Бозгашти кӯдакони ҷангиёни тоҷики ДОИШ ба ватан

Талошҳо барои дарёфт ва ба ватан овардани даҳҳо кӯдак ва ҷавон вусъат мегирад.

Бозгашти кӯдакони ҷангиёни тоҷики ДОИШ ба ватан

Талошҳо барои дарёфт ва ба ватан овардани даҳҳо кӯдак ва ҷавон вусъат мегирад.

Saturday, 1 September, 2018
IWPR

IWPR

Institute for War & Peace Reporting

Оиша ҳамагӣ 14 сол дошт, ки падараш тамоми аҳли хонаводаашро аз Тоҷикистон ба Ироқ бурд ва ба гуруҳи ба ном «Давлати исломӣ» ё ДОИШ пайваст.  

Баъдан, ин духтараки наврасро ба як ҷангии ДОИШ ба шавҳар доданд.

Баъди дубора ба дасти неруҳои давлатӣ гузаштани шаҳри Мосул дар соли сипаришуда, Оиша ва ду бародари хурдсолу як хоҳараш аз ҷониби мақомоти Ироқ ёфт шуданд. Тақдири волидон ва шавҳари Оиша норӯшан аст.

Моҳи апрел се хоҳари Оишаро ба Тоҷикистон оварданд, вале Оишаи он замон ҳомиладор натавонист ҳамроҳи онҳо ба ватан баргардад. Баъди таваллуди фарзандаш дар охирҳои моҳи июн додгоҳи шаҳри Бағдод ба Оиша ва фарзандаш иҷозаи парвоз ба Душанберо дод.

Гулбаҳор Аслонова, холаи Оиша мегӯяд, феълан ӯ ва фарзандаш зерти муроқибати мақомоти давлатӣ қарор доранд.

«Онҳо дар шаҳри Душанбе ҳамроҳи ман зиндагӣ мекунанд. Вазъи саломатиашон хуб аст. Тамоми санадҳои лозим барои кӯдакон омода гардидааст ва ният дорем моҳи сентябр ба мактаб раванд», - гуфт Аслонова.

То имрӯз даҳҳо тифли тоҷик, ки волидонашон ҳангоми набард дар сафи ДОИШ дар Ироқу Сурия боздошт ё кушта шудаанд, ба ватан мунтақил шуданд, вале тақдири бештари кӯдакон маълум нест. 

Ба омори Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон афроде, ки барои ҷанг ба кишварҳои Ховари Миёна рафтаанд, ҳудуди 400 зану кӯдакро ҳам бо худ бурдаанд.

Гуфта мешавад, наздики 30 зани тоҷик дар маҳбасҳои Ироқ нигаҳдорӣ мешаванд. Бархе аз онҳо бо иттиҳоми издивоҷ бо ҷангиён пушти панҷара рафтаанд. Ҳукми додгоҳ нисбат ба иддае ҳанӯз эълом нашудааст. Бештари дастгиршудаҳо занҳои ҷавонанд, ки кӯдаки хурдсол доранд.

Клаудиа Аззолини, сардори намояндагии Кумитаи байналмилалии Салиби сурх дар Тоҷикистон мегӯяд, монеаи аслӣ дар роҳи баргардонидани ин кӯдакон ба ватан муайян намудани шахсияти онҳост.

“Онҳо [модарон] метарсанд, ки  номи аслии худро бигӯянд”,-гуфт вай ва афзуд, “мо талош мекунем хешу табори онҳоро пайдо ва бо онҳо суҳбат намоем. Бештари кӯдакон  бошанд, на дар кишвари худ, балки дар давлатҳои дигар таваллуд шудаанд, ҳарф зада наметавонанд ё хеле кунд гап мезананд, забони модарии худро намедонанд. Ба чеҳрааш нигариста намешавад миллати ӯро  муайян кард”.

Бо ин далел ки Тоҷикистон на дар Ироқ ва на дар Сурия намояндагии дипломатӣ надорад, раванди ба ватан баргардонидани кӯдакон аз сӯи сафорати Тоҷикистон дар Кувайт амалӣ мешавад.

Раҷабмоҳ Ҳабибуллозода, ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак тасдиқ кард, ки мақомоти  Ироқ алайҳи як гуруҳ аз занони боздоштшудаи ҷангиёни тоҷики ДОИШ парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.

Ба таъкиди хонум Ҳабибуллозода, қонунгузории Ироқ барои бозгардонии кӯдакони тоҷик ба ватан ҳеч маҳдудият ё монеа эҷод намекунад, аммо раванди овардан ба шаҳрвандии онҳо рабт дорад.

“Вале ин як кори осон нест, албатта вақти муайянро мегирад”,-афзуд вай ва илова намуд, ки “баъзе кӯдакон ҳамон ҷо таваллуд ёфтаанд ва мутаасифона ягон ҳуҷҷати муайянкунандаи шахсият надоранд. Сафорати Тоҷикистон дар Кувайт барои муайян кардани шахсияти кӯдакон, омода кардани ҳуҷҷат ва ба Тоҷикистон баргардонидан онҳо кор бурда истодааст”.

Дар ҳамин ҳол, Клаудиа Аззолини мегӯяд, тифлони хурдсол дар маҳбасҳои Ироқ ҳамроҳи модаронашон нигоҳдорӣ мешаванд.

“Ба кӯдакони аз сесола боло иҷоза намедиҳанд, ки ҳамроҳи модар дар зиндон бимонад”,-илова намуд ӯ. “Тибқи қонунгузориҳои Ироқ дар мавриди интиқоли кӯдакон ба Тоҷикистон додгоҳ тасмим мегирад... ҳатман розигии модари зиндонии ӯ гирифта мешавад. Агар кӯдак аз сини се боло бошаду модар нахоҳад ӯро ба Тоҷикистон интиқол диҳанд, мақомоти дахлдори Ироқ кӯдакро ба ятимхона ё кӯдакистонҳои он кишвар мебаранд. Албатта хешу табори кӯдакон дар Тоҷикистон ҷустуҷӯ ва пурсида мешаванд, ки оё омодаанд кӯдакро қабул кунанд. Дар сурати пайдо нашудани хешу табор онҳоро ба кӯдакистонҳои Тоҷикистон месупоранд”, - иброз дошт дар идома Аззолини.

Мутахассисони бахши ҳуқуқи кӯдак ба муҳимияти муносибат бо кӯдакони аз минтақаҳои низоъ овардашуда, даъватҳои кумак ба онҳо ҷиҳати ба ҳаёти маъмулӣ баргаштан ва идомаи як зиндагии оромашон таъкид мекунанд.

Маҳмудшоҳ Кабиров, равоншиноси тоҷик мегӯяд, дар чунин ҳолатҳо гузаштани тавонбахшии равонӣ-иҷтимоӣ дар назди мутахассисони равондармон хеле муҳим аст.

“Дар акси ҳолат, раванди мутобиқшавии ин кӯдакон дар ҷомеа хеле мушкил шуда ё бемор мешаванд ё ба ҷамъият душманӣ мекунанд”, - гуфт Кабиров

Хонум Ҳабибуллозода мегӯяд, ниҳоди зери раҳбарии ӯ аз ҳолу аҳволи тамоми кӯдакони ба ватановардашуда хабар мегирад. Ба иттилои вай, ин кӯдакон дар шароити хеле ногувор қарор доранд.

“Ҳатман, масъалаҳои вобаста ба ҳуқуқу озодиҳои онҳо баррасӣ гардида, дастрасии онҳо ба тамоми ҳуқуқҳое, ки дигар кӯдакон доранд, таъмин мегарданд”, - афзуд ӯ.

Ба таъкиди Ҳабибуллозода, бештари кӯдакони баргардонидашуда ҳамроҳ бо аъзои хонаводаҳояшон зиндагӣ мекунанд.

«Ҳоло дар муҳити ором зиндагӣ доранд. Мо ҳамеша бо мақомоти маҳаллие, ки кӯдакон қарор доранд, дар иртибот ҳастем. Ҳамроҳи онҳо талош мекунем, то ин кӯдакон тавонанд, аз ҳуқуқҳое, ки ҳар кӯдак дар Тоҷикистон дорад, истифода кунанд, ... онҳо ҳанӯз хурд ҳастанд ва наметавонанд оқибатҳои ҷангро дарк кунанд, вале барои он ки дар оянда ин ба саломатии онҳо зиён нарасонад, барои кор бо онҳо равоншиносони ботаҷрибаро ҷалб мекунем».

Бхава Паудвал, равоншиноси Кумитаи байналмилалии Салиби сурх, ки бо кӯдакони баргардонидашуда кор кардааст, хушмуомилагӣ ва зиракиро муҳимтарин фактори кори худ унвон кард.

Ӯ аз як ҳолат бо Марями 11-сола ёд овард, ки гуфтааст, барояш писанд нест вақте одамони атроф суолҳои зиёдеро аз вай мепурсанд.

«Танҳо равоншиносон масъулияти суҳбат бо чунин кӯдаконро доранд», - гуфт Паудвал ва илова кард, «аз онҳо одатан саволҳои номақбуле монанди «Онҷо чӣ дидед?» ё «Онҷо чӣ ҳодиса  рух дод?» мепурсанд. Ҳоло мо бояд барои ба муҳити оддӣ баргаштани ин кӯдакон талош намоем ва онҳоро аз ҳар чизе ки барояшон зиён мерасонад, дур нигаҳ дорем».

Tajikistan
Frontline Updates
Support local journalists