"Мавориди фалаҷи атфол ба беш аз 50 расид"

BBC Tajik

Маркази моякӯбии Вазорати беҳдошти Тоҷикистон мегӯяд, ки теъдоди мавориди таъйидшудаи ибтило ба бемории фалаҷи атфол ба беш аз 52 нафар арсидааст.

Шамсиддин Ҷобиров, раиси ин марказ, рӯзи сешанбеи 11 май дар суҳбат бо Би-би-сӣ гуфт, ки дар ҳоли ҳозир ҳудуди 300 нафар ба гумони ибтило ба ин беморӣ мавриди муроқибат қарор доранд.

Оқои Ҷобиров мегӯяд, ки то кунун танҳо як кӯдак аз бемории фалаҷи атфол фавт кардааст. Пештар Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт гуфта буд, ки аз моҳи январ то кунун 12 нафар аз фалаҷи шалли ҳод дар Тоҷикистон фавт кардаанд, ки аз миёни онҳо собит шуда, ки як нафар ба фалаҷи атфол мубтало будааст.

Масъулони маркази моякӯбии Тоҷикистон мегӯянд, ки 93 дар сади мубталоён ба ин бемориро кӯдакони зери синни шаш сол ташкил медиҳанд.

Дар ҳамин ҳол, оқои Ҷобиров гуфт, ки аз 18 май марҳилаи дувуми эмкунӣ ё моякӯбии кӯдакони то шашсола оғоз хоҳад шуд. То кунун 96 дарсади кӯдакони то шашсола дар даври аввал моякӯбӣ шудаанд.

Раиси Маркази моякӯбии Вазорати беҳдошти Тоҷикистон шоеъот дар бораи моякӯбии афроди бузургтар аз шашсоларо рад кард ва гуфт, ки афроди бузургсол моякӯбӣ нахоҳанд шуд.

Оқои Ҷобиров мегӯяд волидон бояд кӯдакони зери синни шашсоларо эм кунанд

Ба гуфтаи вай, кӯдакони то шашсола бояд то 5 июн сад сад дарсад моякӯбӣ шаванд. Оқои Ҷобиров бо изҳори таассуф гуфт, ки бархе аз волидон бо навиштани забонхат аз моякӯбии кӯдакон даст мекашанд, аммо вай ҳушдор дод, ки моякӯбӣ танҳо роҳи ҷилавгирӣ аз фалаҷи атфол аст.

Оқои Ҷобиров афзуд: "Волидоне, ки аз хатароти ношӣ аз ин беморӣ иттилоъ доранд ва огоҳона аз моякӯбии кӯдаконашон даст мекашанд, бояд донанд, ки кӯдакони худро бо хатари фалаҷ шудан рӯбарӯ мекунанд."

Оқои Ҷобиров афзуд, ки вазорат воксини кофӣ барои се даври моякӯбии кӯдакони зери шаш солро дар ихтиёр дорад. Ва ба гуфтаи вай, воксинҳои воридотӣ ба Тоҷикистон аз тавлидоти корхонаҳои мӯътабари Фаронса аст ва моякӯбии кӯдакони то шашсола ҳатмист.

Дар авохири моҳи апрел Вазорати беҳдошти Тоҷикистон аз 171 мавриди ибтило ба фалаҷи шалли ҳод (Acute Flaccid Paralysis) хабар дода буд, ки аз онҳо 12 нафар ҷони худро аз даст додаанд.

Озмоишҳо собит карда, ки аз ин теъдод 32 нафар вируси фалаҷи атфол (Poliomyelitis) доранд ва яке аз кӯдакони мурда дарвоқеъ аз ҳамин беморӣ ҷон додааст.

http://www.bbc.co.uk/tajik/news/2010/05/100511_zkh_polio.shtml