Institute for War and Peace Reporting | Giving Voice, Driving Change

Гурезаҳои афғон худро амн эҳсос мекунанд, аммо зиндагии фақирона доранд

Ҳарчанд муносибати сокинони маҳаллӣ бо онҳо дӯстона аст, дар пайдо кардани кор ранҷ мекашанд.
By IWPR
  • Afghan refugees in Dushanbe taking sewing courses. (Photo: CABAR/IWPR)
    Afghan refugees in Dushanbe taking sewing courses. (Photo: CABAR/IWPR)

Гурезаҳои афғон, ки дар Тоҷикистон қарор доранд, барои қабули самимӣ дар ин кишвар изҳори миннатдорӣ мекунанд, вале онҳо дар ҷустуҷӯи кор ва пайдо кардани василаи рӯзгузаронӣ ба мушкиш мувоҷеҳанд. 

Дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон 2800 гурезаи афғон ба қайд гирифта шудааст. Пайвандии фарҳангӣ ва забонӣ миёни ду кишвар то андозае барои мутобиқ шудани онҳо мусоидат кардааст. Аммо дар Тоҷикистон буҳрони молиявӣ идома дорад ва ҳамзамон мизони баланди бекорӣ мушоҳида мегардад. Иқтисоди кишвар бошад, ба таври назаррас аз интиқоли пули муҳоҷирони меҳнатии Русия вобаста аст. Дар чунин шароит гурезаҳо аксаран бо мушкили молӣ рӯбарӯ мешаванд, ҳарчанд метавонанд аз ҳуқуқҳои худ истифода намуда кор кунанд.

«Ҳамсояҳои мо одамони хубе ҳастанд, ҷойе ҳам ки зиндагӣ мекунем, амн мебошад. Мушкили ягонаи мо набудани ҷойи кор ҳаст»,- мегӯяд як зани гурезаи афғон, ки намехоҳад номаш ифшо гардад.

Намояндагии маҳаллии бахшҳои СММ пешниҳоди маводи ғизоӣ, либос ва пули иҷораи манзил ба гурезаҳоро қатъ кардааст. Феълан, ин ниҳодҳо бештар ба баргузории давраҳои омӯзишии таълими касбии техникӣ барои гурезаҳо машғуланд, ки имконияти онҳоро барои таъмини рӯзгорашон бештар мекунад.

Аммо мушкил инҷост, ки ба теъдоди андаки хатмкардаҳои чунин давраҳо муйяссар мегардад, то ҷойи кор пайдо кунанд. Фирӯза Сафдарӣ, як афғондухтари гуреза давраи думоҳаи дӯзандагиро хактм кардааст, аммо наметавонад коре пайдо кунад.

«Дар курсҳои ороишиву дӯзандагӣ ба ҳисоби миёна 16-20 духтар [дар ҳар синф] таълим мегиранд, вале баъзан ҳеч кадоме аз онҳо кор пайдо карда наметавонанд», - гуфт вай.

Мино Зиёӣ 18 моҳ қабл ба Тоҷикистон омадааст ва ду духтараш ба умеди пешбурди зиндагии хонаводаи бузургашон ба давраҳои омӯзишии касбӣ мераванд.

«[Корфармоён] ба мо мегӯянд, ҷойи кори холӣ надоранд. Оилаи мо калон аст», - иброз медорад Мино ва меафзояд, «дар хонаводаи мо танҳо писарам кор мекунад. Ӯ дар як ташкилоти хурд ошпаз аст. Зиёд мехоҳем барои духтарон ҳам коре пайдо шавад. Зиндагии мо душвор аст».

Яке аз монеаҳо барои ҷустуҷӯи кор манъи зиндагии гурезаҳои афғон дар шаҳри Душанбе аст. Қонуне, ки гурезаҳои афғонро аз зиндагӣ дар пойтахт ва навоҳии марзӣ маҳрум месозад, соли 2000-ум дар пайи хавфи вуруди ҷангиён зери ниқоби муҳоҷирон мавриди амал қарор гирифт.

Афғонҳо мегӯянд, дар қиёс ба минтақаҳо, ки ҳатто сокинони маҳаллӣ аз мушкили бекорӣ ранҷ мекашанд, имкони пайдо кардани кор дар пойтахт бештар аст.  

Бо ин вуҷуд, ки дар Тоҷикистон расман одамони дорои мақоми гуреза кафолати баробари дастрасӣ ба тамоми имкониятҳои кор карданро доранд, аммо воқеият ин аст, ки онҳо аксаран бо ноҷуриҳо рӯбарӯ мешаванд.

Як зани афғон, ки ҳамчунон аз ифшои номаш худдорӣ кард, гуфт, аз одамони бешаҳрвандӣ ҳангоми ҷустуҷӯи кор ришва талаб мешавад.

«Ҳоло шавҳари ман бекор аст. Ӯ барои пайдо кардани шуғле ба ҷойҳои гуногун меравад, аммо тақрибан ҳама ҷо як ҷавоб мешунавад: «Шаҳрванди кишвари мо нестед, наметавонем Шуморо ба кор қабул намоем. Агар кор кардан хоҳӣ, пул деҳ», - изҳор дошт ӯ.

Дар ҳамин ҳол, гурезаҳои афғон мегӯянд, муносибати мардуми Тоҷикистон бо онҳо хеле неку самимӣ аст. Ба таъкиди онҳо, имкони зиндагӣ дар фазои сулҳу амниятро қадр мекунанд.

«Мардуми тоҷик хеле хубанд, аз онҳо ҳеч ҳарфи бадеро унвонии худ намешунавем. Дар муқоиса бо ватани ман, инҷо ҳатто шабҳо озодона гаштугузор кардан имкон дорад ва касеро ба мо кор нест», - меафзояд Абдуллоҳ Латифии 48-сола, ки падари панҷ фарзанд аст.

Абдумаҷид Рузоев, як ҳуқуқшиноси тоҷик мегӯяд, бо дарёфти мақоми гуреза афғонҳо ҳамчунин имкони боз кардани тиҷорати хурдро пайдо мекунанд.

«Онҳо мисли шаҳрвандони кишвари мо аз пардохти андозҳое, ки барои шаҳрвандони хориҷӣ нигаронида шудааст, озод мешаванд», - таъкид намуд Рузоев.

Намояндагии Раёсати Комиссари олии Созмони Миллати Муттаҳид дар умури гурезаҳо  дар Тоҷикистон барои ифтитоҳи тиҷорат ба гурезаҳо ёрии молӣ мекунад, аммо на ҳама итминон доранд, ки дар соҳибкорӣ муваффақ мешаванд.

Ба гуфтаи Латифӣ, ҳарчанд ҳамсари ӯ давраи омӯзишии ороиши мӯйро бо муваффақ анҷом дод, натавонист ҷойи кор пайдо кунад ва ҳам барои боз кардани дукони худ омода набуд.

«Ба мо гуфтанд [дар НРКГ СММ]: «ягон толори ороиширо пайдо кунед ва мо пули иҷораро барои моҳи аввал пардохт мекунем», - илова намуд, Абдуллоҳи 48-сола ва афзуд, «аммо барои оғоз кардани тиҷорат васоили лозим вуҷуд надорад. Аз сӯи дигар, хавф дорем, ки дар оянда наметавонем пули иҷораи толорро пардохт намоем».

Бештари гурезаҳои афғон ба ин умеданд, ки ба кишвари сеюм, давлати нисбатан пешрафта интиқол ёбанд. Аммо дар Намояндагии Раёсати Комиссари олии СММ таъкид карданд, чунин имкон вуҷуд надорад.

«Дар ҳоли ҳозир мо ҳеч як гурезаеро интиқол намедиҳем», - изҳор дошт Вито Трани, раҳбари ин намояндагӣ дар Тоҷикистон.

Ба гуфтаи ӯ, Раёсати Комиссари олии СММ барои ҳеч нафар, бо истиснои гуруҳҳои махсуси осебпазир, монанди модарони танҳову оилаҳои серфарзанд кӯмаки молӣ намерасонад. Балки онҳо ба гурезаҳои афғон дар Тоҷикистон роҳҳои кор кардани пул ва мустақилона таъмин намудани оилаҳояшонро меомӯзанд.

Ӯ афзуд, феълан дар Тоҷикистон танҳо ду барнома барои гурезаҳо фаъол аст: мутобиқшавӣ дар ҷомеаи маҳаллӣ ва мусоидат ба бозгашти ихтиёрӣ.

Трани мегӯяд, ҳамасола ҳудуди 100 гуреза аз Тоҷикистон ба Афғонистон бармегардад. Ӯ ҳамчунин таъкид намуд, ки бо вуҷуди мушкили иҷтимоӣ ва иқтисодии гурезаҳои афғон дар Тоҷикистон онҳо бартариятҳои вижаеро, монанди пайвандии фарҳангӣ ва забонии ду кишвар доро ҳастанд. Трани гуфт, дар кишварҳое фаъолият дошт, ки гурезаҳо бо хусуматҳои хеле бештар рӯбарӯ мешаванд: «Охирин ҷойи кори ман Туркия буд, ки бо миллионҳо гурезаи суриягӣ кор мекардем. Онҷо шоҳиди мубориза, низоъ ва ҳатто бадбинӣ нисбати гурезаҳо будем, вале дар Тоҷикистон ин ҳама нест».

Ин матлаб дар чорчуби лоиҳаи "GivingVoice, DrivingChange – from the Borderland to the Steppes Project" таҳия шуд, ки бо кумаки молии Вазорати корҳои хориҷии Норвеж роҳандозӣ мегардад.