷинояткорон ҳамроҳ шуд ва ин даста мепиндошт, ки бар зидди ҳукумати кишвар бо ёрии усулҳои ҷангӣ муқобилат намуда, дар оянда ба барангехтани низоъи нав дар Тоҷикистон оварда мерасонад.



«Гузаштани генералро ба тарафи дастаи мазкури мухолифин чунин маънидод кардан мумкин аст: якум, ҳамчун тасдиқи асоснокии шубҳадории ҳукумат нисбати давлатхоҳии собиқ иштирокчиёни низоъи мусаллаҳона, ҷонибдории онҳо дар нигоҳдории сулҳу субот дар ҷумҳурӣ, - мегӯяд Абдулло. Дуюм ин ки, дар қатъияту ҷуръат доштани ин ё он шахсон, ки бо ҳукумат розӣ нестанд, барои бесарусомон намудани вазъияти сиёсӣ ва ҳатто сиёсӣ-ҳарбӣ дар кишвар баҳри ба даст овардани мақсадҳои худ, мебошад»



Ба андешаи Абдулло, Тоҷикистон идеяи аз сари нав оғоз намудани ҷангро қабул намекунад.



«Насле, ки мухолифини ҳукумати кунуниро дастгирӣ намуда метавонист, ҳоло калон нашудааст. Онҳое, ки имрӯз онҳоро дар асл дастгирӣ карда метавонанд, таҷрибаи ҷанги гузаштаи начандон дурро дар хотир доранд, ва ба зиддият бо ҳукумат баҳри ба даст овардани манфиатҳои шахсии ин ё он шахсон, ки аз даст додани мавқеъи худ дар сохторҳои давлатӣ норозӣ буда, берун аз ҷараёни қабули қарорҳо мондаанд, пайравӣ наменамоянд», - гуфт коршинос.



ҲАРАКАТҲОИ СУЛҲҶӮЁНА БАРОИ ОРОМКУНИИ ҶОМЕАИ БА ҲАЯҶОН ОМАДА



Мамадазимов аз он хавотирӣ дорад, ки аз ҳаёт рафтани Мирзо Зиёев метавонад таъсири нооромкунандаро ба минтақаҳои баландкӯҳӣ дар шарқи кишвар оварда расонад. Ӯ ҳамчунин қайд менамояд, ки ба мухталифият нанигариста, ин шахсияте буд, ки ҳукумати кишвар бо ӯ метавонист ягон гуна кор барад, то дараҷае, ки онҳо кӯшиши назорат бурданро дар ин минтақа доштанд.



«Акнун ӯ нест ва дастае, ки бо ӯ шарик буд, пароканда шудааст ва ин метавонад ба оромии ин минтақаи муҳими кишвар таъсири манфӣ расонад», - гуфт Мамадазимов.



Марги Мирзо Зиёев барои ҲНИТ як мушкилие мегардад, бо назардошти он ки ӯ қумондони пешсафи ИНОТ дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ буд. Акнун, ҳамчун ҳизби қонуние, ки дар интихоботи навбатии парлумонӣ иштирок доштан мехоҳад, ин ҳизби исломӣ намехоҳад бо силоҳдороне, ки дар кӯҳҳо пинҳон мешаванд, алоқамандӣ дошта бошад.



Дар изҳороти худ аз 18 июл, ҳизб оид ба «дастаҳои ғайриқонунии байналмиллалӣ», ки боиси нооромии минтақа мегарданд, арзёбӣ намуданд. Ин ҳукумат ва дигар қувваҳои сиёсиро водор месозад, ки барои нигоҳдории сулҳ ва гуфтушунид чораҳои якҷоя бинанд.



Бо киноя аз хавотирии он ки қӯшунҳои ҳукуматӣ дар Тавилдара қувваҳои барзиёдро истифода мебаранд, ҲНИТ иброз дошт: «Таҷриба гувоҳи он аст, ки истифодабарии қувваи ҳарбӣ, ҳатто дар доираи қонун, дар шароити Тоҷикистон бесамар аст».



Дар мусоҳибаи худ бо IWPR моҳи гузашта шахси бонуфуз чунин ақидаро изҳор намуд, ки кормандони милиса барои тафтишоти ботафсири шиносномавӣ нафарони «симои мусулмонӣ дошта»-ро нигоҳ медоштанд, на шахсони номаълуми силоҳбадастони гумонбаршударо.



Собиқ афсари КДАМ ба IWPR изҳор намуд, ки мақсад акнун дар он аст, ки аҳолии маҳаллӣ амалиётҳои барои таъмини бехатарӣ гузаронидашударо ҳамчун дахолати таҳмилӣ қабул нанамояд.



«Агар нерӯҳои ҳукуматӣ аз низоъи мусаллаҳонаи солҳои гузашта дарси ибрат гирифта тавонанд ва дар тафтишоти муқобилати дар Тавилдара ба амаломада иҷҳов нанамояд, эҳтимол ин маънии онро пайдо мекунад, ки гурӯҳи ноҳияҳои Рашт ба «тобеияти ҷумҳуриявӣ» тамоман бармегардад», - изҳор дошт ӯ.



«Ҳукумат оҳиста-оҳиста назорати худро аз болои ин минтақаи кӯҳӣ бармегардонад, ва собиқ қумондонҳои ИНОТ умри худро дар қасрҳои худ мегузаронанд, ба шарти бастани созишномаи махфие, ки минбаъд ба ин ҷараён дахолат наменамоянд. Дар акси ҳол онҳо ҳамчунин бадарға ё тамоман нобуд карда мешаванд», - хулоса намуд ӯ.



Лола Олимова – муҳарририр IWPR дар Тоҷикистон, Наргиз Ҳамробоева – хабарнигори агентии ахборотии «Азия Плюс».