IWPR алайҳи хушунати хонаводагӣ дар Осиёи Марказӣ

Автор: Заринаи Хушвақт, Би-би-сӣ, Душанбе

IWPR алайҳи хушунати хонаводагӣ дар Осиёи Марказӣ

Автор: Заринаи Хушвақт, Би-би-сӣ, Душанбе

Файзигул, як сокини 36 солаи ноҳияи Рӯдакӣ ба зӯроварӣ ва лату кӯбӣ шавҳараш тоб оварда натавонист ва қарор кард, ки худро бикушад.

Ва як рӯз дар манзили шавҳараш ба бадани худ маводди сӯхтӣ мерезад ва худро ба коми оташ мекашад.

Файзигул ҳудуди беш аз як солро дар бемористон сипарӣ кард ва ӯ мегӯяд, ки аз ин кирдораш пушаймон аст, зеро акнун Файигул барои ҳамеша маълул шудааст.

Занони бисёре дар кишварҳои Осиёи Миёна бо мушкилоти мушобеҳи хушунати хонаводагие, ки Файзигул бо онҳо дар хонаводаи шавҳараш рӯбарӯ буд, дучор ҳастанд.

Ин масоил ду рӯз мавзӯъи мизи гирде дар Тоҷикистон бо номи “Масоили хушунат дар хонавода дар Осиёи Марказӣ ва меконисми муқобила бо он” матраҳ шуд.

Намояндагони Ӯзбакистон дар ин ҳамоиш гуфтаанд, ки дар солҳои 2008 ва 2009 дар ин кишвар танҳо дар шаҳри Бухоро беш аз 400 мавриди талош барои худкушии занон ва духтарон сабт шудааст, ки дар 40 дар сади ин маворид онҳо ҷонҳои худро аз даст доданд.

Дар ин мизи гирд гуфта шуд, ки хушунат алайҳи занон ва духтарон дар куллия кишварҳои Осиёи Марказӣ вуҷуд дорад ва танҳо дар Қазоқистон хушунат дар хонавода ба масъали доғи ҷомеъа мубадалл наёфтааст.

Ин нишасти дурӯза ба ибтикори Пажӯҳишгоҳи Ҷанг ва Сулҳ ва Кумитаи зан ва хонаводаи Тоҷикистон доир шуд ва дар кори он намояндагони бархе аз созмонҳои ғайридавлатӣ дар умурни ҳуқуқи инсон ва занон ширкат карданд.

Дар нишасти Душанбе ҳамчунин ба зарурати тасвиби қонуни вижаи мубориза бо хушунати хонаводагӣ бори дигар таъкид шудааст. Зеро аксаран мавориди даст задани занону духтарон ба худкушӣ ба масоили хушунати хонаводагӣ марбут будааст.

Зарурати қонуни ҷудогона алайҳи хушунат дар хонавода

Намояндагони порлумони Тоҷикистон, ки дар ин нишаст ширкат доштанд, аз сӯҳбат бо мо дар бораи далоили тасвиб нашудани ин қонун дар Тоҷикистон худдорӣ карданд.

Дар Тоҷикистон аз даҳ соли қабл дар бораи мубориза бо хушунат дар хонавода ва тасвиби қонуни вижа барои рафъи он сӯҳбатҳое анҷом мегирад.

Ва нахустин бор дар соли 2003 намояндагони иддае аз созмонҳои ғайридавлатии ин кишвар тарҳи қонун дар бораи мубориза бо хушунати хонаводагиро ба давлати Тоҷикистон пешниҳод карданд.

Вале дар солҳои баъдӣ Вазорати адлияи Тоҷикистон бо баҳонаи гарон будани иҷрои ин қонун баррасӣ ва тасвиби онро барои муддате ба таълиқ даровард. Аммо тавре ки масъулони давлатӣ мегӯянд, базудӣ ин тарҳ барои баррасӣ ва тасвиб ба порлумон пешкаш хоҳад шуд.

Ба ҳар рӯй аксари ширкаткунандагони ҳамоиш гуфтанд, ки шеваи эъмоли хушунат алайҳи занон ва духтарон дар кишварҳои минтақа шабеҳи ҳаманд.

Аммо Абахон Султонназаров, раиси тарҳҳои IWPR дар Осиёи Миёна гуфт, натиҷаи таҳқиқоти созмони онҳо дар панҷ кишвари минтақа дар заминаи хушунати хонаводагӣ ҳокист, ки мавориди хушунати хонаводагӣ дар Тоҷикистон бештар ба назар мерасад.

Вай афзуд: “Ҷойгоҳи дувумро дар ин замина Қирғизистон ва мақоми севумро Ӯзбакистон ба худ ихтисос додаанд. Вале дар Қазоқистон камтарин мизони хушунат алайҳи зан дар хонавода ба мушоҳида расидааст.”

Ба гуфтаи оқои Султонназаров, бархе аз кишварҳои минтақа барои мубориза бо хушунати хонаводагӣ қавонуни вижаеро ба тасвиб расондаанд, вале ба гуфтаи ӯ иҷрои қонунҳои мубориза бо хушунат дар кишварҳои минтақа ба кундӣ пеш меравад.

Дар нишасти ду рӯза, ки рӯзи чаҳоршанбеи 30 март анҷом ёфт, гуфта шуд, ки масоили аслии марбут ба хушунат дар хонавода дар кишварҳои минтақаро аз авомили мазҳабӣ, таъсири аъзои хонаводаи шавҳар ба зиндагии хусусии завҷҳо, издивоҷи бармаҳалл ва муҳоҷирати меҳнатӣ маншаъ мегиранд ва дар куллия кишварҳои Осиёи Миёна мушоҳида мешаванд.

“Алағаҷу" – сунани қирғизӣ ва дуздидани духтарон

Ширкаткунандагони нишаст аз Қирғизистон гуфтанд, ки хушунати хонаводагӣ ахиран дар ҷомеъаи онҳо ба масъалаи доғ табдил ёфта ва яке аз намунаҳои он дуздидани духтарони ҷавон ва аз ин роҳ ба издивоҷ водор кардани онҳо будааст.

Дина Токбаева, иҷрокунандаи вазифаи сардабири намояндагии IWPR дар Қирғизистон гуфт, таҳқиқоти вижаи созмонҳои ғайридавлатӣ дар кишвараш ҳокист, ки аз соли 2006 ҳар чаҳорум хонавода дар кишвараш аз роҳи дуздидани духтар ва ё роҳи дигари издивоҷи иҷборӣ бунёд шудааст.

Хонум Токбаева афзуд: “Баъд аз он, ки духтари ҷавон аз манзили волидон дуздида ва бо зӯр муддате дар манзили ҷавон нигаҳ дошта мешавад, духтар аз бими "беобрӯӣ" илоҷе дигар ба ҷуз аз издивоҷ бо ин ҷавонро надорад ва дар ғайри ин сурат чунин духтарон дар пайдо кардани шавҳар бо мушкил рӯбарӯ мешаванд."

Хонум Токабаева шарҳ дод, ки дар кишвараш ҷавонон бештар саъй мекунанд, бо духтарони “бокира” издивоҷ кунанд, аммо пас аз дуздида шудани духтар тавассути ҷавоне, ҷомеъа дар бокирагии ин духтар шакк пайдо мекунад.

Хонум Токибоева воқеъаеро ба ёд овард, ки дар ҷараёни дуздидани яке аз духтарон дар минтақаи Исиқкул, чашми ин духтар захмӣ ва оқибат кӯр шудааст ва ҷавони "ба ном ошиқ" бо таваҷҷӯҳ ба маълул шудани духтар аз издивоҷ бо "маъшуқааш" даст кашидааст.

"Алағуҷу" ё арӯсдуздӣ як сунани пешини мардуми қирғиз будааст ва Қонишбек Ибраев яка аз масъулони дигари IWPR дар Қирғизистон ин сунанро "зебо" хонд.

Оқои Ибраев мегӯяд, ки сунани “Ағалаҷу” дар Қирғизистон аз замони қадим вуҷуд дошта, вале ин расм бо ризоияти ду ҷониби издивоҷкунанда ва пайвандони онҳо як рӯзи қабл аз маросими арӯсӣ доир мешудааст.

Яъне домод бо кумаки дӯстонаш савори аспҳо ба манзили арӯс меояд ва вайро бо худ ба манзилаш мебарад ва фардо маросими арӯсӣ барпо мешуд.

Оқои Ибраев афзуд: "Аммо бархе аз ҷавонон аз ин суннати зебои миллӣ суистифода бурда даст ба аъмоли ҷиноӣ мезананд."

Оқои Ибраев мегӯяд: “Бо касби мустақилияти Қирғизисон бархе аз ҷавонони қирғиз бо суистифода аз ин суннат духтаронеро, ки ба ишқи онҳо посухи манфӣ додаанд, медузданд ва бо зӯр онҳоро ба никоҳи худ медароранд."

Танҳо дар бархе аз маворид чунин духтарон ба нерӯҳои интизомӣ шикоят бурда ва бархе аз чунин ҷавонон ба маҳбас кашида шудаанд.

“Табодули таҷриба дар заминаи мубориза бо хушунат”

Дар ҳамоишин“Масоили хушунат дар хонавода дар Осиёи Марказӣ ва меконисми муқобила бо он” иддае аз намояндагони порлумонҳо, раҳбарони созмонҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ аз Қазоқистон, Ӯзбакистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон ҳозир буданд.

Дар ин мизи гирд таъкид шуд, ки беш аз панҷоҳ дар сади ҷавомеъи аксари кишварҳои Осиёи Миёнаро занон ва духтарон ташкил медиҳанд ва ҳалли мушкилоти ин қишри ҷомеъ бояд дар меҳвари аслии фаъолияти мақомоти кишварҳо қарор бигирад.

Ин дар ҳолест, ки чанде қабл дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид зимни арзёбии вазъияти занон дар ҷаҳон гуфт, ҳарчанд дар сад соли ахир дар роҳи дастёбии занон ба ҳуқуқи мусовӣ бо мардҳо дар ҷаҳон пешрафтҳои чашмгире мушоҳида мешавад, вале дар бештари кишварҳо занҳо то ҳол “шаҳрвандони дараҷаи дуюм” маҳсуб мешаванд.

Ҳамоиши дурӯзаи “Масоили хушунат дар хонавода дар Осиёи Марказӣ ва меконисми муқобила бо он”дар Душанбе бо намоишгоҳи аккосӣ дар мавзӯъи хушунати хонаводагӣ дар кишварҳои минтақа баҳамроҳ буд.

Дар деворҳои толоре, ки ин ҳамоиш дар он баргузор мешуд, тасовире мухталиф аз зиндагии занон ва духтароне чида шуда буд, ки бо хушунати хонаводагӣ рӯбарӯ шудаанд.

 

Uzbekistan, Kazakstan
Frontline Updates
Support local journalists