Айбномаи журналисти тоҷик – ҳушдор ба дигарон аст?

Таъқиб намудани хабарнигор бо «ҷурм»-и инъикоси масъалаи ногувор ба ҳадде бемаънист, ки ба қатл расонидани қосиди хабари нохуш овардаро мемонад.

Айбномаи журналисти тоҷик – ҳушдор ба дигарон аст?

Таъқиб намудани хабарнигор бо «ҷурм»-и инъикоси масъалаи ногувор ба ҳадде бемаънист, ки ба қатл расонидани қосиди хабари нохуш овардаро мемонад.

Friday, 30 September, 2011

Lola Olimova

Лола Олимова
муҳаррири IWPR дар Тоҷикистон

Боз шудани парванда аз болои хабарнигори Би-би-си, ки барои ёрӣ расондан ба ҳизби исломии мамнӯъшудаи Ҳизб-ут-таҳрир гунаҳкор дониста мешавад, нуқтаи назари ҳукуматро нишон медиҳад, ки воситаҳои ахбори умум бояд барои манфиатҳои давлат хизмат кунанд ва танҳо давлат ин манфиатҳоро муайян мекунад.

Парвандаи Урунбой Усмонов дар муносибат бо журналистоне, ки мавзӯҳои аз тарафи давлат манъгардидаро инъикос мекунанад, хатари ҷиддиро ба бор меорад. Ин маънои онро дорад, ки агар инъикоси масъалаҳои мушобеҳ ба қоидаҳои нонавишта мувофиқат накунанд, пас анҷом додани ин кор мумкин нест. Махсусан агар он ба мавзӯҳои нозуке чун экстремизми исломӣ дахл дошта бошад.

Хабарнигори 59-солаи радиёи Би-би-си дар Осиёи Марказӣ Урунбой Усмонов дар вилояти Суғд, дар шимоли Тоҷикистон моҳи июни соли ҷорӣ ҳабс карда шуд. Он вақт нисбати ӯ бо гуноҳи робита доштан бо ҳизби исломии Ҳизб-ут-таҳрир айб эълон намуданд.

Тафтишот натавонист далели ин гуноҳҳоро тасдиқ кунад ва вақте миёнаҳои моҳи август суд баргузор гардид, айбдоркунӣ аллакай ранги дигар гирифт, яъне «хабар надодан дар бораи содир шудани ҷиноят». Ин дафъа Усмоновро ба он айбдор донистанд, ки ӯ оид ба будубоши аъзои Ҳизб-ут-таҳрир ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хабар надодааст. Сарфи назар аз тағйир ёфтани айбдоркунӣ, Усмонов чун пештара бо чор нафар гумонбаршудагони ин ҳизб дар курсии айбдорӣ нишастааст.

Худи Усмонов гуноҳашро рад мекунад ва Би-би-си даъво дорад, ки айбдоркунӣ нисбати ӯ пурра беасос аст. Хабарнигор дар суд арз намуд, ки ҳама робитаҳо ва мусоҳибаҳояш бо аъзои Ҳизб-ут-таҳрир дар чорчӯбаи фаъолияти касбӣ сурат гирифтааст.

Парвандаи Усмонов усули дар байни мақомоти ҳифзи ҳуқуқ роиҷро инъикос менамояд: баъзе намуди мусоҳибаҳо роҳ дода мешаванд, баъзеяш не ва ин масъаларо полис ҳал мекунад. Аз ҷумла айб бар зидди Усмонов равшан нишон медиҳад, ки вақте ҳукумат фаъолияти гурӯҳҳоеро ба монанди Ҳизб-ут-таҳрир манъ менамояд, оид ба ин ҳам хабар додан манъ аст. Шахсе, ки барои навиштан дар ин бора таваккал мекунад, дар ҳамкорӣ бо ин ташкилот гунаҳкор дониста мешавад.
Чунин раванд ба хатти фаъолияти воситаҳои ахбори умум дар самти хизматрасонӣ ба манфиатҳои халқ на он қадар мувофиқат менамояд, агар ин манфиатҳо аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муайян карда нашаванд.

Ҳамзамон бояд зикр намуд, ки кӯшиши маҷбур кардани воситаҳои ахбори умум барои хомӯш будан, дар мубориза бо экстремизму зӯроварӣ кӯмак расонида наметавонад. Ниҳоят, на матолиби дар воситаҳои ахбори умум оид ба фаъолияти гурӯҳҳои исломӣ чопшуда идеологияи онҳоро паҳн мекунанд ва одамонро барои ҳамроҳ шудан ба онҳо маҷбур менамоянд.

Шояд бисёриҳо бо назари Абдуфаттоҳ Воҳидов аз Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон мувофиқ бошанд, ки мегӯяд Усмонов танҳо барои фаъолияти касбияш мавриди таъқиб қарор гирифтааст. Акнун дигар журналистон аз инъикоси мушкилоти доғ худдорӣ мекунанд, ки ба худсонсурии бештар оварда мерасонад.

Эҳтимол таваҷҷӯҳи созмонҳои байналмилалӣ ба парвандаи Усмонов ба он оварда расонид, ки аз ӯ гуноҳҳои ҷиддитари марҳилаҳои аввал бардошта шуданд. Ҳарчанд муфаттишон арз мекунанд, ки айб тибқи баҳогузории далелҳои мавҷуда асоснок шуда буд.

Ин парванда бешубҳа барои ҳукумати Тоҷикистон, махсусан барои шӯъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар вилояти Суғд печидагиҳоро ба вуҷуд овард. Новобаста аз вокуниши ҷомеаи байналмилалӣ, акнун барои онҳо ақибнишинӣ мушкил аст. Онҳо аллакай гуноҳро сабук намуданд, аммо эътирофи он, ки журналист бегуноҳ аст, бо худ як қатор саволҳои ногувор дорад. Бахусус дар бораи он, ки умуман чаро ин таъқибкунӣ оғоз гардид?

Шунидани парвандаи Усмонов то он вақте мавқуф гузошта шуд, ки адвокати дар хориҷа қарордоштаи ӯ дар мурофиаи додгоҳӣ иштирок карда тавонад. Интизор меравад, ки суд дар моҳи октябр ҳукми худро содир намояд.

Лола Олимова, муҳаррири IWPR дар Тоҷикистон
 

Tajikistan
Media
Frontline Updates
Support local journalists